Карамова Ибодат, ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
Роҳҳо – фарсахҳо
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон)
Албатта, пайдоиши роҳҳои аввалин ба тараққиёти ҷамъияти инсонҳо алоқаманд аст ва баъдан ба пайдоиши воситаҳои нақлиёт. Аз замонҳои қадим одамон кӯшиш мекарданд, ки аз роҳҳои мувофиқтарини ҳаракат истифода баранд. Зарурияти кашондани ҳаҷми торафт афзояндаи борҳо омили асосии тараққиёти роҳҳо гардид. Дар натиҷа роҳҳои калон- шоҳроҳҳо пайдо шуданд ва мисли тори анкабут кураи заминро иҳота карданд. Қад-қади ин шоҳроҳҳо инсонҳо ҷои истиқоматро интихоб карда, аввал деҳаҳоро бино карданд, ин деҳаҳо баъд ба шаҳр-давлатҳо ва оқибат ба давлатҳои абарқудрат табдил ёфтанд. Ба воситаи ин роҳҳо давлатҳо бо якдигар муносибатҳои иқтисодӣ, савдоӣ, фарҳангӣ, сиёсиро ба роҳ монданд.
Империяи Рим дар рушди шабакаҳои роҳҳои ҷаҳони қадим нақши муҳим бозид. Римиҳо ҳар сол аз 500 то 800 километр роҳҳои нав месохтанд. Маъруфтаринаш Аппиан аст, ки зиёда аз 2300 сол пеш сохта шуда, аз Рим то Бриндизи тӯл кашидааст. Яке аз дарозтарин роҳҳои қадим Егнатево буд, ки аз қаламрави Туркия, Албания ва Македония мегузашт ва 800 километрро ташкил мекард.
Дар асрҳои миёна шабакаи роҳи автомобилгарди Аврупо ба ҷои аввал баромад. Дар шаҳри Париж аввалин донишкадаи олӣ кушода шуд, ки дар он мутахассисони соҳаи роҳсозӣ тайёр мекарданд. Дар асри XVIII асбобҳои геодезӣ дар тарҳрезии роҳҳо васеъ истифода бурда мешуданд. Прогресси техникии асри XIX ба сохтмони роҳҳо низ таъсир худро расонда, роҳҳои сифатан баланд сохта ба истифода дода шуданд. Роҳи дарозтарин дар ҷаҳон дар ин давра – шоҳроҳи панамерканӣ ба ҳисоб мерафт, ки зиёда аз 30 ҳазор километр тўл кашида, аз ҳудуди 14 мамлакати Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ мегузашт. Баландтарин роҳи мумфаршшуда Хитой ва Покистонро ба ҳам мепайвандад ва қад- қади қаторкӯҳҳои Ҳимолой, Помир ва Қароқурум дар баландии қариб 5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мегузарад. Ин роҳ дар охири солҳои 80-ум дар ҷое сохта шуда буд, ки дар давраи қадим як қисми Роҳи Бузурги Абрешим аз он ҷо мегузашт. Лоиҳаи барқарор намудани муносибатҳои тиҷоратии Хитой бо дигар давлатҳо дар нимаи дуюми асри II пеш аз мелод ба миён омад. Дар соли 121 пеш аз мелод аввалин корвони шутурҳо бо абрешим ва оинаҳои биринҷӣ ба водии Фарғона раҳсипор шуданд. Ин роҳ аз пойтахти Хитои қадим-Луоян оғоз ёфта, минтақаҳои Осиёи Шарқиро бо баҳри Миёназамин дар замони қадим ва асрҳои миёна мепайваст. Соли 1877 ҷуғрофдони олмонӣ Ф.Ф. фон Рихтхофен бори аввал ба роҳи тиҷоратие, ки се қитъа: Осиё, Аврупо ва Африқоро бо ҳам мепайваст, номи “Роҳи абрешим”-ро дод. Роҳи Абрешим, ки дар замонҳои қадим даштҳо, баҳрҳо ва биёбонҳоро убур карда, барои вохӯриҳои сафирон ва барқарор кардани робитаҳои сиёсӣ-иқтисодӣ, муколамаи фарҳангӣ имконияти хуб фароҳам овард, ба бархўрду вусъат ёфтани тамаддунҳои бузург мусоидат кард.
Инсоният дар марҳилаи кунунии тараққиёти босуръати иқтисодиёт зарурияти барқарор кардани фаъолияти Роҳи Бузурги Абрешимро дарк карда барои аз нав барқарор ва вусъат додани он талошҳо карда истодааст.
Соли 1987 дар сесияи ЮНЕСКО қарор оиди тарҳрезии лоиҳаи байналмилалии омӯзиши ҳаматарафаи Роҳи Бузурги Абрешим қабул шуд. Ин лоиҳа дар доираи ду барномаи бузурги ЮНЕСКО амал мекард: “Муҳити инсон, захираҳои заминӣ ва баҳрӣ” ва “ Фарҳанг ва оянда”. Мақсади ин лоиҳа омӯзиши амиқ ва ҳаматарафаи Роҳи Абрешим буд, то ки ҷаҳониён зарурияти азнавбарқароркунӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ доштани онро дарк кунанд.
Бо ташаббуси давлати Чин, 15 - майи соли 2017 дар ш. Пекин Форуми байналмиллалии иқтисодии “Як камарбанд ва як роҳ” баргузор гардид. Мақсади ин форум сармоягузорӣ ва ҷалби давлатҳои абарқудрат дар азнавбарқароркунӣ ва вусъат додани Роҳи Бузурги Абрешим, ки барои ба дараҷаи баланд вусъат додани муносибатҳои иқтисодию сиёсӣ хеле зарур аст, ба ҳисоб меравад. То 13 - марти соли 2022 давлати Чин бо 148 кишвар ва 31 созмонҳои байналмиллалӣ дар доираи ташаббуси “Як камарбанд ва як роҳ”, аз ҷумла бо 38 давлати Осиё ҳамкорӣ кардааст. Тоҷикистон ба қатори он давлатҳо шомил аст, ки бо давлати Чин созишномаро ба имзо расонд. Дар баробари ин, Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар сохтмон ва барқароркунии роҳҳои сатҳи байналмилалӣ, аз он ҷумла Роҳи Бузурги Абрешим саҳмгузор аст ва дар ин самт кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дода истодааст.
Аз суханони Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатӣ баррасӣ шуданд, бармеояд, ки дар ояндаи наздик роҳҳои Тоҷикистон ба сифати долони транзитӣ ва иқтисодии Чин-Тоҷикистон -Афғонистнон ва Чин–Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо, инчунин Тоҷикистон-Чин-Покистон истифода хоҳад шуд.
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик барои ташаккули долонҳои иқтисодӣ як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки бунёду таҷлили роҳҳои мошингарди дорои аҳаммияти байналмилалӣ лоиҳакашӣ ва барои ҷалби сармоя пешниҳод намояд. Итминони комил дорем, ки ин иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат, дар солҳои наздик амалӣ гардида Тоҷикистонро пурра аз гумбасти коммуникасионӣ мебарорад.