Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар тамоми муассисаву ташкилотҳо кормандон бояд танҳо бо забони давлатии тоҷикӣ ҳарф зананд. Истифодаи ягон лаҳҷа ё забони маҳаллӣ дар ҷойи корӣ қатъиян манъ гардидааст. Талаботи мазкур вақтҳои охир аз ҷониби мақомотҳои дахлдор пурзӯр шудааст ва дар баробари сохторҳои расмӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ масъалаи номбурдаро мавриди санҷишу баррасӣ қарор дода истодаанд.
Чунин ибтикорро бархе аз “ҷудоиандозон” ва “ғамхорони помириҳо” ба манфиати худ истифода бурда, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи иғвоангезандаро паҳн карда, таъкид бар он доранд, ки мақомотҳои давлатӣ ба ин васила барои рушди забонҳои помирӣ мушкилот эҷод менамоянд, доираи онҳоро маҳдуд месозанд. Албатта, ин гуфтаҳо ягон заминаи воқеӣ надошта, аз роҳандозии як шӯру ғавғои навбатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ чизе бештаре нестанд. Оид ба истифодаи қавмҳои теъдодан кам, истифодабарии бархе аз хусусиятҳои хос ва баъзе аз арзишҳои он ба монанди забони онҳо аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор дар маводҳои қаблӣ андешаҳои худро қайд намудем ва аз такрори он феълан худдорӣ менамоем.
Боиси таассуф он аст, ки то кунун баъзе ноогоҳҳон муаллифони ин маводҳои иғвоангезро ҷонибдорӣ мекунанд ва бо эҳсосот нуқтаҳои назари худро менависанд.
Барои равшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур мехостам чанд маълумот ва андешаҳоро ба саҳми хонанда расонам.
- Бояд қайд кард, ки сиёсати давлатии Тоҷикистон барои ҳифзу рушди забонҳои модарии ҳамаи халқияту миллатҳои кишвар тамоми заминаҳои ҳуқуқиро муайян намудааст. Алалхусус, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба забонҳои модарии ҳао яки онҳо омадааст: “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода кунанд.” Дар заминаи ин банди Конститутсия дар дигар санадҳои меёрӣ-ҳуқуқӣ масъалаи мазкур ба ин маъно шарҳ дода шудааст, ки далели гуфтаҳои боло аст.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ “Назаре ба таърихи тамаддуни ориёӣ” чунин иброз намудааст: “... Имрӯзҳо Тоҷикистон аз ҷиҳати бойгарии забонӣ музейи зиндаи таърихӣ аст. Чанде аз забонҳои қадим, ки шомили гурӯҳи забонҳои шарқи эронӣ мебошанд, дар Бадахшон ва савоҳили болоии дарёи Заравшон маҳфуз нигаҳ дошта шудаанд. Ин забонҳо хазинаи махсусе барои омӯзиши таърихи забонҳо дониста мешаванд, ки ҳифзу баррасии илмии онҳо бояд муҳайё карда шавад”, ки бешубҳа аз диққати махсуси Роҳбари давлат ба масъалаи мазкур гувоҳӣ медиҳад.
- Маълум аст, ки ҳамагуна қонуни қабулгардида барои тамоми минтиқаҳои кишвар якхела буда, риояи он аз ҳамагон тибқи талаботҳои мавҷуда дар як меъёр пурсида мешавад. Қонун “Дар бораи забони давлатӣ” низ дар минтақаҳои дигари кишвари мо амал намуда, дар асоси он истифодаи лаҳҷаву дилхоҳ забони маҳаллӣ, алалхусус дар муассисаҳои давлатӣ манъ гардидааст. Чунин талабот барои мисол барои минтақаи Яғноб, ки забони маҳалии яғнобӣ доранд, ё маҳалҳое, ки маскунони онҳо аксаран узбек ё қирғиззабон ва ғайра мебошад, роиҷ аст. Аз ин рӯ, талаботи номбурда натанҳо барои вилояти мо, ё нисбати танҳо соҳибзабонҳои маҳаллии Бадахшон набуда, балки барои дигар забонҳои маҳаллӣ ва лаҳҷаҳо дар кишвар муқаррар гардидааст.
- Аз ҷониби дигар, баръакс талаботи зикршуда ба фоидаи кор аст. Пӯшида нест, ки бошандагони зиёди вилоят дар масъалаи гуфтугӯ бо забони давлатӣ мушкилот доранд. Аз ин рӯ, талаботи ҳатмии гуфтугӯ бо забони давлатӣ дар муассисаҳову ташкилотҳо барои беҳтар гардидани нутқи шаҳрвандон, корбурди дигар ба забони тоҷикӣ мусоидат хоҳад кард.
- Лоиқи қайд аст, ки ба ҷуз аз ин талабот, дар ягон ҳолати дигар гуфтугӯ бо забонҳои маҳаллӣ манъ нашудааст. Ҳамаи мо бидуни дар муассисаву ташкилот дар дилхоҳ ҷойи дигар, хона, кӯча, маъракаву маросимҳо, чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ ва ғайра бе мамоният бо забонҳои маҳаллӣ ё лаҳҷаи худ ҳарф мезанем.
- Танҳо дар ВМКБ аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо назардошти баъзе аз махсусиятҳои минтақа муассисаи илмии алоҳида бо унвони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров таъсис дода шудааст, ки дар баробари таърих, иқтисодиёт, фолклор ва адабиёт забонҳои маҳаллии Бадахшонро меомӯзад. Як шуъбаи махсуси Институт бо номи Шуъбаи забонҳои помирӣ қабл аз се даҳсола ифтитоҳ гардидааст, ки дар он ходимони илмӣ, аз ҷумла докторону номзадони илм, профессорон фаъолияти илмӣ бурда ба таҳқиқи паҳлӯҳои мухталифи забонҳои помирӣ машғуланд. Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ бештар аз 500 кори илмӣ марбут ба забонҳои помирӣ анҷом дода шуда садҳо нафар дар ин росто соҳиби унвони илмӣ дар ҳудуди кишвар ва хориҷ аз он гардидаанд. Садҳо китобу монографияҳо роҷеъ ба тадқиқи забон, ададбиёт ва фолклор бо забонҳои маҳаллии Бадахшон нашр гардидаанд.
- Ҳар сол аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои кормандони Институти илмҳои гуманитарӣ маблағ барои анҷом додани экспедитсияҳои илмӣ ҷудо мегардад, ки ходимони илмӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ оид ба адабиёту фолклор ва забонҳои маҳаллӣ маводи илмӣ ҷамъоварӣ мекунанд, ки минбаъд барои тадқиқоти илмиашон истифода мебаранд.
Нуқтаҳои боло аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми заминаҳои қонунӣ ва имконият барои ҳифзу рушд ва тадқиқи забонҳои маҳаллии Бадахшон фароҳам оварда шудааст ва Роҳбарияти олии кишвар ин забонҳоро яке аз арзишмандтарин бойгариҳои миллат мешуморад. Ин аст, ки талаботи риояи қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ягон ҳолат маънои маҳдуд сохтани доираи забонҳои маҳаллии Бадахшонро надорад.
Абдулназарзода Абдулназар
сарходими илмии шуъбаи фолклор
ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарии АМИТ,
доктори илмҳои филологӣ