Навидҳои рӯз
- Сешанбе, 22 Сентябр 2020
Ҳоким Қаландариён бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ карда шуд
Мояи ифтихори тамомои кормандони Институти Илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аст, ки устод, дусту бародари гиромӣ, муаллифи китобҳои "Рудаки ва исмоилия" ва "Хизонаи омира ҳамчун сарчашмаи омӯзиши таърихи адабиёти форсизабони асрҳои IХ-ХVIII", директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров - Ҳоким Қаландариён бо мукофоти давлатӣ -Медали хизмати шоиста қадрдонӣ карда шуд. Вокеан, устод лоиқи чунин қадрдонӣ аз ҷониби Рохбарияти кишвар аст.
Муфассал ...- Сешанбе, 25 Август 2020
Бадахшон бо Эмомалӣ Раҳмон
Ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташрифи навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 19 то 22 августи соли равон сурат гирифт, аз ҷониби Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандаров ва дастгириҳои Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов китоби «БАДАХШОН БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН» ба нашр расид. Дар ин бора муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Назира Амирбекзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Муфассал ...- Сешанбе, 28 Июл 2020
Нишасти матбуотӣ
Имрӯз дар санаи 27.07.2020 дар Маркази ҷумҳуриявии матбуот бо иштироки намояндагони Васоити ахбори омма ва масъулини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид.
Муфассал ...- Сешанбе, 28 Июл 2020
Пресс-релиз барои намояндагони воситаҳои ахбори умум
ПРЕСС-РЕЛИЗ БАРОИ НАМОЯНДАГОНИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ УМУМ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020 ВА ВАЗИФАҲО ДАР НИМСОЛАИ ДУЮМИ СОЛИ 2020 (27 ИЮЛИ СОЛИ 2020, СОАТИ 08.30, МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ МАТБУОТ) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии худро дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳо дар нимсолаи дуюми соли 2020 тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, нерӯи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-тадқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва технологияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, мусоидат ба рушди эҷодии олимони ҷавон, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона кард ва дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Муфассал ...