wrapper

Навидҳои рӯз

Бахшида ба 90-солгаии октори илмҳои филологӣ, профессор Додхудо Карамшоев дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров конфренсияи байналмилалӣ доир гардид

Санаи 27.10.23 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 90-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Додхудо Карамшоев - яке аз шахсиятҳои шинохта дар соҳаи лигвистикаи тоҷик ва бурунмарзӣ, яке аз нобиғаҳои нотакрори соҳаи помиршиносӣ баргузор гардид. Конфренсияи мазкур дар мавзуи “Масъалаҳои таҳқиқи лексикографӣ ва асосҳои таҳияи корпуси забонҳои помирӣ” ба ҳалли масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ бахшида шуда буд. Дар кори конфренсия намояндаи МИҲД-и ВМКБ Ниятбеков Ғ. – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  иштирок намуда, аз номи раиси вилоят иштирокчиёни конференсияро барои ин иқдоми некашон  хайру мақдам гуфта, табрик намуданд. Дар назди ҳозирин бо маърузаву гузоришҳои илмии пурмуҳтаво доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Н., доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламшоев М., номзадҳои илмҳои филологӣ Мирзоев Ш., Некушоева Ш., Броимшоева М. баромад намуданд. Дар баробари олимони забоншиноси ватанӣ дар кори конференсия олимони маъруфи  забоншиноси   Федератсияи Русия - доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики АИР Плунгян В.А., доктори илмҳои филологӣ, профессор МОИ Рахилина Е.В, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти мактаби лигвистии МОИ Арманд Е.Е, аспиранти мактаби лингвистии МОИ Чистякова Д. ва магистрантони мактаби лингвистии МОИ Мелеченко М. ва Новакшанов Д. ба таври онлайн иштирок намуда, бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.

         Раёсати ИИГ АМИТ ва кормандони илмии Институт барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар баргузор гаштани конфренсия ба фарзандони доктори илмҳои филологӣ, профессор Додхудо Карамшоев - Фахрӣ Карамшоев, Бадрӣ Карамшоев ва Матлуба Карамшоева арзи сипос менамоянд.

Муфассал ...

РОҒУН ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

     Яке аз самтҳои асосии пешрафти энергетикии Тоҷикистонро иктидори гидроэнергетикии он ташкил медиҳад ва аз ҳамин лиҳоз аз тараққиёти ин соҳа тамоми сохтори хоҷагии халқи мамлакат вобастагии зиёд дорад, зеро ягон соҳаи саноат имрўз бе истифодаи қувваи барқ босамар кор карда наметавонад. Тоҷикистон дар тамоми чаҳон натанҳо бо табиати зебо, фарҳанги бойи моддию маънавӣ,  балки бо комёбиҳои соҳаи энергетика низ машҳур мебошад. Ду сарбанди баландтарин дар ҷаҳон - обанборҳои Роғун бо баландии 335 метр ва Норак бо баландии 300 метр ва Норак ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудаанд, ки аз рӯи баландӣ дар ҷаҳон ҷойҳои аввалу дуюмро ишғол мекунанд. Аз рўи ақидаи коршиносон, иқтидори умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард киловатт-соат нерӯи барқро ташкил медиҳад ва маҳз азхудкунии ин манобеъ вазифаи асосии энергетикҳои тоҷик дар даҳсолаҳои наздик маҳсуб мешавад. То ба ҳолати имрўза, танҳо панҷ фоизи захираҳои энергетикии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шудааст. Бояд гуфт, ки бо ба итмом расонидани НБО Роғун Тоҷикистон ба бузургтарин давлати содиркунандаи қувваи барқ дар минтақа табдил меёбад ва ин барои беҳтар гардидани ҳаёти сокинони Тоҷикистон такони нав хоҳад бахшид. Маҳз барои ҳамин давлат ва ҳукукмати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомоалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷаро ба ин сохтмони азими аср равона карда истодаанд. Корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи барқи обии «Роғун» пеш рафта истодаанд ва бо ин мақсад дар соли 2022-юм ба сохтмони НОБ-и Роғун 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар даврони истиқлолият дар баробари НОБ-и Роғун, инчунин чунин сохтмонҳои калони соҳаи энегетикӣ ба монанди НОБ-и Сангтуда-1, НОБ-и Сангтуда -2, НОБ-и Помир-1 ва дигар иншоотҳои энергетикӣ ба истифода дода шуданд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат намуданд. Амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо имкон фароҳам овард, то ки Тоҷикистон барқро ба давлатҳои ҳамсоя ба монанди Афғонистон ва Покистон низ интиқол диҳад. 

     Дар Паёми Пешвои миллат аз 23 декабри соли 2022 қайд гардид, ки бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла соли 2022 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ идома дорад. Ҳамвора барои пешгирии талафоти кувваи барқ (20,4 фоиз), барои таъмиру азнавсозии шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Ҳоло тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар чи зудтар ба итмом расонидани сохтмони НОБ Роғун сиёсати Пешвои миллатро дар ин самт дастгирӣ менамояд. Садҳо ҷавонони ғайратманди кишвар дар ин сохтмон қаҳрамонӣ нишон дода истодаанд ва мо умедвор аз он ҳастем, ки дар муддати кутоҳтарин агрегатҳои ин неругоҳ барои истеҳсоли кувваи барқ ба истифода дода хоҳанд шуд.

 

САИДАСАНОВ ЮСУФ - ходими калони илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ

АЗОРАБЕКОВА ШИРИНГУЛ - ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ

 акс: https://sudexpert.tj/?p=3078&lang=ru 

Муфассал ...

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар мавзуи «Нақши ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросимҳои мардумӣ» баргузор гардид

Дар таърихи 29.09.2023 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар мавзуи «Нақши ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросимҳои мардумӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи забонҳои помирӣ Офаридаев Н. бо маърузаи «Нукоте чанд оид ба вижагии забони маснавӣ», номзади илмҳои филологӣ Қурбонхонова Н. бо маърузаи «Нақши ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросимҳои мардумӣ», номзади илмҳои филологӣ Броимшоева М. бо маърузаи «Омўзиши лексикаи Ҷалолиддини Балхӣ» суханронӣ намуданд. Конференсия бо қироати ашъори дилнишини шоир аз ҷониби магистрони ИИГ АМИТ ҷамъбаст гардид.

 

Муфассал ...

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА "РӮЗИ РӮДАКӢ"

Санаи 22.09.23 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рӯзи Рӯдакӣ» дар мавзуи «Мақоми Рӯдакӣ дар адабиёт ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърӯзаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёт С. Азорабеков бо маърузаи «Ақидаҳои ҷаҳоншиносии Рӯдакӣ», мудири шуъбаи фолклор ва адабиёт, номзади илмҳои филологӣ Н. Қурбонхонова бо маърӯзаи «Унсурҳои фарҳангӣ дар устурапардозии Рӯдакӣ» суханронӣ намуданд. Конференсия бо қироати ашъори дилнишини шоир аз ҷониби магистрони ИИГ АМИТ ҷамъбаст гардид.

Муфассал ...