wrapper

Институт

Институт

ҶАШНИ РӮЗИ МОДАРОН - НИШОНАИ ДАВЛАТИ ТАМАДДУНПАРВАР

Азорабекова Ширингул – ходими илмии шуъбаи таърих,

бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ АМИТ

ҶАШНИ РӮЗИ МОДАРОН - НИШОНАИ ДАВЛАТИ ТАМАДДУНПАРВАР

     Яке аз нишонаҳои пешрафти ҷомеа аз нигоҳи тамаддун ва фарҳанги он дар ҳар давру замон ин муносибати ҷомеа нисбат ба зан – модар баҳогузор ба ҳисоб меравад. Ҳамчун тарбиятгари насли навраси ҷомеа зан модарро агар яке аз аркони ҷомеа гуем, хатто намекунем, зеро вай дар тарбияи насли нав нақши калидиро бозӣ мекунад. Ба ақидаи бархе аз андешаварон, саодати фарзанд ба навъи хонавода марбут аст ва дар таҳлили ҷойгоҳи хонавода модар нақши аввалиндараҷа дорад. Модар аввалан кудакро ба дунё меоварад ва сониян зиндагии худро дар тарбияи вай мегузаронад. Модарон паногоҳи эътимодноки фарзанд шуда, кудаконро дар ҳар замоне, ки қалби модарро эҳсоси ноамнӣ дар нисбаташон фаро мегирад, оѓуши мегиранду ба ҳар навъе наҷотдиҳандаи фарзандашон мегарданд. Чуноне, ки шоир гуфтааст:

Замину осмони ман туӣ модар, туӣ модар.

 Чаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.

 Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,

Ягона меҳрубони ман туӣ модар, туӣ модар.

     Аҳмади Дониш роҷеъ ба эҳтироми падару модар чунин навишта буд: «Ва ҳар касе ба виҷдони худ дармеёбад, ки волидайн лозимулитоат ва валиттибоанд, зеро сабаби вуҷуду маърифат ва имону исломи ӯ шудаанд, … дар парваридани ӯ аламу ранҷҳо бардошта». Ва дар ривояте низ гуфтаанд: «Модарат, сипас, модарат, сипас, модарат, баъд аз ин падарат, сипас, наздиктару наздиконат». Абубакр ар-Розӣ дар ин бора дар асари худ «Тадбири манозил» менависад, ки тарбияи фарзанд дар оила ва бахусус тарбияи модар дар ташаккули инсони комил ҷои муҳимро ишѓол мекунад. Бинобар ҳамин, пос доштани бузургии модарон ин арзиши миллии тоҷикон аст, ва онро бояд нигаҳ дошт, зеро ҳифзи арзишҳои миллӣ баробар ба ҳифзи миллат ва давлатдорӣ мебошад.

      Дар замони муосир, давлати Тоҷикистон, тамоми шароитҳоро барои таъмини зиндагии озоду баробар барои занонро дар ҷомеа кафолат медиҳад. Тибқи моддаи 32 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои падариву модарӣ, тарбияи фарзанд, маълумотноккунӣ ва масъалаҳои дигари ҳаёти оилавиро зану шавҳар якҷоя, бо назардошти принсипи баробарии зану шавҳар ҳал менамоянд. Омузиши ҳар чи бештари арзишҳои миллӣ дар самти ахлоқи ҷомеа барои рушд ва инкишофи минбаъдаи фарҳанги миллӣ мусоидат карда, суботи давлатдориро таъмин месозад. Бо ҳамин мақсад, давлат барномаҳои махсуси иҷтимоиро дар самти таъмини ҷои кор, таҳсил ва баробарҳуқуқии зану мардро татбиқ мекунад.

       Дар давоми даврони истиқлолият, беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои зинаҳои мухталифи таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳиби касб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

       Зан-модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад ва аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.

Шоире ба таври умқ бузургии модарро дарк карда менависад:

Модар фаришта буд фақат болу пар надошт,

 Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.

       Маҳз ба ҳамин хотир, ки модар дар зиндагии ҳар нафар мақоми бузургу хосае дорад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рузи 8-уми мартро дар мамлакати мо ҳамчун “Рӯзи Модар” эълон намуд.

       Модарону хощарону бонувони азиз! Иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо бо фарорасии ин ҷашни зебо - Иди Модар табрику таҳният гуфта, хоҳони онам, ки тамоми орзуҳои дар дилатон ҷодошта ҷомаи амал пӯшанд. Сиҳативу саломатӣ, рузгори хушу бурдборӣ ҳамқадаматон бод!

 

 

Муфассал ...

САФАРИ ХИЗМАТИИ КОРМАНДОНИ ИИГ АМИТ БА ВОДИИ ЯЗГУЛОМИ НОҲИЯИ ВАНҶ

САФАРИ ХИЗМАТИИ КОРМАНДОНИ ИИГ АМИТ БА ВОДИИ ЯЗГУЛОМИ НОҲИЯИ ВАНҶ 

Дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ташвиқотию тағриботии МИҲД ва ИИГ АМИТ кормандони шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ Ниёзбеков Д. Т. – мудири шуъбаи мазкур, н.и.ф. ва ходими калони илмӣ, н.и.т. Шоинбеков А.А. дар ҳайати гуруҳи кории МИҲД ВМКБ дар давоми санаҳои 24-25-уми феврали соли 2025 барои гузаронидани силсилаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботӣ ба ҷамоатҳои деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ сафар карда, бо сокинони маҳалии деҳаҳои Жамаг ва Будуни водии Язгулом мулоқотҳои судманд баргузор намуданд. Дар ин вохӯриҳо сокинони маҳаллӣ, раисони маҳалла, омӯзгорони мактабҳо ва раиси ҷамоати деҳоти Язгулом ширкат варзиданд. Дар мулоқотҳои баргузоргардида асосан се масъалаи муҳим мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд:

  1. Баррасии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»: Дар ин самт асосан “ Нақши Пешвои миллат дар рушди соҳаи маориф”, “Нақши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳукумати ВМКБ дар рушди маориф ва вазифаҳои он”, “Ҳуқуқ ба зиндагии шоиста” суҳбатҳо гузаронида шуда, маърузаҳои илмӣ-оммавӣ баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин дар вохӯриҳо директори ТМ деҳаи Жамаг Назаршозода Пайшанбе оиди сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат суханронӣ намуд.
  2. Масъалаи интихобот: иштироки фаъолонаи сокинони маҳаллӣ дар интихобот, овоз додан ба вакилони арзанда. Дар ин масъала бахусус қайд карда шуд, ки Раиси ВМКБ муҳтарам Мирзонабот Алишер Худобердӣ номзадии худро аз ҳавзаи интихоботии №30 пешниҳод намудааст ва мақсаду мароми асосии номзад аз он иборат аст, ки дар оянда авзои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии ин диёри зебоманзарро баланд бардошта, сатҳи зиндагии сокинони онро тавассути марҳилаи нави ободонӣ ва эҳёкорӣ баланд бардорад.
  3. Муаррифии ИИГ ва пайдо намудани робитаи қавии ходимони илмии ИИГ бо сокинони водии Язгулом: дар ин самт ходимони илмии Институт, дар бораи самтҳои фаъолияти Институт ба иштироккунандагон маълумоти муфассал дода, ба муаллимони ҷавон муроҷиат намуданд, ки онҳо метавонанд дар магистратураи Институт таҳсил намуда, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул шаванд. Ҳамчунин хотиррасон карда шуд, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи тамоми роҳбарияти Ҷумҳурӣ ба ин водии дилкаш нигаронида шудааст ва қарзи ҳар як волидайн ин аст, ки аз он истифода баранд, яъне ба фарзандони худ мамоният накарда, баръакс, мусоидат намоянд то онҳо дар Донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил намуда, ҳамчун мутахассис ба зодгоҳашон баргашта, онро дучанд обод намоянд.

Дар масъалаи гирифтани садди роҳи хурофот, ба иштирокчиён таклифҳо пешкаш карда шуданд, то онҳо ба омӯзиши забони маҳаллӣ, таърихи маҳал шуғл варзида, дар ҷашн гирифтани ҷашнҳои суннатӣ – тақвимӣ ва давлатӣ мусоидат намоянд.

Вохӯриҳо дар як фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузаштанд ва мо умедворем, ки натиҷаҳои худро дар ояндаи наздик нишон хоҳанд дод.

 

Муфассал ...

ТАБРИКОТИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВИ АМИТ

ТАБРИКОТИ ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ АКАДЕМИК БАҲОДУР ИСКАНДАРОВИ АМИТ
    Бо камоли ифтихор ва самимияти хоса устоди муҳтарам, доктори илми иқтисод, сарходими калони илмии шуъбаи тадқиқоти иҷтимоиёту иқтисодиёти Бадахшон, ҒОИБНАЗАРЗОДА САИД МУҲАММАДНАЗАРРО бо интихоб шуданашон ба ҳайси вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯем! 
    Ин пирӯзии шоиста самараи меҳнати зиёди устоди гиромӣ, фаъолияти пурмаҳсули илмӣ ва нуфузу эътибори баландашон дар ҷомеа мебошад. Азми қавӣ, дониш ва малакаи касбии эшон дар тӯли солҳои зиёд ҳамчун муҳаққиқи забардаст ва шахсияти бошараф собит шудааст, ки ҳамеша барои рушду нумӯи Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
     Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Баҳодур Искандарови АМИТ бо эҳтироми бузург аз ин комёбӣ истиқбол намуда, онро дастоварди муҳими на танҳо шахсӣ, балки илмӣ ва давлатӣ медонад.
     Вакили мардумӣ будан— масъулият ва рисолати бузург аст. Ин мақом фақат ба онҳое насиб мегардад, ки соҳиби дониши амиқ, садоқати беандоза ба Ватан ва эътимоди ҷомеа мебошанд. Мо мутмаинем, ки Ғоибназарзода Саид Муҳаммадназар, бо таҷрибаи ғании илмӣ ва малакаи касбӣ, дар ҳаллу фасли масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ ва татбиқи барномаҳои рушди миллӣ саҳми назаррас мегузоранд.
     Дар ин роҳ ба устоди гиромӣ нерӯи тоза, саломатии бардавом ва муваффақиятҳои пай дар пай таманно дорем!
     Бигзор ҳар як иқдоми Шумо барои пешрафти кишвар, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум бо дастовардҳои назаррас ҳамроҳ гардад!
     Бори дигар пирӯзии Шуморо дар интихоботи Маҷлиси намояндагон муборакбод мегӯем ва ба Шумо дар ин масъулияти пурифтихор барору комёбӣ таманно дорем! 
Муфассал ...