wrapper

          20.03.24 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров, доктори илми филология Қаландариён Ҳ.С. конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Наврўзи Аҷам» таҳти унвони «Наврўз пайвандгари дирўз ва имрўз» баргузор гардид.

          Конференсияро директори ИИГ АМИТ, доктори илми филология Қаландариён Ҳоким кушода, андешаҳои илмиро роҷеъ ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё намудани ҷашни Наврўз, муҳимтарин ҷанбаҳои наврўзӣ аз қабили созандагиву амнияти кишвар, покизагии маънавию ҷисмонӣ ва ваҳдату ҳамраъйӣ баён намудаанд.

Пас аз он маърўзаҳои ҷолиб аз тарафи Шоинбеков А. номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ таҳти унвони «Омўзиши наврўзи Бадахшон аз нигоҳи мардумнигорӣ ва мардумшиносӣ», Шакармамадов О. ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон бо унвони «Маънои вожаҳои марбут ба наврўзи Кўҳистони Бадахшон», Мамадшерзодшоев У. ходими илмии шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ «Суннатҳои наврўзии тоҷикони Афғонистон» ироа гардида, далоили ҷолиберо дар боби Наврўз ба саҳми ҳозирин расониданд.

Дар бахши музокирот бошад, иштирокдорон андешаҳояшонро иброз доштанд. Конференсия дар сатҳи баланди илмӣ гузаронида шуд.