Навидҳои рӯз
- Сешанбе, 20 Сентябр 2022
ХИРАДМАНД НАХЕЗАД БА ҶАНГ!
Руйдодҳои ҳузнангезе, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омаданд, на танҳо мардуми Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, балки тамоми Осиёи Миёна ва ҳатто дар СММ ва соири кишвархои дунё низ ба таассуф нигарони худро изҳор менамоянд. Марзбонони Қирғизистон дар ибтидо ба иғво роҳ доданд. Шояд дар байни низомиёни қирғиз неруҳое нуфуз намуданд, ки хоҳони оромӣ дар ин минтақа набошанд. Миллатгароёни қирғизро баъзе доираҳои Амрико ва Ғарб аз тариқи Созмонҳои ғайридавлатӣ бо пул таъмин намуда ниятҳои ғаразноки худро дар минтақа амалӣ месозанд. Ҳадафи хоҷагони хориҷӣ маълум аст, дар Осиёи Марказӣ, ки як минтақаи ҳассос мебошад, нуфузи худро густариш диҳанд. Як навъе тақсимоти нави ҷаҳон оғоз гардидааст.
Султахоҳони ғарбӣ намехоҳанд, ки дар минтақа давлатҳои мустақил бошанд! Бинобар ин иғвою дасисаҳои гуногунро бо дасти хоинони ноогоҳи миллати қирғиз роҳандозӣ менамоянд. Вале қирғизҳо бояд дарк кунанд, ки оромӣ дар минтака, хусусан дар байни марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба нафъи ин мамалакат аст. Бо нияти бади таҷовузкорона ба қаламрави Тоҷикистон назар накунанд Мардуми Тоҷикистон як порча хоки худро ба ғасбгарон намедиҳанд!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешваи миллат, Президенти кишварамон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳо таъкид карданд, ки мушкилоти марзӣ бо кишвари ҳамсоя бояд бо роҳи осоишта, бо роҳи музокирот ҳалли худро пайдо намояд. Комиссияи Ҳукуматӣ дар ин самт – яъне демаркатсияи марз бо ҷиниби Қирғизистон корҳои муайянеро анҷом дода, ҳалли мусолиматомези мушкилот оғоз ёфта, ҳалли проблемаҳо ба роҳи осоишта ворид гардид.
Аммо ин дафъа ҳам аз тарафи марзбонони қиргиз иғвое сар зад, ки ба талафоти одамон оварда расонд. Гумон меравад, ки дар ин низои мусаллаҳона тарафи сеюм фаъолият дорад, қи манбаи онҳоро дар боло номбар намудем.
Ба ҳамсояи худ қирғизҳо муроҷиат менамоем, ки аз хирад кор гиранд. Хирадмандон ҳеҷ гоҳе ба ҷангу хунрезӣ моил нестанд. Мушкилоти марзӣ, ки мероси гузашта аст, бо роҳи музокирот ҳал гардад. Дар ин самт ба бартариталабию бузургсолорӣ роҳ дода нашавад. Ороми зарур аст, ки мушкилот ҳалли худро пайдо намояд. Бо ақлу хирад ва таҳаммулпазирӣ бояд мушкилоти марзиро ҳал намуд. Ҷанг роҳи ҳалли мушкилот нет! Танҳо аз хирад истифода бурд. Итминони комил дорем, ки роҳҳалли осоиштаи боз намудани гиреҳҳои мухолифати марзӣ пайдо мешавад.
Офаридаев Н.- сарходими шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ
Назаршоева Ч. – ходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ
- Сешанбе, 20 Сентябр 2022
Дар Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академие Б.Искандарови АМИТ бахшида ба "Рӯзи Рӯдакӣ" конфронси илмию амалӣ баргузор гардида мешавад.
ЭЪЛОН
БА ТАВАҶҶУҲИ ҲАМАИ ДӮСТДОРОНИ ИЛМУ АДАБ РАСОНИДА МЕШАВАД, КИ ДАР ТАЪРИХИ 21.09.2022 СОАТИ 10:00Т ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРӢ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ИСКАНДАРОВИ АМИТ КОНФРОНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА "РӮЗИ РӮДАКӢ" ТАҲТИ УНВОНИ "УНСУРҲОИ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ ДАР ОСОРИ БОЗМОНДАИ РӮДАКӢ" БАРГУЗОР МЕГАРДАД. ХОҲИШМАНДОН МЕТАВОНАНД, ДАР КОНФРЕНСИЯ ИШТИРОК НАМОЯНД.
Муфассал ...- Сешанбе, 20 Сентябр 2022
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ
Таърих гувоҳ аст, ки ҳеҷ гоҳ халқи тоҷик ба сарзамини бегона дастдарозӣ накардааст. Баръакс дар таърих ҳодисаҳои зиёде рух дода буданд, ки сарзамини тоҷикон аз тарафи аҷнабиён тассарруф гардид ва мутаассифона тоҷикон бисёр сарзаминҳои таърихии худро аз даст доданд. Ва мо бояд хамагон аз як тараф аз таърих сабақ бигирем ва нагузорем, ки боз як порчаи дигари сарзамини тоҷик аз даст равад. Вале аз тарафи дигар дар ҳар давру замон ҳар як ҷангу муноқиша сабаб, баҳона ва натиҷаҳои худро дорад. Агар ба авзоъи сиёсии ҷаҳони имрӯза назар андозем кишварҳои абарқудрат барои манфиатҳои геополитикии худ шуда ҷаҳонро ноором месозанд ва бозии калони шоҳмоти худро «Большая шахматная игра», ки сад сол муқаддам оғоз намуданд идома дода истодаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки зиёда аз сад сол аст, ки кишварҳои абарқудрат аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳудуди Аврупо ва Осиё ҷангҳою нооромиҳо барангехта истодааст. Аз ин хотир кишварҳои Аврупо ва Осиё бояд аз таърих сабақ гиранд ва доимо дар ҳамдигарфаҳмию фазои сулҳу салоҳ умр ба сар баранд.
Таърих гувоҳ аст то замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор буд дар бисёр мавридҳо сади роҳи ИМА гашт, гарчанде ки худаш дар масъалаи тақсимоти марзии ҳудудии собиқ ҷумҳуриҳои СССР ба хатогиҳои калон роҳ дод ва алҳол муноқишаҳои сарҳадӣ ҳали худро наёфта истодаанд. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва алҳол баъзе кишварҳои хориҷ ният доранд, ки дар собиқ «ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ» доимо нооромиҳо бошад то ки онҳо таъсиру нуфузи худро дар ин кишварҳо барқарор намоянд.
Аз ин хотир ин ҷангҳои таҳмилӣ аз тарафи кишварҳои хориҷӣ ташкил шуда истодаанд. Бинобар ин мо бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем ва бо кишварҳои ҳамсояи худ ҳамеша дар фазои сулҳу амонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ҳаёт ба сар барем.
Таърих гувоҳ аст, ки тамоми ҷангҳою нооромиҳо оқибат бо музокироту гуфтушинидҳо анҷом меёбанд. Бинобар ин роҳи ҳалли муноқишаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро мо фақат дар музокирот, дар гуфтушунидҳои пай дар пай мебинем.
Мо сиёсатмадор нестем ва қудрати аниқу амиқ таҳлилу таҳқиқи авзоъи сиёсӣ надорем. Мо як кормандони оддием ва фақат хоҳони он ҳастем, ки ҳамеша дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ҳаёт ба сар барем ва хотирҷамъона кору фаъолият кунем. Хуллас, мо толиби сулҳем!
А. Шоинбеков Мудири шуъбаи таърих ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. И. Искандарови АМИТ.
Муфассал ...
- Сешанбе, 20 Сентябр 2022
Чанд андешае оиди қазияи байнисарҳадӣ
Боз бори дигар масъалаи низои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғистон аҳли ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш овард. Чаро қазияе, ки соли гузашта бо роҳи гуфтушуниди байнидавлатӣ ҳал гардида буд ва бандҳои ин гуфтушунидро тарафайн қобили қабул донистанду иҷро намуданд, боз бори дигар авҷ гирифт? Дар замоне, ки ҳар ду давлат соҳиби ҳудуди васеянду эҳтиёҷ ба он марзе, ки сабабгори нифоқу нотинҷии чанд соли охир гаштааст, дар чист? Имрӯз дар як марҳилаи хеле ҳассоси сиёсиву иқтисодӣ, ки тамоми дунёро фарогир аст, нашояд ба сар задани як нуқтаи ноороми дигар дар Осиё роҳ дод.
Талафоти тарафайн метавонад сабабгори хушунату нооромиҳои нав гардад ва имрӯз яке аз сабабҳои ин хушунату ҳисси бадбинии байни ду халқ метавонад шабакаи интернет гардад. Зеро дар он аз ҷониби истифодабарандагони қирғиз наворҳои зиёде ҷо дода мешаванд, ки ҳамаашон таҳлили яктарафа доранд. Чаро дар чунин маврид аз ҷониби ягон сиёсатшиноси тоҷик дар хусуси сабабу муҳтавои муноқишаи мазкур як маводи таърихан ва далелан асоснок дар шабакаи интернет пахш карда намешавад? Албатта дар саҳифаҳои ВАО-и Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ маводи зиёде дар ин хусус пайдо кардан мумкин аст, вале хуб мебуд, агар сиёсатшиносони тоҷик ин масъаларо дар сатҳи сиёсӣ, иҷтимоӣ, таърихӣ ва илмӣ таҳлил намуда, дар шабакаи интернет бо забони русӣ баррасӣ менамуданд, то ки истифодабарандагони васеи шабака маълумоти саҳеҳ дошта бошанд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ моро ҳамчун як миллати тасарруфгару ҷангхоҳ напазирад.
Мутмаинам, ки чи қадар маводе, ки аз ҷониби сиёсатшиносони тоҷик ва шахсони бевосита бо ҷараёни ин муноқиша сару кор доштаи кишварамон бо далелу асноди амиқ пахш гардад, ҳамон қадар сабабу решаи асосии ин муноқиша зудтар аён мегардад.
Барои мо бадахшониён ин муноқиша чандкарата сангинтар аст, зеро асрҳо боз бо қирғизон дар як сарзамин ҳаёт ба сар мебарем ва хушбахтона то имрӯз чунин ҳодисаҳо байни тоҷикону қирғизони Бадахшон сар назадаанд. Умедворем, ки ёриву дӯстии мардуми тоҷику қирғиз дар сарзамини Бадахшон боз садсолаҳои дигар низ идома хоҳад дошт.
Бисёр таассуф мехӯрем, ки солҳои охир бо сар задани ин низоъҳо ҷони даҳҳо кас аз даст дода шуда истодааст, оилаҳо саргардон, иншоотҳои хусусиву давлатӣ вайрону валангор ва аз ҳама даҳшатовараш он аст, ки ҳамаи ин боиси баланд гаштани ҳисси бадбиниву тоқатнопазирии ду миллати ҳамҷавору ҳамсоя мегардад, ки барои аз байн бурдани он вақту замони тӯлоние лозим мегардад.
Он чанд нуқтае, ки чун шаҳрванди Тоҷикистон барои ҳалли ин қазия мувофиқи маълумоту далелҳои дастрасдошта метавонем пешниҳод намуд:
- имрӯз замоне расидааст, ки марзи 970 километраи байни Тоҷикистону Қирғизистон, ки бештари он аниқ муайяну нишонагузорӣ нашудааст, дар чорчӯбаи қонуни давлати Тоҷикистон ва талаботи меъёрҳои ҳуқуқии байналмиллалӣ муайян ва нишонагузорӣ гардида, дидбонгоҳҳои мустаҳками сарҳадӣ гузошта шаванд, хусусан минтақаҳои мисли ҷамоатҳои Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аҳолиашон 62 000 одамро ташкил медиҳаду бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон, зери ҳифозати доимии марзбонон қарор гирад;
- барои мақомотҳои давлатии наздисарҳадии ҳар ду ҳудуд лозим аст, ки бо такя ба ҷомеаи шаҳрвандии худ, ки асоси давлати демократиро ташкил медиҳанд, корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳиро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ анҷом диҳанд;
- пахш намудани маводҳои далелноки таърихиву таҳлилӣ оиди ин ҳодисаҳо - сабабҳо, натиҷаҳо, дурнамои онҳо
- дар ҳолати аниқ муайян гаштану нишонагузорӣ шудани марз дар байни ду давлат нуқтаҳои тиҷоратиро ташкил намуд, ки ба ин восита рафту омад ва интиқоли молу анвол боиси мустаҳкам гаштани алоқаҳои байни аҳолии тарафайн мегардад;
- ташкили чорабиниҳо, идҳо ва маъракаҳои фарҳангии наздисарҳадӣ, низ яке аз воситаи барқарору мазбут сохтани алоқаи байни давлатҳои ҳамҷавор аст. ки чунин таҷриба дар тамоми давлатҳои ҷаҳон амалӣ карда мешаванд ва натиҷаи хуб медиҳад.
Албатта таҳаммулпазирӣ ва сабурӣ хислатҳои беҳтарине ҳастанд, ки дар давоми асрҳо тоҷиконро барои ҷаҳониён муаррифӣ намудаанд, вале на дар вазъияти кунунӣ! Зеро агар ин қазияи тӯлкашида имрӯз ҳалли худро наёбад, пагоҳ ҳамчун як мабдаи нооромии байни кишварҳои мо мегардад, ки ягон нафар тоҷик хоҳиши пайдо шудану реша давондани онро надорад.
Н. Ризвоншоева – ходими илмии ИИГ АМИТ
Муфассал ...