
Институт

- Сешанбе, 18 Июн 2024
РУШДИ ИЛМ ДАР МАЪРАЗИ ДИҚҚАТИ ДАВЛАТ
Умед Мамадшерзодшоев -
ходими илмии шуъбаи таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии
ИИГ АМИТ
РУШДИ ИЛМ ДАР МАЪРАЗИ ДИҚҚАТИ ДАВЛАТ
Рушди илм ва техника дар инкишофи соҳоти гуногуни ҳар як давлат нақши калидӣ мебозад. Зеро ин қудрати илм аст, ки тавассути он паҳлӯҳои мухталифи зиндагии аҳли ҷомеа инкишоф дода мешавад. Ба ин хотир Ҳукумати мамалакат бо сарварии Пешвои миллат, Ҷаноби олӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар мадди аввал ба рушди илми тоҷик диққати аввалиндараҷа дода онро ҳаматарафа маблағгузорӣ карда истодааст.
Тавре маълум аст, 30 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар баргузор гардид, ки сархати онро суханони Пешвои миллат оиди он ки илми тоҷик ҳамеша таҳти назорат ва ҳимояти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дораду ҳамеша дастгирӣ мешавад, иборат аст: “Маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои соҳаи илм яке аз масъалаҳои асосӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд ва онро бо дарназардошти имкониятҳои буҷет сол ба сол зиёд карда истодааст”.
Бешак, қобили таъкиди махсус он нукта аст, ки маблағгузории соҳаи илм танҳо дар соли 2024-ум ба 225 миллион сомонӣ расонида шуд, ки назар ба соли 2023-юм 45 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Масалан, маоши миёнаи кормандони Академияи миллии илмҳо соли 2003-ум ҳамагӣ 45 сомонӣ буд ва соли 2023 он ба 2438 сомонӣ расонида шуд, яъне қариб 54 баробар афзоиш дода шуд.
Аз моҳи июл дар баробари дигар соҳаҳо маоши кормандони илм боз 40 фоизи дигар зиёд карда мешавад”.
Пешвои миллат махсус таъкид намуданд, ки ҳарчанд Ҳукумати Тоҷикистон барои соҳаи илм шароити мусоидро фароҳам овардааст, вале мутаассифона дар системаи он ҳанӯз баъзе норасоиҳо ҷой доранд: “Таъкид месозам, ки сатҳи нисбатан пасти самаранокии фаъолияти кормандони Академияи миллии илмҳо яке аз масъалаҳои ташвишовари соҳаи илми кишвар мебошад”. Агар мо ба бахши тарбияи насли нави олимони ҷавон ва рушди илмии онҳо назар андозем, ба суханони Роҳбари кишвар дар хусуси он ки “сабаби сари вақт ҳимоя накардани ҷавонон ин бетарафӣ ва камтаваҷҷуҳии роҳбарони куҳансол нисбат ба шогирдон”-ро пурра тарафдорӣ менамоем. Тавре Пешвои миллат мефармоянд:“Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки барои чӣ баъзе устодону олимони номдори мо дар муддати беш аз панҷоҳ соли фаъолияти илмии худ ақаллан чор-панҷ шогирди сазовор тарбия накардаанд?
Аз ин лиҳоз, ба ҷойи дастгирӣ кардани ҷавонон нисбат ба онҳо кӯтоҳбиниву тангназарӣ зоҳир намудан кори тамоман нодуруст мебошад”.
Ин суханони сарвари кишвар олимонро вазифадор месозад, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, сабабҳои ин равандро ошкор созанд.
Ба андешаи мо сабаби дигари ин норасоӣ паст будани сифати рисолаҳои илмии унвонҷӯён мебошад ва дар ин нукта низ ба суханони Пешвои миллат дар хусуси он ки: “... вобаста ба мубрам будан ё набудани мавзуъҳои таҳқиқотӣ, сифати корҳои илмӣ, натиҷаҳои бадастовардашуда ва аҳаммияти амалӣ, яъне татбиқи онҳо дар истеҳсолот ҷой доранд” ҳамовоз мегардем.
Пас барои бартараф намудани тамоми норасоиҳои аз ҷониби Сарвари мамлакат қайдгардида чӣ бояд кард? Ба андешаи ман ба ҳар як норасоию камбудии қайдгардида дар пажуҳишгоҳҳо ва донишгоҳҳо чораҳои фаврӣ андешида, диққати лозима дода шавад:
- Ба тайёр намудани аспирантон ва унвонҷӯён аз ҷониби роҳбарони илмӣ диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҷавононе, ки шавқи олим шудан надоранд, набояд ба кори илмӣ ҷалб карда шаванд. Он ҷавононе, ки пазируфта мешаванд, роҳбарон бояд дар муҳлати муайяншуда онҳоро барои ҳимоя омода созанд ва ба роҳи илм ҳидоят намоянд.
- Дар бинои пажуҳишгоҳҳо бояд китобхонаҳо (бахусус китобхонаи электронӣ) ва бойгонии илмӣ таъсис дода шавад, то ин ки унвонҷӯй, аспирант ё доктору номзад китоб ё маводи илмии худро ба зудӣ пайдо намуда, барои таҳқиқоти худ истифода баранд. Зеро имрӯз на ҳар як пажуҳишгоҳ бойгонӣ ва китобхонаи зарурӣ дорад.
- Тамоми пажуҳишгоҳҳо ва мутахассисон бояд барои анҷом додани кори илмӣ аз компютерҳои замонавӣ, принтерҳо, дурбини аккосии рақамӣ, диктофонҳо, барномаи антивирус ва дигар лавозимоти навиштафзор таъмин карда шаванд. Имрӯз на ҳамаи пажуҳишгоҳҳо бо ин лавозимот таъмин мебошанд.
- Барои мусофиратҳои таҳқиқотӣ ба ноҳияҳо барои кормандон маблағи зарурӣ ҷудо карда шавад. Зеро тавре мушоҳида мекунем, ба сабаби ҷамъоварӣ накардани маводи илмӣ-таърихӣ аз миёни мардум, сол то сол ин маводи муҳим аз байн меравад.
- Мо бояд аз системаи илмии кишварҳои пешрафта ба мисли кишварҳои Аврупо, Амрико, Ҷопон, Туркия, Ҳиндустон ва дигар давлатҳои пешрафта пайравӣ намоем. Ки ин давлатҳо ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ диққати аввалиндараҷа медиҳанд.
- Пажуҳишгоҳҳо бояд кормандони илмии худро барои омӯхтани таърих, адабиёт, фолклор, осори мардумшиносӣ, фарҳанг ва санъат ба минтақаҳои мухталифи кишвар сафарбар намоянд, то фарҳанги ҳамдигарро омӯхта, дар ин замина асарҳои пурарзиши илмиро таълиф намоянд.
- Кормандони илмии болаёқат, ки забонҳои хориҷиро ба дараҷаи кофӣ медонанд, барои таҷрибаомӯзӣ ба Донишгоҳҳои пешрафтаи дигар давлатҳо фиристонда шаванд.
Дар сурати ба назар гирифтану таснифу таҳлил гардидани дархосту пешниҳодот, ки аз ҷониби пажӯҳишгарони кишвар иброз мегарданд, метавон сифат ва самаранокии корҳои илмиро ба нафъи илми тоҷик баланд бардошт.
Муфассал ...

- Ҷумъа, 14 Июн 2024
Боз як ибтикори бузурги Тоҷикистон дар сатҳи ЮНЕСКО
Боз як ибтикори бузурги Тоҷикистон дар сатҳи ЮНЕСКО
Як ҳафта пеш дар таърихи 5 то 8-уми июни соли 2024 дар толори ЮНЕСКО як руйдоди фарҳангии хотирмон барои кулли дӯстдорони як шахсияти бузурги умумиҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва осори ӯ таҳти унвони “815 сол бо Мавлоно” гузашта буд. Дар доираи ин руйдоди фарҳангӣ рӯзи охирон Конфресияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ “Мавлавӣ” ва саҳми ӯ дар тавсияи фарҳанги ҷаҳонӣ” баргузор гардид. Хотирмон барои кишварамон ин руйдод аз он ҷиҳат аст, ки он маҳз бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории бахши омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) ва Анҷумани Рӯдакӣ дар Париж баргузор гардида буд.
Маълум аст, ки баргузор намудани чорабинӣ дар сатҳи ЮНЕСКО ин ташкил ва гузаронидани чорабиние мебошад, ки ба миссия ва ҳадафҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мувофиқ бошад ва ба пешбурди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар соҳаҳои марбут ба ваколатҳои ЮНЕСКО нигаронида шуда бошад. Чунин чорабиниҳо маъмулан иштирок ва фарогирии кишварҳо ва фарҳангҳои гуногунро дар назар доранд. Ҳадафи асосии чунин чорабиниҳо баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз масъалаҳои глобалӣ, табодули дониш ва таҷриба, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарғиби арзишҳои ЮНЕСКО мебошад. Аз ин ҷиҳат, боиси фахр аст, ки маҳз бо ибтикору пешниҳоди кишвари азизамон Тоҷикистон бузургдошти шахсияте, ки диду бинишаш боиси тағйири фаҳму бардошти масъалаҳои гуногуни маънавӣ аз тарафи инсонҳо дар тӯли қарнҳо аст, дастгирӣ ва амалӣ гардид.
Ташкили чорабиниҳо дар сатҳи ЮНЕСКО риояи стандартҳои баланди банақшагирӣ ва иҷроиш, таъминоти моддӣ ва коммуникатсияи сатҳи байналмилалиро талаб мекунад. Яъне амалӣ намудани тамоми ҷанбаҳои чорабинӣ, аз интихоби макони баргузории чорабинӣ то таҳияи барнома ва даъвати иштирокчиён ва фароҳам овардани тамоми шароитҳо барои онҳо, дастгирии самараноки иттилоотӣ барои чорабинӣ, аз ҷумла маркетинг, фиристодани даъватномаҳо, ҳамкорӣ бо матбуот ва пешниҳоди фикру мулоҳизаҳо ба иштирокчиён ва байни онҳо бояд ба талаботи ЮНЕСКО ҷавобгӯ бошанд. Аз ин ҷиҳат ҳам метавон гуфт, ки ба намояндагони Тоҷикистон муяссар гардид, ки ҷараёни баргузории чорабинро дар сатҳи мувофиқ буданаш ба стандартҳои ЮНЕСКО гузаронида, дар давоми чор рӯз як ҳамоҳангиву ҳамдигарфаҳмӣ байни иштирокчиёнро таъмин намоянд.
Боиси фахр буд, ки баромадкунандагон аз 14 кишвари ҷаҳон қабл аз пешниҳоди маърўзаи илмиашон, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос ҷиҳати муҳайё намудани чунин як платформаи илмӣ дар сатҳи ЮНЕСКО барои мубодилаи афкор байни олимону румишиносон карданд. Чун қарорҳои дар чунин сатҳ пазируфта эътибору арзиши хосае касб мекунанд ва яке аз чунин пешниҳодҳо, ки дар охири конфроси байналмилалии бахшида ба 815 - солагии Ҷалолиддини Балхӣ ироя гардид, ном ниҳодани рӯзи мавлуди ин мутаффакиру адиби барҷаста “эњтиром ба дигарӣ” буд, ки алъон ин пешниҳод дар вазъияти баррасӣ қарор дорад.
Ҳамчунин боиси фахр аст, ки дар миёни олимони 14 давлати ҷаҳон олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо маърӯзаҳои илмӣ иштирок варзида, илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд, ки ин бори дигар шаҳодат аз рушди устувори илму маорифи кишварамон медиҳад.
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ-ро дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ номзади илми филология, ходими калони шуъбаи забонҳои помирӣ, муовини директор оид ба илм ва таълими Институт Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна бо маърӯзаи илмӣ таҳти унвони “Тағайюри руҳии Мавлонои Рум ва масъалаи “ваҳдат” дар ашъори ӯ” намояндагӣ карданд.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 14 Июн 2024
Ҳамоиш таҳти унвони “Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон”
Ҳамоиш таҳти унвони “Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон”
Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ ҳамоиш таҳти унвони “Робитаи илм бо истеҳсолот – тақозои замон” бо гузашта буд, ки дар он раёсати Институт бо ҳамаи кормандон ва магистрону докторантони Институт иштирок варзиданд. Ходимони илмии Институт дар хусуси аҳамияти пешбурди воқеъбинонаи корҳои тадқиқотӣ, нишон додани тарафҳои мусбӣ ва манфии мавзуъҳои таҳти таҳлил, ба даст овардани натиҷаҳои зарурӣ ва дар аснои он пешниҳод намудани усулҳои инноватсионии ҳалли масъалаҳо дар корхонаҳо, усулҳои навини пешбурди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт, фолклору адабиёт, забоншиносӣ, таъриху этнография ибрози назар намуданд.
Қайд гардид, ки проблемаи аз байн бурдани воқеаи манфӣ барои илм - плагиат яке аз масъалаҳои актуалии илми муосир мебошад, зеро ҳар тадқиқоти илмие, ки дар асоси чунин падидаи нохуш амалӣ гардидааст, наметавонад робитаи дуруст бо истеҳсолотро дошта бошад. Аз ин ҷиҳат, ҳар як олимони соҳаҳои мухталиф ва устодони донишгоҳӣ бояд дар шогирдони худ хусусиятҳои ростгӯиву дурусткориро тарбия намоянду, воқеаҳои ҷой доштани плагиат дар корҳои илмии ҳам донишҷӯён ва ҳам олимонро зери танқид қарор диҳанд.
Муфассал ...