wrapper

Навидҳои рӯз

Конфронси илмию амалӣ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон-меъмори давлати навини тоҷикон" баргузор гардид

  Тибқи нақша чорабиниҳои Мақомоти Иҷроияи Ҳокимияти Давлатии ВМКБ  аз 08-11-2022 (№517)  бахшида ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,   санаи 10-11-2022  бо ташабусси директори Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи академик  Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар, дар ҳамкори бо Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ сардораш Азорабек Мирзобеков , бо Раёсати маорифи  ВМКБ сардораш Аминҷон Мирзоқандов,  бо Филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос  ва бозомӯзии кормандони   соҳаи маориф дар ВМКБ директораш Раҳимдод Азизбеков дар толори ИИГ-ии АМИТ конфренсияи илми-амалӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон-меъмори давлати навини тоҷикон” ташкил ва баргузор намуданд. Дар кори конфронс кормандони ин чор муассисаи илмӣ-таълимӣ ширкати фаъолона доштанд.  

Муфассал ...

ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВ СЕМИНАРИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БАГУЗОР ГАРДИД

            Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бахшида ба 110-солагии академик Баҳодур Искандаров семинари илмию назариявӣ дар мавзуи “Назаре ба таърихи Помиру Бадахшон (то замони Шӯравӣ)” баргузор гардид. Семинар бо ибтикори шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ  ташкил карда шуд. Дар семинар олимони институт, устодони донишгоҳи давлатии Хоруғ, магистрантон ва докторантони (PhD)-и ИИГ иштирок доштанд.  

            Аз ҷониби мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ номзади илмҳои таърих Шоинбеков А. вобаста ба тадқиқотҳои академик Баҳодур Искандаров,  перомуни таърихи Бадахшон суханронӣ намуд.  Шоинбеков ба масъалаҳои:

  • ФАРЗИЯҲО ОИД БА МАКОНИ НАХУСТВАТАНИ ИНСОНИЯТ БУДАНИ ПОМИРУ БАДАХШОН
  • ҚАБИЛАҲОИ ҒАЙРИОРИЁИИ ПОМИРУ БАДАХШОН
  • ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРИ САНГ
  • ЁДГОРИҲОИ АСРИ БИРИНҶ ДАР ПОМИРУ БАДАХШОН
  • ПОМИР КИШВАРИ ОРИЁИҲО
  • ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРИ ОҲАН
  • ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРИ БИРИНҶ
  • САКҲОИ ПОМИР
  • ТАЪРИХИ ПОМИРУ БАДАХШОН АЗ АСРИ VII-ПЕШ АЗ МИЛОД ТО АСРИ II-И МЕЛОДӢ
  • ИМПЕРИЯИ КИРПАНД
  • ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРҲОИ МИЁНА
  • ПАРОКАНДАГИИ ФЕОДАЛӢ ДАР ПОМИРУ БАДАХШОН
  • “БОЗИИ КАЛОН” (“БОЛЬШАЯ ИГРА) ВА ТАҚДИРИ МАРДУМИ ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР ОХИРИ АСРИ XIX ИБТИДОИ АСРИ XX хеле хуб равшанӣ андохт. Баъзе дӯстдорони таърихи Бадахшон аз шаҳри Душанбе фикру дархостҳои худро баррасӣ намуданд ва таклиф гузоштанд, ки чунин семинарҳо дар шаҳри Душанбе ҳам гузаронида шаванд.

Баъд аз гузориши ШОИНБЕКОВ  А. байни иштирокчиёни семинар саволу чавоб, мубодилаи афкор баргузор гардида, масъалаҳои таклифу дархостҳои муфид пешниҳод гардиданд.

 

             Аз чумла рӯзноманигори варзида аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Улфатшоев Ҷ. оид  ба комёбиҳои назарраси солҳои охири Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ  сухан ронда иброз намуд, ки хакикатан БАДАХШОН таърихи кухан дорад ва пешниҳод карда шуд, ки баргузории чунин семенархо аз ҷониби мутахассисон бештар ба роҳ монда шаванд.

Муфассал ...

«ЗАБОН – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДУ КАМОЛОТИ МИЛЛАТ»

«Забон – омили асосии рушду камолоти миллат» - таҳти чунин ном имрӯз бо ташаббуси директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ва шуъбаи забонҳои помирӣ бахшида ба  таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия доктори илмҳои филологӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба  номи Рӯдакии ш. Душанбе Фарангис Шарифзода иштирок карда дар мавзуи «Мақоми забони давлатӣ дар шароити бисёрзабонӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Олимони шуъбаи забонҳои помирӣ: н.и.филол. Мирзоев Шоҳназар бо маърӯзаи «Слова с немотивированным значением в лексике шугнано – рушанских языков и их эквиваленты в таджикском и русском языках» ва  Ризвоншоева Нуринисо бо маърӯзаи «Забони давлатӣ нишонаи давлат, таърих ва хусусиёт» суханронӣ карданд. Дар охир директори Институт, доктор Қаландариён ширкаткунандагон ва меҳмононро бо таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» табрик карда, хотиррасон намуд, ки саҳми ҳар як фарди кишвар дар рушду инкишофи забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он басо муҳим аст.

Муфассал ...

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» баргузор гардид.

30.09.2022

 Дар  Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар мавзуи «Андешаҳои таҳаммулпазирӣ ва ваҳдатгароӣ дар шеъри Ҷалолиддини Балхӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон, С. Азорабеков бо маърузаи «Робитаҳои маънавии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо Ҷалолиддини Балхӣ», номзади илмҳои педагогӣ Ш. Саидиброҳимов «Ҳамбастагии ақидаҳои педагогии А.Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ», ходими илмии шуъбаи фолклор ва адбиёти Бадахшон, Қ. Охониёзов бо маърузаи «Ҷойгоҳи «алиф» дар ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» суханронӣ намуданд. Конференсия бо қироати ашъори дилнишини шоир аз ҷониби магистрантони ИИГ АМИТ ҷамъбаст гардид.

Муфассал ...