wrapper

Тошмамадова Ф. – докторант (Phd)-и шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ –НЕРЎИ ПУРИҚТИДОРИ ВАТАН

Созмон додани Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон яке аз муваффақиятҳои бениҳоят шоёне буд. Зеро бо ташкили як девори боқувват барои мустаҳкамӣ ва бехатарии давлат, пеш аз ҳама, ба чунин муҳофизон эҳтиёҷ дошту аз уҳдааш ҳам баромада тавонист. Албатта бо саъю кўшишҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар як халқу миллат барои оромиву осудагии Ватан доимо дар ҷустуҷўи роҳҳои беҳтар кардани ҳифзи меҳани хеш мекўшад, то ки дар ин давраи нооромиҳои ҷаҳони муосир ба мушкилоте рў ба рў нашавад. Шаъну шараф, нангу номус ва ифтихори ватандўстии ҳар миллат ба артиши он вобастагӣ дорад ва хушбахтона дар кишварамон аз замони таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ рўз аз рўз қувват гирифта дар тўли 31 –сол ба бисёр пешравиҳо ноил гардидааст. Аз ҷумла, мустаҳкам намудани сарҳади кишвар бо бунёд намудани дидбонгоҳҳои сарҳадӣ мутобиқи талаботи замони имрўза мебошад, то ки сарбозони ҷасуру далер битавонанд дар муҳити созгор адои хизмати модар- ватанро ба ҷо оранд. Инчунини дигар сохтани манзилҳои истиқоматӣ барои хизматчиёни ҷузъу томҳои ҳарбӣ ҳам аз он шаҳодат медиҳад, ки кашварамон дорои тараққиёту пешравиҳои бузурге дар ин ҷода хаст.

Мавриди зикр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора чунин қайд карданд: «Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад».

Муҳофизату ҳимоятгари Ватан будан аз ҳар кас меҳнати бисёр, шабзиндадорӣ кардан, мустаҳкамию матонат, тоқатпазирӣ, ҷасурӣ ва ҷоннисорию фидокориро талаб мекунад. Имрўз гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тайёрии комили сиёсӣ ва ҳарбӣ, зиндагӣ ва заҳмати осудагии халқу давлатро муҳайё намуда, дар муқовимат бо ҳама гуна аъмоли зишти ҷомеа омодаи мубориза аст, зеро фарзандони ғаюр намегузоранд, ки қадами нопоки душман ба хоки кишвар гузошта шаваду амну амонии халқро халалдор созад.

Бояд қайд кард, ки заҳмату талошҳои сарбозону афсаронро Ҳукумати кишвар ба назар гирифта, барои беҳтару хубтар адои вазифа кардан барояшон дар дидбонгоҳҳо як қатор чорабиниҳоро ташкил намуданд, аз ҷумла барномаҳои фарҳангию фароғатӣ, кушодани китобхонаҳо ва ба таълим фаро гирифтани ҳомиёни Ватан аз ҷумлаи ин гуна иқдомҳо мебошанд. Зеро заҳмату ҷоннисориҳои ҷавонмардони Ватан кафили сулҳу субот ва оромии Тоҷикистони азизамон ба шумор меравад. Тавре Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон қайд карданд: «Хизмат ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасеанд, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои арзи вуҷуд карданаш аз бисёр сахтиҳову душвориҳо гузашта онҳоро паси сар намуда бо роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикорити сулҳҷўёнаи вай имрўз ба як сохтори пуриқтидори низомӣ мубаддал шуда, тинҷиву амонии кишвар аз дасти ин родмардони меҳан дар амон аст.

Хулоса, мо имрўз дар фазои тинҷиву оромӣ умр ба сар мебарем ва аз он мефахрем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ватанамон хеле пуриқтидору бонуфуз ҳастанд ва қудрати ҳифзи марзу буми Тоҷикистони маҳбубамон дорад.