Навидҳои рӯз
- Сешанбе, 05 Сентябр 2023
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфренсияи илмию амалӣ баргузор гардид
Тибқи нақшаи кории Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ ва МИҲД-и ВМКБ дар таърихи 5-умин сентябри соли 2023, дар толори Институт бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ - муовини раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир конференсияи илмию амалӣ бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқлолият – рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронси илмӣ - амалӣ кормандони Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ” иштирок намуданд.
Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. оғоз намуд. Аз номи МИҲД-и ВМКБ муовини раиси ВМКБ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир ҳозиринро бо иди фархунда табрик намуда, дар хусуси комёбиҳои давраи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намудаанд.
Дар конференсия аз ҷониби олимон ва коршиносони соҳа масъалаҳои зайл баррасӣ шуданд:
- “Истиқлолият – арзишмандтарин дастоварди миллат” - сардори Раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзобеков Азорабек.
- Истиқлолият – нишондиҳандаи пешравии ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ” - сардори Раёсати маорифи ВМКБ Мирзоқандов Аминҷон.
- “Истиқлоли миллӣ – ормонҳо ва воқеият” - директори филиали муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” дар ВМКБ Азизбеков Раҳимдод.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 24 Август 2023
ДАР ҲОШИЯИ ТАШРИФИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Аз 15–ум то 18-уми августи соли 2023 ташрифи Пешвои муаззами миллат ба диёри тоҷикони кӯҳистон – Бадахшон оғоз гардид. Мусаллам аст, ки ҳар як ташрифи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баҳри ободиву созандагӣ ва шукуфоии ҳар як гӯшаву канори вилоят, минҷумла шаҳри Хоруғ имкониятҳои зиёди нави рушду нумуъро фароҳам меоварад.
Матлаби имсолаи ташрифи Пешвои миллат ба саноаткунонии ин минтақаи кӯҳсор нигаронида шудааст, ки аллакай марҳалаи нави рушд бомаром оғоз ёфтааст. Пӯшида нест, ки ҳар як боздиди Сарвари давлат асоси пешрафту тараққиёт ва ободонии ин гӯшаи дурдасти Тоҷикистон мегардад. Сохтану ба истифода додани иншоотҳои таъиноташон гуногун, ки дар арафаи ҳар як ташрифи Пешвои миллат анҷом меёбад, туҳфаи арзанда барои мардуми ин минтақа ба ҳисоб меравад.
Солҳои охир ҳамагон шоҳиди созандагиву бунёдкорӣ ва ободонӣ гардидем, ки шояд дар давраҳои гузашта ба ин андоза сурат нагирифта бошад.
Бахусус, соли 2023 дар натиҷаи сар задани офатҳои табиӣ, боришоти зиёди барф, обхезиҳо ва фаромадани сел дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиндагии сокинони ин минтақаро ноором сохта, хисороти моливу ҷониро ба бор овард. Хушбахтона, бошандагони деҳаҳои офатзада аз рӯзи сар задани офати табиӣ аз кӯмаку дастгирии Пешвои муаззами миллат баҳравар гардиданд, ки ин бе шак аз инсондӯстию лутфи беканори Пешвои муаззами миллат нисбат ба халқи худ, минҷумла нисбати мардуми Бадахшонро нишон медиҳад. Дар муддати хеле кӯтоҳ сохта ба истифода дода шудани хонаҳои истиқоматии замонавӣ бо тамоми ашёву анҷоми рӯзгор барои зарардидагон аз офати табиӣ бори дигар самимияту эҳтироми Сарвари кишварро нисбати мардуми Бадахшон собит месозад. Қобили қайд аст, ки ин цамхориҳои Пешвои миллат аз мадди назари кулли сокинони Бадахшон дур набуда, дар ташрифи навбатӣ эҳтирому самимияти мардум нисбат ба ин марди хирад бараъло эҳсос гардид.
Албатта, ҳамаи ин, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва таваҷҷуҳу цамхории доимии Ҳукумати мамлакат ба рушди вилоят мебошад. Дар ҷавоб ба ин ғамхории Сарвари кишвар мардуми кӯҳистони Бадахшон, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият якдилона саъю талош бар он доранд, ки барои рушди вилоят саҳми арзандаи худро гузоранд. Итминон дорем, ки муттаҳидӣ ва сарҷамъии мардуми ин сарзамини биҳиштосо ба бадхоҳони миллат имкон намедиҳад, ки ниятҳои нопоки худро амалӣ гардонанд.
Мардуми сарбаланди Бадахшон тарафдори оромию ободӣ ва якпорчагии кишвари хеш буда, сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро дастгирӣ менамоянд.
Азорабекова Ширингул - ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
Назаршоева Чилла - ходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
акс аз: https://pressa.tj/safari-korii-emomal%D3%A3-ra%D2%B3mon-ba-badahshon/
Муфассал ...- Панҷшанбе, 20 Июл 2023
ТАБРИКОТ
Раёсати Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ҳайати профессорон ва кормандони Институт аз он хушҳоланд, ки яке аз ходимони илмии болаёқати муассиса, инсони поквиҷдону содиқ дар ҷодаи илм мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти номбурда Назаршоева Чилла Раҳимбековна дар таърихи 18 июли соли 2023 унвони фахрии номзади илми филологияро соҳиб гардид. Ҳамаи кормандони Институт ба хушҳолии номбурда шарик шуда, ӯро самимона табрику шодбош гуфта, барояшон дар фатҳи қуллаҳои баландтарини илм пирузиҳоро таманно доранд.
Муфассал ...- Ҷумъа, 30 Июн 2023
ДИФОИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ДАР ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б.ИСКАНДАРОВИ АМИТ
Дар таърихи 28 июни соли 2023 дар Шурои диссертатсионии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ дифои рисолаи доктории Шарипова Мутабар Захибуллоевна дар мавзуъи “Поэтика мистической прозы Ходжа Абдуллаха Ансари и его вклад в развитии суфийской персидско-таджикской литературе” бо муваффақият гузашт. Муаллифи рисолаи докторӣ Шарипова М.З. мудири кафедраи забони ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанди ба номи Б. Ғафуров буда, муаллифи беш аз 110 мақолоти илмиву ва 3 монография мебошад. Дар рисолаи доктории худ Шарипова Мутабар Захибуллоевна маҳорати бадеии яке аз адибони барҷастаи ирфонии форсу тоҷик Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ таҳти таҳқиқ қарор гирифта, муҳимтарин хусусиятҳои поэтикаи услуби асарҳои насрии адиб муайян гардидаанд. Кори илмии Шарипова М.З. саҳми арзандае дар адабиётшиносии форсу тоҷик ва ҳам ҷаҳон хоҳад буд.
Муфассал ...