wrapper

Мирзоев Шоҳназар- номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. искандарови АМИТ

Аз Паём то Паём

Инак 32 сол пур шуд, ки дар харитаи сиёсии ҷаҳон Тоҷикистон арзи худро дорад ва  аз тарафи ташкилоти муттаҳидаи миллатҳо эътироф шудааст. Чи хеле ки маълум аст, пас аз муноқишаҳои зиёди солҳои 80 ва 90 -уми асри гузашта  давлате, ки 15 чумҳурии сотсиалистӣ аъзои он буданд, аз байн бурда шуд. Ҷуҳурияҳои ин иттиҳод якояк истиқлолияти миллии худро эълон намуданд, ки ин маънои онро дошт, ки онҳо аз узвияти иттиҳод мебароянд.  

9- сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дар қатори дигар ҷумҳурияҳо соҳибистиҳлолии худро эълон намуд. Ин барои халқи тоҷик, ки асрҳо боз дар орзуи истиқлолияти ватани худ буданд, як  хушбахтии калон буд. Аммо дар ин ин давра аллакай қувваҳое дар Тоҷикистон буданд, ки мехостанд Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол аз байн баранд. Ин қувваҳое буданд, ки ҳанӯз дар солҳои 20-30-юми асри гузашта намехостанд, ки Тоҷикистон  як ҷумҳурии мустақил бошад. Он замон ин қувваҳо ба мақсади худ нарасиданд. Парокандашавии Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин қувваҳо илҳом бахшид, то ки онҳо ниятҳои худро амалӣ созанд. Барои ҳамин ҳам онҳо кӯшиш ба харҷ медоданд, то ки сокинони ноҳияҳои ҷумҳуриро ба ҳам шӯронанд ва ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон аланга зананд. Ин нияти ғайриинсонии онҳо ҷомаи амал пӯшид.  Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандӣ ба коми худ кашид. Дар ноҳияҳо дастаҳои мухолифин ташкил шуданд, ки ҳар кадоми онҳо қумандонҳои худро доштанд. Ин қумандонҳо як накшаи мушаххас надоштанд ва дар хизмати хўҷаинони хориҷӣ ва дохилӣ буданд ва амру фармонҳои онҳоро иҷро мекарданд.

Ниҳоят моҳи ноябри соли 1992 дар вилояти Суғд Иҷлосияи 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҷавони боирода, ватандӯст ва бомасъул Эмомалӣ Раҳмонов дар назди вакилон ва мардуми тоҷик вазифаи вазнинро бар дӯш гирифт. Эмомалӣ Раҳмон ваъда дод, ки Тоҷикиистонро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун мебарорад, гурезагонро ба Ватан бармегардонад ва Тоҷикистонро ба яке аз мамлакатҳои гулгулшукуфон табдил медиҳад. Қисми вакилон ба ин ҷавон боварӣ доштанд, қисми дигарашон на онқадар.     

Лекин ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки вадаҳояшро амалӣ созад. Мардуми тоҷик дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид шуданд, гурезагонро ба  Ватан боз хонданд ва бо саъю кӯшиши бевостаи роҳбарашон алангаи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш карданд. Байни ноҳияҳои ҷумҳурӣ рафту омади мардум барқарор гардид. Тоҷикистон оҳиста-оҳиста ба як давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта табдил меёфт ва дар миқёси ҷаҳонӣ мақоми худро ишғол мекард.

Пешвои миллат, ассосгузори сулҳу ваҳдат, президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи пешрафти иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии мамлакат ҳар охири сол бо паёми худ ба вакилони маҷлиси миллӣ ҳисобот медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳар паёми навбати ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ба таври саҳеҳ инъикос мегардад. Дар паёми навбатӣ аз 28 декабри соли 2023 низ пешрафту камбудиҳои ҷойдошта объективона таҳлил гардиданд.

Тоҷикистон, ки аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок, яке аз минтиқаҳои бойи саёраи замин ба ҳисоб меравад, бояд аз ин боигарии табиии худ оқилона истифода барад, то ки дар оянда ба қатори давлатҳои аз љиҳати иқтисодӣ пешрафта дохил шавад. Барои амалӣ гардондани ин мақсад соҳаи геологияи Тоҷикистон бояд бо мутахассисони соҳибихтисоси ин равия таъмин гардад. Инчунини дигар Тоҷикистон, ки дорандаи потенсиали калони энергетикӣ мебошад, метавонад завод ва фабрикаҳои коркарди ашёи хомро амалӣ созад. Боварии комил аст, ки ҳамаи равияҳои дар паём баёнгардида амалӣ мешаванд.