wrapper

Навидҳои рӯз

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Тошмамадова Фарзона - Ходими илмии шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ АМИТ

Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд

Тарбияи фарзанд аз падару модар оғоз аст,

Ояндаи равшанаш зери дасти онҳо соз аст.

   Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамасола муждаовар ва фараҳбахш аст. Дар он аз комёбиҳову дастовардҳои солонаи кишварамон дар ҳамаи самтҳо, аз ҷумла иқтисодиёт, маориф, иҷтимоиёт ва фарҳанг сухан рафтааст. Ин гузориш нақшаҳои стратегии пешбинӣ шударо барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум муаррифӣ мекунад, ки он масъалаҳои таъсиси мактабҳои нави замонавӣ ва барномаҳои омӯзишии рақамӣ барои беҳтар кардани дастрасии ба таҳсилоти сифатнок, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ барои рушди саноат ва кишоварзӣ, ки ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва афзоиши даромади мардум мусоидат мекунанд. Инчунин тақвияти барномаҳои ҳифзи мероси фарҳангӣ, беҳдошти хизматрасониҳои тандурустиро дар бар мегиранд.

   Яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳаётан муфиди ҷомеа ин таълиму тарбияи фарзандон аст, ки солҳои зиёд дар Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳанд. Сарвари давлат бо таваҷҷуҳи беандоза ба соҳаи маориф, аз ҷумла аз навсозии муассисаҳои таълимӣ мувофиқ ба талаботи замон, бунёди иншооти нави таҳсилотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва боло бурдани сатҳи забономӯзӣ аз қабили забони англисӣ ва русӣ дар муассисаҳои таълимӣ ибрози назар кардаанд.

   Дар ин замина таъкид гардид, ки нақши калидии падару модар дар тарбияи насли ҷавон наметавонад инкор шавад. Ҳамзамон, қайд кардан зарур аст, ки омӯзгорон ва аъзои ҷомеа низ дар таълиму тарбияи фарзандон набояд бетараф бошанд ва бо масъулияти худ дар ин раванд саҳми арзанда гузоранд.

   Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон дар хусуси дарёфт намудани кӯдакони дорои лаёқатҳои худододӣ ва дорои донишҳои мукаммали замони муосирро аз ҳар гушаву канори мамлакат ҷамъ карда, бо онҳо кору фаъолият намуд, то ки дар оянда аз ӯ як мутахассиси варзида барояд ва таъкид бар он доштанд, ки “Ба насли ҷавон бахилӣ накунем, онҳоро тарбия кунем, гулчин кунем. Дар кадом сатҳе набошанд – маҳал,ҷамоат, деҳа...”

   Албатта, мо бояд дар ҳамаи самтҳо садоқатмандона ва фидокорона дастгири насли наврас ва ҷавон бошем. Онҳоро бо донишу таҷриба роҳнамоӣ кунем, мададгорашон бошем, то дар оянда ба инсонҳои баору номус, содиқ ба халқу миллати худ табдил ёбанд ва барои давлати азизамон хизмат намоянд. Дар ин роҳ, масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд ҷойгоҳи аввалиндараҷа ва муқаддасро ишғол мекунад, зеро онҳо асоси тарбияи наслҳои оянда мебошанд.

   Лозим ба ёдоварист, ки оила муҳити нахустинест, ки дар он ҷаҳонбинӣ ва рафтору кирдори кӯдак шакл мегирад ва кӯдак пайваста дар тақлиди муносибатҳои аъзои оилаашон бо якдигар мебошад. Падару модар устодони нахустини фарзандонашон буда, тарзи муомилаи онҳо бо ҳамдигар ва бо дигарон, муомилаи онҳо бо ҷомеа барои кӯдакон намунаи ибрат мебошад. Меҳрубонӣ, ҳурмату эҳтиром, росткориву ростқавлӣ ва масъулиятшиносии кӯдак аз падару модар сарчашма мегирад. Дар ин бора Муҳаммад Ғаззолӣ чунин ақидаеро баён кардааст:

   “ Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расид, падару модар дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун.”

   Бояд зикр кард, ки дар боби 4 - уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, моддаи 13 омадааст: “Падару модар, ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи кӯдак ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.”

   Дар Паёми имсола Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми ҷиддият таъкид намуданд, ки таълиму тарбияи дуруст ва сифатноки насли ҷавон бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеа қарор гирад. Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар ин раванд масъулияти падару модар ва омӯзгорон дар сатҳи баланд бояд бошад. Ҳар як шаҳрванд, хусусан волидон ва мураббиён, бояд ба пуррагӣ масъулияти худро дар таълиму тарбияи кӯдакон ҳис кунанд ва дар амал вазифаҳои муқаддаси худро иҷро намоянд, то ки насли оянда ба сифати шаҳрвандони бомаърифат ва масъулиятшинос тарбия ёбанд. Ин таъкид на танҳо барои рушди ҷомеа ва ояндаи миллат хеле муҳим мебошад.

   Ба ин маънӣ Пешвои миллат қайд карданд, ки “Мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намояд, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд”.

   Роҳбари давлат дар Паёми худ бо таъкид иброз доштанд, ки ба хондану соҳибкасб намудани насли наврас диққати ҷиддӣ ва пайваста равона кардан, яке аз муҳимтарин вазифаҳои зиндагии ҷонӣ ва ҷамъиятии ҳар яки мост. Ба хусус, падару модар бояд дар соҳибкасб намудани фарзандони худ бетараф набошанд ва бо масъулияти баланд ва иштироки фаъол саҳм гузор бошанд, ки насли ҷавон ба ҷомеаи муосир ва пешрафта хидмат кунад.

   Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки дар ин замони пурталотум ва босуръати тараққиёти илму техника шароитҳои муносибу имкониятҳои васеъро барои насли наврас фароҳам оварем. Ба ин восита онҳо на танҳо аз дастовардҳои муосир ба хубӣ истифода мебаранд, балки таҳсилоти босифатро дар барномаҳои пешрафта ба даст оранд ва бо донишу малакаҳои навин ба рушди устувори ҷомеа саҳми арзишманд гузоранд. Дар ин раванд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки “Мо ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ҳаёти кӯдакон ва наврасону ҷавонон ва фароҳам овардани шароиту имкониятҳои боз ҳам беҳтари таҳсил ва кору фаъолият барои онҳо, яъне наслҳои ояндасози миллат ва Ватан минбаъд низ чораҷӯйӣ менамоем”. Падару модар вазифадоранд, ки ба фарзанд таърихи миллат, урфу одат, анъана, фарҳанг ва забонро омӯзонад. Арзишҳои миллӣ дар робита бо илмҳои муосир қодир ҳастанд, ки шахсияти мутавозин ва худшиносро ба камол расонад. Далели равшан он аст, ки ояндаи давлат ба насли босаводу ватандӯст вобастагии комил дорад.

  Ва муҳтарам Пешвои миллат иброз карданд, ки:

  “ Вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад.”

   Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон бузург ва ҳалкунанда аст, зеро онҳо асоси бунёди ҷомеаи дурахшон мебошанд. Фарзанди боадабу босавод, ки номбардори миллат мегардад, натиҷаи заҳматҳои пайвастаи падару модар ва омӯзгорон аст. Бо таълиму тарбияи дуруст, мо на танҳо фардои равшани фарзандонамонро месозем, балки ҷомеаро ба сўи ояндаи пур аз шодию нишот ҳидоят мекунем. Зеро ояндаи неки миллату давлат сахт ба тарбияи мо падарону модарон ва омӯзгорон вобаста аст. Мо бояд барои фарзандонамон ояндаеро созем, ки пур аз сулҳу салоҳ бошад.

 

Муфассал ...

“Тазкираи адибони вахонизабон”

   Китоби сарходими Шуъбаи фолклор ва адабиёти Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар Абдулқодир таҳти унвони “Тазкираи адибони вахонизабон” аз нашр баромад. Тазкираи мазкур як манбаи муҳим ва арзишманд дар таҳқиқи таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ маҳсуб меёбад. Ин тазкира ба муаррифӣ ва таҳлили зиндагӣ, осор ва хусусиятҳои эҷодии шоирону нависандагоне бахшида шудааст, ки бо забони вахонӣ (яке аз шохаҳои забонҳои помирӣ)  эҷод кардаанд. Муаллиф дар таҳияи ин тазкира ба манбаъҳои хаттӣ ва шифоҳии маҳаллӣ такя намуда, кўшиш кардааст, ки симои адабии ин шоиронро аз назари таърихӣ ва бадеӣ баррасӣ намояд.

   Дар маҷмуъ дар тазкира шарҳи ҳол, акс ва намунаҳои осори 29 нафар адибон, аз ҷумла 27 нафар шоир ва 2 нафар нависандагони вахонизабонро гирдоварӣ шудаанд.

   Дар ин асар на танҳо ҷанбаҳои забонӣ ва услубии ашъори шоирон, балки нақши онҳо дар нигоҳдорӣ ва рушду инкишофи забони вахонӣ ва фарҳанги маҳаллӣ низ таҳлил мегардад. Китоб метавонад ҳамчун як сарчашмаи муҳим барои таҳқиқоти минбаъда дар соҳаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангшиносии халқи тоҷик хизмат кунад.

 

 

Муфассал ...

ХАТМИ МАГИСТРАТУРА ВА РИСОЛАТИ ИЛМ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

ИНСТИТУТИ ИЛМҲОИ ГУМАНИТАРИИ БА НОМИ Б. ИСКАНДАРОВ

 

ХАТМИ МАГИСТРАТУРА ВА РИСОЛАТИ ИЛМ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 

   Имрӯз дар Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии тантанавии тақдими дипломҳои магистрӣ ба хатмкунандагони соли 2025 баргузор гардид. Чорабинӣ дар фазои идона ва бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарияти институт, устодон ва хатмкунандагон доир шуда, аз ду бахш иборат буд.

   Дар бахши якум сухани ифтитоҳиро директори Институти илмҳои гуманитарӣ, доктори илмҳои филологӣ Қаландариён Ҳоким Сафар ироа намуда, ҳозиринро бо ин рӯйдоди муҳими илмӣ ва таълимӣ табрик намуданд. Устод дар суханронии худ таъкид карданд, ки Институт ифтихор дорад аз он ки намояндагони Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваста дар чорабиниҳои сиёсӣ ва илмии муассиса иштирок менамоянд. Зикр шуд, ки ҳамкории зичи ниҳодҳои илмӣ бо сохторҳои давлатӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувори ҷомеа ба шумор меравад, зеро илм ҳамчун заминаи таҳлил ва сиёсат ҳамчун воситаи татбиқи амалии он ба ҳам пайванди ногусастанӣ доранд.

   Дар идомаи суханронӣ оиди аҳамияти ҳамгироии илм ва сиёсат дар шароити муосир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соли 2025 ишора карда шуд. Қайд гардид, ки дар Паём рушди илм, такя ба таҳлилҳои илмӣ дар қабули қарорҳои давлатӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос ва истифодаи неруи зеҳнии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ гардидааст. Ин равиш ба он мусоидат мекунад, ки сиёсати давлатӣ бар асоси дониш, тафаккури илмӣ ва манфиатҳои дарозмуддати миллӣ амалӣ мекгардад.

   Ҳамчунин дар бахши аввал сардори шуъбаи коргузорӣ ва протоколи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фирузи Рамазон бо маъруза таҳти унвони «Ҷанбаҳои худшиносии миллӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд. Дар маърузаи худ мавсуф ду нуктаи асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор доданд.

   Нуктаи аввал ин моҳи марти соли 2025 баргузор  гардидани маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити сулҳу субот ва дар фазои озод ва шаффоф буд. Таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир, ки дар бисёр кишварҳо интихоботҳо дар шароити нооромӣ, танишҳои сиёсӣ ва бесуботии иҷтимоӣ баргузор мегарданд, на ҳамаи давлатҳо шарафманд мешаванд, ки интихоботҳои парлумонӣ ва президентиро дар фазои сулҳ, оромӣ ва шаффофият баргузор намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт таҷрибаи мусбат нишон дода, баргузории интихобот дар чунин шароит нишонаи суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ арзёбӣ мебошад.

   Нуктаи дуюми калидии Паёмро маърузакунанда ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад сол ҳалношудаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон номид. Қайд гардид, ки ин масъалаи мураккаб ва таърихӣ дар соли 2025 ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Эмомалӣ Раҳмон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ ҳалли худро ёфт. Ин рӯйдод ҳамчун дастоварди муҳими сиёсати хориҷӣ ва омили таҳкими амнияту сулҳу суботи минтақавӣ арзёбӣ гардид.

   Дар бахши дуюми чорабинӣ маросими тантанавии тақдими дипломҳои магистрӣ ба хатмкунандагони соли 2025 амалӣ гардид. Дар фазои идона ва бо садои кафкӯбиҳои ҳозирин ба магистрон дипломҳо супорида шуда, заҳмати онҳо дар роҳи илмомӯзӣ ва таҳқиқоти илмӣ қадрдонӣ гардид. Устодон ва намояндагони роҳбарият ба хатмкунандагон барои саҳм гузоштан дар рушди илм, фарҳанг ва ҷомеа барору комёбиҳо орзу намуданд.

   Сухани хотимавӣ аз номи тамоми магистрон магистрант - хатмкунанда Гулоб Обид Холиқ ироа намуд. Ӯ иброз дошт, ки тайи ду соли охир Институти илмҳои гуманитарӣ барои магистрон танҳо як муассисаи таълимӣ набуда, балки хонаи воқеии онҳо ба шумор мерафт. Дар ин муҳит онҳо на танҳо донишҳои назариявӣ, балки фарҳанги илмӣ, малакаи таҳлил, таҳқиқ ва тафаккури мустақилро аз худ намуданд. Гулоб Обид Холиқ таъкид кард, ки саҳми устодон дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва камолоти илмии магистрон ниҳоят арзишманд буда, ҳар як машварат, дарс ва роҳнамоӣ барои онҳо заминаи боэътимоди рушд гардид. Қайд шуд, ки муҳити илмии институт ба магистрон имкон дод то масъулиятшиносӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба арзишҳои илмиро ҳамчун меъёри зиндагии касбӣ пазируфта, бо диди нав ба ҷомеа ва вазифаи худ дар назди миллат назар андозанд. Дар фарҷом, аз номи тамоми магистрони хатмкунанда, ба роҳбарияти Институт, устодон ва кормандон барои фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, дастгирӣ ва ғамхории пайваста изҳори сипос намуда, таъкид гардид, ки хатмкунандагон бо ифтихор номи Институти илмҳои гуманитариро дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва касбии худ муаррифӣ хоҳанд кард ва барои пешрафти илм ва ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

   Чорабинии мазкур бо таассуроти нек анҷом ёфта, бори дигар нақши муассисаҳои илмӣ ва ҷавонони донишмандро дар таҳкими давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон таъкид намуд.

Муфассал ...

ҶАНБАИ МАЪРИФАТӢ ВА МАЪНАВИИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ПРИЗЕДЕТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

 Назрӣ Офаридаев - сарходими илмии шуъбаи забонҳои помирӣ, доктори илмҳои филологӣ

ҶАНБАИ  МАЪРИФАТӢ ВА  МАЪНАВИИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ПРИЗЕДЕТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОРАИ САМТҲОИ  АСОСИИ СИЁСАТИ ДОХИЛӢ   ВА   ХОРИҶӢ

 

   Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврае  ба Маҷлиси Олӣ ироя гардид, ки вазъи байналхалқӣ муташаниҷ  гардида, бархурдҳо низомӣ дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон . таҳримҳои гуногуни иҷтисодӣ ва молиявӣ  ба мамолики  ҷаҳон таъсири худро  мерасонанд. Дар чунин шароит ҳифзи суботи мҷтимоӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ  назаррастарин дастоварди мамлакати мо дар соли 20025 ба ҳисоб меравад, аз сиёсати  хирадмандонаи Перезиденти мамлакат шаҳодат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва обрӯи байналмилалии эшон гувоҳӣ медиҳад.

   Ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзо гардидани Шартнома дар бораи муайян кардани хати  сарҳадӣ давлатӣ  низ рӯйдоди  таърихие мебошад, ки  дар соли 2025  ба вуқуъ пайваст. Шартноми миёни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи  нуқтаи пайвастшавии сарҳади  давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд дар бораи дӯстии адабӣ  имзо гардида вокуниши васеи байналмилалиро  ба вуҷуд овард. Кишварҳои гуногун, аз ҷумла Федератсияи Россия, Ҷумҳурии халқии Чин, Иолоти Муттаҳидаи  Амрико  ин рӯйдодҳои муҳими таърихиро барои  ин се  кишвари  Осиёи Марказӣ табрик гуфта ин иқдомро дастоварди бузург оид ба таҳкими суботи минтақа арзёбӣ  намуданд. Бесабаб нест, ки   Сарони кишварҳои Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон, Узбекистон Шавкат Мирзиёев,  Қирғизистон Садир Жапаров  бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи Лев Толстой  барои сулҳу субот ва фаъолияти гуманитарӣ  қадрдонӣ гардиданд. Ҳангоми супоридани  ҷоиза Президенти Федератсияи Россия  махсус таъкид карданд, ки фаъолияти раҳбарони ин се давлат қобили омӯзиш буда,  барои давлатҳои дигар намунаи ибрат мебошад.

   Вазъи  босуботи иҷтимоӣ, таҳкими ваҳдату якпорчагии  мардуми Тоҷикистон ба тараққиёти босуръати иқтисодию иҷтимоии  мамлакат  мусоидат намуданд Далелу рақамҳои оварда дар Паёми Пешвои миллат аз он гувоҳӣ  медиҳанд, ки Тоҷиекистон  бо рушди босубот ба қуллаҳои пешрафт гом мегузорад. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ  3,4 баробар зиёд гардида, иқтисоди миллӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна  7,6 фоиз афзоиш  ёфт.

  Ҳаҷми  маҷмуи маҳсулоти дохилӣ  ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзош  ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба  16,4 сомонӣ дар соли 2025  расонида  шуд.

  Барои рушди иқтисодию иҷтимоии  мамлакат 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ  равона гардид ва аз шароити мусоиди мамлакат барои  сармоягузории хоиҷӣ гувоҳӣ  медиҳад.

  Дар соли 2025  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба пешрафтҳои назаррас дар соҳаҳои саноат, кишрварзӣ, энергетика, роҳсозӣ   ноил гардид, ки дар Паём бо далелу рақамҳо  мавриди таҳлил қарор гирифтааст ва вазифаҳои оянда дар самтҳои мазкур  муайян карда шудаанд.

  Рушди  давлати миллӣ бо маърифати миллати солим робитаи ногусастанӣ   дорад,  Аз ин рӯ,  барои  таҳкими худшиносӣ ва тақвияти маърифат  ва маънавияти   шаҳрвандони  мамлакат тадбирҳои  гуногун  амалӣ мегарданд. Дар Паёми имсола низ масъалаи мазкур  аз ҷумлаи масъалаҳои калидӣ мавриди баррасӣ қарор  гирифта шудааст. Дар  ин радиф  рушди илму маориф нақши муҳим мебозад. Аз рӯзҳои аввал фаъолият Пешвои муаззами миллат то имрӯз дастгирии  рушди илму маорифро самти афзалиятнок  эълон карда,  дар тули  беш аз сӣ сол  ба ин соҳаҳои  муҳим  тавҷҷуҳи аввалиндараҷа  ва  доимӣ зоҳир  менамоянд.  Зеро ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  ва давлат,  ояндаи давлат ва миллат  ба пешрафти  илму маориф вобаста  аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ин  ин бора таъкид мекунад: “ Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро  сармоягузорӣ  ба ояндаи  дурахшони  миллат ва бақои давлат мешуморам”

  Лозим ба ёдоварист, ки  ҳаҷми  умумии соҳаҳои илму  маориф  беш аз 21 фоизи  хароҷоти буҷаи  давлатиро   ташкил медиҳад. Дар солҳои соҳибистиқлоли  кишвар  шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ  аз 13 ба зиёда аз 40 расида, ихтисосҳои нав дар макотиби олӣ кушода шуданд. Даҳҳо ҳазор ҷавонони тоҷик имкон пайдо намуданд, ки бо дастгирии давлат  дар беҳтарин  донишгоҳҳои мамолики  хориҷӣ  таҳсил намоянд.

  Барои рушди илм низ дар мамлакат шароитҳои муайян муҳайё гардиданд, Пойгоҳи моддӣ ва техникии Пажуҳишгоҳҳои АМИТ таҳким ёфта, музди маоши кормандони илмӣ  баланд гардид Дар доираи АМИТ марказҳои нави  илмӣ ва институтҳои илмӣ таъсис ёфтаанд. Аз ҷумла, таъсиси муассисаи  нави илмӣ  Институти  омӯзиши пиряхҳо ва  креосфера  дар назар дошта  шудааст, ки аз рушду тавсиъаи  илм дар АМИТ шаҳодат медиҳад.

  Суханони ҳикматомез ва  маърифатпарваронаи  Пешвои  муаззами миллат  моро ҳушдор медиҳад, ки  дар таълиму тарбия ва инкишофи илму  маориф  бо азму  саъи комил  камар баста,  дар пиёдасозии нишондодҳои Сарвари давлат  саҳмгузорӣ намоем.  Суханони зерини Пешвои миллат дар ин маврид омӯзандаанд:   “Агар мо хоҳем, ки  давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу  дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ яъне ҳаёти мустақилонаашон  азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте ҷавонону наврасон бесавод мемонанд,  ҷомеа ба таассубу хурофот  ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки  чунин ҳолат  оқибатҳои даҳшатбор дорад”.

  Аз ин рӯ, беҳтар намудани низоми таълиму тарбия дар макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ аз вазифаҳои муҳими мақомоти  маорифи  сатҳои  гуногун ба шумор меравад. Дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои  Эълон гпрдидани соли 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш  ва рушди фанҳои  табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи  илму маориф,  такмили низоми кредитии таълим, ба фазои ягонаи  аҳсилоти байналмилалӣ  таҳсилот ворид гардидани Тоҷикистон,  вазъи омӯзиши  забонҳои хориҷӣ, бахусус забонҳои русӣ ва англисӣ  дар ҳамаи зинаҳои  таҳсилот  - вазифаҳое мебошанд, ки  иҷрои босуръату    талаб мекунанд.

   Дар шароити имрӯза тарбияи насли наврас вазифаи падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа  мебошад. Тарбияи насли наврас  имкон медиҳад, ки ояндаи мамлакат, давлат ва ҷомеа дар дасти кадрҳои босалоҳият, худогоҳу худшинос, дорои донишу  ҷаҳонбинии васеъ   қарор гирад.  Пешвои муаззами миллат  дар Паёми хеш ба шаҳрвандони кишвар, падарону модарон, омӯзгорон ва  ҷомеа  чун  падари  миллат  насиҳат мекунад: “ Бо  истифода аз фурсат мехоҳам  ба падару  модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа  муроҷиат  карда, бори дигар  таъкид намоям, ки ба масъалаи  нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти  фарзандон бо камоли масъулият  муносибат намоянд”.

   Пешвои  миллат  бори дигар  миллатро  ҳушдор медиҳад, ки ояндаи  давлату миллат  аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот,  ватандӯсту ватанпарпст ва дорои ҳисси баланди  худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.

   Таассуб ва хурофот дар ҷое зуҳур меёбад, ки он ҷо халлоҳи мафкуравӣ  бошад.Аз ин рӯ, асосҳои мафкураи солим  дар ҷомеа  бояд ҷойи таассубу хурофотро гирад. Дар ин росто тақвияти худшиносии миллӣ нақши муҳим  дошта, роҳу василаҳои  тақвияти  онро  ҷустуҷӯ  намоем. Мафкураи солими ҷомеа бояд дар пайванди  хотираи таърихӣ ва  падидаҳои муосири мафкууравӣ таҳким ёбад. Ҳисси миллӣ набояд ба худхоҳии милӣ  табдил ёбад, балки мафкураи васеи  ҳурмату эҳтироми милатҳои дигар ва фарҳанги онҳоро фаро  гирад. 

    Бедор намудани хотираи  таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон  махсусан ҷавонон  нақши муҳим дорад.  Дар тақвияти худшиносӣ ва тарбияи  завқи бадеии аҳли  ҷомеа  фарҳанг низ нақши муҳим дорад,  Тарбияи фарҳангии насли ҷавон бяд аз мизи мактаб оғоз ёбад  ва ин раванди мураккабу васеъ бояд усулу равишҳои  самараноки  худро ёбад.

 Солҳои  охир  дар мамлакат садҳо иншооти фарҳанг бунёд гардиданд. Театри муосири миллӣ бунёд карда мешавад. Ҳар як миллати фарҳангӣ  дорои театри миллии  худ мебошад, ки дар тақвияти шууру  ҷаҳонбинии  фарҳанги  миллат саҳми бузург гузоштааст.

      Миллати фарҳангӣ миллати китобдору китобхон мебошад. Ҳар сол доир гардидани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар инкишофи тарбияи китобхонии ҷомеа  омили муҳим ба шумор рафта, дар шароити нави иҷтимоӣ нақши китобро дар ҳаёти маънавии  сокинони мамлакат  муҳим  месозад. Аз ин рӯ, нашр ва фурӯши китоб бояд фарогир  бошад ва харидории китоб низ ба одати домӣ табдил ёбад. Нашри китобҳо ба  таври васеъ ба роҳ монда шавад ва китобҳо  дархӯри  ниёзҳои маънавии хонандагони  имрӯз  бошанд ва ба маърифатнокӣ ва завқи бадеии  аҳолии мамлакат таъсир  расонанд. Дар баробари ин кори китобхонаҳои сатҳҳои  гуногун низ беҳтар гардида, дар ҷалби хонандагон  ба китобхонӣ саҳмгузор  бошанд.

    Лозим ба ёдоварист, ки солҳои охир 900 номгӯй  адабиёти бадеӣ нашр ва ба китобхонаҳо дастрас гардидаанд. Бо дастури  Пешвои миллат 3200000 нусха  китоби  “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи  Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон  туҳфа карда шуд.

  Мероси   таърихию фарҳангӣ  шиносномаи миллат буда василаи муҳими тақвияти хотираи таърихӣ  мебошад.  Ёдгориҳои бостонӣ зиёда аз 70 фоизи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро ташкил медиҳанд.Аз ин рӯ,  ошноӣ пайдо намудани  насли имрӯз бо мероси бостонии миллат ба тақвияти хотираи  таърихӣ ва худшиносии миллӣ мусоидат мекунад.

 Муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ  дар арсаи байналмилалӣ  самти муҳимми   сиёсати давлат  ба шумор меравад, ки ҷойгоҳи арзишҳои фарҳагию   маънавии тоҷиконро дар тамаддуни умумибашарӣ нишон  медиҳад.  Дар доираи Юнеско солҳои охир ҳамоишҳои байналмилалӣ  оид ба бузургдошти  Ҷамолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ бо ибтикор ва ширкати  бевоситаи Тоҷикистон  доир гардиданд. Дар оянда тибқи қатъаномаҳои  ЮНЕСКО бузургдошти 1050 солагии   Робияи Балхӣ  ва    эътирофи   шаҳри  Панҷакент  ҳамчун   “Шаҳри ҷаҳонии    ҳунарҳои дастӣ  барои сӯзанидӯзӣ”  дар назар дошта шудааст.

     Насли ҷавони мо ва умуман  шаҳрвандони  мамлакат  бояд таърихи пурифтихори худро донанд.  Зеро  мардуми ориёӣ дар таърихи башарӣ  ҳамун халқи дорои таҷрибаи давлатдорӣ, дорои  фарҳангу маънавиёти  ғанӣ  ва таҷрибаи шаҳрсозӣ буданд. Хотираи таърихӣ имкони бештаре медиҳанд барои  дурӣ аз  хурофоту таассуб. Бинобарин Пешвои муаззами миллат  масъалаҳое матраҳ намуданд, ки ҷанбаи маърифатию маънавӣ дошта,  ба густариши мафкураи солим дар байни ҷавонон мусоидат мекунанд.

 Дар ин маврид тарғибу ташвиқ намудан ва доир намудани  ҳамоишҳо таҳти унвони “Устувонаи Куруш”: Эъломияи  ибтидоии гуногунфарҳангӣ”( Аввалин  эъломияи  ҳуқуқи башар  дар  таърихи инсоният)  боиси ифтихору сарбаландии миллати  ориёии мо мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки  Дар шаҳри Душанбе  Боғи Куруши кабир  бунёд гардида, дар он  ҷо тандиси    “Устувонаи Куруш”  гузошта  шудааст.  Ин иқдомест, ки дар таҳкими хотираи  таърихӣ ва ифтихор аз гузаштаи таърихӣ  аҳамияти калон дошта, аз таърихи давлатдории аҷдодони  мо шаҳодат медиҳад.

      Ба Феҳристи  шахсиятҳои барҷастаи  фарҳангии ЮНЕСКО  ворид намудани  Борбади Марвазӣ  тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.  Маълум аст, ки тоҷикон яке аз  миллатҳои фарҳангиву тамадунсози дунё мебошнд ва фарзанди миллати  тоҷик  Борбади  Марвазӣ  яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии  қаламрави ориёӣ  эътироф  гардидааст.

    Пешвои муаззами  миллат мероси фарҳангии бостониро ҳачун як ганҷинаи  ҳувиятсоз ба назар гирифта, аҳамияти маърифатию маънавии онро таъкид намуда, дар шароити нави иҷтимоӣ ба омӯзиш, соҳибӣ намудани мероси аҷдодӣ,  ва идомаи  он даъват намуда,  бояд мақомоти  давлат, аҳли ҷомеа ва ҳар як  фарди равшанфикри  мамлакат  дар ин самт саҳми худро  гузоранд.

           Иқтибосе аз Паёми Пешвои миллат, ки барои ҳар фарди  бо нангу  номуси ин марзу бум омӯзанда аст: “ Боиси ифтихори мост, ки  гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён  забону фарҳанг, илму ҳунар, оину сунатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла, Наврӯз, инчунин, анъанаҳои  пешрафтаи  давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд.  Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда  ҳамчун ганҷинаи бебаҳои  ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо  бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо “ пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро  ҳамчун арзиши бузурги  инсондӯстона  шиори зиндагии худ  қарор додаанд”.

       Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки дар давраи соҳибистиқлоӣ   дар сатҳи  давлатӣ  таҷлил мегарданд, ҳувият ва асолати  тоҷикон  мебошанд,  Инчунин, анъанаҳои  давлатдории  гузаштагони ориёии мо дар таърихи башарият нақши мондагору  таъсиргузор  гузоштаанд 

    Бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз  дар шаҳри Душанбе  барои тарбияи наслҳои оянда  ва тақвияти худшиносии мардум аҳамияти калон доранд ва ба рушди маърифат ва маънавиёти ҷомеаи  мо мусодат менамоянд. Амалӣ   нмудани иқдомоти  зикршуда  барои муаррифи намудани  таъриху  фарҳанги беш аз  шашҳазорсолаи  миллати тоҷик  дар арсаи байналмилалӣ  аҳамияти калон дорад.

Ҳамин тариқ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи  самтҳои асосии  сиёсати дохилӣ ва хориҷии  ҷумҳурӣ  дар баробари таҳлили масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ  ба тақвияти ҷаҳони маърифатӣ ва маънавии миллат низ нигаронида шудааст. Зеро давлати миллӣ ба ғайр аз  рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба рушди маънавию маърифатии  миллат низ  бояд таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Давлати  мутараққиро миллати солими дорои мафкураи созанда  бунёд карда метавонанд. Маърифату маънавиёти созандаи миллат асоси сиёсати идеологии давлати  соҳибистиқлол  мебошанд.

 

Муфассал ...