ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Имрӯз дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ ба муносибати Рӯзи Модарон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласа бо суханони табрикотии директори Инстити илмҳои гуманитарӣ доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз гардид. Қайд гардид, ки боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад. Ин ҷашн – тараннуми бузургтарин атои ҳаёт аст, ки дар симои модар таҷассум ёфтааст. Модар сарчашмаи офариниш аст, ки ба мо ҳастӣ мебахшад, дар оғӯши меҳр парвариш медиҳад, аввалин суханҳо ва қадамҳоро меомӯзад ва бо орзуҳои беканор моро ба камол мерасонад. Бо шарофати кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақши занони тоҷик дар ҷомеа ба қуллаҳои нав расид. Онҳо, чун ситораҳои дурахшон, дар тамоми соҳаҳои зиндагӣ медурахшанд ва бо ташаббусҳои созандаашон ба рушди давлати мо саҳми арзанда мегузоранд.
Дастгирии занон, ҳамчун афзалияти муҳими сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон, дар Паёми Президенти кишварамон дар соли 2019 таъкид шуд. Зикр гардид, ки занон, дар баробари мардон, дар татбиқи сиёсати давлат фаъолона иштирок мекунанд ва ба пешрафти ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд саҳми бебаҳо мегузоранд. Ва мо минбаъд низ ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ хоҳем кард.
Дар табрикотҳои баъдина аз тарафи ходимони илмии Институт таъкид бар он шуд, ки модарон ва бонувон на танҳо дар оила, балки дар ҷомеа низ нақши муҳим доранд. Онҳо тарбияткунандагони насли оянда, муҳофизони арзишҳои миллӣ ва иштирокчиёни фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд. Занон дар соҳаҳои гуногун, аз қабили маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва иқтисод фаъолона иштирок намуда, ба рушди кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Маҳз занон бо меҳру муҳаббати бепоён ва сабру таҳаммулпазирии худ ҷомеаро обод ва муттаҳид месозанд.
Дар фарҷоми ҷаласа зимни суханони табрикотӣ дар симои занони ин муаасисаи бонуфузи илмӣ тамоми занону модарони кишвар бо эҳсоси сипос ва эҳтиром, ҳамаи модарон ва бонувони азизро бо ин ҷашни зебои баҳорӣ самимона табрик табрик гардиданд.
Қайд гардид, ки бигзор рӯзҳои ҳар як модару зан пур аз нур ва шодӣ бошанд ва дилҳояшон аз гармӣ ва муҳаббат саршор гарданд. Саломатии бардавом, хушбахтӣ ва муваффақият дар ҳама корҳои некашон ҳамқадам бошад.