Институт
- Душанбе, 03 Ноябр 2025
Шакармамадов Ориф
Имрўз дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як рўйдоди фараҳбахш ба вуқуъ пайваст, ки табъи тамоми кормандонро болида гардонд. Он руйдод тибқи фармони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 398 аз 31.10.2025 соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ гардидани ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшон Шакармамадов Ориф Нисормамдович мебошад. Ин муждаи нек чун офтоби субҳ ба рўзи мавлуди Шакармамадов Ориф рост омад ва чун туҳфаи бебаҳо, пур аз шодию умед, барояш дар ин рўзи фархунда арзёбӣ гардид.
Шакармамадов Ориф таҳти роҳбарии доктори илмҳои филология Охонниёзов Варқа Дустович рисолаи илмиро дар мавзуи «Вижагиҳои жанри ривоят ва тафовути он аз дигар жанрҳои насри шифоҳӣ» дар Шӯрои диссертатсионии назди Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рўдакӣ бо муваффақият ҳимоя намуд. Ориф Нисормамадович бори дигар хотирнишон намуданд, ки вориси фолклоршиноси барҷаста, шахсияти барўманди кишвар профессор Нисормамад Шакармамадов ҳастанд ва минбаъд давомдиҳандаи корҳои тадқиқотии нотамоми падарашон ҳастанд. Ҳайати кормандони ИИГ ба номи академик Б.Искандаров Шакармамадов Орифро бо ин дастоварди бузург ва рўзи мавлудашон табрик гуфта, барояш муваффақият ва фатҳи қуллаҳои илмиро таманно доранд. Умедворем, ки ин ибтидои роҳи тозаи кашфиётҳои илмӣ бошад!
Муфассал ...
- Сешанбе, 28 Октябр 2025
Устод Ниёзбеков Давлат
Бо эҳсоси самимӣ ва арҷгузории хос Устод Ниёзбеков Давлат, номзади илми фалсафа, мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ-ро ба рӯзи фархундаи мавлуд табрик менамоем.
Дар симои Шумо илму андеша бо муҳаббат ба Ватан ва хидмат ба фарҳанги тоҷик пайванд ёфтааст. Шумо ба унвони муҳаққиқи дилсӯз ва андешаманди равшанбин бо таҳқиқоти худ дар соҳаҳои таъриху фалсафаи тоҷик, бо эҳёи маънавияти миллӣ ва ифшои решаҳои ҳикмати шарқӣ саҳми арзанда гузоштаед.
Хоҳонем, ки офтоби илҳоми эҷодӣ бар қалами Шумо ҳамеша тобон монад, рӯзгори Шумо пур аз баракат, саодат ва комёбиҳои илмӣ бошад. Бигзор дар ҳар пажӯҳиши нав партави ҳақиқат ва садои хирад дарёфт гардад, то номатон чун пайванди илму ахлоқ дар дафтари таърих боқӣ монад.
Бо эҳтироми амиқ ва дуои нек,
Ҳамкорон ва дӯстдорони илму маърифат
Муфассал ...
- Сешанбе, 21 Октябр 2025
СЕМИНАРИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ “АЗ ИДЕЯ ТО НАТИҶА: РОҲНАМО БА НАВИШТАНИ КОРИ ИЛМИИ БОСИФАТ” ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД
СЕМИНАРИ ИЛМӢ ТАҲТИ УНВОНИ “АЗ ИДЕЯ ТО НАТИҶА: РОҲНАМО БА НАВИШТАНИ КОРИ ИЛМИИ БОСИФАТ” ДАР ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК Б. ИСКАНДАРОВИ АМИТ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имрӯз семинари илмӣ таҳти унвони «Аз идея то натиҷа: роҳнамо ба навиштани кори илмии босифат» баргузор гардид. Ҳадафи семинар баланд бардоштани савияи таҳқиқотии магистрону докторантон, рушди фарҳанги илмнигорӣ ва ташаккули малакаи таҳияи корҳои илмӣ тибқи меъёрҳои академӣ мебошад.
Семинарро номзади илмҳои филологӣ, муовини директори Институт Некушоева Шаҳло С. гузаронид. Дар ҷараёни барномаи илмӣ мавзуъҳои муҳими марбут ба принсипҳои илмнигорӣ, сохтор ва мантиқии кори илмӣ, тарзи дурусти таҳияи гипотеза, интихоб ва татбиқи усулҳои таҳқиқотӣ, инчунин масъалаҳои услубшиносӣ ва қоидаҳои таҳрири матни илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Некушоева Ш.С. таъкид намуд, ки кори илмӣ танҳо як санади расмӣ барои ҳимоя ё гирифтани дараҷа нест, балки шакли муоширати илмӣ ва воситаи саҳмгузорӣ дар рушди андешаи илмӣ ба шумор меравад. Ӯ инчунин ба таври муфассал дар бораи марҳилаҳои асосии таҳияи кори илмӣ, яъне аз интихоби мавзӯи тадқиқотӣ, то навиштани хулосаву тавсияҳо изҳори назар намуд ва ба иштирокчиён намунаҳои амалӣ пешниҳод кард.
Дар рафти семинар магистрону докторантон баҳсҳои ҷолибу пурмазмун анҷом дода, таҷрибаи шахсии худро дар робита ба мушкилоти мавҷуда ҳангоми таҳияи корҳои илмӣ баён намуданд. Онҳо ҳамчунин роҳҳои такмили малакаи таҳқиқотӣ, усули дурусти истинод ба манбаъҳо, усули муқоисавӣ ва таҳлили мундариҷаи илмиро муҳокима карданд.
Дар анҷоми семинар байни иштирокчиён муҳити озоди илмиву эҷодӣ ба вуҷуд омад, ки дар он ҳар як муҳаққиқ тавонист андешаи шахсии худро дар бораи нақши таҳқиқоти босифат дар рушди илму фарҳанг баён намояд.
Бо суханони ҷамъбастӣ Некушоева Шаҳло С. ба зарурати таҳкими савияи илмии ҷавонон, риояи ахлоқи илмӣ ва масъулияти шахсӣ дар раванди эҷодиёти илмӣ таъкид карда, чунин чорабиниҳоро яке аз самтҳои муҳим дар фаъолияти таълимӣ ва тадқиқотии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров арзёбӣ намуд.
Муфассал ...