Таҳлили таҷрибаи баъзе давлатҳо нишон медиҳад, ки имрӯзҳо гуруҳҳои террористиву экстремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба сафҳои худ аз технологияҳои муосири иттилоотӣ истифода намуда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро ба доми фиреби худ дароварда, онҳоро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд.
Албатта дар шабакаҳои интернетӣ мо бо тамоми намудҳои иттилоот яъне маълумотҳои дурусту нодуруст ва мусбату манфӣ дучор мегардем.
Ҷиҳатҳои мусбати шабакаҳои иҷтимоӣ ё интернет ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як хонанда метавонад аз он китобҳову маҷалаҳо ва маълумотҳои ба худаш лозимаро дар кӯтоҳтарин фурсат ба даст орад.
Аммо имрӯзҳо як қисми ҷавонону наврасон ба ҷиҳати манфии он бештар назар меафкананд, ки он ба зудбоварию шомилшавӣ ба ҳар як гуруҳҳои тундгаро оварда мерасонад. Гуруҳҳои мухолиф шабакаи интернетро ҳамчун аслиҳа истифода будра истодаанд. Онҳо бо воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонони ноогоҳро бо ҳар гуна ваъдаҳои подарҳаво ба худ ҷалб месозанд.
Гуруҳҳои тундрав ва ифротӣ бештар ба сафи худ ҷавононеро ҷалб менамоянд, ки зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқию ақидавӣ буда, аз нигоҳи иҷтимоӣ камолнаёфта, онҳое, ки ба таври содда идеологияро қабул мекунанд.
Чӣ сабаб мешавад, ки ҷавонон шомили ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мешаванд?
Албатта ба ин савол посухҳои гуногуни таҳлилшуда дода шудааст.
Суст гардидани корҳои тарбиявӣ дар мактабҳо, омӯзишгоҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ;
Дар ҷавонон ва калонсолон набудани идеологияи муайян;
Дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотии ҷавонон;
Агар имрӯз мо дар баробари ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки ҳадафмандона ва муғризона аз ҷониби душманони давлату миллат роҳандозӣ мешаванд, истодагарӣ накунем, он метавонад ба амнияти миллату давлатамон таъсири манфӣ расонад.
Бояд қайд намоем, ки ин хоинони миллат бо хости хоҷагони худ дар шабакаҳои интернетӣ дур аз Ватан бо ҳар гуна маводҳои иғвоангезу беасос садо баланд карда, мехоҳанд ҳаёти осоиштаи мардумро ноором созанд.
Ин дар ҳоле аст, ки Тоҷикистон дар роҳи рушду комёбиҳо қарор дорад ва зина ба зина ободу зебо гашта истодааст. Ва шояд, ки ин оромиву гул -гулшукуфии Тоҷикистонро онҳо дидан намехоҳанд ва ҳар лаҳза мехоҳанд ба он халал ворид созанд.
Ин гуруҳҳои ифротгаро бояд бидонанд ки Тоҷикистон ҳамон давлати солҳои 90-ум нест, ки ҳар гуруҳҳе мехост идоракунии давлатро ба дасти худ гирад ва ё кори дигареро ба манфиати худ анҷом диҳад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои ҳама гуна қувваи бузург аст ва ҳар лаҳза метавонад теша ба решаи ин гуна хоинони миллат занад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карданд, ки мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ боз ҳам вусъат бахшида, бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд. Ва имрӯз ҳар як шаҳрванди худогоҳи миллатро (новобаста аз мансаб) зарур аст, ки дар баробари сохторҳои қудративу низомӣ баҳри якпорчагии миллат, пойдор нигоҳ доштани сулҳу суботи комил, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ кушишу ғайрати худро равона намоем ва роҳ надиҳем, ки ҳар нохалафе мақсаду мароми дасисонаи худро дар хоки ватани мо амалӣ гардонад.
Аловатшо Қурбоншоев – магистранти соли аввали шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии ИИГ АМИТ