wrapper

Институт

Институт

МО КИСТЕМ аввал тоҷик ё мусулмон?

Назрӣ Офаридаев, доктори илмҳои филология, профессор. Бознашр аз рӯзномаи “Тоҷикистон”,2016, №12,30-март

МО КИСТЕМ

аввал тоҷик ё мусулмон?

“Дини мубини ислом гуногунзабонӣ, гуногунфикрӣ ва дорои фарҳанги мухталиф будани халқу миллатҳоро эътироф кардааст.Масалан, дар Қуръони карим ин матлаб дар ояти 13-уми сураи «Ҳуҷурот» возеҳ баён шудааст: «Эй мардум, ба дурустӣ, ки шуморо аз як марду як зан офаридем ва шуморо қавмҳо ва қабилаҳо сохтем, то бо якдигар шиносо шавед». Яъне дар шакли қавмҳо ва қабилаҳо будани инсонҳо иродаи Парвардигор буда, онҳо аз якдигар маҳз бо миллият, расму ойин, забону фарҳанг, либоси ба худ хос ва дигар унсурҳо бояд фарқ кунанд. Вагарна, аз кадом қавму қабилаву миллат будани инсонҳо номаълум хоҳад монд. Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад.Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад” ......... “Имрӯз гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд барои амалисозии нақшаҳои ғаразноки худ ҳамаро зери як шиор тағйир диҳанд. Тавре ки имрӯз мушоҳида мекунем, гурӯҳҳои ифротӣ ва бегонапараст кӯшиш мекунанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ бо шиорҳои динӣ моро аз давлату миллати худ, аз асли тоҷик будан ва пояҳои устувори таъриху тамаддуни ниёгонамон дур созанд” Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, 9-марти соли 2024. Маълум аст, ки ислом дини ҷаҳонист. Мардуме, ки ин динро пайравӣ мекунанд, дорои фарҳангҳои мухталиф, забонҳои мухталиф буда, дар давлатҳои гуногун зиндагӣ мекунанд. Раванди гаравидан ба Ислом аз оғози зуҳури ин дини ҳақ оғоз ёфта, то имрӯз идома дорад. Масъалаи дину мазҳаб ва хусусиятҳои миллӣ ё ҳувияти фарҳангӣ имрӯз аз мавзуъҳои муҳим маҳсуб шуда, чи дар адабиёти илмӣ ва чи дар матбуот мавриди баҳсҳои ҷудогона қарор гирифтааст. Ҳувияти миллӣ ва ҳифзи он дар пояи омилҳои мухталифи фарҳангӣ, сиёсӣ амалӣ мегардад. Бисёре аз ҷаҳонгароӣ ва ҷаҳонишавӣ шиква доранд, ки ин намодҳо ба ҳувият ва асолату фарҳанги миллӣ зарба мезананд ва ҳатто роҳҳои аз ҷаҳоншаӣ эмин мондани фарҳанги миллиро ҷустуҷӯ менамоянд. Бархе онро дар пояи диниву мазҳабӣ ҷустуҷӯ доранд, ҳувияти миллиро бо ҳувияти мазҳабӣ айният медиҳанд. Ҳатто, дар саҳифаи бархе аз нашрияҳо баҳсе ба роҳ андохта шудааст, ки муҳтавои он чунин аст: тоҷики мусулмон ё мусулмони тоҷикем? Мо метавонем аввал аз тоҷик будани худ ифтихор кунем ё аввал аз мусулмон будани худ фахр намоем? Кадомашро дар аввал гузорем: ҳувияти миллӣ, нажодӣ ориёӣ, миллати тоҷик ё мансубияти динию мазҳабии худ? Тарафдорони ақидаи дуюм бар онанд, ки рушду нумуъи фарҳанги миллати тоҷик маҳз дар давраи ислом фаро расид. Маҳз ислом тавонист дар фарҳанги миллати тоҷик тағйироти сифатиеро ба вуҷуд орад. Ба қавле дину мазҳабҳои қадима муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳатто маишию оилавиро танзим карда натавонистанд. Иддае аз уламои ислом адёну оинҳои пеш аз исломро таҳти танқиди шадид гирифта, иддао доранд халқи тоҷик танҳо дар давраи ислом ба дараҷаи баланди рушди фарҳангӣ расида, зуҳури давлати Сомониён самараи давраи исломист ва маҳз шароитро барои рушди забон ва адабиёти тоҷикии Осиёи Миёна муҳаё сохт. Лозим ба ёдоварсит, ки раванди инкишофи ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз мафҳумҳои дигареро мавриди баррасӣ қарор медиҳад ва хуб мешуд, масоили зикршуда аз назари васеътар пешниҳод гарданд. Таҳти мафҳуми ҳувияти миллӣ - ҳувияти шаҳрвандӣ, бо дар назардошти эҳё ва ҳифзи ҳувияти милли халқи тоҷик ба эътибор гирифта шавад. Ба ин тариқ, ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистонро метавон ба сифати яке аз ҷузъҳои ғояи милли тоҷикӣ қарор дод. Идеали миллии тоҷикӣ – ин идеали мардуми Тоҷикистон, ҳувияти миллӣ – ин ҳувияти шаҳрвандии Тоҷикистон, ки тамоми сокинони кишвари мо аз он ифтихор доранд. Аз ин рӯ, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон новобаста ба нажод, забон, дину мазҳаб ва ғайра, ки қисматашонро ба Тоҷикистон пайвастаанд, дар ин ҷо таваллуд шудаанд ё кору зиндагӣ мекунанд, ҳаққи шинохти ҳувият шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд ва набояд аз доираи фаҳмиши ҳувияти миллии тоҷикӣ хориҷ гарданд. Ҳувияти миллӣ ва ғояи миллии тоҷикӣ гуфта мо бояд идеали мардуми Тоҷикистонро дар назар дорем. Ифтихор аз гузаштаи таърихӣ, барои тақвият ва тарбияти ҳофизаи таърихӣ аҳамияти калон дошта, бояд барои кору пайкори оянда мавриди истифода қарор гирад. Ҳувияти миллиро имрӯз аз бойгонии таърихии салтанати пешиниён ҷустуҷӯ намудан низ моро ба натиҷаи дилхоҳ оварда намерасонад. Зеро тоҷики асри бисту як, шаҳрванди Тоҷикистони асри XXI аз тоҷики даврони Сомониён ба куллӣ фарқ дорад ва мо ҳаргиз наметавонем барои пешрафти халқу ватан ба қафо баргардем. Ҳувияти миллии худро аз давраи ороиҳою каёниён, пешдодиёну ҳахоманишиниён, сосониёну сомониён ҷустуҷӯ намудан низ аз назари ҷанбаи методологӣ дар шароити имрӯза дархӯри ҳаллу фасли масъала шуда наметавонад. Чунин иқдом танҳо ба мақсади муаррифии тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ ва бомаърифат намудани шаҳрвандони Тоҷикистон муфид арзёбӣ мешавад. Имрӯз масъаларо аз дигар ҷиҳат низ баррасӣ намудан лозим аст: ҳастии давлат ва ҳувияти миллии давлат. Зеро миллат танҳо тавассути давлати соҳибихтиёр ва қудратманд метавонад ҳастии худро ҳифз намояд ва ҳувияти худро муаррифӣ созад. Маълум аст, ки ҳар як давлат дорои Парчам, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ, забони миллӣ, тамомияти арзӣ буда, маҳз ин рукнҳо ҳувияти милли онро нишон медиҳад. Маҳз ба масъалаи ҳувияти миллӣ, ба назари мо аз ин ҷиҳат бояд наздик шуд: зеро имрӯз дар ҷаҳон кишваре нест, ки танҳо аз як нажод, аз як мазҳаб ва ё як халқият иборат бошад. Дар зиндагии шаҳрвандони Тоҷикистон имрӯз чандин фарҳангҳо нақшаи хоси худро гузоштаанд. Мисоли ин фарҳангҳо, андешаи исломӣ, таъсири ҷаҳонбинии комунистӣ ва таъсири ҷаҳони Ғарб. Пас ҳангоми сухан гуфтан аз ҳувияти миллӣ ва фарҳангӣ мо набояд таъсири ин фарҳангро надида гирем. Чунки ҳар яке аз ин фарҳангҳо арзишҳои қобили қабул дошта, хилофи андешаи миллӣ нестанд. Нахуст бояд эътироф намоем, ки ислом дар зарфи 14 аср дар эътиқод ва афкори мардумони гуногуннажод нақши босазои худро гузоштааст ва барои мардум раҳнамо аст. Сабаби ҷовидон будани ин дин шинохти мақоми ақл ва хусусиятҳои ахлоқии он аст. Дар ахлоқи исломӣ арзишҳои умумибашарӣ нуҳуфтааст: ба мисли баробарии зиндагонии моддӣ ва рӯҳонӣ баробарӣ, бародарӣ, таҳаммулпазирӣ, фурӯтанӣ, масъулияти муштарак, хайру садақа аз ҷумлаи арзишҳои беҳтарини ин фарҳанганд. Арзишҳои зиндагии иҷтимоӣ, талошҳо барои беҳбуд бахшидани зиндагии ҷомеа, маорифпарварии даврони салтанати коммунистӣ дар рушди давлат ва миллат кори бисёр мусбиро анҷом доданд, ки дараҷаи саводнокии мардуми тоҷик ҳатто дар сатҳи ҷаҳонӣ ба сатҳи баланд баромад. Соҳаи маориф ва сиҳатии омма, ки самти иҷтимоӣ доштанд, қобили қабули ҳамагон буда, аз зеҳни мардум ҳанӯз зудуда нашудааст. Арзишҳои ба мисли ҳуқуқи башар, интихоби шахси лаёқатманд барои роҳбарӣ аз тариқи интихоботи умумӣ, баланд бардоштани мақоми илму маърифат ва истифодаи дониш барои рафъи мушкилоти замони муосир, аз қабили арзишҳое мебошанд, ки дар ҷаҳони Ғарб бештар инкишоф ёфтаанд ва, бешубҳа, мо ҳам ба онҳо ниёз дорем. Аз арзишҳои дар фавқ номбурдашуда моро ҷои гурез нест. Ин арзишҳоро метавон дар ташаккули андешаи миллӣ истифода кард. Ҳамин тариқа, ҳувияти миллӣ дар марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеаи Тоҷикистон бояд мафҳум ва доираи васеътареро касб номида, ба ҳувияти шаҳрвандӣ табдил ёбад. Дину мазҳаб ба сифати яке аз унсурҳои мушаххаскунандаи ҳувияти шаҳрандӣ маҳсуб мегарданд. Вақти он расидааст, ки дар ташреҳи анъанавии истилоҳи фалсафӣ - иҷтимоии миллат таҷдиди назар шавад. Сиёсати давлат дар ин самт ба он ниигаронда шавад, то дар зеҳни мардум зинаҳои дарёфти мақоми баланди шаҳрвандӣ ташвиқ шуда, давлат барои пай дар пай ва зина ба зина камол ёфтани мардум ба мақоми баланди шаҳрвандӣ мусоидат намояд. 

Муфассал ...

Баъзе мулоҳизаҳо оид ба суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Азорабеков С. Қ. - номзади илмҳои  филология, ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти ИИГ АМИТ

Санаи 9-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони динӣ вохӯрии хеле судманд, саривақтӣ, талаби замон ва муҳимеро баргузор намуда, бо суханронии пурмуҳтавои хеш масъалаҳои хеле мубрами рӯзро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

Тавре маълум аст ва бо чашмони худ аён дида истодаем, Ҷумҳурии азизамон ба таври бесобиқа ва мунтазам дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт рушду нуму карда истодааст, иншоотҳои азими аср бунёд ёфта истодаанд, шоҳроҳҳо ва пулҳои азими байналмилалӣ ва дохилӣ сохта шуда, сатҳи зиндагонии аҳолӣ беш аз пеш беҳтару беҳтар гардида истодааст. Тавре ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии имсола ҳам ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, “Ҳукумати мамлакат барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар оянда низ тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад”. Вале новобаста аз ҳамаи ин ва пойдор будани сулҳу ваҳдати саросарӣ, таъмин будани озодиҳо ва саодати зиндагии мардум, ҳоло зуҳуроти номатлубе дар самти риояи озодии виҷдон, эътиқодоти динӣ ва иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз тарафи баъзе шаҳрвандон мушоҳида мегардад. Пешвои миллат иброз доштанд, ки “вале бар ивази ҳамаи ин тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Ҳоло он ки мо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем”. Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки гуруҳҳои экстримистӣ ва террористии хориҷи кишвар ҷавонони ноогоҳ ва таҳсилнокарда, ё дар мактабҳои ғайриқонунии динии хориҷӣ таҳсилкардаро гумроҳ ва ба гуруҳҳои худ шомил намуда, ба ин васила мехоҳанд амнияти кишвари ободу зебои моро халалдор ва монади солҳои навадуми асри гузашта ба вартаи ҷангу хунрезӣ гирифтор намоянд. Дар ин маврид Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “солҳои охир аз ҷониби баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди дигар кишварҳои ҷаҳон амалҳои мудҳиши террористӣ содир шуда, ин кирдори ғайриинсонии онҳо ба обрӯйи давлати тоҷикон ва миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ иснод оварда истодааст”.

Илова бар ин, шахсони алоҳидаи мардумфиреб дар дохили кишвар аз содагию камсаводии баъзе афроди ҷомеа истифода бурда, онҳоро бо роҳи таассуб ва хурофот тобеи худ гардонда, бо “муъҷизот” ва “каромот”-и худ ба хештан бузургтароширо раво дида, лақабҳои бардурӯғи “мавлоно”, “мавлавӣ” ва ғайраро ба худ мечаспонанд ва ба ин васила пулу сарвати зиёдеро аз мардум меситонанд. Яке аз амалҳои ташвишовари дигар, ин ба ҷо овардани такрор ба такрои маносики ҳаҷ аз тарафи шаҳрвандон ва истиқболи номатлуби ҳоҷиён ва зиёдаравию худнамоӣ, исрофкории зиёд ва тақлидкориҳои бемаънӣ дар ин самт мебошад. Дар робита ба ин падидаҳо, Пешвои миллат зикр намудаанд, ки “вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб,  “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир - терроризму экстримизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”. Дар робита ба ин, бояд зикр намуд, ки агар ҳамаи зиёдаравию ифротгароӣ дар эътиқодоти динӣ пешгирӣ карда нашаванд, оқибат ба амалҳои экстримистиву террористӣ ва халалдор гардидани амнияти кишвар оварда мерасонад.

Инчунин, Пешвои миллат дар суханронии худ оид ба амалишавии нокифояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори нигаронӣ карда, аз масъулини соҳа, аҳли ҷомеаи кишвар ва ходимони динӣ талаб намуданд, ки ба иҷро намудани талаботи қонунҳои мазкур диққати ҷиддӣ равона намоянд.

Дар робита ба ин, бояд таъкид кард, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баъд аз қабул гардиданаш санаи 8-уми июни соли 2007 дар самти ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти ҳаётан муҳими ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овард. Қонун ҷашну маъракаҳо ва расму ойинҳоро дар кишвар ба низом дароварда, барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошта, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд. Ба ғайр аз ин, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ гирифта шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод. Аммо дар баробари ин, вобаста ба боло рафтани сатҳи зиндагӣ то ҳоло бархе аз  шаҳрвандони кишвар ба хотири худнамоӣ ва худро аз дигарон боло гузоштан ба исрофкорӣ, хароҷоти зиёди пулию молӣ роҳ медиҳанд.

Чунин камбудию норасоиҳо дар самти иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мушоҳида мегардад. Гарчанде мақсади қонуни мазкур пурзӯр намудани  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошад, ҳоло ба таври бояду шояд ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳи лозимӣ равона намегардад.  Пешвои миллат роҷеъ ба ин масъалаҳо фикрҳои ҷолиб манзур намуда, аз ҷумла чунин таъкид намуданд: “Фарзандонамонро тавре тарбия намоем, ки дастгиру ғамхори мо бошанд, донишманд шаванд, соҳибмаърифат ва мутахассиси замони нав гардида, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дошта бошанд. Мову шумо фарзандро барои он ба дунё оварда, ба камол мерасонем, ки дар айёми пирӣ дастгирамон гардад”.

Дар охир, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки ин бо мақсади ҳадафноктар ва мукаммалтар амалӣ шудани муқаррароти қонунҳои миллӣ дар таҳрири нав қабул карда шаванд.

Муфассал ...

МАВҚЕИ ДИН ДАР ҶОМЕАИ МУОСИРИ ТОҶИКИСТОН Андешаҳо оид ба натиҷаи вохурии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Рӯзи 9 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот гузаронида, дар рафти он ба масъулин оиди рафъи хурофотпарастӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҷараёни ин вохурӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фикрҳои навро оид ба ворид кардани тағйирот ва иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” иброз  карда, аз ходимони дин даъват намуданд, ки дар фаъолияти худ ба масъалаҳои гирифтани пеши роҳи исрофкорӣ диќќати аввалиндараҷа диҳанд.

Пешвои миллат зарари  омили тундгароиро баррасӣ карда, қайд намуданд, ки «имрӯз дар Тоҷикистон 4 ҳазор масҷид, Донишкадаи исломӣ, ниҳодҳои диншиносии илмӣ, беш аз 250 ҳазор нафар ҳоҷиён, бештар аз 400 ҳазор умракардагон ва ҳазорҳо нафар ходимони дин – дастпарварони муассисаҳои таҳсилоти динии хориҷиву ватанӣ дар фазои озодиҳои истиқлол тарбия ёфтаанд. Вале бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст. Ҳоло он ки мо Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва муҳимтар аз ҳама, ба ҳайси кишвари ташаббускору созанда ва муаллифи панҷ ташаббуси сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ карда истодаем». Рӯи кор омадани падидаи хурофотпарастӣ дар чунин шароит ба ҳеҷ ваҷҳ барои обруи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва дохилӣ мусоидат намекунад ва баръакс ба ҷомеаи муосир ва раванди инкишофи устувори он зарар мерасонад. Дар ин самт ҳамчун қисми осебпазир ҷавонон маҳсуб мешаванд, зеро аз надоштани таҷриба зуд ба доми гуруҳҳои ифротӣ  гирифтор мешаванд. Бинобар ҳамин мо зиёиёнро зарур аст, ки моҳияти манфии гуруҳҳои ифротгароиро барои ҷавонон фаҳмонем ва ин равандро бартараф созем. Чуноне, ки дар суханронии Пешвои миллат дар ин вохурӣ  қайд гардид, дар Тоҷикистон бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, аммо «дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст».

Ҷавонони тоҷик фирефтаи гуруҳҳои экстремистӣ шуда, дар кишварҳои хориҷӣ дар задухӯрдҳои мусаллаҳона ба манфиати бегонагон  кушта мешаванд, ё беному нишон гум мешаванд. Қисми ҷавонони мо аз тарафи ифротгароён бо баҳонаи таҳсил ба ҳаракатҳои террористӣ ҷалб мегарданд. Бинобар ҳамин таҳсили ҷавонони мо дар хориҷа як проблемаи асосӣ барои ҷомеа мебошад, зеро таълими баъзе мадрасаҳои хориҷӣ мухолифи мазҳабҳои анъанавии Тоҷикистон мебошад. «Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд. Чунончи, намояндагони равияи «Салафия» ба мазҳаби ҳанафӣ ва асосгузори он Имом Абӯҳанифа назари манфӣ ва ба исмоилия, ки мазҳаби таърихии як қисми аҳолии бумии кишвар мебошад, муносибати хеле хусуматомез доранд. Пайравони ин равия ақидаҳои намояндагони дигар мазҳабҳоро инкор ва онҳоро ба куфр маҳкум намуда, дар ин замина ихтилофи байнимазҳабиро дар байни мусулмонон тезутунд менамоянд. Қобили зикр аст, ки аксари шахсони ба «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои экстремистиву террористӣ шомилшуда пайравони таълимоти «Салафия» мебошанд. Аз ин лиҳоз, бо қарори Суди Олии Тоҷикистон ин равия экстремистиву террористӣ эълон шуда, фаъолияти он дар ҳудуди мамлакат манъ гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар давраи аз соли 2015 инҷониб зиёда аз 2300 нафар шаҳрвандони кишвар ба равияи мазкур шомил гардида, оид ба ин ҳолатҳо 1945 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст».

Бо дарназардошти масъалаҳои дар вохурӣ баёншуда, зарур аст, ки  мо зиёиён вазифадорем, ки шуури ҷамъиятии сатҳи пешқадамро рӯи кор оварем, ки дар он манфиати дин, миллат ва давлат ба самти ободии  Тоҷикистони азиз яксон бошад.

 

 

Муфассал ...