ИМОМЁРБЕКОВА ГУЛШАН ГУЛХАНОВНА - докторанти PhD-и шуъбаи таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ
ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ МАМАЛАКАТ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳо ва созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ироа гардид.
Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ваъзи сиёсӣ, иқтсодӣ ва иҷтимоии мамлакат пурра ва мушаххас таҳлил гардид, ки мувофиқи муҳтавои он дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ба таври возеҳ мушоҳида мегарданд.
Соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ки дар минтақа идома дорад, барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор буд.
Дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар пешравиҳои назаррас ба назар мерасанд. ММД нисбат ба соли соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид, ки ин беш аз 130 миллиард сомонӣ мебошад.
Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукмати мамлакат вобаста ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД 1,5 баробар зиёд гардид.
Ҳол он, ки дар давраи пандимияи КОВИД-19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву иҷтимои қарор доштем.
Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта аз 37,2 миллиард сомонӣ дар соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.
Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ солҳои охир дар мамлакат сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, дар соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикригардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 ба 21,2 фоиз коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардида нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.
Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт. Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.
Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Инчунин ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Пешвои миллат чунин супоришҳо ироа гардиданд:
- аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон,
- маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз;
- аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда мешавад.
Ҳамзамон, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.
Ин албатта дастгирии навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи кормандони муассисаҳои буҷетӣ ва донишҷӯён мебошад. Чунин ғамхорию дасгирӣ моро водор месозад, ки донишу малакаи худро тақвият дода, кору фаъолияти ҳарузамонро баланд бардошта, дар рушду нумуи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.