Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханони дур аз ҳақиқату бепоя дар бораи татбиқи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” дар р мешаванд ва гӯё Ҳукумат ин қонунро ба василаи маҳви забонҳои помирӣ табдил додааст. Ҳар як шахси аз давлату давлатдорӣ огоҳ ба ин ҳақиқат қоил аст, ки дар тамоми давлатҳои демократитарини дунё забони расмию давлатист, ки дар умури сиёсию давлатӣ ва коргузорӣ мавриди истифода қарор мегирад.Сиёсат дар соҳаи забон ҷузъи сисати дохилии давлат буда, амалкарди забонҳоро дар қаламрави ин ё он мамлакат танзим менамояд. Забони расмию давлатӣ ҷузъи унсури фаъолияти сиёсати давлат ба ҳисоб меравад ва он нуфузу бартарии худро вобаста ба шароити айнӣ( объективӣ) дорад. Дар ин қонун дар баробари забони давлатӣ ба тамоми забонҳои сокинони Тоҷикистон ҳуқуқи баробар дода шудааст, ки ба манфиати тамоми сокинони мамлакат созгор аст. Ба ғайр аз забони давлатӣ барои амалкарди забонҳои дигар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва махсусан, забонҳои хурди бумии Тоҷикистон (забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва яғнобӣ) низ аз доираи қонуни мазкур берун намондаанд.
Дар дунёи имрӯза зиёда аз 5000 забони хурду бузург густариш ёфтаанд. Аз рӯйи мақоми иҷтимоӣ ва иттилоърасонӣ (коммуникативӣ) забонҳои дунё яксон нестанд ва ба забонҳои байналмилалӣ, расмӣ, давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ҷудо мешаванд. Бояд ёдовар шуд, ки густариши забонҳо ва корбурди онҳо низ яксон нест. Дар ҷаҳон зиёда аз 5000 забон густариш ёфтааст, вале 90 фоизи аҳолии дунё ба 25 забони умда такаллум мекунад. Зиёда аз 5000 забони мавҷуд дар ҷаҳон танҳо 600 – 650 забон соҳиби хат мебошанд. Зарурат ба омӯзишу аз худ намудани забон аз мақоми коммуникативӣ ва иҷтимоии забон вобастагии зич дорад. Забоне, ки ба он иттилооти зиёди техникию фановарӣ бошад, зарурат ба омӯзишу азхудкунии он зиёдтар аст. Имрӯз дар Тоҷикистон тавҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳое,ки мақоми байналмилалӣ доранд, мисли забони русӣ ва англисӣ дар сатҳи давлатӣ дастгирӣ меёбад.
Дар баробари ин ҳифзи забонҳо аз ҷумлаи масоили муҳимми байналмилалист, ки чун падидаи фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ мегардад. Созмони байналмилаии ЮНЕСКО феҳристи забонҳои осебпазирро таҳия менамояд ва манзури аҳли ҷомеа ва давлатҳо мегардонад. Аз ин ҷиҳат забоҳои помирӣ низ дар канор нестанд. Бесабаб нест, ки дар доираи Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон Пажуҳишгоҳи илмҳои гуманитарӣ таъсис ёфтааст, ки вазифаи асоси он таҳқиқу омӯзиши забонҳои помирӣ ва мероси фарҳангии ба ин забонҳо офаридашуда мебошад.
Ёдоварӣ намудан ба маврид аст, ки забонҳои помирӣ дар муоширати байниҳадигарӣ мавриди истифода қарор мегиранд, ки инро манъ накардаанд. Навиштани ашъор бо забонҳои помириро манъ накардаанд. Чандин маҷмуи ашъори шоирони зиндаёд Лидуш Ҳабиб ва Сардор Раҳдор ва дигарон нашр шудаанд, ки дастраси ҳаводорони назм гардидаанд. Барои эҷодкорони маҳаллӣ ягон монеае вуҷуд надорад. Сурудҳо ба забонҳои помирӣ аз забони овозхонони маъруфи Тоҷикистон Нобовар Чиноров, Мадина Ақназарова, М. Хаёлбек ва дигарон тариқи шабакаҳои марказии телевизионӣ пайваста пахш мегарданд. Нашри рӯзномаву маҷалларо низ қонун манъ накардааст.
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳоест, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ҳавзаи васеи фарҳангиро фаро гирифта буд. То омадани англисҳо ба Ҳинд забони тоҷикӣ дар ин кишвар забони дарбори прдшоҳон, мактабу мадраса ва доираҳои адабӣ буд. Дар Аморати Бухоро, ҳарчанд ҳокимон аз ақвоми туркзабон буданд, вале забони кории аморат забони тоҷикӣ буд. Ҳамҷунин дар минтақаи Помир (Кӯҳистони Бадахшон) забони тоҷикӣ аз даврони гузашта то оғози даврони Ҳокимияти Шуравӣ – забони таълими мазҳабӣ, забони илму адаб ва забони кории дарбори ҳокимони маҳаллӣ ва инчунин забони муоширати байналқавмӣ маҳсуб меёфт, ки дар ин бора садҳо маъхазҳои хаттии то замони мо расида шаҳодат медиҳанд.
Ҳанӯз соли 1904 котиби намояндагии сиёсии Русия дар аморати Бухоро А. Черкасов дар ҳисобот оид ба сафар ба бекигариҳои Помир вазъи забонии минтиқаро тасвир намуда, навишта буд:
«Масъалае ки ба забонҳо иртибот мегирад, метавонад дар оянда мавзӯи баҳси тадқиқоти алоҳида қарор гирад. Ҳоло метавон гуфт, ки дар бекигариҳои камнуфуси Помир 3 забони аз ҳамдигар фарқкунанда вуҷуд доранд: забони шуғнонӣ дар Рушону Шуғнон, ишкошимӣ ва вахонӣ (забони язгуломи ном бурда нашудааст-ОН).
Ба сифати забони умумӣ ( забони модарӣ барои аҳолии Ғорон) лаҳҷаи бадахшонии забони форсӣ хизмат мекунад, ки онро аз даҳ нӯҳ ҳиссаи аҳолии бекигарӣ ба шумули навҷавонон ва занон медонанд. Ин забон инчунин барои мукотиба хизмат мекунад; ба ин забон китобҳои муқаддаси тоҷикон таълиф шудаанд ва одамони босавод дар Шуғнон, Вахон ва Рӯшон бо адабиёти классикии форсӣ каму беш ошноӣ доранд»
Дар ҳақиқат забони тоҷикӣ (форсӣ) дар гузашта на танҳо дар умури илму адаб дар ин минтақа ба кор бурда мешуд, балки воситаи густариши арзишҳои динию мазҳабӣ низ ба шумор мерафт. Арзишҳои маънавии дини мубини ислом маҳз тавассути забони тоҷикӣ ба ин диёр густариш ёфтаанд.
Забони тоҷикӣ дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ ба дараҷаи баланди сифатан нав – чун забони таълим, фарҳанг, матбуот табдил ёфт, ки дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ин диёри кӯҳистон нақши бузурге гузоштааст.
Шахсияти маъруф, дорандаи Ҷоизаи Давлатии СССР, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар навишта буданд: « Халқ забонро ифтихори миллии худ медонанд. Дар солҳои сиюм булҳавасоне алифбои шуғнониро ихтироъ карданд. Ихтироъгарон мағрурона мегуфтанд, ки дар осмон ҳар қадар ситора зиёдтар бошад, вай ҳамон қадар зеботар менамояд. Дар давоми панҷ – шаш сол ба ин забон китобҳои дарсӣ мебароварданд, китобҳои сиёсию бадеӣ тарҷима мекарданд ва ба нашр мерасонданд.Барои ин кор меҳнати зиёди одамон ва миллионҳо сум сарф шуд, вале маълум гашт, ки китобҳои ба забон шуғнонӣ нашршуда дар анборҳои мактабу маориф хобидаанд. Талабагон аз рӯи китобҳои тоҷикӣ дарс мехонданд. Кор ба ҷое расид, ки одамон махфӣ ба Душанбе омада, китобҳои дарсӣ харида ба Шуғнон мебаранд. Вақте ки Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон М.Шоҳгадоев ба Шуғнон рафта, сабабро фаҳмиданӣ шудааст, аҳолӣ бо як овоз гуфтааст, ки мо тоҷик будему ҳастем ва барои мо забону миллати нав ихтироъ кардан лозим нест. Ба мунаҷҷимон гӯед, ки дар шаб зебоии осмон аз бисёрии ситораҳост, лекин барои ин зебоӣ шуда. ситораи калони тоҷикро ба ситорапораҳо табдил додан ҷиноят аст»
Ин суханони устод имрӯз ҳам арзиши маънавии худро аз даст надодаанд ва ба афкори умумии ҷомеа то андозае созгор мебошанд.
Дар даврони Истиқлол масъалаи забонҳо ба эътибор гирифта шуда, мавзуи омӯзиш, хифз ва инкишофи забонхои помирӣ чандин маротиба дар суханронихои Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон матрах гардида, мустақилят ва ҳувияти забонхо дар Тоҷикистон ба сатҳи давлатӣ бардошта шуда, мақоми ҳуқуқии забонҳо дар асоси қонун таъин гардид.
Дар моддаи чоруми қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлат ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад. Давлат дар манотиқи густариши забонҳои помирӣ барои мардум шароити мусоиди зиндагиро фароҳам меорад. Дар ВМБК солҳои охир даҳҳо иншооти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд мегарданд. Роҳҳо обод мегарданд, неругоҳҳои обии барқӣ сохта мешаванд.Забонҳои маҳаллӣ дар минтақаи густариши худ озоданд, дар маъракаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ озодона истифода бурда мешаванд. Таҳқиқоти илмӣ оид ба забон ва адабиёти ба ин забонҳо эҷодшуда, таъриху этнографияи мардум, фалсафа ва фарҳанги мардумӣ, мушкилоти иҷтисодию иҷтимоии Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи давлат маблағгузорӣ мешавад. Аз тарафи дигар, сиёсати табъизомезу таҳқиромези ба истилоҳ “резерватсия”- ро, ки дар Амрико нисбат ба аҳолии таҳҷоӣ раво диданд, чи давлати вақти Шуравӣ ва чи давлати Тоҷикистон нисбат ба соҳибони камшумори забонҳои помирӣ раво намебинанд.
Масъалаи дигаре, ки то ба имрӯз қишри умдаи ҷомеа онро қабул намекунад, корбурди забонҳои маҳаллӣ дар соҳаи маориф мебошад. Дар соҳаи илм мактаби илмии забонҳои помирӣ рушд намуда, имрӯз ба сифати як бахши эроншиносӣ дар ҳоли рушду нумуъ аст. Дар замони Шӯравӣ ва ҳам даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон омӯзиши илмии забонҳои помирӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбад, мутахассисони соҳибунвоне дар ин соҳаи илми забоншиносӣ ба камол расидаанд ва садҳо китобу рисолаҳо ба табъ расидааанд. Сабти маводи фольклорӣ ва ривоятии забонҳои помирӣ, нашри китобҳои илмӣ, луғатномаҳо умри забонҳоро дароз хоҳад кард. Ташкил ва танзими фонд, фаъолияти муассисаи махсуси илмӣ ба равандҳои инкишофи забонҳо мусоидат мекунад.
Дар баробари ин татбиқи забонҳо дар соҳаи маориф то ҳол чун мушкили баҳснок боқӣ мемонад. Вақте ки солҳои бозсозӣ дар фазои ошкорбаён мушкилоти мазкур рӯи об баромад., мақомоти ҳизбию ҳукуматии он давра мавқеи худро оид ба масоили зикршуда тавассути нашри Мактуби кушоди собиқадорони ВМБК баён намуданд, ки ҳақиқати воқеиро инъкос карда, имрӯз ҳам мубрамии худро нигоҳ медорад.
Таълим ба забони тоҷикӣ бартарияти худро дар рушди фарҳангу маданияти мардуми Кӯҳистони Бадахшон собит намуд. Аз байни мардуми Шуғнон ва навоҳии дигари Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо чеҳраҳои намоёни илму фарҳанги тоҷик ба камол расиданд, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ маъруфият пайдо карда буданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯйи теъдоди ашхоси маълумоти олидор ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақоми аввал буд.
Баҳсҳо дар атрофи мафҳуми забони модарӣ гуногунанд. Бархе аз донишмандон мавҷудияти ду забони модариро дар шароити дузабонӣ ва бисёрзабонӣ инкор намекунанд. Ба он забоне, ки шахс дониш мегирад, ҷаҳонбинии ӯ шакл мегирад, он ҳам забони модарист. Интихоби забони таълим барои фарзандон аз ҷониби волидайн як амри худихтиёрист. Метавон гуфт, ки д аксари мардум забони таълимро забони тоҷикӣ интихоб намудаанд. Имрӯз вобаста ба шароити мавҷуда шаҳрвандон ҷиҳати ҳосил намудани дониш ва ташаккули ҷаҳонбинӣ забонеро интихоб менамоянд, ки мақоми иҷтимоии он васеътар буда, мувофиқ ба тақозои ҷомеаи имрӯза бошад ва ба фаъолияту зиндагии ояндаи насли ҷавон таъсири мусбат расонида тавонад.
Назрӣ Офаридаев – доктори илмҳои филология, профессор,
сарходими шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ