wrapper

Охониёзов Варқа Дустович

доктори илмҳои филологӣ,

сарходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ.

 

СЕ ДАВРАИ ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ДАР БАДАХШОН

 

Наврӯз дар замони муосир ба пояи Нарӯзи ҷаҳонӣ расид. Бояд қайд кард, ки Наврӯз чунин манзалатро дар ибтидо низ дошт ва имрӯзҳо он аз нав ҷой ва мавқеи худро дар тамаддуни ҷаҳониён соҳиб гашт. Ҷаҳонишавии Наврӯз дар замони муосир ба ду сабаби асосӣ иртибот дорад: яке Истиқлоли пурраи мамлакати мо, ки барои ҷаҳонишавии Наврӯз имкониятро фароҳам овард ва дигаре, ибтикор ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳонӣ сохтани Наврӯзи хуҷистапай. 

Ташаббуси Сарвари мамлакати мо нахуст аз ҷониби сарони мамлакатҳои ҳавзаи Наврӯз хуш пазируфта шуд ва баъдан он ба ташаббуси ҷаҳонӣ табдил ёфт. Хуш пазируфта шудани Наврӯз аз тарафи ҷаҳониён ба дар асоси арзишҳои башарӣ иҷро гардидани суннату маросими Наврӯз вобастагӣ дошт. Бояд гуфт, ки ҳанӯз на илми ҳуқуқи башардӯстӣ ва на принсипҳои фунадаменталии башарӣ вуҷуд надоштанд, ки Наврӯз онҳоро ҳамчун як системаи мантиқӣ тавассути иҷрои расму русум ва суннати таомулҳои хеш ба роҳ монда буд. Наврӯз таносуби инсону табиат, мувозинати ҷисму ҷон, тавозуни ақлу руҳ ва табдилу сарду гарми муҳит ва ҳаётро нигоҳ медорад ва тарғиб мекунад. Аз ин рӯ, Наврӯз муҳимтарин зуҳуроти фарҳанги башарӣ ба шумор меояд.

Наврӯз дар мамлакатҳои гуногун ва дар навоҳии гуногуни як мамлакат бо иҷрои суннатҳои ба худ хос таҷлил мегардад, вале дар маҷмуъ ҳамаи ин суннатҳову маросим як маъно ва як ҳадаф доранд. Онҳо ҷузъи Нарӯзи бузург ва Наврӯзи қадимӣ ҳастанд. Дигаргуниҳои ҷузъиии ҷашнгирии Наврӯзро метавон ба ду сабаб вобаста донист:

Пеш аз ҳама, сокинони ҳар ноҳия ва ҳатто ҳар як деҳа шароит ва муҳити зисти гуногун доштанд, шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ва табиаташон мухталиф буд. Бинобар ин, онҳо бо назардошти муҳиту шароити иқтисодӣ ва баъзан боварҳои гуногунашон Наврӯзро таҷлил менамуданд ва ҷашн мегирифтанд. Ин гуногунии ҷузъӣ дар суннату маросими Наврӯз хуб ҳам буд, зеро он Наврӯзро бой ва пур аз маросим мегардонд ва аз тарафи дигар, сокинони ҳар маҳал Нарӯзро аз они худ медонистанд ва ба он боварҳо ва умеду орзуҳои худро пайванд медоданд.     

Дуюм, Наврӯз, ки зиёда аз шаш ҳазор сол таърих дорад, дар масири ҳаёташ ба чолишҳою маҳдудиятҳои зиёде рӯ ба рӯ гардида буд. Масалан, дар бисёре аз сарчашмаҳои таърихӣ онро “ҷашни муғон”, яъне ҷашни оташпарастон мехонданд ва маълум аст, ки қисме аз мусалмонон дар давраҳои муайяни таърих ба ин ид аз нигоҳи “иди оташпарастон” назар мекарданд. Ҳатто дар даврони Шӯравӣ, ки ба қавле мардум нисбатан ҳаёти осоишта дошт, Наврӯз ба таври пурра ва дар ҳама ҷо ҷашн гирифта намешуд. Онро асосан дар ноҳияву деҳаҳои дурдаст таҷлил менамуданд ва барои ҳамин ҳам, яъне ба таври ҷудо-ҷудо ҷашн гирифта шудани Наврӯз сабаби дигаргуниҳо дар суннату маросим ва анъанаву боварҳои он гардид. Аниқтараш, чунин ҷашнгирии Наврӯз боис шуд, ки дар як гӯшаи мамлакат як суннат ва дар гӯшаи дигар мамлакат суннати дигари Наврӯз ҳифз шавад ва дар маҷмуъ онҳо як Наврӯз – Наврӯзи миллии моро фароҳам меоварданд.

Наврӯз калонтарин ва бузаргтарин иди миллии мо - тоҷикон маҳсуб мешавад ва аз ин рӯ, дар қисме аз минтақаҳои кӯҳистони Тоҷикистон онро “Наврӯзи султонӣ”, яъне ҷашни подшоҳон мегӯянд, ки чунин унвон шаҳомати онро нишон медиҳад. Дар Бадахшон Наврӯзро асосан бо ду ибора - “Шогун аййӯм” (“Айёми муборак”) ва “Хидӣр айёӯм” (“Ҷашни бузург”) ном мебаранд.

Калимаи “шогун”, ки аз забони санскритӣ, яъне калимаи ҳинудориёии “шгун” ё “шугун” ва ё “шавгун” то ба мо омада расидааст, маънои “фоли нек”, “амали натиҷаи нек дошта”, “хайр ва муборак шуморидани чизе”-ро дорад. Аз ин хотир, мардум дар ин рӯзи нек ҳамдигарро бо ибораи “Шогуни баҳор муборак!” табрик менамоянд ва посухаш “Ба рӯи шумо муборак!” мебошад. Яъне, муборакатии шогуни баҳор ба руй ва барои шумо ҳам муборак бошад.

Ҷои зикр аст, ки дар баъзе ҷойҳо посухи табрикот “Бо рӯи шумо муборак” аст, ки маъно ва мантиқи посухро ба таври дигар маълум месозад. “Бо рӯи шумо муборак” гуфтан, яъне ин муборакиро дидани рӯи шумо боз ҳам муборактар месозад ва шогуни ман бо шумо муборак аст. Ин гуна шодбошӣ ва муборакбодӣ мазмуни рубоиеро аз забони сӯфии маъруф Абӯсаиди Абулхайр ба ёд меорад, ки фармуда:

 

Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,

Ҳиҷри ту аз он кашам, ки рӯи ту накӯст.

Мардум гӯянд: Биҳишт хоҳӣ ё дӯст?

Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст!

 

            Бо рӯи дӯст накӯ будани биҳишт гӯё муродифи бо рӯи азиз шогун будани Нарӯз аст.

Дар ҳар сурат, ин масъалаҳо бояд аз назари илмӣ таҳлилу таҳқиқ шаванд. Дар ин ҷо ҳаминро ба таъкид мегирем, ки Наврӯз барои мардум фоли нек аст ва онҳо якдигарро бо волотарин ибораҳои наврӯзӣ таҳнияту дуо мекунанд.

Наврӯз дар Бадахшон дар се давр ҷашн гирифта мешуд. Чунин ҷашнгирии Наврӯз то миёнаҳои асри гузашта дар ҳукми анъана будаст ва дар ин бора чи шоҳидони зинда ва чи манбаъҳои фолклоршиносӣ маълумот медиҳанд.

Давраи аввали омодагӣ ба ҷашнгирии Наврӯз ба охири моҳи январ рост меояд ва онро мардум бо номҳои “Хӣрпичор” ё “Хӣрфирӣпт” (“Офтоб дар мард” ё “Офтобрасӣ”- Шуғнон ва Роҷқалъа), “Хурпапӯδ” ё “Хурфирепт” (“Офтоб дар пой” ё “Офтобрасӣ” - Рӯшон), “Хорпачор” (“Офтоб дар мард” - Бартанг) ва “Граваш” (“Офтоб дар мард”- Язгулом) ёд мекарданд. Калимаи “хӣр” ё “хур” ҳамон Хур ва Хуршеди муродифи Офтоб аст. Сабаби чунин ном гирифтанашон дар он аст, ки аз ҳамин рӯз сар карда, Офтоби оламтоб ба қувват гирифтан оғоз мекунад ва гармии нураш ҳам ба ҷисми замин ва ҳам ба бадани инсон расидан мегирад. Мардуми Кӯҳистони Бадахшон тақвиме дорад, ки ҳисоби он аз нохуни пойи инсон оғоз гардида, то мағзи сараш идома меёбад. Ин ҳисоб чаҳор чилларо мувофиқи фаслҳои сол дар бар гирифта, тақвими “Офтоб дар мард” пас аз ба охир расидани чиллаи зимистон сар мешавад. Ҷолиб аст, ки ҷашнгирии “Офтоб дар мард”, ки як навъ омодагӣ барои Наврӯзи бузург (Хидӣр аййӯм) аст, ба ҷашни аҷдодии тоҷикон Сада - Садае, ки низ бо ташаббуси Пешвои миллат эҳё гардид, рост меояд.

Даври дуюми омодагӣ ба Наврӯз ва анҷоми фароизу суннатҳои махсус ба рӯзҳои 19-21-уми моҳи феврал, яъне расо як моҳ то Наврӯзи бузург баробар меояд. Ин даврро дар Шуғнону Роҷқалъа иди “Хир чизӯн” (“Офтоб ба зону”), дар Рӯшону Бартанг “Бат аййом” ва “Боҷ аййом” мегӯянд. “Офтоб ба зону” ҳамоно маънои расидани ҳисоби ҳаракати Офтоб ба зонуи мардро дорад, яъне ҷисми одам ва муҳити атроф аллакай қувват гирифта, онҳо барои омодагии бештар кӯшиш мекунанд. “Бат” ва “Боҷ” аз таъомҳои маросимии Наврӯз мебошанд, ки дар ин давр пухта шуда, рӯи дастурхон гузошта мешаванд. Суннатҳои зиёде дар ин даври омодагию ҷашнгирӣ анҷом мегарданд ва омода намудани маводи ғизоӣ ва асбобу анҷоми шудгор, тухмиҳои гуногун ва амсоли инҳо барои Наврӯз аз қабили ин амалҳо маҳсуб мегарданд. Дар мавриди бат ва боҷ бошад, онҳоро пухта ба назди қадамҷойҳову зиёратгоҳҳо, ки қариб дар ҳар як деҳа мавҷуданд, мебаранд ва бо ҳам тановул мекунанд. Ин маъно ва рамзи сарҷамъӣ, ваҳдату иттиҳод аст, ки аз некӯтарин арзишҳои Наврӯз маҳсуб мегардад.

Мусаллам аст, ки Наврӯз ба ҳангоми расидани ҳисоб ба дил, яъне аз 21 то 23-юми моҳи март таҷлил мегардад. Ҳангоме, ки Офтоб дар дил аст, тамоми ҷисми инсон гарм ва омодаи шукуфтан аст ва чунин омодагии шукуфтан табиат ҳам дорад. Ин рамз иртиботи вуҷуди сағир (микрокосм – Одам) ва вуҷуди кабир (макрокосм – Табиат)-ро барои мо муаррифӣ мекунад. Наврӯз ҷашни одаму одамгарӣ ва оламу оламнигарӣ аст. Бас аст, агар аз суннатҳои зерини наврӯзӣ ва рамзу мафҳуми онҳо ёд шавад, то муҳтавои Наврӯз ва арзиши он барои оламиён ошкор гардад:

  • дар Наврӯз ба ҷони ҳеҷ як махлуқи ҷондор ҷавр намешуд. Таъомҳои наврӯзӣ, ки мувофиқи анъанаву суннати ниёгон аз “ҳафт син” ё “ҳафт шин” омода мешуданд, заррае аз гӯшти ҳайвонот, паррандаҳо, чаррандаҳо ва хазандаҳоро надошт;
  • ба ҳангоми ҷашни Наврӯз аёдати падару модарон, куҳансолон, беморон ва одамони муҳтоҷ аз фарзҳои ин ҷашн аст;
  • хайру садақа кардан аз олитарин суннатҳои наврӯзӣ шуморида мешавад;
  • агар дар оилаи касе дар давоми сол ягон мусибат (азо) шуда бошад, соҳибхонаҳои ҳамсоя саҳари барвақт ба хонаи ӯ (онҳо) омада, пеш аз ҳама ҷорӯбҳои наврӯзиаш (он)-ро мебанданд. Ин маънои онро дорад, ки соҳиби хонаи мусибатдошта худро танҳо ҳис накунад ва пас аз тоза кардани хонаву дар аз ғампарастию ҷомаи сиёҳ ба бар кардан халос шавад;
  • одамони бо ҳамдигар ногап бояд дар рӯзҳои Наврӯз бо ҳамдигар оштӣ шаванд ва аз ҳамдигар узрхоҳӣ кунанд;
  • талаби ҳар кас дар ин рӯз бояд қонеъ шавад. Дар гузашта одамон дар ин рӯзҳо аз суннати “килоғузғуз”-и Наврӯз истифода намуда, чизи дӯстдоштаашонро аз ҳамсоя металбиданд (масалан: асп, хар, шутур ва мисли инҳо);
  • поку тоза будан ба зоҳиру ботин аз талаботи асосии Наврӯз аст;

 

Садҳо суннату маросим бо мафҳуму ҳадафҳояшон дар ин рӯзҳо анҷом мешаванд, ки ҳамоно ба арзишҳои умумбашарии иди Наврӯз далолат мекунанд.

Ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро табриккунон “Шогуни баҳор муборак!” мегӯям.