wrapper

Навидҳои рӯз

ҲИМОЯИ НАВБАТӢ ДАР ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б.ИСКАНДАРОВИ АМИТ

Дар таърихи 20 сентябри соли 2023 дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дифои рисолаи номзадии  Субҳонқулова Наргис Акбаралиевна  дар мавзуи “ХУДОЖЕСТВЕННОЕ ОТРАЖЕНИЕ ПРИРОДЫ В ТАДЖИКСКОЙ ПРОЗЕ ХХ – РУБЕЖА ХХI вв.” таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ  Мурувватиён Ҷамила Ҷамол бо муваффақият гузашт. Раёсати ИИГ АМИТ  ва кормандони илмии ИИГ Субҳонқулова Н.А.-ро бо ҳимояи бомуваффақияти рисола таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиашон барор хоҳонанд.

Муфассал ...

Табрикот

 Муҳтарам Фарҳод Қодир!

 Шумо аз ҷумлаи он фозилонед, ки комёбиҳои назарраси илмии давлатии мо бо онҳо алоқаманд аст. Дар тӯли солҳои фаъолияти илмиву роҳбарии худ Шумо сазовори нуфузи роҳбари кордону ғамхор гардида, ба қуллахои баланди касбӣ расидаед. Шумо соҳиби истеъдоди баланди фикрронии илмию эҷодие ҳастед, ки қобилияти ҷалб намудани шогирдону пайравони боистеъдодро ба мадори фаъолиятҳои гуногунҷабҳа дорад ва ҳар як мо шоҳиди ин падида ҳастем.

Дар ин рӯзи фархунда ба Шумо шӯҳрат ва эътироф, ояндаи дурахшон, таваҷҷӯҳи шоиста аз аҳли илму ҷомеа, саломатии бардавом, нерӯи бекарон, лаҳзаҳои дурахшони ҳаёт ва бахту саодати бузурги инсониро таманно дорем!

 АКС: https://www.google.com/search?q=%D0%A4%D0%B0%D1%80%D1%85%D0%BE%D0%B4+%D0%A0%D0%B0%D1%85%D0%B8%D0%BC%D0%B8&tbm=isch&ved=2ahUKEwjV7YW-gbaBAxXDEBAIHdmBBYgQ2-cCegQIABAA&oq=%D0%A4%D0%B0%D1%80%D1%85%D0%BE%D0%B4+%D0%A0%D0%B0%D1%85%D0%B8%D0%BC%D0%B8&gs_lcp=CgNpbWcQAzIFCAAQgAQyBwgAEBgQgAQyBwgAEBgQgAQyBwgAEBgQgAQ6BAgjECc6CwgAEIAEELEDEIMBOgYIABAIEB5QrQxYuzRg9DZoAXAAeAGAAfcDiAG0K5IBCTItMS44LjQuMZgBAKABAaoBC2d3cy13aXotaW1nwAEB&sclient=img&ei=8zoJZZWoDMOhwPAP2YOWwAg#imgrc=KoSA1zLfbRz0kM 

Муфассал ...

Ҳимояи навбатӣ дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ

Дар таърихи 13 сентябри соли 2023 дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дифои рисолаи номзадии  Ғуломҷонов Зариф Мирҷонович  дар мавзуъи “Таджикско-американские литературные связи: перевод как форма межлитературной рецепции ” таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ  Мурувватиён Ҷамила Ҷамол бо муваффақият гузашт. Раёсати ИИГ АМИТ  ва кормандони илмии ИИГ Гуломҷонов З.М-ро бо ҳимояи бомуваффақияти рисола таҳният гуфта, барои корҳои минбаъдаи илмиашон барор хоҳонанд.

Муфассал ...

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмию амалӣ баргузор гардид

Тибқи нақшаи кории Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ ва МИҲД-и ВМКБ  дар таърихи 5-умин сентябри соли 2023, дар толори Институт бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ -  муовини раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир конференсияи  илмию амалӣ  бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон    таҳти унвони “Истиқлолият – рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронси илмӣ -  амалӣ кормандони  Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф  дар ВМКБ” иштирок намуданд.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. оғоз намуд. Аз номи МИҲД-и ВМКБ  муовини раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир  ҳозиринро бо иди фархунда табрик намуда, дар хусуси комёбиҳои давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намудаанд.

Дар конференсия аз ҷониби олимон ва коршиносони соҳа масъалаҳои зайл баррасӣ шуданд:

  1. “Истиқлолият – арзишмандтарин дастоварди миллат” - сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзобеков Азорабек.
  2. Истиқлолият – нишондиҳандаи пешравии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ” -  сардори Раёсати маорифи ВМКБ  Мирзоқандов Аминҷон. 
  1. “Истиқлоли миллӣ – ормонҳо ва воқеият” - директори филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар ВМКБ Азизбеков Раҳимдод.

 

Муфассал ...