wrapper

ҲАФТАИ ИЛМИ ТОҶИК – ҲАФТАИ БУЗУРГДОШТИ ФАРҲАНГ ВА ДОНИШ

    “Ҳафтаи илми тоҷик” як рукни муҳими ҳаёти илмӣ ва фарҳангии кишвар ба шумор меравад, ки ҳамасола дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 11 апрел қайд мегардад. Дар ин ҳафта на танҳо як силсила чорабиниҳои илмӣ амалӣ мегарданд, балки як платформаи мусодиде барои бедорсозии ҳисси ифтихор аз гузашта, шинохти воқеии замон ва эҳёи рӯҳи созандагиву худшиносӣ миёни насли наврасу ҷавонон фароҳам оварда мешавад.

    Ҳадафи асосии баргузории “Ҳафтаи илми тоҷик” тарғиб ва рушди илму техника, бедор намудани завқу шавқи ҷавонон ба илм, ошноӣ бо комёбиҳои олимони ватанию хориҷӣ ва рушди тафаккури илмӣ дар ҷомеа мебошад. Ин ҳафта як муддати хубе барои олимони варзида, муҳаққиқони ҷавон, равшанфикрону зиёиён, донишҷӯёу хонандагон мебошад, то тавонанд оиди ҳаёти маънавии миллат, илми тоҷик ва дастовардҳову пешрафтҳои он, ҳамчунин тарафҳои заъифи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд ба таври зарурӣ таваҷҷуҳ ба онҳо намоем, изҳори фикру мулоҳизаҳо намоянд.

    Дар доираи “Ҳафтаи илм” конфронсҳо, мизҳои мудаввар, намоишгоҳҳои ихтироъот, мулоқотҳои олимону муҳаққиқон бо ҷавонон ва дигар чорабиниҳои муҳими илмӣ баргузор мегарданд. Чунин тадбирҳо барои тақвияти робитаи илм бо истеҳсолот ва ҷомеа нақши калидӣ мебозанд.

    Илми тоҷик дорои таърихи бостонӣ ва пурғановат аст. Аз Рӯдакӣ то Ибни Сино, аз Умари Хайём то Абурайҳони Берунӣ, аз Насриддини Тусӣ то Абдураҳмони Ҷомӣ, аз Мирзо Улуғбек то Камолиддини Беҳзод, аз Садриддини Айнӣ то Бобоҷон Ғафуров, ва даҳо ҳазор дигарҳо – ҳамаи ин шахсиятҳо порчаи барҷастаи фарҳангу илми тоҷику форсанд. Ҳамасола дар давоми “Ҳафтаи илм” аз саҳми бузурги онҳо дар пешбурди тамаддуни ҷаҳонӣ ёдоварӣ карда мешавад. Ин ифтихори миллӣ на танҳо боиси эҳсоси умқи худшиносӣ, балки ангезаи ҷиддие барои насли нав ба ҳисоб меравад.

    Имрӯзҳо ҷавонони тоҷик дар соҳаҳои гуногуни илм  - аз технологияҳои муосир то тиб, аз кимиё то забоншиносӣ ва фалсафа - дастовардҳои назаррас ба даст оварда истодаанд. Ин ҳама натиҷаи дастгирии пайвастаи давлат ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илму маориф мебошад.

    Ҷавонон ҳамчун ояндаи миллат, қувваи созанда ва такягоҳи ҷомеа, дар “Ҳафтаи илми тоҷик” нақши муассир мебозанд. Бо иштироки фаъолонаи худ онҳо бояд пайваста дар форумҳо, намоишгоҳҳо ва озмунҳои илмӣ, қобилияти эҷодӣ, андешаву ҷаҳонбинии илмии худро муаррифӣ намоянд. Баргузории чунин ҳафтаҳо боиси рушди малакаҳои таҳқиқотӣ ва таҳкими робитаи ҷавонон бо марказҳои илмии кишвар мегардад.

    Имрӯз дар ҷаҳони муосир, ки асоси тараққиёту ободии ҳар миллат ба рушди илм пайванди ногусастанӣ дорад, баргузории “Ҳафтаи илми тоҷик” аҳаммияти стратегӣ дорад. Бе рушди илму технология ва нерӯи зеҳнӣ наметавон ба пешрафти воқеӣ ноил гашт. Аз ин лиҳоз, таваҷҷуҳ ба илм ва муҳаққиқон, хусусан ҷавонони соҳибистеъдод, бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату миллат қарор дошта бошад.

     Ҳамин гуна чорабиниҳои илмӣ метавонанд ба баланд бардоштани мақоми илм дар ҷомеа, баланд бардоштани эҳтиром ба шахсиятҳои илмӣ ва ташаккули насли нави муҳаққиқони ватандӯсту маърифатпарвар мусоидат намоянд.

    Ҳафтаи илми тоҷик на танҳо ҷашни илм, балки ҷашни рӯшанфикрӣ, ҷашни нерӯи ақл ва эҷод аст. Ин ҳафта гувоҳи он аст, ки миллати тоҷик дорои захираҳои бузурги зеҳнӣ мебошад ва дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта ва дорои афкори илмӣ устуворона қадам ниҳода истодааст. Дар ин замина, ҳар як шахси ватандӯст, хусусан ҷавонон, бояд ба омӯзиш ва кашфи олам таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, то ояндаи Тоҷикистони азизамон бо нури илму маърифат боз ҳам дурахшон гардад.

 

Маводҳои дигар дар ин бахш: « ШАРАФ ВА ИФТИХОРИ МО!