wrapper

Институт

Институт

Сада ва ҷашни он дар Бадахшон

Ходими калони илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ АМИТ Азорабеков Сардорбек        

                               

                                                                                                                 Сада  ва ҷашни он дар Бадахшон

                   

       Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи ориёии мардуми форситабор аст, ки ҳамасола  30 январ фаро мерасад ва он рӯзро гузаштагони мо обонрӯз мегуфтанд. Ҷашни Садаро дар сарчашмаҳо бо номҳои тавлиди офтоб, пешахбори Наврӯз, мужда аз Наврӯз ҳам ёд кардаанд.

Маънои вожаи “сада”  баромадан  ё тулӯъ кардан аст, ки дар забони қадимаи форсӣ ба шакли “садок” ва дар забони форсии миёна дар намуди “садаг” мавриди истеъмол будааст. Баъзе донишмандони нуҷумшинос маънои “сада”-ро марбут ба шумораи  “сад” донистаанд, ки аз ҷашни Сада то ҷашни Наврӯз 50 шабу 50 рӯз боқӣ мемонад. Баъзеҳо гуфтаанд, ки дар иди Сада 100 рӯзи сардии тирамоҳу зимистон поён меёбад. Ин расм дар миёни дигар миллату халқиятҳо ҳам таъсир расондааст, аз ҷумла халқи рус бо номи “масленница” онро ҷашн мегиранд.

         Мардуми Бадахшон ҳам аз қадимулаём  ин идро аз рӯи тақвими хоси ин минтақа ҷашн мегирифтанд. Даври фарорасии  Садаро аз рӯзи нахустини  чиллаи зимистон  аз 22 декабр баъди шаби ялдо аз рӯзи даромадани моҳи шамсии ҷаддӣ ҳисоб карда, баъд аз анҷоми чиллаи зимистон дар рӯзи  10 далв мутобиқ ба 30 январ онро  ид мекарданд ва оғози ҳисоби онро тавлиди хуршед ва охири онро, яъне анҷоми чилрӯзаи онро тавлиди дигаре барои хуршед ё меҳр ва гарму сӯзон шудани офтоб дониста, ба унвони иди Сада онро ҷашн мегирифтанд.

      Пас аз он ҳаракати офтобро аз рӯи андомҳои худ аз 1 феврал аз “нохуни по” сар карда,  то ба “дил” мерасонанд, ки ин рӯз ба якуми ҳамал, ё бисту якуми март – баробаршавии шабу рӯз  мусовӣ меояд ва онро бо номи Иди Наврӯз, ё Хидараём(Иди куҳан) рӯзи ба балоғат расидани офтоб бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.  Гузаштагони мо ҳисобро аз рӯи  “олами сағир”- инсон ва андомҳои он  аз 1 феврал чунин ба роҳ мемонданд: нохун 3 рӯз, пушти по 3, биҷили по 3, қалами по 3, нармии по 3, бағали по 3, зону 3, кордафсон 3, харомез 3, пуфмуф 3, рӯда 9, қабурға 9, дил 3 рӯз.

          Гузаштагони мо дар ин миён як ҷашни дигаре доштанд, ки онро “хирчизон” мегуфтанд, ки дар он рӯз ҳисоби ҳаракати офтоб ба зону мерасад ва он мутобиқ аст ба 19 феврал ва дар ин рӯз чиллаи хурд ба охир мерасад.

     Таърихи пайдоиши ҷашни сада ба оини меҳргароӣ(митроӣ) ё хуршедпарастӣ рост меояд, ки аз оини зардуштӣ 3 то 5000 сол пештар ба вуҷуд омадааст. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти он пурра нигоҳ дошта шуда, бо номи ҷашни оташ таҷлил карда мешудааст. Пешгузаштагони мо дар ин рӯз ҷашн ороста, тамоми шаб гулхан меафрӯхтанд ва гирди он рақс карда, суруд мехонданд. Сада то асри 12 ба монанди Наврӯз боҳашамат ҷашн гирифта мешуд, вале баъдҳо дар натиҷаи сиёсати давлатдории аҷнабиён оҳиста- оҳиста аз байн рафтан гирифт, вале нишонаҳои дар ин рӯз гулхан афрӯхтан ва гирди он базм оростан то ҳоло боқӣ мондаанд.

Ин идро инчунин ҷашни шоҳӣ, ё мулукӣ низ ном мебаранд, зеро асосгузори он шоҳ Ҳушанг писари Сиёмак аст ва дигар шоҳон ҳам минбаъд онро ҷашн мегирифтанд. Унсурӣ гуфтааст:

                            Сада ҷашни мулуки номдор аст,

                            Аз Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.

Фирдавсӣ гуфтааст:

                            Зи Ҳушанг монд он Сада ёдгор,

                           Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.

       Тавре Фирдасӣ нақл мекунад, одамон то замони Ҳушанг чӣ тавр даргирондани оташро намедонистанд. Инро аввал ӯ ёфт. Як рӯз Ҳушанг бо чанде аз ёрони худ паи шикор ба кӯҳсор рафт. Ногоҳ як мори сиёҳи бузургҷусса падидор гашт. Ҳушанг санги калонеро бардошта ба тарафи мор ҳаво дод, мор фавран ба як сӯ ҷаҳида ҷонашро халос кард, санги калон ба санги хурде бархӯрд  ва ҳар ду шикастанд, аз сангҳо шарораҳо ба атроф ҷаст ва шуо падид омад. Ҳушанг гуфт: “Ин шуо фурӯғи худовандист, ки ба мо ато шуд, онро бояд табаррук донист ва парастид”.

          Ин маросим, ки ҳар сол дар рӯзи муайян такрор мешуд, ба ҷашн табдил ёфт ва ҷашни Сада номида шуд. Минбаъд одамон онро гиромӣ дошта, гулханҳо меафрӯхтанд ва ин ҳамон шаби оташафрӯзии Ҳушанг аст, ки ба ёдгор монда буд.

 

Муфассал ...

САДА ВА МАЪЛУМОТИ ИБНИ МИСКАВЕҲ ОИДИ ОН

ШОИНБЕКОВ АЛОВИДДИН номзади илми таърих, мудири шуъбаи таърих, мардумшиносӣ ва бостоншиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

 

САДА ВА МАЪЛУМОТИ ИБНИ МИСКАВЕҲ ОИДИ ОН

Мискавейҳ Абуалӣ Аҳмад ибни Муҳаммад (930-1030) - қомусшинос (энсиклопедист)-и маъруфи асримиёнагии араб, ки баъд аз Аристотел ва Ал-Форобӣ бо тахалусси “Устоди сеюм” машҳур аст, дар баробари дигар илмҳо дар илми мардумнигорӣ (этнография) низ саҳми калон гузоштааст. Ин қомуснигори машҳур дар хусуси тарзи гузаронидани ҷашни Сада низ маълумоти хеле ҷоллиб дорад. Аз мероси хаттии ӯ оиди ин ҷашни ниёгонамон чунин маълумотро дастрас кардан мумкин аст: “Дар базмгоҳ сутунҳои аз шамъҳои ранга озинбастаро мегузоштанд. Дар талу пушта ва ҷойҳои баланди шаҳрҳо ҳезуми бисёреро болои ҳам чида, онҳоро бо тасмаҳои оҳанин мебастанд. Дар болои онҳо зоѓ ва ҳар гуна парандаҳоро аз пояшон баста мемонданд. Сипас чормаѓзро кофта, дарунашро бо пахтаи нафтолуд пур мекарданд ва бо ресмоне ба пойҳову гардани парандагон овезон менамуданд. Баробари фаро расидани ваќту соати ҷашни Сада пахтаи нафтолудро, ки дар даруни чормаѓз пур буду худи чормағз бо ресмон ба пойҳову гардани парандагон овезон буд, дар мегиронданд ва парандаҳоро сар медоданд. Парандаҳо ба боло парвоз карда, бо худ алангаҳои оташро ба масофаи то он ҷое, ки парвоз кардан метавонистанд ба осмон мебардоштанд ва осмон чароғафшон мегашт” (Гулхани Сада, С. 66-67).

Ин амали сеҳромезро метавон аз ду ҷиҳат шарҳу тавзеҳ дод. Якум, ин ки тибқи боварҳои ниёгонамон ба воситаи чунин амал ба хуршед кӯмак кардан мумкин аст, то ба гармии ӯ гармии иловагӣ замима шавад. Дуюм, албатта, чунин амал дар назари тамошобинон ба ҷашни Сада як шукӯҳу шаҳомати хосаву беназиреро ворид месохт. Бе шаку шубҳа ҳангоми бомдоду торикӣ парвози парандаҳо бо гулхани дар пояшон овезон як саҳнаи аҷиб хоҳад буд ва ҳар тамошобине аз он ба ваҷд хоҳад омад.

Ибни Мискавейҳ худаш ҳолати мардумонро дар давоми ҷашнгирии Сада чунин нишон медиҳад: «Дар баробари сар додани парандаҳо дарав дар базмгоҳҳо ва ҳам дар талу теппаҳо оташҳои калонро фурўзон мекарданд. Шаби тор мисли рўз равшан мегардид. Ќалби ширкатварзидагони ҷашнро ҳаяҷону фараҳу шодї фароҳ мегирифт (Гулхани Сада, С. 67).

Тибқи тасаввуроту боварҳои ниёгонамон ва ҳам талаботи ҳамондавраи ҷашни Сада алангаи оташ бояд то дараҷае баланд бошад, ки аз фарсахҳо дида шавад. Зеро мардумон бовар бар он доштанд, ки гармии оташ ба гармии офтоб зам шуда, ҳаво зудтар гарм мегардаду мардум аз сардии зимистон наҷот меёбад. Мақсаду моҳияти асосии гузаронидани ҷашни Сада дар ҳамон даврони куҳан сарчашма аз ҳамин бовар мегирад.

Барои тақвияти иттилооти ибни Мискавейҳ оиди бо як шукӯҳу шаҳомати бемисл ҷашн гирифтани Сада,  дар майдону бозоргоҳҳои васеъ, сари талу теппаҳо ва бомҳои хона оташи баланд даргирондани мардумон метавон далелҳоро аз баъзе дигар сарчашмаҳо ёдрас шуд. Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ чунин оварда шудааст:

Яке шорсоне баровард шоҳ,

 Пур аз барзану кӯю бозоргоҳ.

 Ба ҳар барзане ҷойи ҷашни Сада,

 Ҳама гирд ба гирд оташкада

                                                         (А. Фирдавсӣ)

Аз ашъори Манучеҳрӣ низ бармеояд, ки гулхани Садаро чунон меафрохтанд, ки алангааш ба осмон мерасиду аз фарсахҳо дида мешуд:

Оташе бояд чунон, ки фарози аламаш,

Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.

....... Қурси Хуршед фуру хуфта нагунсор бувад.

                                               (Манучеҳрӣ)

Хуллас, оташафрӯзии Сада аз оташафрӯзии Наврӯз - аловпараки наврӯзӣ ва Чоршанбеи сурӣ ба куллӣ фарқ дорад. Хусусияти хосаи ду ҷашни охир аз болои оташ паридан буда, аҳамияти оташи Сада дар қувват бахшидан ба офтоб буд.

Албатта, гулханафрӯзии ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Чоршанбеи сурӣ аз нигоҳи маврид, ҷойу макони афрухтан ва мақсаду моҳият аз ҳамдигар фарқ доранд, ки ин боз як масъалаи дигари алоҳида барои таҳқиқот мебошад.

 

 

Муфассал ...

ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ МАМАЛАКАТ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

ИМОМЁРБЕКОВА ГУЛШАН ГУЛХАНОВНА - докторанти PhD-и шуъбаи таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодии Бадахшони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ МАМАЛАКАТ АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ

         

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хорҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки васеъи намояндагони вазорату идораҳо, корхонаҳо ва созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ  ироа гардид. 

Дар Паёми навбатии Президенти мамлакат ваъзи сиёсӣ, иқтсодӣ ва иҷтимоии мамлакат пурра ва мушаххас таҳлил гардид, ки мувофиқи муҳтавои он дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ба таври возеҳ мушоҳида мегарданд.

Соли 2023 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии вазъи ҷаҳони муосир, инчунин тағирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, ки дар минтақа идома дорад,  барои мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор буд. 

Дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти  кишвар пешравиҳои назаррас ба назар мерасанд. ММД нисбат ба соли соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид, ки ин беш аз 130 миллиард сомонӣ мебошад.

Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукмати мамлакат вобаста ба ҳалли масъалаҳои соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.

Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД 1,5  баробар зиёд гардид.

Ҳол он, ки дар давраи пандимияи КОВИД-19 беш аз ду сол дар шароити маҳдудиятҳои иқтисодиву иҷтимои қарор доштем.

Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта аз 37,2 миллиард сомонӣ дар соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Бо вуҷуди болоравии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ солҳои охир дар мамлакат сатҳи таваррум муътадил нигоҳ дошта шуда, дар соли 2023-юм 3,8 фоизро ташкил намуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикригардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 ба 21,2 фоиз коҳиш дода шуд. Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардум тадриҷан беҳтар гардида нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Дар натиҷаи амалисозии барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт. Бо фароҳам омадани имконият хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду  70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Инчунин ҷиҳати идома додани ғамхории давлат ва Ҳукумати мамлакат ба мардуми кишвар, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Пешвои миллат чунин супоришҳо ироа гардиданд:

  • аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон,
  • маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 40 фоиз;
  • аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳамзамон, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шуд.

Ин албатта дастгирии навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи кормандони муассисаҳои буҷетӣ ва донишҷӯён мебошад. Чунин ғамхорию дасгирӣ моро водор месозад, ки донишу малакаи худро тақвият дода, кору фаъолияти ҳарузамонро баланд бардошта, дар рушду нумуи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.  

Муфассал ...