Зоолишоева Ш. Ф. – номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандарови АМИТ
МАҚОМУ МАНЗАЛАТИ ЗАНОН -БОНУВОН ДАР ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Паёми ҳамасолаи Президенти мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як раҳнамоест бораи рушди ҷомеа ва давлат.
Ҳурмату эҳтироми самимонаи Пешвои муаззами миллат нисбати зан-модар дар ҳар як суҳбату вохӯриҳояшон, ки мо шоҳиди он ҳастем, нишонгари он аст, ки ин масъала барои роҳбари давлат чи қадар муҳим аст. Сарвари давлат дар паёмашон нуқтаи аз ҳама муҳимро дар бораи баланд бардоштани мақому манзалат, соҳиби донишу маърифат гардидани бонувонро таъкид намуданд: “Мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занонро дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои онҳо шароити муносиби фаъолиятро фароҳам овардаем”.
Имрӯзҳо, баробарҳуқуқӣ бо мардон ва озодии занон аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо тавонистанд ба ҳаёти иҷтимоию сиёсии мамлакат фаъолона ворид гардида, дар тараққиёти мамлакати маҳбубамон саҳми назарраси худро гузоранд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон занон-бонувонро қувваи созанда ва боэътимоди ҷомеа меҳисобанд. Бонувон ин дастгирии пешвои миллатро бо як дилгармӣ пазируфта, дар мақомотҳои мухталифи ҳокимият кору фаъолият карда истодаанд.
Мақому манзалати зан-модар дар тамаддуни миллати тоҷик аз давраҳои пеш то ба имрӯз мавқеи муҳимеро ишғол мекунад ва ҳар як панду андарз, ҳар як сухани шоиру нависандаҳои гузашта ва имрӯзаи мо аз тавсифу таърифи ин олиҳаи бузург холӣ нест.
Кобили қайд аст, ки таваҷљуҳи махсуси Пешвои миллат чиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон пурра амалӣ гашта истодааст ва онҳо дар баробари мардон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ адои хизмат намуда истодаанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш иброз даоштанд, ки: “Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд”.
Занону ҷавондухтарони тоҷик инчунин дар баробари мардон дар ҷодаи соҳибкорӣ низ фаъоланд. Онҳо чандин корхонаҳои хизматрасониву истеҳсолиро таъсис дода бомуваффақият меҳнат мекунанд ва мунтазам аз ҷониби Пешвои миллат мавриди дастгирии ғамхорона қарор мегиранд: “Кредитҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд”.
Бояд зикр намуд, ки Роҳбари давлат ба масъалаи муҳими тарбия ва соҳиби дониш гардидани фарзандонамон, аз кӯдакистонҳо сар карда то ба Донишгоҳҳову донишкадаҳо, тавваҷҷуҳи махсус изҳор мекунанд. Диққати асосӣ ба соҳибмаълумот гардидани духтарон дода мешавад, зеро онҳо тарбиятгар, мураббӣ ва муаллимони насли ояндаамон мебошанд. Ҳамасола барои духтароне, ки мактабро дар деҳот хатм менамоянд квотаи президентӣ дода мешавад, то ки онхо ба мактабҳои олии мамлакат дохил шуда таҳсили илм намоянд, соҳиби маълумоти олӣ гарданд, ва барои халқу миллат хизмати арзандаи худро расонанд: “Танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд”.
Нуқтаи дигари муҳимеро, ки Пешвои миллат қайд намуданд, ин буд, ки, хушбахтона, љавондухтарони тољик на фақат дар дохили кишвар, балки берун аз он –дар давлатҳои хориља низ таҳсил карда истодаанд: “аз 41 ҳазору 232 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ҳоло дар давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, беш аз 11 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”. Ё ин ки дар ҷои дигар қайд карда гузаштанд, ки: “Аз 3 ҳазору 300 нафар ҷавононе, ки соли ҷорӣ танҳо тавассути маркази барономаҳои байналмилалии назди Вазорати маориф ва илм ба хориҷи кишвар барои таҳсил рафтаанд, 30 фоизашон духтарон мебошанд”.
Роҳбари давлат дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзанд борҳо таъкид карда гузаштанд, ки: “Падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд фаъол бошанд, фарзандро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати мост, риоя кунанд, ва дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд”.
Дар охир, гуфтан ба маврид аст, ки мо-занону бонувони мамлакат, аз ғамхориҳои доимии Пешвои муаззами миллат, барои баланд бардоштани мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа, барои дастгирии ҳаматарафаашон бениҳоят миннатпазирем. Аз Паёми навини Сарвари давлат рӯҳу илҳоми тоза гирифта, минбаъд ҳам барои пешрафту гулгулшукуфии Ватани маҳбубамон софдилона хизмат хоҳем кард.