Дар Паёми имсола Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан чунин нуктаро таъкид намудаанд: «Таъкид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонанд. Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯза беҳтар шароит фароҳам меоваранд».
«….Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».
Бо такя ба ин суханҳо мехостам, доир ба мафҳуми «Ватан», «доираи ватан», «ватандӯстӣ» ва «рушд» баъзе фикру андешаи худро иброз намоям. Ин мафҳумҳо шарҳу тавзеи зиёд ва васеъро талаб доранд, вале мо ба таври сода онро чунин баён мекунем.
Мафҳуми «Ватан», «ватандӯстӣ» барои ҳар як шахси ватандӯст муқаддас аст. Ватан аз зодгоҳ аз гаҳвора оғоз меёбад. Вақте тифл рушд ёфта аз доираи гаҳвора мебарояд ва дар доираю муҳити хонаводагӣ ба воя расаду тарбия ёбад, ин доираю муҳит ватани тифлии ӯст.
Сипас ӯ дар маҳаллаи шаҳр ва ё деҳаи худ дар мактаб таҳсил карда, 11 соли умри хешро сипарӣ мекунад. Дар ин муддат ӯ ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан (дар натиҷаи таҳсил) рушд меёбад ва рушдёбии ӯ ба муҳити хонаводагӣ, муҳити маҳалла ва ё деҳааш вобастагӣ дорад. Агар ӯ хуб рушд ёбад, ӯ обрӯи мактаби худ, маҳалла ва деҳаи худ гашта, кӯшиш мекунад, ки аз доираи маҳал ё деҳаи худ баромада дар доираи шаҳр ва ё ноҳияи худ номбардори зодгоҳи худ гардад. Маҳз дар ин марҳила ӯ ватани худро зодгоҳи худ ҳисоб мекунад ва ба он ифтихор мекунад.
Вақте, ки ӯ донишҷӯ мешавад, қудрати ҷисмонӣ ва зеҳниаш бақувваттар мегардад, доираи ҷаҳонбинии ӯ васеътар мегардад. Маъсулияту заҳмати ӯ зиёдтар мегардад. Доираи ватану фаъолияту муносибатҳои ӯ боз ҳам васеътар мешавад. Масалан, агар ӯ дар вилояти худ донишҷӯ бошад, ватану ифтихори ӯ вилояти ӯст.
Замоне, ки ӯ донишгоҳро хатм мекунад ва фаъолияти кории ӯ оғоз мегардад мақсаду маром, донишу ҷаҳонбинӣ, саъю қӯшиш ӯ доираи ватани ӯро муайян мекунад. Агар ӯ боз дар доираи зодгоҳ, маҳал, деҳа фаъолият кунаду қӯшиши аз он баромадан накунад, вай дар ин доира мемонад ва ҳатто рӯ ба маҳалгароӣ меорад.
Вале ӯ агар зина ба зина ташаккул ёбад, аз доираи маҳаллу деҳа бо саъю кӯшишу ғайрати зиёд ба доираи ноҳия, аз ноҳия ба вилоят, аз вилоят то ба сатҳи ҷумҳурӣ мебарояд ва доираи ватану фаъолияти ӯ боз ҳам васеътар мегардад ва албатта агар саью талоши ӯ содиқона барои халқу ватанаш бошад, ӯ дар миёни халқ обрӯю этибор пайдо мекунад.
Чуноне, ки Ҷаноби Олӣ дар паёмаш иброз дошт бо «саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди маъсулият дар назди халқу Ватан» ҳар як шахси ватандӯст метавонад дар тамоми Тоҷикистон ном барорад.
Аз ин рӯ ҳар як шахс бояд доираи Ватану фаъолияти худро васеътар гирад. Ва агар шуду қудрату ирода ва ҳиси ватандӯстиаш баланду мустаҳкам бошад, шахс метавонад аз доираи ҷумҳурӣ баромада дар сатҳи ҷаҳон номбардори ватану кишвари худ гардад.
Таърих гувоҳ аст, ки аз миёни тоҷикон чандин донишмандон, сиёсатмадорон, варзишгарон, ҳунармандон, аз доираи ватани худ берун баромада бо истеъдоду заҳмати содиқонаю софдилонаи худ ҷаҳонро тасхир намуданд ва ифтихори ватану миллати худ гаштанд.
Сулҳу амонӣ, оромию осоиштагӣ, рушди иқтисодиёт, амният ва фарҳанги солим шасхро ватандӯст мекунад. Беҳуда нест, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон соли 2023-ро «Соли ватандӯстӣ ва рушд» эълон карда қонун дар бораи «ватандӯстӣ» қабул намуд.
Барои ҳамин Ҷаноби Олӣ дар Паёми имсолаи худ таъкид кардааст, ки:
«Мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву нақшаҳои бунёдкоронаи барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.
Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.
Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.
Мо бояд тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои наслҳои оянда як мулки обод мерос гузорем».
Мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ, номзади илмҳои таърих Шоинбеков. А