wrapper

Институт

Институт

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲ БА СӮИ ТАРАҚҚИЁТ

06.09.2024

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ ИСТИҚЛОЛИЯТ – РОҲ БА СӮИ ТАРАҚҚИЁТ

     Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият – роҳ ба сӯи тараққиёт” баргузор гардид.

     Зимни сухани ифтитоҳӣ ва табрикотии худ директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар таъкид бар он доштанд, ки Истиқлолият на танҳо мақоми сиёсии давлатро инъикос мекунад, балки он маҷмуи омилҳоест, ки рушди дохилию берунии давлатро муайян месозад. Ҳамзамон афзуда шуд, ки Истиқлолият ба ташаккул ва таҳкими ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагии мардум ва ифтихор аз кишвари худ мусоидат намуда, барои рушди фарҳангу забон ва анъанаҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

     Дар кори конфронс олимони Институт профессор Офаридаев Назрӣ бо маъруза таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар”, номзади илмҳои таърих Аламшоев Қурбониддин бо маъруза таҳти унвони “Сиёсати фарҳангии давлати Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолият” ва докторант (PhD)-и ИИГ АМИТ Ҷумъахонов Гулша бо маъруза таҳти унвони “Дастовардҳои иқтисоди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ” баромад намуданд. Дар умум қайд гардид, ки беҳтарин натиҷаҳои мусбии Истиқлолияти давлатамон инҳо ташаккули давлатдорӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, рушди гидроэнергетика, ҷалби сармоя, навсозии иктисодиёт, баланд бардоштани дараҷаи зиндагонӣ, мустаҳкам намудани демократия мебошанд.

 

 

 

 

 

 

 

Муфассал ...

АКСИОМАИ «ПРЕЗИДЕНТ – ВАҲДАТ – ИСТИҚЛОЛ»

Варқа ОХОННИЁЗОВ

доктори илмҳои филологӣ

 

АКСИОМАИ

«ПРЕЗИДЕНТ ВАҲДАТ ИСТИҚЛОЛ»

 

         Истиқлолияти давлатии мамлакати мо воқеъан давлати бемисол аст ва он ба шарҳи забонӣ эҳтиёҷ надорад. Бас аст ба симои ҳар як маркази ноҳия назар андохтан ва ё ба гирду атрофи як хоҷагии рустоӣ гаштан, то натиҷаи Истиқлол ва самараи онро ба чашми худ бинем. Дар шони пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳои Ҷумҳурӣ бошад чӣ тавсифҳое, ки ба бор наоянд, каманд. Имрӯзҳо ҳар як маркази ноҳия худ мисли як гӯшаи пойтахти Ватан шукуфоии ба худ хос дорад ва дар пеши хонаи ҳар як сокини дилхоҳ деҳа нақлиёти гуногунтамға ва гуногунқувва дар хизмати хонавода омода истодааст. Дар хусуси он, ки дар тӯли ҳамагӣ 20 соли охир ҳар як сокини Тоҷикистон соҳиби телефони мобилӣ гардид ва нисфашон соҳиби ду адад чунин телефонҳо шудаанд, ҳоҷат ба исбот нест. Чи иншоотҳо ва сохтмонҳои бузурге дар давоми Истиқлолият бунёд нашудаанд!

        Истиқлолияти давлатӣ барои давлат ва мардуми мо осон даст дод, вале нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани он ба ивази ҳазорҳо ҷони фарзандони ин миллат муяссар гардид. Дар наҷоти Истиқлолияти Ватан аксиомае вуҷуд дорад, ки онро бояд такрор ба такрор ба самъи ҳар як сокини мамлакат расонд. Ин аксиома «ПРЕЗИДЕНТ – ВАҲДАТ – ИСТИҚЛОЛ» аст ва шарҳаш содда аст, вале мафҳум ва тӯли ба аксиома расиданаш душвор, заҳматталаб, иродапурс ва имтиҳонкунанда буд. Хонанда шояд саволе дошта бошад, ки таърихан Истиқлол аввал буд, Президет баъд ва Ваҳдат пас аз ин ду, вале дар аксиомаи шумо онҳо ба таври дигар омадаанд? Мафҳуми аксиомаи пешниҳодшуда маҳз дар ҷавоби ҳамин савол аст.

         Мусаллам аст, ки ба истиқлолият расидани мамлакати мо аз ташаббус ё ибтикори афроди алоҳида камтар вобаста, балки он натиҷаи аз ҳам пош хӯрдани система ба таври умумӣ буд. Агар ба таърихи он солҳо назар андозем, мо ҳатто ҳолати аксро мушоҳида мекунем, зеро аксари давлатдорони давр ва аъзои ҳизби ҳоким ба тарафдории муттаҳид мондани ҷамоҳири Шуравӣ бархестанд. Вале чун чархи таърихро ба қафо тоб додан амрест муҳол, Иттиҳоди Шуравӣ аз ҳам пошид ва ҷамоҳири он ба мустақилияти давлатии хеш расиданд, ки Тоҷикистони мо яке аз онҳо буд. Мутаассифона, ба истиқлол расидани мамалакатро гурӯҳҳои алоҳида ба тарз ва фоидаи худ истифода намудан хостанд ва Ватану халқро ба вартаи кашмакашиҳо тела доданд. Яке аз сабабҳои ба муноқиша мувоҷеҳ гардидани мамлакат ин буд, ки на ҳамаи гурӯҳҳо ва кулли мардум роҳи фардояшонро медонистанд. Аз ин рӯ, онҳо аз ҷониби қувваҳои беруна осон ва бидуни ягон мушкилӣ идора мешуданд. Ин буд, ки Истиқлолият ба тангнои марг расид ва ... 

      ... ва ба бахти Истиқлолият, Ватан ва Миллат ба сари давлати нимсохта ва нимносохта Президент омад, Президенте, ки ҷавонӣ, ҳастӣ ва ҳаёташро барои наҷот ва таҳкими истиқлолияти Ватан бахшид. Барои Истиқлолиятро аз нестӣ наҷот додан ва онро пояи мустаҳкам бахшидан, сарҷамъ намудани миллат, сулҳи абад ва имконият барои созандагӣ зарур буд. Мифтоҳи ин мушкил Ваҳдат буд ва Президент барои Ваҳдати миллат камар бар миён баст ва ҷон бар каф гирифт. Чӣ шабзиндадориҳо паси сар нашуданд ва чӣ хатарҳо пеш наомаданд дар ин роҳ! Президент ҳамаашро паси сар намуд ва миллатро ба Ваҳдат овард ва Истиқлолияти Ватанро наҷот дод.

      Ин аст мафҳуми аксиомаи «ПРЕЗИДЕНТ – ВАҲДАТ – ИСТИҚЛОЛ»!

  

 

Муфассал ...

Истиқлолият ва рушди забони давлатӣ

Офаридаев Назрӣ – доктори илмҳои филологӣ, профессор,

сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти

илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

Истиқлолият ва рушди забони давлатӣ

«Истиқлолият барои  эҳёи забони тоҷикӣ ва  фарҳанги миллӣ  заминаи устувор  гузошт. Забони ширину  шево ва шоиронаву  зебои точикӣ,ки моро ба ҷаҳониён  ҳамчун  миллати куҳанбунёд  ва қавми ориёӣ  муарраифӣ  кардааст, ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд».

                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

 

       Забони давлатӣ яке аз муҳимтарин  аркони  давлати миллӣ  маҳсуб меёбад. Метавон гуфт, ки дар баробари   Нишон, Парчам ва  Суруди  миллӣ   забони давлатӣ  низ  ба қатори  муқаддасоти миллӣ  дохил  мешавад.   Дар ташаккул ва рушди давлатдории навин ва устувории он дар умури сиёсӣ иқтисодӣ, иҷтимои ва фарҳангӣ   забони давлатӣ   нақши  муҳим дорад.  

       Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рушду  пойдор сохтани  забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ воқеаи  тақдирсози  фарҳангӣ ба ҳисоб  меравад. Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5 октябри соли 2009 таҳти рақами 553 қабул гардид,ки аз 7 боб ва 28 модда иборат аст. Ҳадаф ва мақсади ниҳоии  ин қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқукӣ    рушди  забон чун падидаи фарҳанг, васеъ намудани  амалкарди забони   тоҷикӣ  дар таълим, коргузорӣ, илм, васоити ахбори  омма, муносибатҳои  байналмилалӣ,   ҳифзи забони  тоҷикӣ   дар  хориҷи  кишвар ба ҳисоб  меравад. Истиқлолияти давлатӣ  омили муҳимми зҳёи забони тоҷикӣ мебошад.

       Забони  давлатӣ  яке аз   рукнҳои  давлатдории миллӣ  махсуб ёфта, омили  ваҳдати  миллӣ  низ  мебошад Хамчунин забони давлатӣ омили  муҳими иттиҳод ва ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

      Эътироф гардидани забони тоҷикӣ  ба сифати  забони давлатӣ  ба  муттаҳид шудани  тамоми қавму  миллатҳои   сокини  Тоҷикистон  мусоидат  намуд.  Қабул шудани қонун  «Дар бораи забони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  вазъи этнолингвистии сифатан  наверо  ба  вуҷуд  овард,ки он барои  баланд бардоштани  мақому  манзалати забони  тоҷикӣ,  риояи  меъёрҳо ва рушди   он заминаи  воқеӣ  фароҳам   овард. Аз  тарафи дигар ба  вазъи ҳуқуқии  тамоми забонҳои сокинони Тоҷикистон  новобаста ба «хурдию  бузургиашон» эҳтиром  гузошта шуд. Ба ҷуз аз забони давлатӣ ба забонҳои тамоми сокинони Тоҷикистон ҳуқуқи корбурд ва инкишофи озодона дода шудааст.

       Қонуни мазкур дурнамои рушди забони далатиро дар асоси меъёрхои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ аз ҷумла меъёрхои истифодаи дигар забонҳо дар шароити кунунии муносибатхои дохилӣ ва хориҷии кишвар танзим ва муқаррар менамояд.

      Асосгузори  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи  рушди забони давлатӣ ва пок нигоҳ доштани он ва дар баробари ин донистани забонҳои хориҷӣ пайваста таъкид  менамояд. Аз ҷумла, Пешвои миллат  дар суханрониашон ба муносибати Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  5 октябри соли 2010   ба  ҷавонон муроҷиат намуда кайд намуданд: «… тамоми  нерўи худро барои азбар кардани донишҳои муосир, ихтисос ва касбу ҳунари интихобкарда, омўзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳарҷу эҳтиром гузоштан  нисбат ба забони модарӣ ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ равона созед» (1).

      Барои  татбиқи  муқаррароти   Қонуни  забони  давлатӣ  ва  муҳайё   намудани  шароити  мусоид барои  рушди  забони   тоҷикӣ   Кумитаи забон ва истилоҳот  дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Бояд қайд намуд,ки ин сохтори давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ татбиқи Қонунро дар  тамоми идораву муассисаҳои давлатӣ  ва  ѓайридавлатӣ  таъмин менамояд.

      Истиқлолият  ҷиҳати   рушд   ва  инкишофи  забони  тоҷикӣ    заминаи  мусоидро   фароҳам  овард. Забони  тоҷикӣ аз нав эҳё   гардида,  дар умури  давлатдорӣ   мавқеъ  ва  манзалат   пайдо  намуд  ва  таҳти пуштибонии Пешвои  миллат ба забони   муқтадири  байналмилалӣ   табдил  ёфт: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо намуда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тақрибан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дўш мегирад. Аз ин лиҳоз, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеъии эҳёи забони мо дониста мешавад. Имрӯз давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо забони давлатӣ санадҳои  ҳуқуқии байналмиллаливу байнидавлатӣ, аз ҷумла  созишномахо ва қарордодҳои муҳимро ба имзо мерасонад…» (2).

     Дар доираи ҳамкориҳои байналмиллалӣ ҷорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангие  баргузор мегарданд,ки забони кори онҳо дар баробари забони англисӣ ва русӣ, забони тоҷикӣ мавриди истифода қарор мегирад.Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки забони  тоҷикӣ  дар ҳамоишҳои  байналмилалӣ  соҳиби мақоми  байналмилалӣ  гардидааст.

     Пешвои  миллат пайваста  таъкид  мекунанд, аз  худ намудани  забони  адабӣ вазифаи  муҳимми  давлатӣ  маҳсуб  меёбад:  «Ҳар як шахси таҳсилкарда, бахусус роҳбарон ва кормандону мутахассисони ташкилоту  муассисаҳо бояд  забони давлатиро хуб донанд ва бо забони адабӣ ба таври озод сӯҳбат карда тавонанд. Дар таъини онҳо ба вазифаи роҳбарӣ дар кадом сатҳ донистани забони давлатӣ ба инобат гирифта шавад».

     Ҳамзамон Қонуни нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имкон медиҳад,ки  истифодаи ва рушди забонҳои аққалиятҳои миллии сокинони кишвар пешбини менамояд. Дар банди 2-юми моддаи 4 Қонуни мазкур такид гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (забонҳои помирӣ ва яѓнобӣ) шароит фароҳам меоварад». Вобаста ба ин  солҳои охир дар кишвар китобу мақолаҳои илмӣ ва барои хонандагони мактаб ва муассисаҳои томактаби қитобҳои дарсӣ чоп шуда истодаанд.

     Тадбиру чорабиниҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз ба он равона шудаистодааст,ки забони тоҷикӣ дар мақоми  забони илм қарор дода шавад. Муасиссахои таҳсилоти касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ  мутобиқи  талаботи моддаи 10-и Қонуни мазкур ӯҳдадор  карда мешаванд, ки барои ташаккули забони тоҷикӣ хамчун забони илм ва рушду танзими истилоҳоти илмӣ тадбирҳои муассир андешанд. Пеш аз ҳама  навиштан ва нашри китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён,фарҳангҳои русӣ- тоҷикӣ, англисӣ- тоҷикии истилоҳоти бахшҳои гуногун илмӣ бояд ба раванди доимӣ табдил  ёбад.  Боло  бурдани сатҳи фарҳанги забондонӣ вазифаи асосии муассисаҳои таълимӣ  мебошад. Аз ин рӯ  ба таълими он бояд дар ин муассисаҳо бо истифода аз усулу имкониятҳои замони ҳозираи  илму техника ва технологияи нав бештар диққат дода шавад ва барои ташкили муҳити забони   илм шароит фароҳам оварда шавад.

     Ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ба таври  шоиста муаррифӣ намудани дастовардҳои ниёгон таҳқиқ намудани тарихи пурифтихори миллат, проблемахои фалсафа ва адабиёту фарханг, поку бегазанд нигоҳ доштани забони давлатӣ ва тахким бахшидан ба мақоми он, тоза нигох доштани забони муошират,эҷоду эҳёи забони илмии тоҷикӣ  аз вазифаҳои  муҳим  мебошад.

      Дар замони пуртазоду пуриихтилофи ҷаҳоншавӣ устувор ва мустаҳкам намудани робитаи фарҳангию забонӣ, омӯхтану аз худ намудани адабиёт, таъриху фарҳанги ниёгон  ба манфиати миллат ва рушди  забони тоҷикӣ мебошанд.

      Соҳибистиқлол гардидани  Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари  фароҳам овардани  шароити мусоиди сиёсию  ҳуқуқӣ  дар самти ҳифз ва рушду  инкишофи  арзишҳои фарҳанги миллӣ барои  рушди забони тоҷикӣ низ шароити  мусоид фароҳам  овард.

      Адабиёти истифодашуда

  1. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 октябри соли 2010 //Ҷумҳурият 2 сентябри соли 2014 № 171 (22 476)

       2.Эмомалӣ Раҳмон. Забони миллӣ- рукни асосии давлатдорӣ//

Омӯзгор, 21.07. 2007).

  1. Суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 октябри соли 2010 

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,Душанбе.2009.

 

 

Муфассал ...