wrapper

Ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ АМИТ Азорабеков Сардорбек        

                               

                                                                                                                 Сада  ва ҷашни он дар Бадахшон

                   

       Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи ориёии мардуми форситабор аст, ки ҳамасола  30 январ фаро мерасад ва он рӯзро гузаштагони мо обонрӯз мегуфтанд. Ҷашни Садаро дар сарчашмаҳо бо номҳои тавлиди офтоб, пешахбори Наврӯз, мужда аз Наврӯз ҳам ёд кардаанд.

Маънои вожаи “сада”  баромадан  ё тулӯъ кардан аст, ки дар забони қадимаи форсӣ ба шакли “садок” ва дар забони форсии миёна дар намуди “садаг” мавриди истеъмол будааст. Баъзе донишмандони нуҷумшинос маънои “сада”-ро марбут ба шумораи  “сад” донистаанд, ки аз ҷашни Сада то ҷашни Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки дар иди Сада 100 рӯзи сардии тирамоҳу зимистон поён меёбад. Ин расм дар миёни дигар миллату халқиятҳо ҳам таъсир расондааст, аз ҷумла халқи рус бо номи “масленница” онро ҷашн мегиранд.

         Мардуми Бадахшон ҳам аз қадимулаём  ин идро аз рӯи тақвими хоси ин минтақа ҷашн мегирифтанд. Даври фарорасии  Садаро аз рӯзи нахустини  чиллаи зимистон  аз 22 декабр баъди шаби ялдо аз рӯзи даромадани моҳи шамсии ҷаддӣ ҳисоб карда, баъд аз анҷоми чиллаи зимистон дар рӯзи  10 далв мутобиқ ба 30 январ онро  ид мекарданд ва оғози ҳисоби онро тавлиди хуршед ва охири онро, яъне анҷоми чилрӯзаи онро тавлиди дигаре барои хуршед ё меҳр ва гарму сӯзон шудани офтоб дониста, ба унвони иди Сада онро ҷашн мегирифтанд.

      Пас аз он ҳаракати офтобро аз рӯи андомҳои худ аз 1 феврал аз “нохуни по” сар карда,  то ба “дил” мерасонанд, ки ин рӯз ба якуми ҳамал, ё бисту якуми март – баробаршавии шабу рӯз  мусовӣ меояд ва онро бо номи Иди Наврӯз, ё Хидараём(Иди куҳан) рӯзи ба балоғат расидани офтоб бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.  Гузаштагони мо ҳисобро аз рӯи  “олами сағир”- инсон ва андомҳои он  аз 1 феврал чунин ба роҳ мемонданд: нохун 3 рӯз, пушти по 3, биҷили по 3, қалами по 3, нармии по 3, бағали по 3, зону 3, кордафсон 3, харомез 3, пуфмуф 3, рӯда 9, қабурға 9, дил 3 рӯз.

          Гузаштагони мо дар ин миён як ҷашни дигаре доштанд, ки онро “хирчизон” мегуфтанд, ки дар он рӯз ҳисоби ҳаракати офтоб ба зону мерасад ва он мутобиқ аст ба 19 феврал ва дар ин рӯз чиллаи хурд ба охир мерасад.

     Таърихи пайдоиши ҷашни сада ба оини меҳргароӣ(митроӣ) ё хуршедпарастӣ рост меояд, ки аз оини зардуштӣ 3 то 5000 сол пештар ба вуҷуд омадааст. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти он пурра нигоҳ дошта шуда, бо номи ҷашни оташ таҷлил карда мешудааст. Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва гирди он рақс карда, суруд мехонданд. Сада то асри 12 ба монанди Наврӯз боҳашамат ҷашн гирифта мешуд, вале баъдҳо дар натиҷаи сиёсати давлатдории аҷнабиён оҳиста- оҳиста аз байн рафтан гирифт, вале нишонаҳои дар ин рӯз гулхан афрӯхтан ва гирди он базм оростан то ҳоло боқӣ мондаанд.

Ин идро инчунин ҷашни шоҳӣ, ё мулукӣ низ ном мебаранд, зеро асосгузори он шоҳ Ҳушанг писари Сиёмак аст ва дигар шоҳон ҳам минбаъд онро ҷашн мегирифтанд. Унсурӣ гуфтааст:

                            Сада ҷашни мулуки номдор аст,

                            Аз Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Фирдавсӣ гуфтааст:

                            Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

                           Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

       Тавре Фирдасӣ нақл мекунад, одамон то замони Ҳушанг чӣ тавр даргирондани оташро намедонистанд. Инро аввал ӯ ёфт. Як рӯз Ҳушанг бо чанде аз ёрони худ паи шикор ба кӯҳсор рафт. Ногоҳ як мори сиёҳи бузургҷусса падидор гашт. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба тарафи мор ҳаво дод, мор фавран ба як сӯ ҷаҳида ҷонашро халос кард, санги калон ба санги хурде бархӯрд  ва ҳар ду шикастанд, аз сангҳо шарораҳо ба атроф ҷаст ва шуо падид омад. Ҳушанг гуфт: “Ин шуо фурӯғи худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук донист ва парастид”.

          Ин маросим, ки ҳар сол дар рӯзи муайян такрор мешуд, ба ҷашн табдил ёфт ва ҷашни Сада номида шуд. Минбаъд одамон онро гиромӣ дошта, гулханҳо меафрӯхтанд ва ин ҳамон шаби оташафрӯзии Ҳушанг аст, ки ба ёдгор монда буд.