Навидҳои рӯз
- Сешанбе, 27 Сентябр 2022
АМНУ АМОНӢ МАРОМИ МОСТ
Ҷаҳони имрӯзаро бархӯрдҳои сиёсӣ, манфиатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ фаро гирифта, вазъияти сиёсиро давлатҳои абарқудрат дар даст доранд. Аз ин лиҳоз ҳар як фарди худогоҳ ва бонангу номуси меҳанро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри сулҳу субот, оромиву осудагӣ, ҳифзи хоки муқаддаси Ватан бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ омода бошанд.
Муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистон - Қирғизистон нимаи дувуми моҳи сентябри соли 2022 ба амал омад ва сабабгори марги одамони бегуноҳ гардид, боиси нигаронии аҳли зиё гардид. Вазъи имрузаи Ворух инсонро ба ҷаҳони андеша ворид месозад, ки чаро миёни қирғизу тоҷик бадбинӣ, кинаву адоват ба вуҷуд омад?. Тоҷику қирғиз, ки солиёни дароз бо ҳам хешу табор, дӯсту бародар буданд, имрӯз якдигарро таънаву маломат ва таҳқир мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин хусус овозаҳои беасос, наворҳои бардуруғи ангезандаи хусумат паҳн шуда истодаанд, ки миллати тоҷикро бо ҳар роҳу восита муттаҳам карда истодаанд. Фаромӯш набояд кард, ки оқибати ҷанг марги ҳазорҳо мардуми осоишта ва бадбахтиву қашшоқӣ аст.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати кӯҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик дар таърихи чандинҳазорсолаи хеш ба ягон кишвар ҳуҷум накардааст, вале дар ҳимоя намудани хоки муқаддаси аҷдодиаш содиқ аст. Пешгузаштагони мо хоки ватанро муқаддас дониста, ҳангоми сафар кардан ба кишвари дигар муште аз онро бо худ мегирифтанд, ки нишон ва бӯйе аз меҳан буд.
Миллати бофарҳанги тоҷик ҳамеша тарафдори оромии кишвар бидуни ҷангу хунрезӣ, тарафдори ваҳдату иттиҳод ва якпорчагии давлати соҳибистиқлол мебошад. Итминон дорем, ки муноқишаҳои марзӣ бо ақлу заковат ва хиради азалӣ, инчунин дониши мукаммали сиёсӣ ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Ш. Азорабекова - ходими илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б.И. Искандарови АМИТ
Муфассал ...- Ҷумъа, 23 Сентябр 2022
БИНИШИ ДИРӮЗӢ ВА ИХТИЛОФИ ОН БО РАВИШИ ИМРӮЗӢ
Солҳои навадуми асри гузашта дар таърихи давлатсозии кишвари мо давраи тақдирсоз буданд. Аз он љо, ки фазои идеологӣ холӣ буд, бисёре аз нерӯҳои мухолиф ошкоро барои ба даст овардани қудрат мубориза мебурданд. Яке аз сарчашмаҳое, ки бӯҳрони сиёсии он рўзҳоро таъмин мекард, маҳз андешаи бунёдгароёни исломӣ буд. Сарвари давлат ҳанӯз соли 1993, замоне ки исломиён дар Тоҷикистон соҳиби қудрат буданд, амалҳои зишту ноҷавонмардона ва ғояҳои бегонапарастонаи онҳоро ошкор ва сахт маҳкум карда буданд. Роҳбари мамлакат, муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст қайд карда буданд, ки “рӯҳониёни мутаассиб андешаи мардумро ба куллӣ хира сохтанд ва аз ин рӯ, бисёр одамон барои аз қатор намондан кӯркӯрона ба ҳаракатҳои муллоҳои мутаассиб тақлид мекарданд. Доҳиёни демократҳои исломӣ даҳҳо ҳазор одамонро ба оташи ҷанги ҳамватанӣ партофта тайёр буданд, ки ба хотири истиқрори давлати исломӣ охирин тоҷикро ҳам аз он тарафу ҳам аз ин тараф қурбонӣ созанд” (19 марти соли 1993). Пешвои дурандеши миллати тоҷик хуб дарк мекарданд, ки исломгароёни ифротгаро, ки зери шиорҳои мавҳуму хаёлии Ҳизби наҳзати исломӣ пинҳон шуда, тафаккури ғайри миллиро талқин менамуданд, дер ё зуд монеаи раванди инкишофи ҷомеаи навини мо хоҳанд гашт ва ҷамъиятро ба карахтию рукуду бозмондагӣ оварда мерасонанд. Ҳамандешони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тамоми фаъолиятҳои чандинсолаи худ бо такя ба таассубу хурофот мардуми зудбовари тоҷики аз қайди шӯравиён баромадаро ба доми фиреби худ медароварданд ва ба ин васила фазои ягонаи исониро маҳдуд месохтанд. Хушбахтона, ин ҳизб, ки зидди ормонҳои давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд буд, дар Тоҷикистони азизи мо мамнӯъ эълон гардид ва саркардагони он ё фирор карданд ё дар назди қонун ҷавоб доданд. Баъд аз ҳаматараф санҷида шудани фаъолияташ он ба феҳристи ташкилоти террористии сохтори зиддитеррористии СҲШ шомил шуда, дигар кишварҳо низ дар қаламрави худ онро мамнуъ эълон карданд. Боиси хушнудист, ки яке аз давлатҳои муқтадири ҷаҳон – Федератсияи Россия, ки бо Тоҷикистон дар ҳамаи самту соҳаҳо ҳамкориҳо дорад, фаъолияти хатарзову бесамари ин ташкилотро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, ахиран Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф намуда фаъолияти онро дар қаламрави худ мамнуъ эълон намуд.
Бояд тазаккур намуд, ки Ислом як биниш ва ҷаҳонбинии такомулёфта аст ва дигар дар чаҳорчӯбаи гурӯҳ ва ё ҳизб онро ғунҷонидан ва роҳу равиши имрӯзаро бо меъёрҳои он муайян кардану мардумро ҳидоят намудан берун аз ақлу хирад аст. Ба илова, ҳар касе агар ҳам афкори исломиро аслиҳа барои расидан ба мақосиди сиёсӣ ихтиёр кардааст, дар боғи вуҷудаш андешаҳои миллӣ гул накардаанд ва баҳра ҳам намедиҳанд. Масъалаҳои исломӣ аз як ҷиҳат иртибот ба гузашта доранд ва аз ҷиҳати дигар дар ташвиқи фарҳангу суннатҳои арабӣ саҳиманд. Пас, агар мо имрӯзу фардои худро фаҳмишу биниши дирӯзӣ, ки он ҳам биниши бегонагон аст, нияти сохтан кунем, хиште аз бинои миллатро каҷ ниҳодаем.
Барои аз таъсири шадиди исломӣ-арабӣ раҳонидани мардум пеш аз ҳама тамоми аҳзобе, ки барномаи онҳо даъват ба иттиҳоди мусулмонони ҷаҳон мекунад ва аз миллати мусулмон ҳимоя мекунад, бояд шадидан маҳкум шаванд, зеро барои онҳо миллат, андешаи миллӣ, ҳувияти миллӣ, ояндабинии миллӣ ва манофеи миллӣ бегонаанд.
Қаландариён Ҳоким, директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, д.и.фил.
Муфассал ...- Чоршанбе, 21 Сентябр 2022
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бахшида ба "Рӯзи Рудакӣ" конфронси илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ конфронси илмию амалӣ бахшида ба Рӯзи Рўдакӣ таҳти унвони “Унсурҳои худогоҳӣ дар осори бозмондаи Рӯдакӣ” баргузор гардид. Дар конфронс олимону муҳаққион ва дӯстдорони илму адаб иштирок дошта, вобаста ба тарафҳои мухталриф ҳаёту фахолияти эҷодии Устод Рӯдакӣ, ақидаҳои ҷаҳоншиносии Рӯдакӣ ва таассуроти маънавии Рӯдакӣ шуарои минбаъда суханронӣ намуданд. Инчунин аз тарафи магистрантони Институт аз осори гаронбаҳои Рӯдакӣ порчаҳои алоҳида қироат шуданд.
Муфассал ...- Сешанбе, 20 Сентябр 2022
ФИҒОНИ МОДАР
«Ҳама ҷангҳо аз як тир оғоз мешаванд ва ин тир аввал ба синаи зан-модар мезанад» (Аз китоби «Рӯзномаи берӯз»).
Бале, таи се рӯзи охир, ки бо фитнаву найранги душманони бехирад дӯстии ду миллати ба ҳам қарини тоҷику қирғиз, ки таи қарнҳои зиёд бо ҳам бародарона ба сар бурданд, дар марз вайрон гаштааст. Ин нобасомонӣ боиси рехтани ашки хунини ҳазорон модарони ин миллатҳо гаштааст. Имрӯз на танҳо модароне, ки писаронаш дар ин низоъ шаҳид шуданд, мотамзадаанду хун мегирянд, балки тамоми модарони дунё хун мегирянд. Муҳим он нест, ки у фарзанди тоҷик ё қирғиз аст, балки муҳим он аст, ки модар бе писар, зан бешавҳар, духтар бе падару бародар нашавад. Магар имрӯз зан-модар барои ҷавонони таи ин се рӯзи охир қурбонгашта ашк намерезанд?. Магар муносибатҳои дӯстонаи ин ду миллати ба ҳам наздик, ки тӯли қарнҳо вуҷуд дошт, ягон бадӣ дошт?. Магар ин низоъ боиси хонавайронии оилаҳо намешавад, ки дар ҳар як хонадони тоҷик намояндаи қирғиз ва баръакс дар хонаводаи қирғиз аз аҳли тоҷик аст?. Магар Асмоахони шаш сола, Имронҷони панҷ сола ё худ тифли дар батни модар буда, дар ин низоъ гунаҳкор буданд, ки аз ҳазор гулашон як гул нашукуфта шаҳид шуданд?. Магар ин тифлакони маъсум ҳаққи зистан надоштанд?. Магар он ҷавонон, ки дар хизмат қарор доранд, ҳаққи шаҳид шудан доштанд?. Магар модари тоҷику қирғиз инро мехоҳанд?. Ҳаргиз неву…не. Ин ҳама нишонаи оқибати ҷанг аст?. Пас бародарҳамсояҳои қирғиз биёетон хулоса барорем, бо ҷангу низоъ ягон масъала ҳалли худро ба хубӣ намеёбаду нобасомӣ ва нооромӣ ҷуз маргро ба инсоният намеорад, ки оқибати он пушаймонӣ аст, зеро таърих инро чандин бор исбот кард. Хоҳишмандам, ки кулли занони тоҷику қирғиз аз як сар гиребон бароварда, ин низоъро маҳкум намоем, то ки сафи Асмоаҷону Имронҷон ва тифлакони ба дунё чашмнакушодаву ҷавонони ғуррамарг ҳазорон нагардад.
Н. Қурбонхонова, номзади илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ.
Муфассал ...