Ардабаева Мадина – докторанти PhD-и Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
Ризвоншоева Нуринисо- ходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
Институти Паёмҳои Президент дар Тоҷикистон:
моҳият ва вазифаҳо
Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ - ниҳоди олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, як санади сиёсӣ ва ҳуқуқӣ буда, назари Сарвари давлатро нисбат ба самтҳои стратегии рушди кишвар барои ояндаи наздик баён мекунад. Он ҳам санадҳои меъёрии дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ ва ҳам пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба фаъолияти қонунгузориро дар бар мегирад ва дар сохтори гуфтугӯҳои сиёсӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Дар давлатҳое, ки шакли идораи президентӣ доранд, президент роҳбари шохаи иҷроия ва парламент мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор мебошад. Аз ин рӯ, ҳамасола Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ шакли таърихии ҳамкории сохторҳои қонунгузор ва иҷроияи ҳокимият мебошад.
Ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ як ҷузъи баромади расмӣ-институтсионӣ аст, яъне мисли дигар суханрониҳои оммавии пешвои сиёсӣ аз иртиботи нишондод - вазъ дар тамоми самтҳои идоракунии давлат ба кулли ҷамъият иборат аст. Самти асосии Паёмро бевосита худи президент, ки дар сари қудрат аст, ба таври возеҳ муайян мекунад. Президент ба Маҷлиси Олӣ, ки аз ду палата иборат аст, муроҷиат менамояд, аммо шунавандагон на танҳо вакилони парлумон, балки тамоми шаҳрвандони давлатанд, зеро Паём барои аудиторияи васеътарин пешбинӣ шуда, тавассути шабакаҳои асосии телевизионии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман пахш мешавад.
Метавон иддао кард, ки матни Паёми Президент ба таври возеҳ ба моделсозии барномавӣ “аз гузашта то имрӯз ва то оянда” тамаркуз карда мешавад. Таҳлили сохтори қисми асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ агар аз назари нутқи расмӣ-институтсионӣ дида бароем, ба он се раванди ба ҳам вобаста хос аст:
- Мулоҳиза оиди арзишҳо. Мулоҳиза дар бораи арзишҳо бознигарии гузаштаро тақозо мекунад, ки дар он таҷрибаи мардуми тоҷик, ахлоқи дастаҷамъӣ ва хусусиятҳои барҷастаи хислати миллӣ таъкид мегарданд. Сарвари давлат ҳангоми таҳлил, арзёбӣ ва тавсияҳо хусусиятҳои миллиро таъкиду ёдрас намуда, онҳоро ба гузашта, имрўз ва оянда мепайвандад, яъне омўзиши гузашта ба сифати сарчашмаи арзишҳои суннатии миллат ва бозсозии он барои тавсифи оянда.
- Банақшагирӣ ва арзёбии масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти кишвар. Ин қисми Паём – муайян намудани вазифаҳои асосӣ барои соли оянда аст, зеро маҳз ҳамин мақсади асосии Паёмҳои Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ аст.
- Тавсияҳо оид ба иҷроиш.
Албатта ҳар як Паёми навбатӣ барои вазифагузорӣ ва ҳалли вазифаҳои мушаххас нигаронида мешавад. Вазифаи асосии Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ тавассути навсозии бахшҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- Вазифаи иттилоотӣ, ки муайян кардани вазифаҳои асосии соли ояндаро дар бар мегирад. Президент ба вазъи кишвар баҳо дода, ташаббусҳои дар пешистодаи қонунгузориро нишон медиҳад.
- Вазифаи интегративӣ – вазифаи муттаҳид намудан. Ҳар як Паём – ин тасдиқи ваҳдати миллӣ, даъвати шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ва тавсифи рӯҳияву хислати миллӣ мебошад.
- Вазифаи инспиративӣ - вазифаи илҳомбахшии Паём, яъне рӯҳбаланд намудани миллат ва таҷлили арзишҳои анъанавӣ мебошад. Президент аз ғалабахои якҷояи гузашта ёдовар шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти якҷояи имрўзаро муайян мекунад. Умед ба ояндаи беҳтар ва дар шунавандагон бовариро ба муваффақияти ҳадафҳои дилхоҳ мебахшад. Илова бар ин, экскурсия ба гузашта ҳамчун қиёси баҳснок хизмат мекунад, ки ба кас имкон медиҳад, ки барои бомуваффақият бартараф кардани душвориҳо умед дошта бошад.
Бешубҳа, ҳамаи вазифаҳои дар боло зикршуда бо ҳам алоқаманданд ва воситаҳои шабеҳро барои татбиқи онҳо истифода бурдан мумкин аст.
Аз ин рў, метавон гуфт, ки Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ яке аз суханрониҳои асосии расмии нутқи Сарвари кишвар маҳсуб мешавад. Он на танҳо ҳисобот дар бораи кори иҷрокардаи Президент ва муайян кардани вазифаҳои асосии соли оянда, балки амали рамзӣ хам мебошад. Суханронии солона дар шакли Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун як жанри гуфтугӯи сиёсӣ аст ва он дорои чанд вижагиҳои хос буда, вазифаҳои муайянеро низ иҷро мекунад, ки умдаи онҳо вазифаи нигоҳдорӣ, таҳкими кишвар ва баланд бардоштани мавқеи он дар ҷаҳон аст.
Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ илова бар таҳлили вазъи дохилии кишвар, инчунин нишондодҳо дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҳукуматро низ фарогир аст.
Паёми ин нутқи ниҳоят муҳимми сиёсӣ ва барномавӣ мебошад, ки дар он на танхо ба Маҷлиси Олӣ, балки ба дигар сохторҳои давлатӣ, инчунин ба тамоми ҷамъият муроҷиат карда шуда, рӯйхати дастурҳо низ баррасӣ мегардад. Дар ин маврид Маҷлиси Олӣ ва палатаҳои он аз рўи натиҷагириҳои Паём одатан қарорҳои махсус қабул мекунанд, ки ба иҷрои тадбирҳои пешбинишудаи ҳуқуқӣ нигаронида шудаанд. Яъне, агар аз ин нуқтаи назар ба кори Маҷлиси Олӣ назар андозем, як бахщи кори он аз таъмини иҷрои Паёми Президенти кишвар иборат мебошад. Зеро дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсие, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ба амал омадаанд, аз татбиқи роҳи мушаххаси сиёсие гувоҳӣ медиҳанд, ки бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зич алоқаманданд. Зеро бо назардошти вижагиҳои низоми сиёсии пасошӯравӣ маҳз Президенти Тоҷикистон дар сохтори мақомоти олии давлатии кишвар мақоми марказиро ишғол намуда, ҳамчун муҳаррики асосии сиёсати пешгирифта баромад мекунад. Президент самти сиёсати ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, зиддибӯҳронӣ ва умуман тамоми намудҳои сиёсати давлатиро муайян мекунад. Ташаббусҳои Президент як катализатори фаъолияти қонунгузории парламони Тоҷикистон шуда, ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ мусоидат мекунанд.
Албатта, Президенти кишвар ҳангоми муайян намудани самти рушди кишвар аз абзорҳои мухталифи сиёсиву ҳуқуқӣ истифода мекунад, ки яке аз ин абзорҳо маҳз Паём ба Маҷлиси Олӣ аст.
Бояд тазаккур дод, ки Паёмҳои Президенти кишвар ба ҳайси ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқии дорои хусусияти стратегӣ дорои мақоми конститутсионӣ ва ҳуқуқӣ буда, барои омӯзиши роҳи сиёсии Сарвари давлат дар марҳалаи муайяни таърихи кишвар арзиши беандоза доранд. Ҳар яке аз унсурҳои матни суханронии президент асосҳои моҳиятӣ ва мантиқии худро дошта, ба ҳадафи мушаххас – расонидани мавқеи расмии роҳбарияти ҳукумат оид ба вазъи кишвар ва баёни нақшаи генералию идеологии роҳи сиёсии рушди давлат ба доираи васеи мардум хизмат мекунад.
Паём ин воситаест, ки тавассути он Сарвари давлат ҳамасола ба ба Маҷлиси Олӣ муроҷиат менамояд ва таваҷҷуҳи сиёсатмадорон, сиёсатшиносон ва шаҳрвандони одиро ба муҳимтарин масъалаҳои рӯзгори кишвар ҷалб намуда, роҳҳои ояндадори рушди кишварро муайян мекунад. Ҳар як Паём аз ҷониби сиёсатмадорон шарҳ дода мешавад ва дар ҷомеаи илмӣ вокунишҳоро ба вуҷуд меорад.
Вале дар ҷараёни таҳлили маводи дастрас оиди Паёмҳои Президенти кишвар муайян гардид, ки дарки назариявии масъала дар ин самт дар сатҳи лозимӣ қарор надорад. Сарфи назар аз аҳамияти бешубҳа омӯзиши Паёмҳои Президент ҳамчун василаи сиёсат, мо бояд кам будани тадқиқоти махсуси сиёсию ҳуқуқиро, ки ба таҳлили Паёмҳои Президент аз нуқтаи назари роҳи сиёсии рушди кишвар бахшида шудаанд, қайд намоем.
Таҳлилҳое, ки мо аз сомонаи интернетӣ, дар саҳифаҳои рўзномаву маҷаллаҳои даврӣ дар соҳаи сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ ва дигар соҳаҳои илм, ки ба Паём бахшида шуда буданд, дастрас намудан тавонистем, бо вуҷуди шоистагии худ, камбудиҳо низ доранд, ки дар байни онҳо таваҷҷуҳи муаллифон сирф ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва матнии Паёмҳои Президент, таваҷҷуҳ ба ҳалли проблемаҳои мушаххас дар ҳошияи Паём, набудани равиши системавӣ ва таснифот дар таҳлили матн ва ғ. Баррасиву таҳлилҳое, ки оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, метавон ба чанд гурӯҳ тасниф намуд.
Ба гурўҳи аввал таҳлилҳое дохил мешаванд, ки ба таҳлили институти ҳокимияти президентӣ дар Тоҷикистон бахшида шудаанд. Дар ин таҳлилҳо Паёми Президент мавриди баррасӣ қарор гирифта, онро ҳамчун ҳуқуқе, ки пешбинӣ шудааст ва ҳамзамон вазифаи сарвари давлат арзёбӣ мекунанд.
Бо дарназардошти шоистагии бешубҳаи таҳлилиҳои гурӯҳи аввал –таҳлили амиқи ҳуқуқии Паёмҳои президент – бояд қайд кард, ки муаллифон ин масъаларо бидуни баррасии он ҳамчун падидаҳои системавӣ, ки як давраи мушаххаси сиёсии сарвари давлатро ифода мекунанду дар марҳалаи мушаххаси таърихӣ сурат мегиранд, баррасӣ менамоянд. Дар назарсанҷиҳои гурӯҳи аввал таъсири вазъи сиёсии кишвар ба муҳтавои матни Паёмҳои Президент инъикос наёфта, ба мушкилоти иҷрои масъалаҳои дар Паёмҳо қайдгардида, таваҷҷуҳи зиёд дода нашудааст. Таҳлили матнҳои Паёмҳои Президент, ки дар баъзе таҳлилҳо сурат мегирад, хусусияти эпизодӣ дошта, танҳо татбиқи салоҳият ва саҳмгузории президент қайд гардидааст.
Дуюм, масъалаи Паёмҳои Президентӣ дар заминаи таҳия ва татбиқи курси сиёсӣ дар адабиёти илмии ватанӣ дар сатҳи зарурӣ ифшо нашудааст. Мо дар ин самт маводи заруриро аз ягон сомонаи мавҷуда пайдо намудан натавонистем.
Сеюм, одатан, масъалаи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ аз тарафи муаллифон дар заминаи ҳалли вазифаҳои маҳдуд ва конкретии соҳавӣ, ки дар назди онҳо истодаанд, дида баромада шуданд.
Чорум, дар сиёсатшиносии ватанӣ то ҳол мундариҷаи Паёмҳои Президент дар доираи омӯзиши дарсҳои сиёсии Президенти кишвар Э. Раҳмон ба роҳ монда нашудааст. Агар чунин барнома вуҷуд дошта бошад ҳам, онро дастрас намудан натавонистем.
Панҷум, арзёбии матнҳои алоҳидаи Паёмҳои Президентро аз назари илми сиёсатшиносиву ҷомеашиносӣ, бидуни мақолаҳои ҷудогона дастраси хонандагони васеъ нестанд.
Шашум, аз ҳама нигарондатарин нукта ин буд, ки дар сомонаи интернетӣ ягон рисолаи илмиро оиди мавзуи таҳқиқу баррасии Паёмҳои Президент дастрас намудан натавонистем.
Ҳамаи ҳолатҳои дар боло зикршуда зарурати гузаронидани таҳқиқотҳои алоҳидаи сиёсатшиносиву ҷомеашиносиро тақозо мекунанд, ки дар онҳо мавқеъ ва нақши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар таҳия ва татбиқи роҳи сиёсии рушди кишвар, муайян намудани робита байни нақши сарвари давлат дар низоми сиёсии кишвар ва мавқеи Паёмҳои Президент дар раванди таҳия ва татбиқи роҳи сиёсӣ ба доираи таҳқиқ кашида шавад. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ин таҷриба даҳсолаҳо боз арзи вуҷуд дорад ва таҳқиқотҳои амалигадида метавонанд барои пажуҳишгарони тоҷик як заминаи хуби назарияӣ гарданд.
Дар ҷараёни таҳлили муфассали Паёмҳои Президент ҳар як мутахассис – муаллиф бояд аз усулҳои махсус, аз қабили сотсиологӣ, ҳуқуқӣ, оморӣ, забоншиносӣ ва ғайра истифода намояд, чунки татбиқи ин усулҳои таҳқиқ дар доираи ин ё он кори таҳлилӣ ба муаллифон имкон медиҳад, ки вожаву истилоҳоти муҳимтарин ва бештар истифодашаванда, сохтори мавзуии Паёмҳои Президент, бартарияти ғоявию маъноии онро муайян намуда, муҳимтарин масъала ва мушкилоти онҳоро муайян намояд.
Ногуфта намонад, ки шароити имрўзаи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ва шахсияти бевоситаи Сарвари давлат ба самаранокии роҳи сиёсӣ дар кишвар ва татбиқи дастурҳои барномавии Паёмҳои Президенти кишвар таъсири худро мегузорад. Изҳороти муқобил дар бораи таъсири Паёмҳои Президент ба равандҳои сиёсӣ ва идоракунии ташаккул ва татбиқи роҳи сиёсӣ низ дуруст аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Танҳо дар ин ҳолат пажӯҳишҳои ҳамаҷониба дар тамоми соҳаҳо ва махсусан дар соҳаи сиёсатшиносиву ҷомеашиносӣ амалӣ мегарданд, ки Паёмҳои Президентро ҳамчун шакли баёни роҳи сиёсии кишвар ҷамъбаст ва таҳлил мекунад. Маҳз чунин таҳлилҳо метавонанд корҳои мушаххасро дар ин самт, аз қабили: рўйнамо намудани нақши Президент дар низоми сиёсӣ ва мавқеи Паёмҳои Президент дар раванди таҳия ва татбиқи роҳи рушди сиёсии кишвар (дар асоси барномаҳои мушаххас); муайяну таҳлил намудани моҳияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси барномаҳои мушаххас); баррасии вазифаҳое, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди сиёсӣ ва маъмурии кишвар иҷро мекунанд (дар асоси барномаҳои мушаххас); таҳқиқи барномаҳои мушаххаси соҳавӣ оиди татбиқи Паёмҳои Президентро анҷом диҳанд, ки барои ҷомеаи имрўзаи Тоҷикистон хеле бамаврид хоҳанд буд.
Андешаҳои ибрознамударо ҷамъбаст намуда, бори дигар таъкид намудан зарур аст, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унсури муҳими раванди ташаккули роҳи мушаххаси сиёсии рушди кишвар мебошанд; онҳо рӯзномаи ҳукуматро оид ба масъалаҳои мубрами мамлакат муайян мекунанд; роҳҳои ҳалли мушкилотро пешниҳод мекунанд; корҳои иҷрошударо ҷамъбаст менамоянд, яъне ба қарорҳои қабулкардаи ҳукумат баҳо медиҳанд.
Дар раванди сиёсӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёмҳои Президент вазифаи арбитражӣ-интегратсионӣ, стратегӣ-директивӣ, назоратӣ, иртиботӣ, популистӣ ва раҳнамоиро иҷро мекунанд. Набояд фаромўш сохт, ки Паёмҳои Президент барои ҳокимияти иҷроия ҳатмӣ ва барои ҳокимияти қонунгузор машваратӣ буда, нақши роҳнаморо дар сиёсати давлатӣ иҷро менамоянд. Паёмҳои Президент дар байни дигар ҳуҷҷатҳои сиёсӣ дараҷаи концептуалии баланд дошта, таҳлилу баррасии амиқи илмиро аз тамоми соҳаҳои илми муосири тоҷик тақозо мекунанд.