wrapper

Институт

Институт

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

     Бо камоли ифтихор ба маълумоти ҳамагон мерасонем, ки дар таърихи 01.10.2024 Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик Баҳодур Искандаров бо муваффақият КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «АРЗИШҲОИ УМУМИБАШАРӢ ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ баргузор гардид.
 
    Дар рафти конфронс, шахсони арҷманд ва донишмандони маъруф, бо маърӯзаҳои пурмазмуни худ дар мавзӯъҳои ишқ, марг, ваҳдат ва умед дар ашъори Мавлоно суханронӣ карданд.
    Конференсия бо мубоҳисаҳои академӣ ва саволу ҷавобҳои сермаҳсул ҳамроҳӣ шуда, саҳми назаррас дар рушди таҳқиқоти адабиётшиносӣ ва арзишҳои умумибашарӣ гузошт. Ин чорабинӣ нишондиҳандаи равшани аҳамияти ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии инсонӣ мебошад.
    Ташаккур ба тамоми иштирокчиён ва маърӯзачиён барои саҳми бузург ва ҳамкории илмӣ! 
Муфассал ...

РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ МУТАФФАКИРИ МАШҲУРИ ҶАҲОН ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ БАРОИ ҲАМАИ ДӮСТДОРАНДАГОНИ ОСОРИ Ӯ МУБОРАК БОД!

Муовини директори Институти илмҳои

гуманитарии ба номи Б. Искандарови

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

номзади илми филология Некушоева Ш.С.

 

РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ МУТАФФАКИРИ МАШҲУРИ ҶАҲОН ҶАЛОЛИДДИНИ РУМӢ БАРОИ ҲАМАИ ДӮСТДОРАНДАГОНИ ОСОРИ Ӯ МУБОРАК БОД!

     

      Таърихи инсоният хеле кам шахсиятҳоеро сабти ном кардааст, ки бо ҳузури худ тавонистаанд на танҳо замонеро, ки дар он зиндагӣ карданд, мунаввар созанд, балки таъсири маънавиву ақлонӣ бар давраҳои баъдина гузоранду, масири фикррониву бархурди бисёре аз афрод бо масоили ҳастиву буду бошро комилан сарозер созанд. Бо ин ҳама таъсироти ақлониву зеҳнии худ чунин ашхос дигар наметавонистаанд ба як давраи таърихии муайян мутаалиқ монанд. Ин гуна шахсиятҳо нигини нодири шаҷараи инсониятанду бо мавҷудияти худ дар миёни мисли мо инсонҳои оддӣ тавонистанд бузургиву волоияти фард ва қудрату имкониятҳои тафаккуру иродаи ӯро тасдиқ созанд. Дар шумори ин шахсиятҳо гурӯҳе машҳур бо комёбиҳои беназирашон дар соҳаҳои иҷтимоиву сиёсву фарҳангӣ ва гуруҳи дигаре бо инқилобҳо дар руҳонияту маънавиёт мушоҳида мегарданд, ки аввалҳо такони бузурге дар инкишофи зоҳирии ҷомеаҳои мутаалиқ ба давраҳои гуногуни таърихиву дувумиҳо чароғи тобон барои инкишофи ботинии инсонҳои замони худ ва ҳам давраҳои баъдина будаанд. Ҳар дуи онҳо муаррифгари беҳтарин сифатҳои инсоние мебошанд, ки одамро метавонанд аз ҳалқаи сифатҳои пасту  разил ва ниёзҳои ҳақир ва аз раванди ҳаракат ба поён берун бароранду, раҳнамо ба ҷустуҷуи роҳҳои рушди зоҳириву ботинӣ намоянд.

       Мавлоно Румӣ бешак яке аз чунин шахсиятҳои бузург, ки аз доираи тафаккури инсонӣ берун ҷасту бо падидае илоҳӣ, ки барои инсонҳои оддӣ номафҳум аст, пайваст. Маълум аст, ки сабаби ин ҷаҳиши руҳии беҳамтои Мавлои Рум вохӯриаш бо шахсияте аз ӯ бузургтар дар он ҳангом - Шамси Табрезӣ дониста мешавад, ки румишиносон ин вохӯриро ҳамчун “таваллуди дубораи Мавлоно”, “бархурди ду баҳри жарф”, “шукуфтани дунёи воқеият дар пеши чашми руёзада” муаррифӣ менамоянд. Ва ба ибораи Абдулҳусайни Зарринкуб Мавлоно ҳангоми во хӯрдан бо Шамси Табрезӣ “бо қаламрави тозае ошно мешавад, ки инсон дар он ҷуз бо нафйи худ наметавонист камоли худро биҷӯяд”, ё худ аз назари Радий Фиш вохӯрии ин ду нафар дар Қуния ҳамчун як “кашфиёти азим – кашфи Инсон барои Инсоният” ва макони вохӯрии ин ду тафаккури бузургро аз забони халқ “макони вохӯрии ду баҳр” (Марҷаъ-ал-баҳрайн) муаррифӣ мегардад. Ва маҳз ҳамнишинӣ бо Шамси Табрезиву саранҷоми он, ки даст задани инқилоби руҳӣ ба Мавлои Рум буд, заминаи эҷод гардидани шоҳкориҳои беҳамтои ирфонӣ – “Девони Кабир” ва “Маснавии маънавӣ”-ро фароҳам овард.

Муфассал ...

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «КАЛОМ ВА ПАЁМИ РӮДАКӢ»

    ДАР ТАЪРИХИ 24.09.2024 ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «КАЛОМ ВА ПАЁМИ РӮДАКӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД.

     Зимни сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии худ директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. таъкид бар он намуданд, ки Рудакиро беҳуда асосгузори назми тоҷику форс намешуморанд. Эҷодиёти ӯ на танҳо дар инкишофи адабиёти қаламрави Осиёи Миёна, балки берун аз он ҳам таъсири худро расонд. Эҷодиёти Рӯдакӣ доираи васеи жанрҳои адабиро дар бар мегирад, воқеан ҳам аз осори лирикӣ то осори дорои фикрҳои фалсафӣ миёни онҳо мушоҳида мегарданд ва ин албатта, гувоҳ бар истеъдоди бисёрҷанбаи ӯ мебошад.

     Дар кори конференсия маърузаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд, аз ҷумла маърузаи доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. таҳти унвони «Дуои сабзи шоир» ва маърузаи доктори илмҳои филологӣ Офаридаев Н. таҳти унвони «Лексикаи забонҳои шарқи эронӣ дар ашъори Рӯдакӣ» ба маърази шунавандагон пешкаш гардиданд. Баҳсу мунозираи пурмазмун перомуни ин ду маъруза баргузор гардида, андешаҳои ҷолиб аз тарафи иштироккунандагон иброз гардиданд.

Муфассал ...