Санаи 27.10.23 дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 90-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Додхудо Карамшоев - яке аз шахсиятҳои шинохта дар соҳаи лигвистикаи тоҷик ва бурунмарзӣ, яке аз нобиғаҳои нотакрори соҳаи помиршиносӣ баргузор гардид. Конфренсияи мазкур дар мавзуи “Масъалаҳои таҳқиқи лексикографӣ ва асосҳои таҳияи корпуси забонҳои помирӣ” ба ҳалли масъалаҳои мубрами илми забоншиносӣ бахшида шуда буд. Дар кори конфренсия намояндаи МИҲД-и ВМКБ Ниятбеков Ғ. – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа иштирок намуда, аз номи раиси вилоят иштирокчиёни конференсияро барои ин иқдоми некашон хайру мақдам гуфта, табрик намуданд. Дар назди ҳозирин бо маърузаву гузоришҳои илмии пурмуҳтаво доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Н., доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламшоев М., номзадҳои илмҳои филологӣ Мирзоев Ш., Некушоева Ш., Броимшоева М. баромад намуданд. Дар баробари олимони забоншиноси ватанӣ дар кори конференсия олимони маъруфи забоншиноси Федератсияи Русия - доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики АИР Плунгян В.А., доктори илмҳои филологӣ, профессор МОИ Рахилина Е.В, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти мактаби лигвистии МОИ Арманд Е.Е, аспиранти мактаби лингвистии МОИ Чистякова Д. ва магистрантони мактаби лингвистии МОИ Мелеченко М. ва Новакшанов Д. ба таври онлайн иштирок намуда, бо гузоришҳои илмӣ баромад намуданд.
Раёсати ИИГ АМИТ ва кормандони илмии Институт барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар баргузор гаштани конфренсия ба фарзандони доктори илмҳои филологӣ, профессор Додхудо Карамшоев - Фахрӣ Карамшоев, Бадрӣ Карамшоев ва Матлуба Карамшоева арзи сипос менамоянд.