wrapper

Навидҳои рӯз

Бардоштҳо аз Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

Бардоштҳо

аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров

 

             Ба шарофати бузургдошти 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров бори дигар ба вохӯрӣ ва баҳрабардорӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардидем. Шояд барои аксари мардуми замони муосир масъалаи вохӯрӣ ва дидорбинӣ бо президентҳои кишварашон як ҳол ва вазъи маъмулӣ бошад, вале барои мардуми Шарқ ин ҳодиса дар тӯли таърих ҳамеша ва ҳама вақт бар фоли нек рақам мезад. Дар ҳар сурат, ман барои худам онро фоли нек медонам.

           Симпозиум ва маърӯзаҳои меҳмонон ҳақиқатан ҷолиб буданд ва бори дигар ба ифтихори миллии мо фахри дучанд зам намуданд. Ҳамаи меҳмонони хориҷӣ аз бузургии миллати тоҷик, шуҳрати фарзандони он, таърихи пурғановаташ ва саҳми беқиёси ин фарҳанг дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ҳарф заданд. Ва ҳарфҳои онҳо барои худнамоӣ ё тамаллуқ набуд, онҳо самимӣ ва бар мабнои далелҳои раднашаванда ҳарф заданд. Аммо, ҳарфи аввал ва ниҳоӣ ҳарфи Пешво, суханронии Президенти кишвар буд, ки дар баробари ҷалби таваҷҷуҳи аҳли зиё ва фарҳехтагони Ватан ба таърихи пурғановати миллати мо, ки дар асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” холисона таҳлилу таҳқиқ шудааст, аз роҳнамоӣ ва насиҳатҳои одилонаву оқилона саршор буд. Ба чанде аз онҳо ишора мекунам, то ҳам барои худам ва ҳам дигарон сабақи рӯзгор бошанд.

  1. Муҳити оилавӣ муҳимтарин дунё барои тарбия ва ояндаи шахсияти ҳар кӯдак маҳсуб мешавад. Пешвои миллат дар хусуси муҳити хонаводагии Бобоҷон Ғафуров сухан ронда, муҳиммияти тарбияи оиларо дар шахсиятсозии инсон махсус ба таъкид гирифт, чунончи: “Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои пӯшидаву мураккаби даврони хеш ба камол расид”.

 

  1. Модари босавод нақше беқиёс дар тарбияи кўдак дорад. Пешвои муаззами миллат, дар аснои таъкиди нақши муҳити бофарҳанги хонаводагӣ дар тарбияи кӯдак, ба мақоми модар дар камоли маънавии инсон, дар мисоли нақши модари Бобоҷон Ғафуров тамаркуз намуд. Президенти мамлакат яке аз муҳимтарин рукнҳои ба дараҷаи фидоии таъриху фарҳанги миллат расидани Бобоҷон Ғафуровро дар асоси тарбияи модараш, шоира Розияи Озод медодонад, ки бидуни ҳаргуна шакку шубҳа мебошад.

 

  1. Бофарҳангии модари тоҷик, пеш аз ҳама, дар шиносоии ӯ бо фарҳангу адабиёти гузаштааш зоҳир мешавад. Пешвои миллат дар хусуси модари Бобоҷон Ғафуров сухан ронда, ин масъаларо махсус зикр кард, чунончи: “Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид”.

 

  1. Аллома Бобоҷон Ғафуров тавонист дар тӯли ҳаёти хеш тавассути эҷоди асарҳо ва мақолаҳои сершумораш таъриху тамаддуни тоҷиконро аз нав зинда кунад ва ба он такони ҷиддӣ бахшид.

 

  1. Китоби “Тоҷикон” оинаи таърихи миллат аст, ки тамоми ҳасту буд ва бурду бохти онро одилона ва мунсифона таҷассум намудааст. Аз ин рӯ, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» эълон гардид, то насли кунунии миллат гузаштаи худро дар он муоина кунад ва ояндаи худро бар мабнои дастовардҳои пешин ва ҳозира созад. “Ин озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори тоҷикон, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ дар чор марҳала баргузор гардид”,- изҳор дошт Президенти мамлакат.

 

  1. Барои такони андешаи худшиносии миллӣ, ва “бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар чоп шуд ва дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила дастрас гардид. Зимнан бояд изҳори шодӣ намоем ва таҳсини Пешво кунем, ки чунин иқдомро нисбати “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ҳам эълом дошт. Яъне бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат “Шоҳнома” низ дар нӯҳ ҷилдаш нашр мешавад ва барои ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ тақсим мегардад.

Аҳсант, Пешвои миллат!

Офарин, Президенти мамлакат!

 

  1. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол “қалам озод аст”, “эҷод кардан озод аст”, “фармоишӣ нест”. Ин се ибора ибораҳои заррини суханони Пешвои миллат ҳастанд ва онҳо ба аҳли қалам, ба аҳли эҷод пару боли заррин мебахшанд. Воқеан, эҷоду таҳқиқ дар Тоҷикистони мо берун аз чаҳорчўби фармоиш ва хости касе ё гурӯҳе аст. Камина ҳамчун як эҷодкор ва муҳаққиқ боре ҳам надидам ва нашунидам, ки таҳқиқ ё эҷоде бо фармоиши махсус содир шуда бошад. Аммо мо аҳли эҷод ва аҳли таҳқиқ худ бояд донем, ки дар бораи чӣ ва чигуна бояд навишт. Ҳаёт ва маҳсули заҳмати Бобоҷон Ғафуров барои ҳар яки мо намуна аст. Ба ин як ҷумлаи аз суханони Пешвои миллат, ки аз ҷиҳати сохт сода, вале аз ҷиҳати мазмун, мантиқ ва дарки масъулият олӣ, таваҷҷуҳ шавад:  “Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод”. Ман фикр мекунам, ки ҳар нафари бо таърихи даврони Бобоҷон Ғафуров шинос хуб дарк мекунад, ки дар болотарин қабати ҳизби он давра ҳоким қарор доштан ва таърихи миллати худро СОДИҚОНА анҷом додан кори саҳл набуд. Мо, аҳли эҷод бояд ба касбу эҷоди худ содиқона рафтор кунем.

В.Д.  Охонниёзов,

доктори илмҳои филологӣ

Муфассал ...

Бахшида ба 90-солгаии октори илмҳои филологӣ, профессор Додхудо Карамшоев дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров конфренсияи байналмилалӣ доир гардид

Санаи 27.10.23 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 90-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Додхудо Карамшоев - яке аз шахсиятҳои шинохта дар соҳаи лигвистикаи тоҷик ва бурунмарзӣ, яке аз нобиғаҳои нотакрори соҳаи помиршиносӣ баргузор гардид. Конфренсияи мазкур дар мавзуи “Масъалаҳои таҳқиқи лексикографӣ ва асосҳои таҳияи корпуси забонҳои помирӣ” ба ҳалли масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ бахшида шуда буд. Дар кори конфренсия намояндаи МИҲД-и ВМКБ Ниятбеков Ғ. – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  иштирок намуда, аз номи раиси вилоят иштирокчиёни конференсияро барои ин иқдоми некашон  хайру мақдам гуфта, табрик намуданд. Дар назди ҳозирин бо маърузаву гузоришҳои илмии пурмуҳтаво доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Н., доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламшоев М., номзадҳои илмҳои филологӣ Мирзоев Ш., Некушоева Ш., Броимшоева М. баромад намуданд. Дар баробари олимони забоншиноси ватанӣ дар кори конференсия олимони маъруфи  забоншиноси   Федератсияи Русия - доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики АИР Плунгян В.А., доктори илмҳои филологӣ, профессор МОИ Рахилина Е.В, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти мактаби лигвистии МОИ Арманд Е.Е, аспиранти мактаби лингвистии МОИ Чистякова Д. ва магистрантони мактаби лингвистии МОИ Мелеченко М. ва Новакшанов Д. ба таври онлайн иштирок намуда, бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.

         Раёсати ИИГ АМИТ ва кормандони илмии Институт барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар баргузор гаштани конфренсия ба фарзандони доктори илмҳои филологӣ, профессор Додхудо Карамшоев - Фахрӣ Карамшоев, Бадрӣ Карамшоев ва Матлуба Карамшоева арзи сипос менамоянд.

Муфассал ...

РОҒУН ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

     Яке аз самтҳои асосии пешрафти энергетикии Тоҷикистонро иктидори гидроэнергетикии он ташкил медиҳад ва аз ҳамин лиҳоз аз тараққиёти ин соҳа тамоми сохтори хоҷагии халқи мамлакат вобастагии зиёд дорад, зеро ягон соҳаи саноат имрўз бе истифодаи қувваи барқ босамар кор карда наметавонад. Тоҷикистон дар тамоми чаҳон натанҳо бо табиати зебо, фарҳанги бойи моддию маънавӣ,  балки бо комёбиҳои соҳаи энергетика низ машҳур мебошад. Ду сарбанди баландтарин дар ҷаҳон - обанборҳои Роғун бо баландии 335 метр ва Норак бо баландии 300 метр ва Норак ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудаанд, ки аз рӯи баландӣ дар ҷаҳон ҷойҳои аввалу дуюмро ишғол мекунанд. Аз рўи ақидаи коршиносон, иқтидори умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард киловатт-соат нерӯи барқро ташкил медиҳад ва маҳз азхудкунии ин манобеъ вазифаи асосии энергетикҳои тоҷик дар даҳсолаҳои наздик маҳсуб мешавад. То ба ҳолати имрўза, танҳо панҷ фоизи захираҳои энергетикии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шудааст. Бояд гуфт, ки бо ба итмом расонидани НБО Роғун Тоҷикистон ба бузургтарин давлати содиркунандаи қувваи барқ дар минтақа табдил меёбад ва ин барои беҳтар гардидани ҳаёти сокинони Тоҷикистон такони нав хоҳад бахшид. Маҳз барои ҳамин давлат ва ҳукукмати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомоалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷаро ба ин сохтмони азими аср равона карда истодаанд. Корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи барқи обии «Роғун» пеш рафта истодаанд ва бо ин мақсад дар соли 2022-юм ба сохтмони НОБ-и Роғун 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар даврони истиқлолият дар баробари НОБ-и Роғун, инчунин чунин сохтмонҳои калони соҳаи энегетикӣ ба монанди НОБ-и Сангтуда-1, НОБ-и Сангтуда -2, НОБ-и Помир-1 ва дигар иншоотҳои энергетикӣ ба истифода дода шуданд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат намуданд. Амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо имкон фароҳам овард, то ки Тоҷикистон барқро ба давлатҳои ҳамсоя ба монанди Афғонистон ва Покистон низ интиқол диҳад. 

     Дар Паёми Пешвои миллат аз 23 декабри соли 2022 қайд гардид, ки бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла соли 2022 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ идома дорад. Ҳамвора барои пешгирии талафоти кувваи барқ (20,4 фоиз), барои таъмиру азнавсозии шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Ҳоло тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар чи зудтар ба итмом расонидани сохтмони НОБ Роғун сиёсати Пешвои миллатро дар ин самт дастгирӣ менамояд. Садҳо ҷавонони ғайратманди кишвар дар ин сохтмон қаҳрамонӣ нишон дода истодаанд ва мо умедвор аз он ҳастем, ки дар муддати кутоҳтарин агрегатҳои ин неругоҳ барои истеҳсоли кувваи барқ ба истифода дода хоҳанд шуд.

 

САИДАСАНОВ ЮСУФ - ходими калони илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ

АЗОРАБЕКОВА ШИРИНГУЛ - ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ

 акс: https://sudexpert.tj/?p=3078&lang=ru 

Муфассал ...

Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар мавзуи «Нақши ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросимҳои мардумӣ» баргузор гардид

Дар таърихи 29.09.2023 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рўзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар мавзуи «Нақши ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросимҳои мардумӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Доктори илмҳои филологӣ, сарходими шуъбаи забонҳои помирӣ Офаридаев Н. бо маърузаи «Нукоте чанд оид ба вижагии забони маснавӣ», номзади илмҳои филологӣ Қурбонхонова Н. бо маърузаи «Нақши ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар маросимҳои мардумӣ», номзади илмҳои филологӣ Броимшоева М. бо маърузаи «Омўзиши лексикаи Ҷалолиддини Балхӣ» суханронӣ намуданд. Конференсия бо қироати ашъори дилнишини шоир аз ҷониби магистрони ИИГ АМИТ ҷамъбаст гардид.

 

Муфассал ...