Институт
- Чоршанбе, 05 Ноябр 2025
Конституция – код нации
Ардабаева М. Ш. – научный сотрудник отдела
истории, археологии и этнографии ИГН НАНТ
Конституция – код нации
«Мы, народ Таджикистана, осознавая
ответственность перед прошлым, настоящим
и будущим… принимаем настоящую Конституцию»
Эти слова Преамбулы Конституции Таджикистана открывают не просто правовой документ — в них звучит нравственный завет народа, обращённый к собственной памяти и будущим поколениям. Эти строки наполнены внутренней верой в преемственность и меру ответственности перед историей. Конституция становится пространством, где государственное право соединяется с культурным смыслом, а язык закона приобретает этическое звучание.
На протяжении тридцати одного года Конституция Республики Таджикистан выполняет миссию, выходящую далеко за рамки юридического регулирования. Она превратилась в духовный ориентир эпохи, объединив нормы современности с традицией и став символом национального согласия, правовой зрелости и культурного возрождения. В ней зафиксированы не только основы государственного строя и система прав граждан, но и глубинный код нации — традиции, мораль, память, связывающие поколения.
В тексте Конституции ясно ощущается дыхание преемственности: статьи о языке, культуре, религии и образовании утверждают мысль о неразделимости правового и духовного развития. Основной закон становится хранителем не только норм, но и смыслов — тех внутренних связей, через которые раскрывается образ таджикской государственности, её нравственная целостность и общественное согласие.
Особенность таджикской конституционной модели состоит в способности соединять универсальные демократические принципы с национальными духовными основами. Уважение к старшим, коллективное начало, традиция совета — машварат, и понятие справедливости — адолат, образуют живой синтез традиции и современности.
Демократические институты придают праву гибкость и открытость миру, а культурные ценности наполняют его нравственной устойчивостью. Конституция становится инструментом согласования ценностей, в котором традиция и демократия не противостоят, а дополняют друг друга, создавая общее пространство права и культуры.
Как символ единства, Конституция объединяет граждан всех регионов и общин, формируя основу гражданской идентичности, основанной на равенстве перед законом и взаимном уважении. Формула Преамбулы — «Мы, народ Таджикистана, осознавая ответственность перед прошлым, настоящим и будущим…» — выражает не только политическую волю, но и духовное самосознание народа [1, 1]. Таким образом, Конституция выступает не просто гарантом власти, но и выразителем национальных ценностей. Она превращается в «текст идентичности» [2, 57], особенно значимый для общества, прошедшего через испытание конфликтом и стремящегося к внутреннему единению. Её положения направлены не только на политическую регуляцию, но и на утверждение нравственного согласия, где национальная гордость, уважение к государственности и память о предках становятся стержнем общественной стабильности.
Если рассматривать Конституцию сквозь призму культуры, она предстаёт как правовой язык духовного опыта народа. Здесь юридическая норма не оторвана от морального содержания — она становится выражением коллективного сознания и исторической ответственности. Статья 1 определяет Таджикистан как «суверенное, демократическое, правовое, светское и социальное государство», а статьи 8, 44 и 47 закрепляют обязанность государства охранять исторические, культурные и духовные ценности [1, ст. 1, 8, 44, 47]. Эти положения образуют ядро таджикского конституционализма, «созданного не путём заимствования, а как синтез правовых принципов и духовных традиций Востока» [4, 41]. Конституция выступает мостом между законом и культурой, обеспечивая преемственность духовных основ в процессе модернизации. Она хранит корни и даёт возможность расти новым ветвям правосознания — в этом её сущностная ценность как символа правовой и нравственной зрелости государства.
Как знаковый текст культуры, Конституция Таджикистана выражает мировоззрение народа, вбирая в себя категории чести, справедливости, долга и служения. Её смысловое поле соотносится с концепцией культурного конституционализма - научного направления, рассматривающего Конституцию как культурный текст, в котором закон становится формой выражения коллективных ценностей и исторической памяти. Термин введён немецким правоведом П. Хэберле, определявшим Конституцию как «ценностное зеркало общества» [см.: 5].
В этом измерении Конституция утверждает не только нормы поведения, но и воспроизводит архетипы таджикской духовности: уважение к старшим, стремление к миру, почитание знания, трудолюбие и милосердие. Через этот синтез юридическая форма наполняется символическим содержанием, превращаясь в нравственно-культурный код народа.
Следовательно, Конституция Республики Таджикистан выполняет тройную миссию — правовую, ценностную и интегративную. Она закрепляет основы государственности, сохраняет духовные ориентиры и объединяет общество вокруг идеи общенациональной идентичности.
Балансируя между традицией и современностью, Конституция предстаёт как живое отражение национальной памяти, где линии права, истории и культуры сплетаются в цельную ткань таджикской цивилизации. Она не ограничивается функцией регулирования, а утверждает внутренний ритм народа, его устойчивость к времени, верность корням и духовную зрелость.
Так закон превращается в форму культуры, право - в голос совести, а государство - в продолжение духовной биографии нации.
Именно в этом единстве разума и веры, традиции и обновления раскрывается подлинная сила Конституции - быть не просто сводом норм, а нравственным стержнем, вокруг которого выстраивается жизнь таджикского общества.
Литература:
- Конституция Республики Таджикистан. — Душанбе: Матбуот, 2016. — 36 с.
- Рахимзода, Р.А. Конституционный путь развития таджикского государства / Р.А. Рахимзода. - Душанбе: Ирфон, 2019. — 142 с.
- Рахимзода Ш. Конституционные основы государственного строительства в Таджикистане / Ш. Рахимзода. - Душанбе: Дониш, 2015. — 118 с.
- Мирбобоев, А. Гражданское общество и национальные ценности в Таджикистане / А. Мирбобоев. - Душанбе: Ирфон, 2020. — 96 с.
- Häberle, P. Verfassungslehre als Kulturwissenschaft / P. Hä - Berlin: Duncker & Humblot, 1982.
Муфассал ...
- Сешанбе, 04 Ноябр 2025
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛЛӢ ДАР ШАҲРАКӢ АКАДЕМИИ ШАҲРИ ХОРУҒ
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛЛӢ ДАР ШАҲРАКӢ АКАДЕМИИ ШАҲРИ ХОРУҒ
Имрӯз дар толори яке аз Институтҳои илмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи ду институти илмии бонуфуз – Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови Аакадемияи миллии илҳмои Тоҷикистон ва Институти биологии Помири ба номи академик Х. Юсуфбекови Акадекмияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишмандон, устодон ва донишҷӯёни ҳар ду муассиса баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳӣ ва табрикотиро директорони ин ду муассиса - доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ва доктори илмҳои биологӣ Абдулназарзода Абудлназар Ғоибназар пешниҳод намуда, аҳли нишастро бо ин рӯзи тақдирсоз барои миллати тоҷик табрику таҳният карданд.
Дар суханронии худ директори Институти илмҳои гуманитарӣ таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба мазмуни моддаи якуми Конститутсияи кишвар ҷалб карда, таъкид намуд, ки дар он сифатҳои волои давлатдории миллӣ ба таври равшан муқаррар гардидаанд: Тоҷикистон давлатест демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва воҳид, дорои сиёсате иҷтимоӣ. Ҳар яке аз ин мафҳумҳои сиёсӣ бо шарҳу тавзеҳҳои мушаххас – аз маънои демократия ва волоияти қонун то дунявият, воҳидият ва якпорчагии давлат – баррасӣ гардида, нақши он дар пойдорӣ ва пешрафти ҷомеа нишон дода шуд.
Зимни баромади худ директори Институти биологии Помир таъкид бар он карданд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози сохтор, муҳтаво ва рӯҳияи ҳуқуқбунёдӣ дар қатори 5 конститутсияи беҳтарини дунё ҷой дошта, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, соҳибистиқлолӣ ва рушди устувори Тоҷикистон заминаи мустаҳкам гузошта истодааст.
Қисмати илмии конфронс бо маърузаҳои муфассал идома ёфт. Доктори илмҳои биологӣ, академик Фелалиев Акрамшо дар мавзӯи «Таърихи қабул ва ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия» баромад карда, марҳилаҳои ташаккул, принсипҳои ислоҳ ва таҷрибаи эҳтироми волоияти Конститутсияро дар низоми ҳуқуқии кишвар таҳлил намуд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ дар мавзӯи «Истифодаи мутародифоти вожаи “конститутсия” дар ВАО» сухан ронда, муносибати забоншиносӣ ва услубшиносиро нисбат ба истилоҳоти ҳуқуқӣ, дурустии мафҳум ва масъулияти саводнокии иттилоърасонӣ дар муҳити расонавӣ баррасӣ кард.
Фазои Конференсия пурра илмӣ ва фаъол буд: саволу ҷавобҳо бо далелу истидлолҳои муътамад, мисолҳои амалӣ ва мулоҳизаҳои таҳлилӣ анҷом ёфтанд. Иштирокчиён якдилона бар он ишора карданд, ки волоияти Конститутсия ва қонун шарти ҳалкунандаи амнияти ҳуқуқӣ, суботи сиёсӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар аст; эҳтиром ба меъёрҳои асосии он масъулияти ҳар як шаҳрванди худогоҳ ба шумор меравад.
Дар ҷамъбаст таъкид гардид, ки чунин нишастҳои муштараки муассисаҳои илмӣ на танҳо ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва боло бурдани сатҳи маърифати конститутсионии ҷомеа мусоидат мекунанд, балки ҳамчун минбари муҳими мубодилаи афкор, тақвияти ҳамкорӣ ва густариши иртиботи илму амал хидмат менамоянд. Волоҳияти Конститутсия – рукни асосии давлатдории муосир – бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа бошад ва дар тамоми самтҳои ҳаёт амалӣ гардад.
Муфассал ...
- Сешанбе, 04 Ноябр 2025
БОЗТОБИ ИСТИЛОҲИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РАСОНАҲО (дар мисоли рӯзномаи “Бадахшон”)
Назрӣ Офаридаев - сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
БОЗТОБИ ИСТИЛОҲИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РАСОНАҲО
(дар мисоли рӯзномаи “Бадахшон”)
Лексикаи ҷамъиятӣ – сиёсӣ яке аз қабатҳои муҳимми таркиби луғавии ҳар як забон ба шумор рафта, дар забоншиносӣ мавриди омӯзиши мукаммал қарор гирифтааст. Нахустин бор масъалаи мазкур дар осори забоншиноси маъруф И.А. Бодуен де Куртене матраҳ гардида буд[4]. Аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта шуруъ карда, оид ба масъалаи мазкур асару мақолаҳои зиёде таҳия гардидаанд. Дар бораи муайян намудани мафҳуми лексикаи сиёсӣ- иҷтимоӣ ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд [3;6;7].
Ба ақидаи иддае аз олимон ин қишри луғат аз номҳо, падидаҳо ва мафҳумҳо иборат аст, ки ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсиро дар бар гирифтааст. Иддае аз забоншиносон истилоҳот ва лексикаи иҷтимоӣ – сиёсиро аз ҳамдигар ҷудо менамоянд. Лексикаи иҷтимоӣ –сиёсӣ аз истилоҳот, професионализмҳо, вожаҳои умумии адабӣ, ифодаҳои умумиистеъмоли адабӣ, номи воҳидҳои номенклатурӣ ва исмҳои хос иборат аст. Ин қабати махсуси лексика дар матнҳои сиёсӣ ба кор бурда мешавад, ки аз лексикаи умумиистеъмолӣ ва истилоҳот иборат мебошад [2;8].
Лексикаи ҷамъиятӣ – сиёсӣ пайваста дар ҳоли тағйироту дигаргунӣ аст, ки аз ҳисоби истилоҳоти нав пурра гардида, падидаҳои нави сиёсӣ ва иҷтимоиро инъикос мекунад. Қабатҳои асосии лексикаи ҷамъиятӣ - сиёсӣ мафҳумҳои байналмилалӣ ва дохилиро инъикос мекунанд ва вобаста ба шароити таҳаввулоти гуногун ба дигаргунӣ дучор мешаванд, ки ба вазъи дохилӣ ва байналмилалӣ вобаста мебошанд.
Таҳқиқи забони сиёсат имконият медиҳад, ки на танҳо ба ин ё он воқеияти сиёсӣ баҳо диҳем, балки ба равандҳои калимасозӣ, роҳҳои инкишоф ва ғанӣ гардидани лексикаи забони тоҷикӣ дар шароити имрӯза равшанӣ андозем.
Лексикаи ҷамъиятӣ – сиёсӣ як бахши зудтағйирёбандаи луғат мебошад, ки пайваста дар тағйироту таҳаввулот мебошад. Дигаргунии лексикаи иҷтимоӣ – сиёсӣ омузиши доимиро талаб мекунад, ки барои равшан намудани масъалаҳои лексикология, фразеология, муайян намудани қолабҳои серистеъмоли калимасозӣ ва роҳҳои ғанӣ гардондани таркиби луғавии забон аҳамияти калон дорад.
Таҳқиқи суханрониҳои ходимони сиёсӣ барои омӯзиши услубшиносӣ, муносибати забони адабӣ ва гуфтугӯйї маводи фаровон медиҳад.
Ҳудуди лексикаи иҷтимоӣ – сиёсӣ бо дарназардошти робитаи қавии сиёсат бо падидаҳои ҷамъиятӣ васеъ аст. Маҳаки асосии лексикаи иҷтимоӣ-сиёсӣ мафҳумҳои “ҳокимият”, “сиёсат”, идеология” буда, истилоҳоти хоси сиёсӣ, лексикаи дипломатӣ, сиёсати дохилӣ, хориҷӣ ва мафҳумҳои байналмилалиро дар бар мегирад.
Дар рушди лексикаи иҷтимоӣ – сиёсӣ омилҳои луғавӣ – семантикӣ, хронологӣ, зудтағйирёбӣ нақши муҳим доранд. Омили аввал ба он вобаста аст, ки тавассути воҳиди мушаххаси луғавӣ падидаи нави иҷтимоӣ аниқу дақиқ ифода ёбад. Пайдоиши наввожаҳо аз рӯи замони пайдоиши бонизоми муайян сурат мегирад ва баъдтар ба истилоҳи ҷамъиятӣ ва сиёсӣ табдил меёбад.
Таҳқиқи забони сиёсат на танҳо барои зарурати аниқу дақиқ номгузорӣ намудани ин ё он воқеияти сиёсӣ муҳим аст, балки барои омӯзиши равандҳои калимасозӣ ва роҳҳои пурра гардидани лексикаи забони тоҷикӣ муҳим аст.
Истилоҳоти ҷамъиятӣ - сиёсӣ аз ҷумлаи муҳимтарин воситаҳои луғавии забони Воситаҳои Ахбори Омма ба шумор мераванд. Дар ВАО ахбору иттилооти гуногуни ҷамъиятӣ-сиёсӣ дарҷ мегардад ва корбурди истилоҳоти соҳаи мазкур табиист, ки хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Маълум аст, ки матбуот ва дигар навъи сиёсӣ ва иҷтимоиро инъикос мекунад. Воситаҳои ахбор василаи таблиғ мебошанд ва дар матнҳои публитсистӣ истилоҳоти ҷамъиятӣ корбурди васеъ доранд. Ба мақсади худдорӣ аз такрори як воҳиди луғавӣ барои корбурди истилоҳоти расмӣ дар забон муродифҳо пайдо шуда, ба кор бурда мешаванд. Аз тарафи дигар, ба мақсади таъсирбахш сохтани матни публитсистӣ муродифҳои дигари оммафаҳм ва мутобиқ ба фаҳми когнативии миллӣ офарида мешаванд. Вожаю истилоҳоти иқтибосии байналмилалӣ ба талаффузи тоҷикӣ мутобиқ мешаванд ва инчунин муодили тоҷикии худро низ метавонанд дошта бошанд. Масалан: Парлумон – Маҷлиси Олї ва ғ.
Яке аз чунин истилоҳот, ки дар матнҳои публитсистӣ корбурди васеъ дорад, Конститутсия мебошад. Ин мафҳум дорои муродифҳои зиёд гардидааст. Дар асноди расмӣ мафҳуми Конститутсия ба истеъмоли ҷорӣ дохил шудааст.
Вожаи конститутсия маънои (лот. Constitutio – муқаррарнамоӣ, таъсиснамоӣ, ташкилот) – санади олии ҳуқуқӣ, Сарқонун, ифодакунандаи ирода ва манфиати тамоми халқ ё табақаи ҷудогонаи иҷтимоии (гурӯҳи) ҷомеа ва аз рӯи манфиати онҳо заминаҳои муҳими сохти ҷамъиятӣ ва ташкили давлатии мамлакати дахлдорро мустаҳкамкунандаро ифода мекунад. Дар баъзе мамлакатҳо Конститутсияро “Қонуни асосӣ” (Основной Закон), “Дастур” ва ғайра ном мегиранд. Конститутсияҳои давраи шӯравӣ дар ИҶШС “Конститутсия (Основной Закон) СССР” ва дар Тоҷикистон “Конститутсия (Қонуни асосӣ) ҶШС Тоҷикистон” номида мешуданд. Ҳоло Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон” ном дорад [11].
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйпурсии умумї қабул гардида, 26 сентябр соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба он тағйироту иловаҳо дохил гардидаанд. Аз соли 1994 то соли 2016 Конститутсияро ба забони тоҷикӣ Сарқонун меномиданд.
- Дар забони матбуот, аз ҷумла рӯзномаи “Бадахшон” калимаи конститутсия корбурди васеъ дорад. Вожаи мазкур ба тариқи ҷудогона ба кор рафтаанд , инчунин бо ҷузъи Конститутсия бештар ибораҳои изофии дуҷузъа, се ҷузъа ва чорҷузъа сохта шудаанд.
Конститутсия - қонуни асосӣ, сарқонун (ё маҷмуи қонунҳои моҳиятан муҳим)-и давлат аст, ки нерӯи волои ҳуқуқиро доро буда, низоми сиёсӣ ва иқтисодии онро танзим намуда, принсипҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, маъмурӣ, суд, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро муқаррар менамояд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Конститутсия – кафили таъмини озодии виҷдон ва ваҳдати миллӣ. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Конститутсия Тоҷикистонро чун давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона таъмин карда мешавад. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Сарқонун: Сарқонун (ё маҷмуи қонунҳои моҳиятан муҳим)-и давлат аст, ки нерӯи волои ҳуқуқиро доро буда, низоми сиёсӣ ва иқтисодии онро танзим намуда, принсипҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, маъмурӣ, суд, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро муқаррар менамояд [11].
Бо Рӯзи Конститутсияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Имсол мардуми сарбаланди тоҷик 29- солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тинҷиву амонӣ ва осудагӣ таҷлил менамояд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат аст. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Конститутсияи замони соҳибистиқлолӣ аз конститутсияи дигар, ки дар замони Шӯравӣ қабул гардида буданд, он бо муҳтавою моҳияти худ фарқ дошта, он дар асоси манфиятҳои миллӣ, меъёрҳои байналмиллалӣ, ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, ҳуқуқи моликият, ҳақи бунёди оила ва муқаррар менамояд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Конститутсияи давлати тоҷикистониён: Бо боварии том метавон гуфт, ки дар заминаи пойдевори устувор, сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, меҳнати аҳлонаи мардуми кишвар ва меъёрҳои кишвар ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи давлатии тоҷикистониён имконияти кофии дифоъ аз сарзамини худ, дастовардҳои халқу миллатро доранд ва дар ростои рушду равнақ минбаъд низ муваффақиятҳои беназирро соҳиб хоҳанд шуд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Қабули Конститутсияи нав дар баробари навтарин дигаргуниҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ саҳифаи нави таърихи мамлакатро боз намуд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Муродифҳои истилоҳи Конститутсия :
- Муродифҳое, ки дар шакли ибора бо ҷузъи вожаи қонун шакл гирифтаанд:
Қонуни асосӣ – иборае, ки асосан аз рӯи мазмун бо мафҳумҳои “Конститутсия” ва “Сарқонун” як буда, дар мамлакатҳое, ки чун санади ягона вуҷуд дорад, меъёрҳои он қувваи олии ҳуқуқӣ дорад. Дар баъзе мамлакатҳо ба монанди ҶФО, ҶИИ ба ҷои ибораҳои Конститутсия ва Сарқонун бакор бурда мешавад. Масалан, дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Қонуни Асосии соли 1949 бо тағйироту иловаҳо амал мекунад. Дар баъзе мамлакатҳо ҳам ибораи Конститутсия ва Қонуни Асоси якҷоя истифода карда мешаванд[11].
Қонуни асосӣ: Конститутсия қонуни асосӣ, сарқонун (ё маҷмуи қонунҳои моҳиятан муҳим)-и давлат аст, ки нерӯи волои ҳуқуқиро доро буда, низоми сиёсӣ ва иқтисодии онро танзим намуда, принсипҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, маъмурӣ, суд, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро муқаррар менамояд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Қонуни асосии Тоҷикистон: муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сафарзода Шарифхон аз номи муовини Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ табрик намуда изҳор дошт, ки бисту нуҳ сол муқаддам лоиҳаи Қонуни асосии Тоҷикистон соҳибистиқлол таҳти раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тарафдории гурўҳи соҳибэътибор, ки дар ҳайати он донишмандони соҳаҳои гуногуни илму маърифат, коршиносону фаъолони ҷомеа низ буданд, таҳияву комил гардид... (Рӯзномаи “Бадахшон”, № 46, 8.11.2023).
Қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеа: Бисту нуҳ соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон собит сохт, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳонҳои ҷиддии ҳаёт гузашт ва дурустии мақсаду вазифа ва арзишҳое, ки конститутсия бо онҳо асос ёфтааст, исбот гардид. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Қонуни асосии мамлакат: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷумҳурии президентиро чун шакли давлатдорӣ асос ниҳода, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сифати роҳбарии давлат ва Раиси Ҳукумат эълом дошт ва ӯро ҳамчун ҳомии Қонуни асосии мамлакат, қонуни кишвар, кафили озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ, тамомияти арзӣ эътироф кард. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Қонуни асосии кишвар: Боз як солгарди қабули қонуни асосии кишварро дар фазои сулҳу оромӣ, бунёдкорию созандагӣ, болоравии ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии ҳамватанонамон истиқбол менамоем. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Қонуни олии кишвар: Дар матни қонуни олии кишвар хусусияти асосии ҷумҳурии президентї, аз қабили таъмини ҳамкории босуботи миёни ҳокимияти иҷроия ва қонунгузорӣ, сохтору рукнҳои асосии давлат, тақсимшаванда будани қаламрави мамлакат, давлати воҳиду ягона будани Тоҷикистон инъикос ёфтаанд ва мавқеи сазовор пайдо карданд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Маҷмуи қонунҳои моҳиятан муҳим: Конститутсия - қонуни асосӣ, сарқонун (ё маҷмуи қонунҳои моҳиятан муҳим)-и давлат аст, ки нерӯи волои ҳуқуқиро доро буда, низоми сиёсӣ ва иқтисодии онро танзим намуда, принсипҳои ташкилӣ ва фаъолияти мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ, маъмурӣ, суд, ҳуқуқҳои асосӣ, озодӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро муқаррар менамояд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023)
Қонуни сарнавиштсози давлат: Сарлавҳаи мақолаи Вафодорова Азизмо, директори МТМУ №25-и ноҳияи Шуғнон. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон: Калимаи Сарқонун дар соҳаи ҳуқуқи конститутсионӣ нав буда, маънои Конститутсияро дорад. Ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) калимаи Сарқонун ҳамчун ивазкунандаи калимаи Конститутсия ва муродифи он дар матни тоҷикӣ истифода карда шудааст[11].
Рӯйдоди бузурги тақдирсоз: Он (Конститутсия) ҳамчун рӯйдоди бузурги тақдирсоз барои гузариш ба марҳилаи нави рушди ҷомеаи кишвар ҳамчун раҳнамо хизмат намуд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
- Муродифҳое, ки бо вожаи санад дар шакли ибораҳои дуҷузъа, сеҷузъа ва чорҷузъа сохта шудаанд:
Муҳимтарин ва асостарин санади давлатӣ: ...таҷлили солгарди Конститутсия - муҳимтарин ва асостарин санади давлатӣ аҳмияти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ дорад. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади муҳими давлатдорӣ: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати арҷгузорӣ ба ин Санади муҳими давлатдорӣ қайд намуд, ки “Конститутсия пеш аз ҳама ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии табдил ёфт...” (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санадҳои беҳтарини ҷаҳонӣ: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ва ҷанбаи демократӣ яке аз санадҳои беҳтарини ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар он диққати махсус дода шудааст. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади бунёдиву созанда: Конститутсия ҳамчун санади бунёдиву созандае гардид, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад ва аз онҳо баҳравард мешавад. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади танзимгарои ҳаёти ҷомеа: ... мо бояд эҳтиромнамудани ин Санади танзимгарои ҳаёти ҷомеаро омӯзем, аз имкониятҳои он ҳар чи бештар истифода барем ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ шавем, ки риояи ҳатмии он барои шаҳрванди мамлакат ҳам фарзу ҳам суннат гардид. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади олӣ: Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 29 сол муқаддам нахустин Коститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлолро қабул намуд ва тавассути ин санади олӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ собит сохт... (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади муҳими тақдирсоз: Конститутсияи санади муҳими тақдирсоз дар ҳаёти шаҳрванди ҳар давлат буда, муносибатҳои ҳуқуқии байни шаҳрванд, сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро танзим мекунад. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади сарнавиштсоз: 29 сол муқаддам, 6 ноябри соли 1994 дар Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсоз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид... (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади сарнавиштсоз: Қабули ин санади сарнавиштсоз барои Тоҷикистон аҳамияти муайянкунандаи таърихї дорад. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади сарнавиштсоз: Аҳмияти муҳими таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади сарнавиштсоз: Ин санади сарнавиштсоз имкон фароҳам овард, ки дар таҳкими минбаъдаи давтовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузошта шаванд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади сарнавиштсози кишвари соҳибистиқлоламон: Тамоми мардуми шарифи Бадахшон ва дар симои онҳо кулли ҳамватанони азизро бо ифтихори ҷашни Санади сарнавиштсози кишвари соҳибистиқлоламон - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта... (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади таърихиву сиёсӣ: Бо қабули ин санади таърихиву сиёсӣ бори дигар ба ҷараёниён собит намудем, ки миллати тоҷик воқеан тамаддунофар, соҳибдавлат ва таърихї мебошад. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади олии ҳуқуқӣ: Конститутсияи ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ гуногуннамудии моликиятро кафолат медиҳад... (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади муҳими таърихӣ: Дар ин санади муҳими таърихӣ ҳифзи соҳибихтиёрию истиқлолият, тамомияти арзии кишвар вазифаи асосии давлат эълон гардида, дар ин радиф баҳри ҳимояи арзишҳои конститутсионӣ ва таъсиси давлати навини тоҷикон тағийрнопазир будани шакли идораи мамлакат, раванди демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ доштани давлат аз мақсадҳои асосии Конститутсия ҳисобида шуд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади вало ва олии мамлакат: Конститутсияи чун санади вало ва олии мамлакат дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии зиндагии мардум нақши асосӣ дорад. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади муқаддас: Ин санади муқаддас истиқлолияти давлатии тоҷиконро ба расмият дароварда, заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, самтҳои асосии таҳқиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи замони муосир муайян сохт. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санади муқаддас: Ин санади муқаддас, яъне Конститутсия воқеан ҳам ифодагари идораи халқии Тоҷикистон аст, зеро халқ дар муҳокимаи он ба пешниҳоду дархостҳои судманд фаъолона ширкат кард ва онро бо аксарияти мутлақи раъйи худ кабул намуд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Санадҳои муҳиму тақдирсоз - Ҳар гоҳе ки ба саҳифаҳои заррини таърихи навини давлатдории миллии тоҷикон назар меафканем санадҳои муҳиму тақдирсозе пеши назар ҷилвагар мешавад, ки мояи ифтихору сарфарозианд, аз ҷумла, санаи 6-уми ноябри соли 1994. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
- Муродифҳое, ки бо вожаи ҳуҷҷат дар шакли ибораҳо ба вуҷуд омадаанд.
Ҳуҷҷати муҳим - Қабули ин ҳуҷҷати муҳим дар таърихи давлатдории Тоҷикистони навин рӯйдоди бузургу тақдирсоз гардид. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Ҳуҷҷати тақдирсоз: Имрӯз мардуми шарифи тоҷик дар остонаи ҷашни боз як санаи сарнавиштсози таърихӣ, 29-умин солгарди қабули ҳуҷҷати тақдирсоз - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади ҳуқуқӣ - Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ ва санади ҳуқуқӣ, муҳимтарин арзишҳои бунёди ҷомеа баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои инсон, ҷомеа ва давлатро инъикос намуда, хусусиятҳои хоси давлатдории Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзёбӣ менамояд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ - Аз нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
- Шиносномаи ҳастии миллат: Дар охири конференсия намояндаи дин ва дигар олимони соҳаи ҳуқуқшиносиву ҷамъиятшиносон оид ба Конститутсия ҳамчун шиносномаи ҳастии миллат баромад намуд... (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
- Шаҳсутун ва шиносномаи давлат: Конститутсия Шаҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар халқу миллат мебошад. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
- Бахтномаи миллат: Мардуми тамаддунофару қавииродаи Тоҷикистон дар асоси ин бахтномаи миллат, яъне Конститутсия кору зиндагӣ намуда, баҳри расидан ба орзуву омоле, ки бо меъёрҳои он таҷассум мегардад, талош доранд. (Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
- Оинаи адолат: Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оинаи адолат ҳам мебошад. (Рузномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023).
Ҳамин тариқ, муродифҳо яке аз унсурҳои матнҳои сиёсӣ мебошанд, ки таъсири экспресивии матнро тақвият мебахшанд. Муродифҳо аз воҳидҳои лексикии забон таркиб ёфта, калимаҳои умумиистеъмолии адабӣ ва истилоҳоти хоси ҳуқуқӣ ва сиёсиро дар бар мегиранд. Дар баробари ин муродифҳо аз ибораҳои маҷозӣ низ таркиб меёбанд ва мазмуни экспрессивии матни таблиғотиро муъҷазу хонданибоб карда, ба хонанда таъсир мерасонанд.
Дар шароити кунунӣ лексикаи ҷамъиятӣ – сиёсии забони тоҷикӣ воқеияти нави иҷтимоиро ифода намуда, тавассути иқтибоси истилоҳот, қолабсозӣ (калкасозӣ) ва дар заминаи қоидаҳои калимсозии забони тоҷикӣ вожаҳои нав сохта мешаванд.
АДАБИЁТ
- Ахманова О.С. Словарь лингвистических терминов. М.: Советская энциклопедия,
- 519 с.
- Багана Ж. Калька и заимствование как результат иноязычного влияния // Вестник
Российского университета дружбы народов. М.:Лингвистика. 2007. №1(9). -С.5-10.
- Багана Ж., Хапилина Е.В. Контактная лингвистика. Взаимодействие языков и
билингвизм. М.: Наука, 2010. 128 с.
- Баранов О. С. Идеографический словарь русского языка. М.: ЭТС, 995. 820 c.
- Березин Ф.П., Головин Б.Н. Общее языкознание. М.: Просвещение, 1979. 416 с.
- Володарская Э.Ф. Заимствование как отражение русско-английских контактов. //
Вопросы языкознания. 2002. № 4. [Электронный ресурс). Режим доступа:
http://issuesinlinguistics.ru/pubfiles/2002—4_96—118.pdf.
- Гак В.Г. Языковые преобразования. М.: Школа «Языки русской культуры» , 1998.
768 с.
- Горбов А.А. Механизм семантического калькирования и его роль в восполнении
дефектных парадигм числа абстрактных существительных в современном
русском языке // Вестник СПбГУ. Сер. 9. 2015. Вып. 2.- С.96 –104.
- Григорьев С.И. Смена научных картин мира и социология // Социологические
исследования. 2000. № 9.- С. 13-22.
- Гумбольдт В. О сравнительном изучении языков применительно к различным
эпохам их развития//Избранные труды по языкознанию М.:Прогресс, 1984. 323 с.
- Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқи коститутсионӣ ва ҳуқуқи маъмурӣ – Душанбе,
- 600 с.
- Рӯзномаи “Бадахшон”, №46, 8.11.2023
Муфассал ...