wrapper

Навидҳои рӯз

АВВАЛИН ШӮРОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ДАР НАЗДИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА НАХУСТИН ДИФОИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОИРАИ ОН

28 декабри соли 2022 дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови АМИТ, ки бо ташаббус ва кӯшишҳои зиёди директори институти номбурда, доктори илми филология Қаландариён Ҳоким Сафар таъсис ёфта буд, нахустин бор дар таърихи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дифои рисолаи номзадии Назаршоева Чилла Раҳимбековна – мудири шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ дар мавзуи “Этнолингвистическое освещение лексики родильного обряда шугнанского языка” баргузор гардид. Унвонҷӯ тадқиқоти илмиро таҳти роҳбарии номзади илми филология Некушоева Шаҳло Саиднуриддиновна дар доираи шуъбаи забонҳои помирии ИИГ АМИТ ба анҷом расонида, дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионӣ 28.12.2022 бо муваффақият дифоъ намуд.

Аъзоёни Шӯрои диссертатсионии назди Интситути илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, аз ҷумла, доктори илми филология, профессор Офаридаев Назрӣ, доктори илми филология, профессор Мамадназаров Абдусалом, доктори илми филология Аламшоев Муқбилшо ва дигарон изҳор доштанд, ки таъсиси Шӯрои мазкур як падидаи таърихан муҳим барои илми ВМКБ буда, мақоми Институти илмҳои гуманитариро аз ҷиҳати илмӣ дар арсаи минтақавӣ боз ҳам баландтар мебардорад. Институт дар давоми беш аз 30 соли мавҷудияташ барои минтақа кадрҳои зиёди илмиро омода карда истодааст ва алъон бо таъсис додани Шурои диссертатсионии назди Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ шароити мусоид барои дифоъ намудани рисолаҳо аз рӯи ду ихтисос 5.9.2. Адабиёти ҷаҳон ва 5.9.6. Забонҳои мамолики хориҷ (забонҳои помирӣ) фароҳам оварда шудааст.     

 

Муфассал ...

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холӣ барои солҳои 2023-2027 озмун эълон менамояд:

Мудири шуъба – 4 ҷой.

Талабот:

Довталабон барои иштирок намудан дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссия пешниҳод намоянд:

-ариза барои иштирок намудан дар озмун;

-варақаи шахсӣ ва шарҳи ҳол;

-шарҳи фаъолияти корӣ (CV) бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ;

-нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот ва илмӣ;

-нусхаи шиноснома ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;

-маълумотномаи тиббӣ бо ду адад акси 3х4

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 5-уми январи соли 2023

Довтлабон ба вазифаҳои холӣ дар доираи Оинномаи Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Дастурамали вазифавии намунавии кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Бо шартҳои иштирок дар озмун шахсони хоҳишманд ва иштирокчиёни озмун метавонанд дар нишонии зерин шинос шаванд:

Суроға: ш. Хоруғ, кӯчаи У.Холдоров, 4; тел.: 934402842; e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холӣ озмун эълон менамояд:

барои шуъбаи забонҳои помирӣ:

сарходими илмӣ – 1 ҷой;

ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой;

ходими калони илмӣ – 2 ҷой;

ходими  илмӣ – 1 ҷой.

барои шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон:

сарходими илмӣ – 2 ҷой;

ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;

ходими калони илмӣ – 3 ҷой;

ходими  илмӣ – 3 ҷой; 

ходими илмӣ – 4 ҷой.

барои шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ:

ходими пешбари илмӣ – 2 ҷой;

ходими калони илмӣ – 1 ҷой;

ходими  илмӣ – 4 ҷой.

барои шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти Бадахшон:

ходими пешбари илмӣ – 1 ҷой;

ходими калони илмӣ – 1 ҷой;

ходими  илмӣ – 1 ҷой;

муҳандис барномасоз – 1 ҷой.

Талабот:

Довталабон барои иштирок намудан дар озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро ба комиссия пешниҳод намоянд:

-ариза барои иштирок намудан дар озмун;

-варақаи шахсӣ ва шарҳи ҳол;

-шарҳи фаъолияти корӣ (CV) бо забони тоҷикӣ;

-нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дараҷаи таҳсилот ва илмӣ;

-нусхаи шиноснома ва нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;

-маълумотномаи тиббӣ бо ду адад акси 3х4

Мӯҳлати охирини пешниҳоди ҳуҷҷатҳо то 15 рӯз аз рӯзи чопи эълон.

Довталабон ба вазифаҳои холӣ дар доираи Оинномаи илмҳои гуманитарии ба номи Б.Искандароваи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Дастурамали вазифавии намунавии кормандони муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб карда мешаванд.

Бо шартҳои иштирок дар озмун шахсони хоҳишманд ва иштирокчиёни озмун метавонанд дар нишонии зерин шинос шаванд:

Суроға: ш. Хоруғ, кӯчаи У.Холдоров, 4; тел.: 934402842; e-mail: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

 

Муфассал ...

Ҳуҷҷатҳои таърихӣ собит месозанд, ки тоҷикон молики ин сарзаминанд

(Дар ҳошияи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ Адуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?»)

Баҳсҳои марзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон беш аз сӣ сол аст, ки идома доранд. Дар ин муддат чандин иқдомҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта роҳандозӣ гардида, то андозае масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хати сарҳади давлатӣ ҳал гардид. Аммо новобаста аз ин иқдомҳо, давоми ин солҳо баҳсҳои марзӣ барои сокинон мушкилиҳоро дар пай доштааст.

Муфассал ...

Тоҷикистон кишвари сулҳпарвари ман

Дар таҳлилҳои  амиқу дақиқназаронаашон сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо аз нигоҳи илмию таърихӣ исбот намудааст, ки дар баҳси тӯлонии байни ду кишвар - Тоҷикистон ва Қиргизистон ҳақиқат ҷониби Тоҷикистон аст.

Низои марзии байни Тоҷикистон ва Қиргизистон, ки имрӯзҳо боз ҳам мураккабтару муташанниҷтар гардида истодааст, мо мардуми сарбаланди Тоҷикистонро низ дар канор намегузорад. Дар ин баҳс Тоҷикистон ба сифати соҳиби замин ва талабкунандаи  ҳаққи қонунии худ баромад мекунад, аммо  ҷониби Қиргизистон дар ин баҳс кишварест, ки аз баргардондани заминҳои  қонунии кишвари ҳамсоя худдорӣ менамояд. Таърих гувоҳ аст, ки дар натиҷаи тақсимоти миллӣ – ҳудудии Осиёи Миёна баъзе ноҳия ва деҳотҳои тоҷикнишин дар ҳудуди дигар ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шўравї, ки соҳибистиқлол гардида буданд, монданд.

Муфассал ...