wrapper

Институт

Институт

ТАБРИКОТИ САМИМИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОН БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗИ МУДИРИ ШӮЪБАИ ТАДҚИҚОТИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ БАХШИ БАДАХШОН — ЗАМИРА ИСКАНДАРШОЕВА

ТАБРИКОТИ САМИМИИ ҲАЙАТИ КОРМАНДОН
БА МУНОСИБАТИ ЗОДРӮЗИ МУДИРИ ШӮЪБАИ ТАДҚИҚОТИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ БАХШИ БАДАХШОН — ЗАМИРА ИСКАНДАРШОЕВА
 
    Имрӯз зодрӯзи шахсияти барҷаста ва роҳбари варзида, зани бофазлу хирадманд — муҳтарам Замира Искандаршоева мебошад. Мо, ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров, ин санаи муҳими зиндагиро ба Шумо бо камоли эҳтиром ва самимият табрик мегӯем.
     Шумо на танҳо роҳбари масъулиятшинос ва кордон, балки инсоне ҳастед бо ҷаҳонбинии васеъ, қалби гарму ниятҳои нек. Дар зери корбарии Шумо шуъба ба дастовардҳои назаррас ва муҳими илмӣ ноил гардид, ки маҳсули заҳмат ва талоши шабонарӯзии Шумо мебошад.
     Бо рӯҳияи созандагӣ, муоширати ширин ва хислати олиму фарохнигаратон, муҳити кориро ҳамеша созгор ва рӯшан нигоҳ медоред. Ҳар сухани Шумо муҳаббат меорад, ҳар роҳнамоиатон сабақи зиндагист, ва ҳар лаҳзаи кор кардан бо Шумо илҳомбахш мебошад.
     Дониш ва таҷрибаи ғании Шумо дар таҳқиқоти илмии иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин диди таҳлилӣ ва масъулиятшиносии баландатон барои ҳамкорон ва насли ҷавон намунаи ибрат аст. Шумо ҳамеша пешсаф ва ташаббускор ҳастед ва бо вуҷуди серкорӣ — дилгарму дастгири ҳамкорон мемонед.
     Дар ин рӯзи муборак, ба Шумо саломатии комил, рӯзгори обод, шодиву нишоти дил, дастовардҳои нав дар илму зиндагӣ ва эҳтироми ҳамешагии ҳамкорону шогирдонро орзу дорем. Бигзор ҳар субҳ бо табассум оғоз ёбад ва ҳар шом бо қаноатмандӣ анҷом ёбад.
    Бо самимияти хоса ва эҳтироми беандоза, мо — ҳайати кормандони институт, ба Шумо зодрӯзатонро муборакбод гуфта, барои тамоми заҳматҳо, дастгириҳо ва роҳнамоии хирадмандонаатон изҳори сипос мекунем.
 Зодрӯз муборак, Замира Искандаршоева!
Бо арзи эҳтиром — кормандони Институти
илмҳои гуманитарии ба номи академик
Баҳодур Искандарови АМИТ
Муфассал ...

ДИФОЪИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ ШАКАРМАМАДОВ ОРИФ НИСОРМАМАДОВИЧ

     Раёсат ва ҳайати кормандони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо эҳтиром ва самимияти хоса Шакармамадов Ориф Нисормамадовичро ба муносибати бо муваффақият дифоъ намудани рисолаи номзадиаш таҳти унвони «Вижагиҳои жанри ривоят ва тафовути он аз дигар жанрҳои насри шифоњӣ» самимона табрику таҳният менамоянд.
     Рисолаи илмии Шакармамадов Ориф Нисормамадович тадқиқоти арзишманд ва амиқи назариявӣ-амалӣ буда, дар асоси омӯзиш ва таҳлили маводи фаровони фолклорӣ ва адабӣ ва ҳамчунин дар асоси таҷрибаҳои эмпирикӣ анҷом дода шудааст. Ҳайати кормандони Институт боварии комил доранд, ки ин рисолаи илмӣ саҳми намоёнеро дар рушди фолклоршиносӣ ва адабиётшиносии миллӣ мегузорад ва ба ҳайси дастоварди муҳимми илмии муаллиф эътироф хоҳад гашт.
    Бо дифои рисолаи мазкур, Шакармамадов Ориф Нисормамадович на танҳо сатҳи баланди донишу маҳорати илмии худро исбот намуд, балки ҳамчун вориси арзандаи падари бузургвораш Шакармамадов Нисормамад, олими барҷаста ва профессори маъруфи соҳаи фолклоршиносии тоҷик низ шинохта шуд. Шакармамадов Нисормамад бо тадқиқотҳои илмии худ дар омӯзиши фолклори Бадахшон, ҷамъоварӣ ва таҳлили маводи бойи фолклорӣ ва интишори як қатор китобу монографияҳои муҳим дар пешрафти илми тоҷик саҳми бузург гузоштаанд.
     Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ, ки Шакармамадов Ориф дар шуъбаи фолклор ва адабиёти он фаъолият менамояд, ба қобилияти илмию таҳқиқотии ӯ итминони комил дошта, умедвор аст, ки ӯ дар оянда низ мисли падари маъруфаш дар пешрафт ва рушди илми адабиётшиносӣ ва фолклоршиносии тоҷик саҳми назаррас хоҳад гузошт.
    Ҳайати кормандони Институт бо самимияти комил бори дигар Шакармамадов Ориф Нисормамадовичро бо ин рӯйдоди фархундаи илмӣ табрик намуда, ба ӯ дар роҳи фатҳи қуллаҳои баландтарини илмӣ ва тарбияи насли ҷавони пажуҳишгар муваффақиятҳои рўзафзунро таманно менамоянд. Ба ӯ саломатӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои бештари эҷодию илмиро орзу дорем.
 
Ҳайати кормандони
Институти илмҳои гуманитарии
ба номи Б. Искандарови АМИТ
Муфассал ...

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲАФТАИ ИЛМ – ФАЗОИ МУКОЛАМА ВА ҲАМКОРИИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ»

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ҲАФТАИ ИЛМ – ФАЗОИ МУКОЛАМА ВА ҲАМКОРИИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ»
 
9 апрели соли 2025И
нститути илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
 
    Дар фазои гарми ҳамкорӣ ва муҳити илмии таҳқиқотӣ, санаи 9-уми апрели соли 2025, дар толори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров, конференсияи муштараки илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкур бахшида ба Ҳафтаи илм баргузор гардиа, ду маркази илмии бонуфуз — Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандаров ва Институти биологии Помир ба номи академик Х. Юсуфбеков — дар он ширкат варзиданд.
    Ҳадафи асосии ин чорабинӣ — таҳкими робитаҳои байниинститутӣ, боло бурдани сатҳи ҳамкориҳои байнисоҳавӣ ва пайгирии таҳқиқоти илмии дар заминаи рушди устувор муҳим ба ҳисоб меравад. Ин конференсия ба як майдони муколамаи озод ва созанда миёни олимон, таҳқиқотчиён ва мутахассисони соҳа мубаддал гардид.
     Қисмати расмӣ бо сухани ифтитоҳии директори Институти илмҳои гуманитарӣ,
доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар оғоз гардида нақши илму дониш дар таҳкими заминаҳои иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии кишвар ишора гардида, зарурати рушду тавсеаи равандҳои илмиро таъкид намуданд.
     Ҳамзамон, маърузаҳои ҷолиб ва муҳими илмӣ дар самтҳои гуногун пешниҳод гардиданд, аз ҷумла:
1.  Абдулназаров А. Ғ., доктори илмҳои биологӣ — «Тағйирёбии глобалии иқлим ва таъсири он ба фауна ва экологияи Тоҷикистони ҷанубу шарқӣ»
(таҳқиқоти замонавӣ дар самти ҳифзи муҳити зист)
2.  Карамова И., ходими илмии ИИГ —
«Вклад О. Бокиева в изучении истории Памира»
(омӯзиши мероси таърихӣ ва шахсиятҳои илмӣ)
3.  Абдулназаров А., докторанти PhD —
«Рыбы водоёмов Памира: проблемы и перспективы их изучения»
(эҳёи манбаъҳои обӣ ва экосистемаҳои кӯҳӣ)
4.  Сабоиева Ҷ., ходими илмии ИИГ —
«Актуальность научных исследований в цифровой экономике» (интегратсияи илм ба равандҳои рақамии иқтисод)
5.  Бекназарова Х., номзади илмҳои биологӣ —
«Памирский ботанический сад как центр сохранения биоразнообразия» (нақши муҳими маконҳои табиӣ дар таъмини устувории экологӣ)
 
     Формати муосири баргузорӣ, ки дар он иштирокчиён ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам тариқи онлайн бо истифода аз системаи маҷозии Академияи миллии илмҳо ширкат намуданд, имконияти фарохеро барои мубодилаи афкор, пешниҳодҳо ва ҳамкориҳои оянда фароҳам овард.
     Мавзӯъҳои муҳокимашаванда васеъ, амиқ ва мубрами ҳаёти имрӯза шумурда шуда саволҳои иштирокчиён пас аз ҳар маъруза нишон доданд, ки мавзӯъҳо на танҳо мавриди таваҷҷуҳи олимон, балки ба ҷомеа низ муҳиму пурарзишанд.
     Дар анҷоми конференсия ба як гурӯҳ муҳаққиқон ва кормандони фаъоли ҳарду муассиса — ифтихорномаҳо супорида шуданд.
Ин иқдом ба қадрдонии заҳмати олимону кормандон тақвияти ҳавасмандӣ дар самти илм хидмат мекунад.
     Баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо саҳнае барои ироаи таҳқиқот, балки заминаи воқеии ташаккули ҷомеаи илмии муосир аст.
Он ҳамчунин намунаи равшани ҳамкории муваффақ миёни бахшҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ буда, метавонад дар оянда низ ба як анъанаи илмии сатҳи миллӣ мубаддал гардад.
Муфассал ...