wrapper

Институт

Институт

МУҲИМИЯТИ ИЛМИ РАВОНШИНОСӢ ДАР СИСТЕМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ЗАМОНИ МУОСИР

Азорабекова Ширингул - ходими калони шуъбаи таърих,
бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии
ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ
 
МУҲИМИЯТИ ИЛМИ РАВОНШИНОСӢ ДАР СИСТЕМАИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ЗАМОНИ МУОСИР
 
     Дар шароити муосири ҷомеаи ҷаҳони зудтағйирёбанда ва пешгӯинашаванда, ки раванди таълим ва тарбия рӯз аз рӯз ба таҳаввулоти амиқ рӯ ба рӯ мегардад, нақши илмҳои инсоншиносӣ хосатан равоншиносӣ, хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷомеаи муосир дар марҳалаи такомул ва тағйироти босуръати иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва технологӣ қарор дорад. Таълим ва тарбия, ки ҳамчун заминаи ташаккули шахсият ва пешрафти миллат арзёбӣ мегардад, беш аз пеш ба равишҳои муосир ва илмии равоншиносӣ ниёз дорад. Равоншиносӣ, бахусус равоншиносии таълимӣ ва синнӣ, ба омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф имкон медиҳад, ки хусусиятҳои равонии кӯдаконро дар сатҳҳои мухталифи рушд дарк намуда, барномаи таълимиро мутобиқи ниёз ва қобилияташон ироа намоянд.
     Ба ақидаи равоншиноси маъруф Лев Выготский: «Рушди равонӣ бе муҳити иҷтимоӣ тасаввурнопазир аст, зеро муҳит барои инсон чун манбаи асосии ташаккули зеҳнӣ хизмат мекунад». Дар асоси ин назария, муҳити таълимӣ бояд на танҳо дониш диҳад, балки рушдбахши шахсияти кӯдак бошад. Илми равоншиносӣ ба омӯзиши олами ботинии инсон, равандҳои фикриву эҳсосӣ ва рафтории ӯ машғул буда, заминаи муҳим барои ташаккули шахсият ва пешрафту муваффақияти таълиму тарбия ба шумор меравад.
      Мусаллам аст, ки таълим ва тарбия бе дарк намудани хусусиятҳои равонии хонандагон, бе шинохти эҳтиёҷот, қобилият, мушкилоти эҳсосиву фикрии онҳо ҳеҷ гоҳ самараи хуб ба бор намеорад. Ҳар як толибилм шахсияти беназир аст, ки эҳсосоту мушкилот ва нигаронии хешро аз сар мегузаронад ва нисбати ӯ бояд чӣ дар оила ва чӣ дар мактаб мувофиқи рафтораш муносибат кард. Аз ин лиҳоз истифодаи бошууронаи дастовардҳои илми равоншиносӣ дар оила ва муассисаҳои таълимӣ ба раванди тарбиявию омӯзишӣ, ҷиҳати фароҳам овардани муҳити мусоид ва мутобиқ ба ниёзҳои кӯдакону наврасон кӯмак мерасонад.
     Дар ҳамин замина, мураббиён, омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи маориф бояд дорои дониши кофии равоншиносӣ бошанд, то битавонанд бо толибилмон муносибати дуруст барқарор намуда, барои пешрафт ва рушди ҳаматарафаашон шароити мувофиқ муҳайё созанд. Илми мазкур ба омӯзгорон кӯмак мекунад, ки беҳтару хубтар дарк кунад, ки аз сари толибилм чӣ мегузарад, кадом омилҳо ба рафтораш таъсир мерасонанд, чаро ӯ метавонад хашмгин ё баръакс, хомӯш шавад. Аз ин лиҳоз маълумот дар бораи марҳилаҳои рушд ва таркиби шахсият асос шуда метавонанд, ки омӯзгорон муносибатҳои муассир ва ва эҳтиромона бо толибилмони синну соли мухталиф бисозанд.
    Тасаввур кардан душвор аст, ки муассисаи таълимӣ бидуни қобилияти омӯзгор барои идора кардани интизом дар синф муваффақ шавад. Толибилмони замони муосир метавонанд дар хислат, рафтори ҳаррӯза ва сатҳи худидоракунӣ гуногун бошанд. Равоншиносӣ ба омӯзгорон маълумоти пурарзиш дар хусуси сабабҳои вайрон шудани интизом ва рафтори толибилм медиҳад, ки рафтори онҳоро дуруст фаҳманд ва стратегияи муассирро барои кам кардани вазъиятҳои низоъӣ таҳия кунанд. Масалан, рафтори муаллиме, ки тавонист бо таҷрибаи хеш толибилмро бидуни шармсор кардан дар назди ҳамсабақонаш аз роҳи бади дуздӣ кардан боздошт, шоёни таҳсин аст. Омӯзгор муваффақ гардид, ки бо дурустии рафтораш хонандаро на танҳо аз кирдори бад боз дошт, балки ба рушди минбаъдаи ӯ таъсири мусбӣ расонд.
       Ҳодиса чунин будааст: Омӯзгор дар синфе, ки толибилмони синни чордаҳсола таҳсил мекарданд, дарс мегузаронд. Хонандае бо гирья ба омӯзгор арз кард, ки соати дастиашро аз ҷувздонаш дуздидаанд. Муаллим лаҳзае сукут карданд ва аҳли синф, ки аз 23 хонанда иборат буданд ба назди тахтаи синф даъват намуд. Сипас фармуд, ки қатор истода, чашмонашонро пӯшонанд. Омӯзгор кисаҳояшонро кофта, дар мобайни саф соатро ёфт, вале кофтуковро қатъ накарда, то охири қатор тафтишро давом дод. Пас аз анҷом додани амалаш иҷозат дод, ки чашмонашонро кушоянд ва дар ин хусус чизе нагуфта, соатро ба соҳибаш баргардонда, дарсашро идома дод.
     Бо гузашти солҳо хонандае, ки соатро дуздида буд мактабро хатм карда, ба Донишгоҳи педагогӣ дохил гардид ва баъди ба итимом расонданаш ба мактабе, ки дар он таҳсил намуда буд ба ҳайси омӯзгор баргашт. Собиқ муаллимаш ба нафақа баромада буд ва дар мактаб кор намекард. Омӯзгори ҷавон ба хонаи муаллими хеш рафта, аз он рӯз ёдовар шуд ва миннатдории хешро изҳор намуд. Ҷавон афзуданд, ки он солҳо вазъи иқтисодии оилаашон на он қадар хуб буд, вале ӯ ба соати дастӣ ҳаваси зиёд дошт. Мақсад доштам, ки соатро ду-се рӯз берун аз мактаб дар даст мекунам ва баъд бармегардонам. Агар он рӯз миёни ҳамсабақонам шарманда мешудам мумкин ба худкушӣ даст мезадам, лекин Шумо маро наҷот додед. Муаллим табассум карда, гуфтанд: « Ҳангоми кофтани кисаҳоятон ман чашмони худамро низ пӯшонда будам, то ин ки дар вуҷудам нисбати хонандае ҳиссиёти манфӣ пайдо нагардад».
      Тарбия ҳамчун раванди ташаккули ахлоқ, ҷаҳонбинӣ ва муносибатҳои иҷтимоӣ бе истифодаи равоншиносӣ ба мушкил ва нигаронӣ рӯ ба рӯ мешавад. Равоншиносӣ метавонад кӯмак кунад, ки муҳити тарбиявӣ солим ва дастгиркунанда бошад. Ба ақидаи равоншиноси амрикоӣ Карл Роҷерс «Муносибати самимӣ ва беғаразонаи мураббӣ метавонад ба тағйироти амиқ дар шахсияти кӯдак оварда расонад». Иқтибоси овардашуда бори дигар зарурати муносибати шахсиятмеҳвар ва равоншиносиро дар тарбия таъкид мекунад.
     Дар охирсухан метавон қайд кард, ки илми равоншиносӣ ҳамчун воситаи муҳими фаҳмидани шахсияти кӯдак ва таҳияи муҳити мусоиди таълиму тарбия нақши калидӣ дорад. Ҷорӣ кардани равишҳои равоншиносӣ дар мактаб ва муассисаҳои таълимӣ ба беҳбуд бахшидани сифат ва натиҷаи таълиму тарбия мусоидат мекунад.
 
САРЧАШМАҲО:
1.Выготский Л.С. Развитие высших психический функций. Москва: Педагогика. 1978.
2. Rogers, C. On Becoming a Person: Therapist’s View of Psychotherapy. Boston: Houghton Mifflin. 1961.
3. Вазорати маориф ва илми ҶТ (2022). Стратегияи рушди соҳаи маориф барои солҳои 2021-2030.
Муфассал ...

ҲАФТАИ ИЛМИ ТОҶИК – ҲАФТАИ БУЗУРГДОШТИ ФАРҲАНГ ВА ДОНИШ

ҲАФТАИ ИЛМИ ТОҶИК – ҲАФТАИ БУЗУРГДОШТИ ФАРҲАНГ ВА ДОНИШ

    “Ҳафтаи илми тоҷик” як рукни муҳими ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 11 апрел қайд мегардад. Дар ин ҳафта на танҳо як силсила чорабиниҳои илмӣ амалӣ мегарданд, балки як платформаи мусодиде барои бедорсозии ҳисси ифтихор аз гузашта, шинохти воқеии замон ва эҳёи рӯҳи созандагиву худшиносӣ миёни насли наврасу ҷавонон фароҳам оварда мешавад.

    Ҳадафи асосии баргузории “Ҳафтаи илми тоҷик” тарғиб ва рушди илму техника, бедор намудани завқу шавқи ҷавонон ба илм, ошноӣ бо комёбиҳои олимони ватанию хориҷӣ ва рушди тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Ин ҳафта як муддати хубе барои олимони варзида, муҳаққиқони ҷавон, равшанфикрону зиёиён, донишҷӯёу хонандагон мебошад, то тавонанд оиди ҳаёти маънавии миллат, илми тоҷик ва дастовардҳову пешрафтҳои он, ҳамчунин тарафҳои заъифи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ ба онҳо намоем, изҳори фикру мулоҳизаҳо намоянд.

    Дар доираи “Ҳафтаи илм” конфронсҳо, мизҳои мудаввар, намоишгоҳҳои ихтироъот, мулоқотҳои олимону муҳаққиқон бо ҷавонон ва дигар чорабиниҳои муҳими илмӣ баргузор мегарданд. Чунин тадбирҳо барои тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот ва ҷомеа нақши калидӣ мебозанд.

    Илми тоҷик дорои таърихи бостонӣ ва пурғановат аст. Аз Рӯдакӣ то Ибни Сино, аз Умари Хайём то Абурайҳони Берунӣ, аз Насриддини Тусӣ то Абдураҳмони Ҷомӣ, аз Мирзо Улуғбек то Камолиддини Беҳзод, аз Садриддини Айнӣ то Бобоҷон Ғафуров, ва даҳо ҳазор дигарҳо – ҳамаи ин шахсиятҳо порчаи барҷастаи фарҳангу илми тоҷику форсанд. Ҳамасола дар давоми “Ҳафтаи илм” аз саҳми бузурги онҳо дар пешбурди тамаддуни ҷаҳонӣ ёдоварӣ карда мешавад. Ин ифтихори миллӣ на танҳо боиси эҳсоси умқи худшиносӣ, балки ангезаи ҷиддие барои насли нав ба ҳисоб меравад.

    Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни илм  - аз технологияҳои муосир то тиб, аз кимиё то забоншиносӣ ва фалсафа - дастовардҳои назаррас ба даст оварда истодаанд. Ин ҳама натиҷаи дастгирии пайвастаи давлат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илму маориф мебошад.

    Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат, қувваи созанда ва такягоҳи ҷомеа, дар “Ҳафтаи илми тоҷик” нақши муассир мебозанд. Бо иштироки фаъолонаи худ онҳо бояд пайваста дар форумҳо, намоишгоҳҳо ва озмунҳои илмӣ, қобилияти эҷодӣ, андешаву ҷаҳонбинии илмии худро муаррифӣ намоянд. Баргузории чунин ҳафтаҳо боиси рушди малакаҳои таҳқиқотӣ ва таҳкими робитаи ҷавонон бо марказҳои илмии кишвар мегардад.

    Имрӯз дар ҷаҳони муосир, ки асоси тараққиёту ободии ҳар миллат ба рушди илм пайванди ногусастанӣ дорад, баргузории “Ҳафтаи илми тоҷик” аҳаммияти стратегӣ дорад. Бе рушди илму технология ва нерӯи зеҳнӣ наметавон ба пешрафти воқеӣ ноил гашт. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ба илм ва муҳаққиқон, хусусан ҷавонони соҳибистеъдод, бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату миллат қарор дошта бошад.

     Ҳамин гуна чорабиниҳои илмӣ метавонанд ба баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа, баланд бардоштани эҳтиром ба шахсиятҳои илмӣ ва ташаккули насли нави муҳаққиқони ватандӯсту маърифатпарвар мусоидат намоянд.

    Ҳафтаи илми тоҷик на танҳо ҷашни илм, балки ҷашни рӯшанфикрӣ, ҷашни нерӯи ақл ва эҷод аст. Ин ҳафта гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик дорои захираҳои бузурги зеҳнӣ мебошад ва дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта ва дорои афкори илмӣ устуворона қадам ниҳода истодааст. Дар ин замина, ҳар як шахси ватандӯст, хусусан ҷавонон, бояд ба омӯзиш ва кашфи олам таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, то ояндаи Тоҷикистони азизамон бо нури илму маърифат боз ҳам дурахшон гардад.

 

Муфассал ...

ЭЪЛОМИЯИ ХУҶАНД - 2025

Худоёрбекзода Хосият – унвонҷӯйи шуъбаи
фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти
илмҳои гуманитарии ба номи академик
Б.Искандарови АМИТ
 
ЭЪЛОМИЯИ ХУҶАНД - 2025
 
     Эъломияи Хуҷанд дар фарҳанги ҳамсоядории таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуҷҷати нав аст. Ҳуҷҷати наве, ки сарманшаи он ҳамоно хиради азалии миллати тоҷик ва инсонсолории Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - фарзонафарзанди миллат, балки беш аз он, сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, вассофи сулҳу дустӣ, бо ташаббусҳои ба манфиати аҳли башар нигаронидашудааш - фарзанди саодатёри аҳли башар, боз иқдоми навбатии наҷибонаи тақвиятдиҳандаи фазои ороми минтақаро амалӣ намуд.
     Сарони ду кишвари ҳаммарз - Узбекистону Қирғизистонро ба сарзаминии бостонии тоҷикон ба ҷашни ҷаҳонии Навруз даъват намуд ва ин натанҳо як даъвати дустонаи идона буд. Ин пеш аз ҳама даъват ба пояндагии сулҳу амонӣ, даъват ба боз ҳам вусъати ҳаммаромиву ҳамдилӣ, дустиву ҳамкорӣ ва бар рағми ҳамаи он “дустоне”, ки ноамнии минтақаро маром доранд, даъват ба бародарӣ мебошад.
      Бояд гуфт, ки сиёсатҳои дурандешонаю хирадмандонаи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомро на танҳо баҳри манфиатҳои имрузиёни се давлат дар назар доранд, балки ин талошҳои имруз баҳри ҳаёти пурсуботи ояндагон равона карда шудаанд. Самараи чунин нияту амалҳои нек ояндаи фарогири дустиву ҳамдигарфаҳмии байни ҷомеаи се кишварро неру хоҳанд бахшид.
      Эъломияи Хуҷанд дар шаҳри бостонии Хуҷанди сарзамини тоҷикон бо имзои сарони се давлати ҳамсояву ҳамдину ҳамфарҳанг – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба тасвиб расид, ки ҳадафи он абадият ва пояндагии дустӣ мебошад. Дар доираи ин Эъломияи таърихӣ маросими имзои Шартномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистону Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар доир гардид, ки ин дар муносибатҳои некбинонаи ҳамсоядорӣ самараи басо муҳим мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мизбони чорабинӣ буд, имзои Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро “санади таърихӣ” ном бурд.
      Ин санади таърихӣ, албатта, ба муносибатҳои иқтисодиву фарҳангиву илму маорифи се кишвар, дар минбаъд тавҳамӣ ва ҳамгироии наву судмандро зам хоҳад кард. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар суханронии хеш бар он таъкид намуданд, ки “...мо бори дигар қатъиян эълон намудем, ки аз арзишҳои сулҳ ва усулҳои ҳалли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда аз роҳи муколама дар руҳияи ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, самимият, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар пештибонӣ мекунем”.
Мусаллам аст, ки Эъломияи Хуҷанд ин се давлат - Тоҷикистон, Қирғизистону Узбекистонро бар он талқин менамояд, ки дар ҳамсоягии воқеан сулҳомезу ҳамкориҳову шарикии сеҷонибанек баробар саҳмгузор бошанд.
      Рамзист, ки Эъломияи Хуҷанд дар танини ҷашни бостонии Навруз эълон гардид, ки тақозои ойинҳои пайваста арзишманди ин бузургҷашн аз қабили ҳамдиливу авфу бахшишҳову, дустиву бародарӣ мебошад. Ҷашни Навруз моҳиятан тараннумгари нектарин хислатҳои инсонӣ мебошад ва Навруз ба ҳамоваранда аст.
      Навруз, ки вассофи сулҳу дустӣ ҳаст, дар фарҳанги мардуми ин се кишвар низ маҳз бо чунин мазмун омадааст. Дар ин бора Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ ишора намуд, ки “ ...ҳамчун ҷузъи таркибии таъриху фарҳанги мо, аз қаъри қарнҳо моро ба таҳкими сулҳу субот, муносибатҳои дустӣ ва ҳамкорӣ водор месозад.”
Эъломияи Хуҷанд имруз ба хурду бузурги се ҳамсоякишвар илҳоми нав бахшид. Илҳоми ҳамкориҳои ҷадид, доду гирифти мустақим ва ҳамсоядориву хешутабории қавиитар аз ин. Имрузҳо оғуши мардуми ҳамҷавор гармтар ва дилҳо аз самимият бештар саршор мебошанд.
      Бояд гуфт, ки боз таъкид бар дурандешии Пешвои тоҷикони ҷаҳон бояд кард, зеро абадият ва амалияи Эъломияи Хуҷанд имрузҳо, дар ин вазъияти тезу тунди геополитикаи ҷаҳон на танҳо дар оромиву осудагии минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар созгории сулҳи ҷаҳонӣ низ мавқеъи муҳимро дорад.
     Бигузор ин дустиву ҳамдигарфаҳмӣ, чеҳраҳои кушоди сокинон ва фазои ороми минтақаву ин се кишвари ҳаммарз ҷовидона бошад ва Эъломияи Хуҷанд вазоиф ва рисолати минтақавию таърихии худро то абад иҷрорасон бошад.
Муфассал ...