Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар - доктори илми иқтисод,
ходими калони илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти
Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
АНДЕШАҲО ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР
Хеле ҷолиб ва ибратомӯз аст, ки ҳар мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли зиё ҳамасола як ҳадафи нек ва баланди миллиро пешорӯи мо мегузорад ва як барномаи мушаххас ва ҷиддиро дар ҷодаҳои пешрафту дастовардҳои миллӣ пайгирӣ менамояд. Мулоқоти имсолае, ки санаи 09.03.2024 бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар сурат гирифт аз тамоми суҳбатҳои пешина ба куллӣ фарқ дошт ва бо тозагониҳо ва масъалагузориҳои мубрами рӯз уфуқҳои нави амалу кор ва пешрафти маънавии кишварро, хусусан дар соҳаи дин, ба рӯи мо боз гардонд.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсад аз он ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагӣ мебошад. Чи тавре худ огаҳ будем дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.
Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд мутаассифона, ҳодисаҳои вайрон намудани қонун дар бобати гузаронидани маъракаҳо ба чашм мерасанд. Ҳоло ҳам баъзе одамон дар баргузор намудани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Таъкид гардид, ки зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва риоя накардани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ, аз ҷумла садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.
Бо ёдоварӣ аз фармудаҳои қуръонӣ ва ҳадисҳои набавӣ бори дигар таъкид гардид, ки исрофкоронро Худои таъоло дӯст намедорад. Дар месъалаи сафарҳои бисёркаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра Пешвои миллат таъкид доштанд, ки танҳо як дафъа анҷом додани ҳаҷ бар муъминон фарз аст ва Паёмбари ислом (с) худашон ҳам танҳо як бор ҳаҷ кардаанд.
Аз ин хотир, пешниҳод карда шуд, ки шахсоне, ки маротибаи дуюм ва сеюм ба ҳаҷ рафтан мехоҳанд, метавонанд аз рӯи аҳкому фармудаҳои шариат амал карда, маблағи хароҷоти онро барои зиндагии шоистаи хонаводаи худ, таҳсили фарзандону наберагон, ободии диёр, бунёди корхонаву мактабҳо, роҳу пулҳо, инчунин барои кӯмаку дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону беморон ва оилаҳои камбизоат сарф намуда, аҷру савоби беандоза ба даст оранд.
Супоришҳои дигар ба намояндагони ҷомеаи кишвар оид ба таълиму тарбияи насли наврас дар роҳи хештаншиносию ватандӯстӣ, бунёди муассисаҳои муосири таълимӣ, иншооти мухталифи иҷтимоию иқтисодӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дода шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо бояд дар амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динии худ ҳамеша манфиати мардуми Тоҷикистонро дар мадди назар дошта, ба қадри соҳибистиқлолии давлатамон бирасем ва ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм нигаҳбонӣ намуда, шукронаи онро ба ҷо орем. Дар мулоқот якчанд зиёиён ва олимону ходимони дин нисбат ба ҳадафҳои арзишманди Роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар, иҷрои ҳатмии қонуну муқаррароти ҳуқуқӣ, инчунин дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа андешаронӣ намуда, ҳамзамон ба нигарониҳо ва талаботи хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи ҳамовозию пуштибонӣ карданд.