ШОИНБЕКОВ АЛОВИДДИН – номзади илми таърих, мудири шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
САДА ВА МАЪЛУМОТИ ИБНИ МИСКАВЕҲ ОИДИ ОН
Мискавейҳ Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад (930-1030) - қомусшинос (энсиклопедист)-и маъруфи асримиёнагии араб, ки баъд аз Аристотел ва Ал-Форобӣ бо тахалусси “Устоди сеюм” машҳур аст, дар баробари дигар илмҳо дар илми мардумнигорӣ (этнография) низ саҳми калон гузоштааст. Ин қомуснигори машҳур дар хусуси тарзи гузаронидани ҷашни Сада низ маълумоти хеле ҷоллиб дорад. Аз мероси хаттии ӯ оиди ин ҷашни ниёгонамон чунин маълумотро дастрас кардан мумкин аст: “Дар базмгоҳ сутунҳои аз шамъҳои ранга озинбастаро мегузоштанд. Дар талу пушта ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро болои ҳам чида, онҳоро бо тасмаҳои оҳанин мебастанд. Дар болои онҳо зоѓ ва ҳар гуна парандаҳоро аз пояшон баста мемонданд. Сипас чормаѓзро кофта, дарунашро бо пахтаи нафтолуд пур мекарданд ва бо ресмоне ба пойҳову гардани парандагон овезон менамуданд. Баробари фаро расидани ваќту соати ҷашни Сада пахтаи нафтолудро, ки дар даруни чормаѓз пур буду худи чормағз бо ресмон ба пойҳову гардани парандагон овезон буд, дар мегиронданд ва парандаҳоро сар медоданд. Парандаҳо ба боло парвоз карда, бо худ алангаҳои оташро ба масофаи то он ҷое, ки парвоз кардан метавонистанд ба осмон мебардоштанд ва осмон чароғафшон мегашт” (Гулхани Сада, С. 66-67).
Ин амали сеҳромезро метавон аз ду ҷиҳат шарҳу тавзеҳ дод. Якум, ин ки тибқи боварҳои ниёгонамон ба воситаи чунин амал ба хуршед кӯмак кардан мумкин аст, то ба гармии ӯ гармии иловагӣ замима шавад. Дуюм, албатта, чунин амал дар назари тамошобинон ба ҷашни Сада як шукӯҳу шаҳомати хосаву беназиреро ворид месохт. Бе шаку шубҳа ҳангоми бомдоду торикӣ парвози парандаҳо бо гулхани дар пояшон овезон як саҳнаи аҷиб хоҳад буд ва ҳар тамошобине аз он ба ваҷд хоҳад омад.
Ибни Мискавейҳ худаш ҳолати мардумонро дар давоми ҷашнгирии Сада чунин нишон медиҳад: «Дар баробари сар додани парандаҳо дарав дар базмгоҳҳо ва ҳам дар талу теппаҳо оташҳои калонро фурўзон мекарданд. Шаби тор мисли рўз равшан мегардид. Ќалби ширкатварзидагони ҷашнро ҳаяҷону фараҳу шодї фароҳ мегирифт (Гулхани Сада, С. 67).
Тибқи тасаввуроту боварҳои ниёгонамон ва ҳам талаботи ҳамондавраи ҷашни Сада алангаи оташ бояд то дараҷае баланд бошад, ки аз фарсахҳо дида шавад. Зеро мардумон бовар бар он доштанд, ки гармии оташ ба гармии офтоб зам шуда, ҳаво зудтар гарм мегардаду мардум аз сардии зимистон наҷот меёбад. Мақсаду моҳияти асосии гузаронидани ҷашни Сада дар ҳамон даврони куҳан сарчашма аз ҳамин бовар мегирад.
Барои тақвияти иттилооти ибни Мискавейҳ оиди бо як шукӯҳу шаҳомати бемисл ҷашн гирифтани Сада, дар майдону бозоргоҳҳои васеъ, сари талу теппаҳо ва бомҳои хона оташи баланд даргирондани мардумон метавон далелҳоро аз баъзе дигар сарчашмаҳо ёдрас шуд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ чунин оварда шудааст:
Яке шорсоне баровард шоҳ,
Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ.
Ба ҳар барзане ҷойи ҷашни Сада,
Ҳама гирд ба гирд оташкада
(А. Фирдавсӣ)
Аз ашъори Манучеҳрӣ низ бармеояд, ки гулхани Садаро чунон меафрохтанд, ки алангааш ба осмон мерасиду аз фарсахҳо дида мешуд:
Оташе бояд чунон, ки фарози аламаш,
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.
....... Қурси Хуршед фуру хуфта нагунсор бувад.
(Манучеҳрӣ)
Хуллас, оташафрӯзии Сада аз оташафрӯзии Наврӯз - аловпараки наврӯзӣ ва Чоршанбеи сурӣ ба куллӣ фарқ дорад. Хусусияти хосаи ду ҷашни охир аз болои оташ паридан буда, аҳамияти оташи Сада дар қувват бахшидан ба офтоб буд.
Албатта, гулханафрӯзии ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Чоршанбеи сурӣ аз нигоҳи маврид, ҷойу макони афрухтан ва мақсаду моҳият аз ҳамдигар фарқ доранд, ки ин боз як масъалаи дигари алоҳида барои таҳқиқот мебошад.