Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир- доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
ИСТИҚЛОЛИЯТ-КАФИЛИ ОЗОДИИ ВИҶДОН
(дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа)
Замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар неъматҳои муҳими ҳаётӣ барои халқу миллати мо озодии диниро пурра муҳайё намуд. Он маҳдудиятҳое, ки дар замони Шўравӣ барои тоҷикон чун дигар мамолики тобеияти он сохт дар адои маросиму заруриёти динӣ вуҷуд доштанд, аз миён бурда шуданд. Аз анҷоми рукнҳои намозгузорӣ то тавофи Каъба барои халқи мо имкониятҳо фароҳам оварда шуда ягон мушкилоти дигаре мушоҳида намегардад. Дар вохурӣ бо ходимони дин ва фаъолони ҷомеа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар масъалаҳои муҳим марбут ба диндорӣ ва анҷоми маросимҳои он, баъзе нуқтаҳоеро хотиррасон намуд, ки аз озодии комили динии тоҷикистониён дар замони истиқлолият шаҳодат медиҳанд. Аз ҷумла ишораи Роҳбари давлат “Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд.” далели гуфтаҳои боло мебошад.
Мусаллам аст, ки ҳафтод соли замони Шўравӣ тавассути ҷорӣ намудани маҳдудиятҳои зиёди динӣ барои шаҳрвандон, аз ҷумла дар бахши таълими динӣ боиси паст гардидани сатҳи фаҳмишу эътиқоди мардум гардид. Ин аст, ки яке аз сабабҳои сар задани нооромии солҳои навадуми қарни гузашта дар кишвари мо ин озодии ҳамаҷонибаи динӣ соҳиб гаштани шаҳрвандон бо он дониши нокифояи худ дар он замони ба истилоҳ “демократия” буд. Оне ки тамоми ҷангҷўён худро ба истилоҳ “муҷоҳид” меномиданд, далели он аст, ки ноогоҳии динии шаҳрвандон истифода гардида, ҷанги таҳмилӣ роҳандозӣ гардида шуд. Ҳол он ки муҷоҳид дар Ислом онҳоеро меномиданд, ки танҳо дар роҳи Ҳақ меҷангиданд. Ба гуфти дигар ҷанги шаҳрвандӣ аз бисёр ҷиҳатҳо характерӣ динӣ дошт, зеро манфиатдорон эҳсосоти динии мардумро барои оғозу алангаи нооромиҳо истифода мебурданд. Бе сабаб набуд, ки ҷанг аз масҷидҳо сар зад. Сарвари давлат вобаста ба ин тарафи масъала қайд намуданд, ки “он рӯзҳо ашхосе, ки имони худро фурӯхта буданд, падарро зидди писар ва бародарро ба сари бародар шӯрониданд ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии оғози солҳои 90-ум аз масҷидҳо оғоз гардид”.
Бо назардошти ин, хизмати замони Истиқлолият ин на танҳо таъмини озодии пурраи динӣ, балки дар баробари он дар се даҳсола давлату ҳукумат барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва худшиносии динӣ чун рукни дигари худшиносии миллӣ, чораҷўйии ҷиддӣ намуда, ба ин васила хатарҳои зиёде пешгирӣ гардида шуда истодаанд. Нашри китобҳои динӣ, асарҳои олимону мутафаккирони тоҷик, таъсиси муассисаҳои динӣ, ташкили чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар кишвар, ки ба паҳлўҳои мухталифи динӣ марбут буданд, аз зумраи ин кўшишҳо буданд.
Анҷом додани силсилачорабиниҳо ва чораҷўйиҳо ба монанди “бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор кардани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит”, “бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он” аз ҷумлаи ин ташаббусҳо буданд. Дар баробари ин, ба қавли Президенти кишвар “Бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд”, ки барои баланд бардоштани тафаккури динии шаҳрвандон заминагузорӣ намуд.
Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзим ва амалисозии сиёсати давлат роҷеъ ба масъалаҳои динӣ як қатор ниҳодҳои калидии давлатиро таъсис дода, чанд қонунҳои муҳим ва саривақтии дахлдорро қабул намуд. Пешвои муаззами миллат вобаста ба ин иқдомот ишора кард, ки “Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ муносибат намуда, барои амалӣ гардонидани онҳо усулу воситаҳои заруриро дар сохтори давлатӣ ташаккул дод. Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар назди Ҳукумат, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», бақайдгирии 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, яъне масҷидҳо ва ташкили сафари дастҷамъонаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра аз ҷумлаи иқдомоти дар ин самт амалигардида мебошанд”.
Барои адои русумҳои динӣ кушодани дари масҷидҳои зиёд ва ҷамоатхона барои намозгузорон дар кишвар дар замони истиқлолият як хизмати хеле бузург буд. Аз рўйи ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа дар сафи пеш мебошад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ин хусус қайд намуд, ки “имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3 – 3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5 – 5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона дорад”.
Президенти кишвар масъалаи фароҳамоварии имконот барои озодии виҷдон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ нисбати замони Шўравӣ таҳлил намуд ва махсус қайд доштанд: “Худатон мулоҳиза кунед, ки дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, аз ҷумла 17 масҷиди ҷомеъ, 15 калисо ва 2 куништ фаъолият дошт... Имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд”.
Ё худ дар ҷойи дигар дар масъалаи тавофи Каъба Пешвои муаззами миллат ишора намуданд: Дар даврони то соҳибистиқлол шудани кишвар аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд... Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди он, ки мо дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилоти сахту сангини иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидем ва таъсири манфии онро то имрӯз дар ҳаёти худ эҳсос мекунем, раванди ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон тамоюли зиёдшавӣ касб намуд... Танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд”.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муҳайёсозии шароити комилу мусоид барои озодии виҷдон дар кишвар қаноатманд нагардида, минбаъд низ барои ҷораҷўйиҳои бештар заминаҳои навро таъсис дода истодааст. Дар вохўрӣ бо аҳли зиё ва ходимони дин Роҳбари мамлакат аз бархе аз ташаббусҳои дигар низ маълумот манзур намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки “Мо тасмим гирифтаем, ки ин гуна иқдомот, аз ҷумла нашри тоҷикии матни Қуръони каримро минбаъд низ идома диҳем, то ин китоби муқаддас барои пок нигоҳ доштани асолати динии мардумамон дар ҳар хонадони кишвар мавҷуд бошад... Имсол низ бо ташаббус ва пешниҳоди Тоҷикистон дар созмони ЮНЕСКО ҷашни Мавлоно доир мегардад ва фикр мекунам, ки дар муаррифии шоиста ва шинохти беҳтари забону таъриху фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, инчунин, таҳкими ҳувияти миллии мо нақши арзишманд мегузорад... Сохтмони бинои наву ҳозиразамони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо санъати баланди меъмории миллӣ босуръат идома дорад”.
Ба қавли Роҳбари кишвар яке аз заминаҳои фароҳамоварии имконоту шароит барои шаҳрвандон дар масъалаи анҷоми фароизи динӣ ин интихоби дурусти сохти давлатдорӣ дар ибтидои давлатсозии нав, яъне оғози солҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошад. Дунявӣ ва демократӣ будани сохти нави давлатдории тоҷикон барои шаҳрвандон майдонеро муҳайё сохт, ки дар он новобаста аз дину мазҳаб метавонанд, фарзҳои динии худро бидуни мамоният ва маҳдудият анҷом диҳанд. Ба гуфти Президенти кишвар “танҳо соҳибистиқлолӣ ва низоми дунявии давлатамон имкон фароҳам овард, ки миллатҳои гуногун ва пайравони дину мазҳабҳои мухталиф дар кишварамон фаъолияти динию эътиқодии худро дар доираи муқаррароти Конститутсияи мамлакат ва қонунгузории амалкунанда озодона анҷом диҳанд”.
Албатта интихоби чунин сохти давлатдорӣ ва ташаккули минбаъдаи он, ки оромиву озодии комили шаҳрвандон, алалхусус марбут ба фаъолияти диниро таъмин намудааст, пешниҳод ва хизмати шоистаи Пешвои миллат мебошад, ки сарвари мамлакат низ оид ба он нигошта буд: “Ман ҳамагӣ панҷ рӯз ҳам Роҳбари давлат набудам, дар замоне, ки дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд маро интихоб карданд, барои эмин нигоҳ доштани давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ва гирифтани пеши роҳи парокандашавии миллати тоҷик – ана ҳамин роҳ ва ҳамин сохти давлатдориро ман пешниҳод кардам”.
Дар заминаи ин, Президенти кишвар ишора намуданд, ки бо шарофати чунин сохти давлатдорӣ аз рўзи нахуст то кунун масъалаи озодии виҷдон дар кишвар пурра ҳаллу фасл ёфтааст, ки масъули демократӣ ва дунявӣ будани кишвари мо мебошад: “Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст”.
Гуфтаҳои боло далели онанд, ки, бемуболиға, дар замони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии динии шаҳрвандон пурра таъмин карда шуд, барои фаъолияти динӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Пешвои миллат низ зимни таҳлили масъалаи мазкур, вобаста ба пайдо гардидани имконоти нав дар давраи соҳибистиқлолии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, қайд намуд, ки “Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далели возеҳи он мебошад, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардонидани он ва, умуман, фарҳангу маорифи исломӣ дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд. Ин далел, ҳамчунин гувоҳӣ медиҳад, ки барои шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар замони соҳибистиқлолӣ низ имкониятҳои зиёд муҳайё гардида, таъмини озодии виҷдон дар сатҳи зарурӣ қарор дорад.”.
Дуруст ва мусоид будани сиёсати кунунии давлату ҳукумат барои озодии виҷдон ва анҷоми маросимҳои диниро нишондиҳандаҳо ва фазои динии мамлакат собит сохта истодаанд. Дар фарҷом мехостам бо суханони Сарвари кишвар, ки замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо сохти давлатдории феълӣ барои ҳифзу такомули арзишҳои эътиқодиву ахлоқии динӣ хеле мусоид номидааст, ҳусни анҷом пазирам. Пешвои миллат иброз доштанд: “Бори дигар такрор менамоям, ки ин ҳама аз баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон аст, ки барои пайравони ҳамаи динҳо имкониятҳои баробар ва шароити озоду созгори эътиқодиро фароҳам овардааст... Таърихи давлатдории навини тоҷикон ва гузашти вақт дуруст будани интихоби низоми дунявии давлатро дар шароити муосир собит сохт”.