Бардоштҳо
аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муарифгари таърихи халқи тоҷик” ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров
Ба шарофати бузургдошти 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Бобоҷон Ғафуров бори дигар ба вохӯрӣ ва баҳрабардорӣ аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарафёб гардидем. Шояд барои аксари мардуми замони муосир масъалаи вохӯрӣ ва дидорбинӣ бо президентҳои кишварашон як ҳол ва вазъи маъмулӣ бошад, вале барои мардуми Шарқ ин ҳодиса дар тӯли таърих ҳамеша ва ҳама вақт бар фоли нек рақам мезад. Дар ҳар сурат, ман барои худам онро фоли нек медонам.
Симпозиум ва маърӯзаҳои меҳмонон ҳақиқатан ҷолиб буданд ва бори дигар ба ифтихори миллии мо фахри дучанд зам намуданд. Ҳамаи меҳмонони хориҷӣ аз бузургии миллати тоҷик, шуҳрати фарзандони он, таърихи пурғановаташ ва саҳми беқиёси ин фарҳанг дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ҳарф заданд. Ва ҳарфҳои онҳо барои худнамоӣ ё тамаллуқ набуд, онҳо самимӣ ва бар мабнои далелҳои раднашаванда ҳарф заданд. Аммо, ҳарфи аввал ва ниҳоӣ ҳарфи Пешво, суханронии Президенти кишвар буд, ки дар баробари ҷалби таваҷҷуҳи аҳли зиё ва фарҳехтагони Ватан ба таърихи пурғановати миллати мо, ки дар асари мондагори академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” холисона таҳлилу таҳқиқ шудааст, аз роҳнамоӣ ва насиҳатҳои одилонаву оқилона саршор буд. Ба чанде аз онҳо ишора мекунам, то ҳам барои худам ва ҳам дигарон сабақи рӯзгор бошанд.
- Муҳити оилавӣ муҳимтарин дунё барои тарбия ва ояндаи шахсияти ҳар кӯдак маҳсуб мешавад. Пешвои миллат дар хусуси муҳити хонаводагии Бобоҷон Ғафуров сухан ронда, муҳиммияти тарбияи оиларо дар шахсиятсозии инсон махсус ба таъкид гирифт, чунончи: “Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои пӯшидаву мураккаби даврони хеш ба камол расид”.
- Модари босавод нақше беқиёс дар тарбияи кўдак дорад. Пешвои муаззами миллат, дар аснои таъкиди нақши муҳити бофарҳанги хонаводагӣ дар тарбияи кӯдак, ба мақоми модар дар камоли маънавии инсон, дар мисоли нақши модари Бобоҷон Ғафуров тамаркуз намуд. Президенти мамлакат яке аз муҳимтарин рукнҳои ба дараҷаи фидоии таъриху фарҳанги миллат расидани Бобоҷон Ғафуровро дар асоси тарбияи модараш, шоира Розияи Озод медодонад, ки бидуни ҳаргуна шакку шубҳа мебошад.
- Бофарҳангии модари тоҷик, пеш аз ҳама, дар шиносоии ӯ бо фарҳангу адабиёти гузаштааш зоҳир мешавад. Пешвои миллат дар хусуси модари Бобоҷон Ғафуров сухан ронда, ин масъаларо махсус зикр кард, чунончи: “Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид”.
- Аллома Бобоҷон Ғафуров тавонист дар тӯли ҳаёти хеш тавассути эҷоди асарҳо ва мақолаҳои сершумораш таъриху тамаддуни тоҷиконро аз нав зинда кунад ва ба он такони ҷиддӣ бахшид.
- Китоби “Тоҷикон” оинаи таърихи миллат аст, ки тамоми ҳасту буд ва бурду бохти онро одилона ва мунсифона таҷассум намудааст. Аз ин рӯ, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат» эълон гардид, то насли кунунии миллат гузаштаи худро дар он муоина кунад ва ояндаи худро бар мабнои дастовардҳои пешин ва ҳозира созад. “Ин озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори тоҷикон, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллати тоҷик, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва шинохти нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ дар чор марҳала баргузор гардид”,- изҳор дошт Президенти мамлакат.
- Барои такони андешаи худшиносии миллӣ, ва “бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” аз ҳисоби Фонди захираи Президенти кишвар чоп шуд ва дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оила дастрас гардид. Зимнан бояд изҳори шодӣ намоем ва таҳсини Пешво кунем, ки чунин иқдомро нисбати “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ ҳам эълом дошт. Яъне бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат “Шоҳнома” низ дар нӯҳ ҷилдаш нашр мешавад ва барои ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ тақсим мегардад.
Аҳсант, Пешвои миллат!
Офарин, Президенти мамлакат!
- Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол “қалам озод аст”, “эҷод кардан озод аст”, “фармоишӣ нест”. Ин се ибора ибораҳои заррини суханони Пешвои миллат ҳастанд ва онҳо ба аҳли қалам, ба аҳли эҷод пару боли заррин мебахшанд. Воқеан, эҷоду таҳқиқ дар Тоҷикистони мо берун аз чаҳорчўби фармоиш ва хости касе ё гурӯҳе аст. Камина ҳамчун як эҷодкор ва муҳаққиқ боре ҳам надидам ва нашунидам, ки таҳқиқ ё эҷоде бо фармоиши махсус содир шуда бошад. Аммо мо аҳли эҷод ва аҳли таҳқиқ худ бояд донем, ки дар бораи чӣ ва чигуна бояд навишт. Ҳаёт ва маҳсули заҳмати Бобоҷон Ғафуров барои ҳар яки мо намуна аст. Ба ин як ҷумлаи аз суханони Пешвои миллат, ки аз ҷиҳати сохт сода, вале аз ҷиҳати мазмун, мантиқ ва дарки масъулият олӣ, таваҷҷуҳ шавад: “Бо вуҷуди корҳои ҳизбиву давлатӣ Бобоҷон Ғафуров таҳқиқи таърихи халқи тоҷикро содиқона идома медод”. Ман фикр мекунам, ки ҳар нафари бо таърихи даврони Бобоҷон Ғафуров шинос хуб дарк мекунад, ки дар болотарин қабати ҳизби он давра ҳоким қарор доштан ва таърихи миллати худро СОДИҚОНА анҷом додан кори саҳл набуд. Мо, аҳли эҷод бояд ба касбу эҷоди худ содиқона рафтор кунем.
В.Д. Охонниёзов,
доктори илмҳои филологӣ