Навидҳои рӯз

- Сешанбе, 11 Октябр 2022
ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВ БАХШИДА БА 110-СОЛАГИИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВ СЕМИНАРИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ БАГУЗОР ГАРДИД
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ бахшида ба 110-солагии академик Баҳодур Искандаров семинари илмию назариявӣ дар мавзуи “Назаре ба таърихи Помиру Бадахшон (то замони Шӯравӣ)” баргузор гардид. Семинар бо ибтикори шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ташкил карда шуд. Дар семинар олимони институт, устодони донишгоҳи давлатии Хоруғ, магистрантон ва докторантони (PhD)-и ИИГ иштирок доштанд.
Аз ҷониби мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ номзади илмҳои таърих Шоинбеков А. вобаста ба тадқиқотҳои академик Баҳодур Искандаров, перомуни таърихи Бадахшон суханронӣ намуд. Шоинбеков ба масъалаҳои:
- ФАРЗИЯҲО ОИД БА МАКОНИ НАХУСТВАТАНИ ИНСОНИЯТ БУДАНИ ПОМИРУ БАДАХШОН
- ҚАБИЛАҲОИ ҒАЙРИОРИЁИИ ПОМИРУ БАДАХШОН
- ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРИ САНГ
- ЁДГОРИҲОИ АСРИ БИРИНҶ ДАР ПОМИРУ БАДАХШОН
- ПОМИР КИШВАРИ ОРИЁИҲО
- ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРИ ОҲАН
- ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРИ БИРИНҶ
- САКҲОИ ПОМИР
- ТАЪРИХИ ПОМИРУ БАДАХШОН АЗ АСРИ VII-ПЕШ АЗ МИЛОД ТО АСРИ II-И МЕЛОДӢ
- ИМПЕРИЯИ КИРПАНД
- ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР АСРҲОИ МИЁНА
- ПАРОКАНДАГИИ ФЕОДАЛӢ ДАР ПОМИРУ БАДАХШОН
- “БОЗИИ КАЛОН” (“БОЛЬШАЯ ИГРА) ВА ТАҚДИРИ МАРДУМИ ПОМИРУ БАДАХШОН ДАР ОХИРИ АСРИ XIX ИБТИДОИ АСРИ XX хеле хуб равшанӣ андохт. Баъзе дӯстдорони таърихи Бадахшон аз шаҳри Душанбе фикру дархостҳои худро баррасӣ намуданд ва таклиф гузоштанд, ки чунин семинарҳо дар шаҳри Душанбе ҳам гузаронида шаванд.
Баъд аз гузориши ШОИНБЕКОВ А. байни иштирокчиёни семинар саволу чавоб, мубодилаи афкор баргузор гардида, масъалаҳои таклифу дархостҳои муфид пешниҳод гардиданд.
Аз чумла рӯзноманигори варзида аъзои иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Улфатшоев Ҷ. оид ба комёбиҳои назарраси солҳои охири Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ сухан ронда иброз намуд, ки хакикатан БАДАХШОН таърихи кухан дорад ва пешниҳод карда шуд, ки баргузории чунин семенархо аз ҷониби мутахассисон бештар ба роҳ монда шаванд.
Муфассал ...- Сешанбе, 04 Октябр 2022
«ЗАБОН – ОМИЛИ АСОСИИ РУШДУ КАМОЛОТИ МИЛЛАТ»
«Забон – омили асосии рушду камолоти миллат» - таҳти чунин ном имрӯз бо ташаббуси директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ва шуъбаи забонҳои помирӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия доктори илмҳои филологӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии ш. Душанбе Фарангис Шарифзода иштирок карда дар мавзуи «Мақоми забони давлатӣ дар шароити бисёрзабонӣ» маърӯзаи пурмуҳтаво кард. Олимони шуъбаи забонҳои помирӣ: н.и.филол. Мирзоев Шоҳназар бо маърӯзаи «Слова с немотивированным значением в лексике шугнано – рушанских языков и их эквиваленты в таджикском и русском языках» ва Ризвоншоева Нуринисо бо маърӯзаи «Забони давлатӣ нишонаи давлат, таърих ва хусусиёт» суханронӣ карданд. Дар охир директори Институт, доктор Қаландариён ширкаткунандагон ва меҳмононро бо таҷлили «Рӯзи забони давлатӣ» табрик карда, хотиррасон намуд, ки саҳми ҳар як фарди кишвар дар рушду инкишофи забони давлатӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он басо муҳим аст.
Муфассал ...
- Ҷумъа, 30 Сентябр 2022
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» баргузор гардид.
30.09.2022
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ бо ибтикори директори ИИГ АМИТ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳ.С. конференсияи илмию амалӣ бахшида ба «Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» дар мавзуи «Андешаҳои таҳаммулпазирӣ ва ваҳдатгароӣ дар шеъри Ҷалолиддини Балхӣ» баргузор гардид. Дар конференсия маърузаҳои ҷолиб аз тарафи кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Номзади илмҳои филологӣ, ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон, С. Азорабеков бо маърузаи «Робитаҳои маънавии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо Ҷалолиддини Балхӣ», номзади илмҳои педагогӣ Ш. Саидиброҳимов «Ҳамбастагии ақидаҳои педагогии А.Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Балхӣ», ходими илмии шуъбаи фолклор ва адбиёти Бадахшон, Қ. Охониёзов бо маърузаи «Ҷойгоҳи «алиф» дар ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» суханронӣ намуданд. Конференсия бо қироати ашъори дилнишини шоир аз ҷониби магистрантони ИИГ АМИТ ҷамъбаст гардид.
Муфассал ...
- Сешанбе, 27 Сентябр 2022
АМНУ АМОНӢ МАРОМИ МОСТ
Ҷаҳони имрӯзаро бархӯрдҳои сиёсӣ, манфиатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ фаро гирифта, вазъияти сиёсиро давлатҳои абарқудрат дар даст доранд. Аз ин лиҳоз ҳар як фарди худогоҳ ва бонангу номуси меҳанро лозим аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри сулҳу субот, оромиву осудагӣ, ҳифзи хоки муқаддаси Ватан бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ омода бошанд.
Муноқишае, ки дар марзи Тоҷикистон - Қирғизистон нимаи дувуми моҳи сентябри соли 2022 ба амал омад ва сабабгори марги одамони бегуноҳ гардид, боиси нигаронии аҳли зиё гардид. Вазъи имрузаи Ворух инсонро ба ҷаҳони андеша ворид месозад, ки чаро миёни қирғизу тоҷик бадбинӣ, кинаву адоват ба вуҷуд омад?. Тоҷику қирғиз, ки солиёни дароз бо ҳам хешу табор, дӯсту бародар буданд, имрӯз якдигарро таънаву маломат ва таҳқир мекунанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ин хусус овозаҳои беасос, наворҳои бардуруғи ангезандаи хусумат паҳн шуда истодаанд, ки миллати тоҷикро бо ҳар роҳу восита муттаҳам карда истодаанд. Фаромӯш набояд кард, ки оқибати ҷанг марги ҳазорҳо мардуми осоишта ва бадбахтиву қашшоқӣ аст.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати кӯҳанбунёду соҳибтамаддуни тоҷик дар таърихи чандинҳазорсолаи хеш ба ягон кишвар ҳуҷум накардааст, вале дар ҳимоя намудани хоки муқаддаси аҷдодиаш содиқ аст. Пешгузаштагони мо хоки ватанро муқаддас дониста, ҳангоми сафар кардан ба кишвари дигар муште аз онро бо худ мегирифтанд, ки нишон ва бӯйе аз меҳан буд.
Миллати бофарҳанги тоҷик ҳамеша тарафдори оромии кишвар бидуни ҷангу хунрезӣ, тарафдори ваҳдату иттиҳод ва якпорчагии давлати соҳибистиқлол мебошад. Итминон дорем, ки муноқишаҳои марзӣ бо ақлу заковат ва хиради азалӣ, инчунин дониши мукаммали сиёсӣ ҳалли худро хоҳанд ёфт.
Ш. Азорабекова - ходими илмии шуъбаи таърих ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б.И. Искандарови АМИТ
Муфассал ...