Яке аз самтҳои асосии пешрафти энергетикии Тоҷикистонро иктидори гидроэнергетикии он ташкил медиҳад ва аз ҳамин лиҳоз аз тараққиёти ин соҳа тамоми сохтори хоҷагии халқи мамлакат вобастагии зиёд дорад, зеро ягон соҳаи саноат имрўз бе истифодаи қувваи барқ босамар кор карда наметавонад. Тоҷикистон дар тамоми чаҳон натанҳо бо табиати зебо, фарҳанги бойи моддию маънавӣ, балки бо комёбиҳои соҳаи энергетика низ машҳур мебошад. Ду сарбанди баландтарин дар ҷаҳон - обанборҳои Роғун бо баландии 335 метр ва Норак бо баландии 300 метр ва Норак ба китоби рекордҳои Гиннес шомил шудаанд, ки аз рӯи баландӣ дар ҷаҳон ҷойҳои аввалу дуюмро ишғол мекунанд. Аз рўи ақидаи коршиносон, иқтидори умумии гидроэнергетикии Тоҷикистон 527 миллиард киловатт-соат нерӯи барқро ташкил медиҳад ва маҳз азхудкунии ин манобеъ вазифаи асосии энергетикҳои тоҷик дар даҳсолаҳои наздик маҳсуб мешавад. То ба ҳолати имрўза, танҳо панҷ фоизи захираҳои энергетикии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шудааст. Бояд гуфт, ки бо ба итмом расонидани НБО Роғун Тоҷикистон ба бузургтарин давлати содиркунандаи қувваи барқ дар минтақа табдил меёбад ва ин барои беҳтар гардидани ҳаёти сокинони Тоҷикистон такони нав хоҳад бахшид. Маҳз барои ҳамин давлат ва ҳукукмати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат Эмомоалӣ Раҳмон диққати аввалиндараҷаро ба ин сохтмони азими аср равона карда истодаанд. Корҳои сохтмонӣ дар неругоҳи барқи обии «Роғун» пеш рафта истодаанд ва бо ин мақсад дар соли 2022-юм ба сохтмони НОБ-и Роғун 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар даврони истиқлолият дар баробари НОБ-и Роғун, инчунин чунин сохтмонҳои калони соҳаи энегетикӣ ба монанди НОБ-и Сангтуда-1, НОБ-и Сангтуда -2, НОБ-и Помир-1 ва дигар иншоотҳои энергетикӣ ба истифода дода шуданд, ки дар амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ҷиҳати расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат намуданд. Амалӣ гардидани ин лоиҳаҳо имкон фароҳам овард, то ки Тоҷикистон барқро ба давлатҳои ҳамсоя ба монанди Афғонистон ва Покистон низ интиқол диҳад.
Дар Паёми Пешвои миллат аз 23 декабри соли 2022 қайд гардид, ки бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад. Аз ҷумла соли 2022 таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» бо тавоноии 270 мегаватт ба маблағи 1 миллиарду 360 миллион сомонӣ пурра ба охир расида, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак» ба маблағи 7 миллиард сомонӣ ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 2 миллиард сомонӣ, инчунин, сохтмони неругоҳи барқи обии «Себзор» ба маблағи 612 миллион сомонӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва неругоҳҳои бодиву офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ идома дорад. Ҳамвора барои пешгирии талафоти кувваи барқ (20,4 фоиз), барои таъмиру азнавсозии шабакаҳои барқии кишвар дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Ҳоло тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар чи зудтар ба итмом расонидани сохтмони НОБ Роғун сиёсати Пешвои миллатро дар ин самт дастгирӣ менамояд. Садҳо ҷавонони ғайратманди кишвар дар ин сохтмон қаҳрамонӣ нишон дода истодаанд ва мо умедвор аз он ҳастем, ки дар муддати кутоҳтарин агрегатҳои ин неругоҳ барои истеҳсоли кувваи барқ ба истифода дода хоҳанд шуд.
САИДАСАНОВ ЮСУФ - ходими калони илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ
АЗОРАБЕКОВА ШИРИНГУЛ - ходими илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ