wrapper

Навидҳои рӯз

Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори 90-солагии доктори илмҳои филология

 Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори 90-солагии доктори илмҳои филология ва фолклоршиноси шинохтаи тоҷик, Нисормамад Шакармамадов, нашр карда мешавад. Дар ии маҷмуа на танҳо таҳқиқоти илмии муҳим дар бораи осори профессор гирдоварӣ шудаанд, балки қисмҳои хотиротии ҳамкорон, дӯстон ва шогирдон низ дохил гардидаанд, ки дар онҳо саҳми беназири Н. Шакармамадов дар рущди фолклоршиносии муосири Тоҷикистои ва сифатҳои нотакрори шахсии ӯ ҳамчун олими барҷаста ва омӯзгори боистеъдод таъкид гардидаанд. Ҳамчунин, беҳтарин мақолаҳои фолклоршиносони шинохтаи байналмилалӣ оид ба масоили мубрами илми фолклоршиносӣ ба маҷмуа ворид шудаанд.
 Маводи ин маҷмуа барои мутахассисони соҳаҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва адабиётшиносӣ арзиши илмӣ ва амалӣ дошта, ба тадқиқоти минбаъдаи адабиёти гуфторӣ, омӯзиши ҳунар ва мероси адабӣ асоси боэътимод на роҳҳои нави таҳқикқотро фароҳам меорад.
Муфассал ...

“Феҳристи манбаъҳои пажӯҳиши фолклор ва адабиёти Бадахшон”

Ба он нигоҳ накарда, ки таваҷҷуҳи сайёҳон, мардумшиносон ва фолклору адабиётшиносон ба тарафҳои гуногуни ҳаёту маънавиёти тоҷикони минтақаҳои кӯҳистони Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми асри XIX оғоз гардида буд ва онҳо дар ин самт гузориш, мақолаҳо ва осори заруриро ба ҷо гузоштаанд, аксари аҳли таҳқик ба ин манбаъҳо дастрасии комил надошт. Бо шарофати ба истиклоли давлатию миллӣ даст ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешрафти илму технология чунин имконият даст додаст ва “Феҳристи манбаъҳои пажӯҳиши фолклор ва адабиёти Бадахшон” маҳсули ҳамин имконият ба шумор меояд. “Феҳрист...” бо ҳадафи роҳнамоии олимон ва муҳаққиқони ҷавон барои дарёфти осони манбаъҳо таҳия гардида, дар он аксари сарчашмаҳо бо маълумоти зарурӣ дарҷ шудаад. “Феҳрист...” дар доираи Лоиҳаи панҷсолаи Институти илмҳои гуманитарии ба н. Б. Искандарови АМИТ (2021 - 2025) таҳия ва нашр гардида, он барои донишҷӯёни факултетҳои гуманитараи донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, магистрантҳо ва аспирантҳои соҳаи филология ва ҳамчунон, барои кулли муҳаққиқони соҳа пешбинӣ мешавад.

Муфассал ...

СНОВА В СТРОЮ НАУЧНОЙ МЫСЛИ

СНОВА В СТРОЮ НАУЧНОЙ МЫСЛИ

 Сегодня в зале Диссертационного совета при Институт гуманитарных наук имени академика Б. Искандарова Национальная академия наук Таджикистана состоялась защита кандидатской диссертации Аваловой Зулфии Субонхоновны на тему «Особенности перевода повести “Субҳи ҷавонии мо” (“Утро нашей жизни”) Сотима Улугзода», представленной на соискание ученой степени кандидата филологических наук по специальности 5.9.2 - Литература народов мира (таджикская литература). Научный руководитель: доктор филологических наук Мурувватиён Джамила Джамол, главный научный сотрудник отдела современной литературы Института языка и литературы имени Рудаки Национальной академии наук Таджикистана.

 Диссертационное исследование посвящено комплексному анализу переводческих стратегий и трансформаций, применяемых при передаче художественного текста повести Субҳи ҷавонии мо («Утро нашей жизни») Сотим Улугзода на русский язык. В работе рассматриваются лексико-семантические, стилистические и культурологические аспекты перевода, выявляются особенности репрезентации национально-специфических реалий, образной системы и авторской интонации в условиях межъязыкового и межкультурного взаимодействия. Особое внимание уделено проблеме адекватности и эквивалентности перевода, сохранению художественно-эстетической ценности оригинала, а также вопросам передачи этнокультурного контекста таджикской литературы средствами русского языка.

 Председатель диссертационного совета Д 73.1.015.02 Каландариён Хоким Сафар в своем вступительном слове приветствовал ведущих ученых и специалистов, принимавших участие в заседании как очно, так и в онлайн-формате. Он подчеркнул значимость представленного исследования для развития современной таджикской филологии и теории художественного перевода, отметив, что данная защита является первой после возобновления деятельности совета. В этом контексте событие приобретает особую научно-организационную и символическую значимость, свидетельствуя о поступательном развитии академической науки и укреплении исследовательских традиций.

 В завершение председатель выразил уверенность в дальнейшем плодотворном функционировании диссертационного совета, пожелав его членам крепкого здоровья, научной активности, профессиональных успехов и новых достижений в сфере гуманитарных исследований. Защита прошла в конструктивной научной атмосфере, характеризующейся содержательной дискуссией и высоким уровнем экспертной оценки представленной работы.

 

Муфассал ...

АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА УМУМИБАШАРИИ ҶАШНИ САДА

Ќурбонхонова Нуриҷаҳон Мирасановна - номзади илмҳои филология,

мудири шуъбаи фолклор ва адабиёти Бадахшони ИИГ АМИТ

 

АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ ВА УМУМИБАШАРИИ ҶАШНИ САДА

   Сада яке аз ҷашнҳои мавсимии мардуми ориёитабор буда, пас аз анҷоми чилаи зимистон 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ мутобиќ ба солшумории мелодӣ анҷоми 30-юм ва оғози 31-уми январ пас аз 40-рӯзи шаби Ялдо, ки дарозтарин шаби моҳи дай аст, фаро мерасад. Ба андешаи мардумӣ дар ин шаб Офтоб тавлид мешавад, ки ин рамзи пирӯзии рушноӣ бар торикӣ, гармӣ бар сардиро нишон медиҳад. Дар замони муосир, тағйироти иќлимӣ ва ҷудошавии инсон аз табиат мавҷуд аст, вале ҷашни Сада нишонаи ҳамзистии инсон бо табиат, ќадр гузории ҳикмати бостонӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳамзистӣ ба ҳисоб меравад.

   Ҷашни Сада низ мисли ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон нишонаи вобастагии инсону табиат буда, рамзи кашфиёти унсурҳои муҳими ҳаёти инсониро дар худ таҷассум менамояд. Пайдоиши ин ҷашни бостон аз ишораҳои гуногуни таърихӣ ва асотирӣ, ки ба шахсиятҳои маъруфи замони хеле ќадим нисбат дода мешаванд, сарчашма мегирад. Тибќи муҳтавои ривоятҳои мардумӣ дар ин рӯз шумораи фарзандони Каюмарс, дар дигараш фарзандони Машӣ ва Машиёна ба сад нафар расида буданд. Мувофиќи нишондоди А. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» Ҳушанг аввалин маротиба шуда оташро кашф кард. Дар замони бостон кашфи оташ як ќадами бузург дар пешрафти ҳаёт буд. Оташ на танҳо манбаи гармӣ, балки манбаи ҳифзи ҷамъият ва ќувваи барќароркунандаи ҳаёт маҳсуб меёфт. Дар сарчашмаи дигар Афредун ҳамон рӯз Заҳҳокро мағлуб кард ва мардум аз ҷавру зулми Заҳҳок халос шуданд. Ҳамчунин аз Заҳҳок раҳо кардани шумораи одамон низ ба сад нафар расида буданд.

   Бештари сарчашмаҳо пайдоиши ҷашни Садаро ба кашфи оташ нисбат медиҳанд. Ин кашфиёт барои инсони замони бостон нуқтаи гардиш ба ҳисоб рафта, ӯро аз ҳолати дарки ибтидоии муҳит ба роҳи тафаккур, омӯзиш ва ташаккули тарзи нави зиндагӣ равона кард. Кӯшишҳои аввалини инсон барои фаҳмидани ҳаракати офтоб, оташ ва қонуниятҳои табиат заминаи шаклгирии тафаккури мантиқӣ ва шуури фарҳангиро фароҳам оварданд.

   Бо мурури замон, ин раванд васеъ гардида, кашфи оташ ҳамчун пояи асосии рушди ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии инсон нақш бозид. Дар замони муосир низ ҳамин равиши тафаккур ба кашфи неруҳои табиат аз барқ ва қувваи электрикӣ то энергияи атомӣ ва технологияҳои пешрафта идома ёфтааст. Аз ин ҷиҳат, оташ на танҳо ашёи сӯзанда, балки рамзи созандагӣ, фарҳангсозӣ ва гузариши инсон аз ҳолати табиӣ ба ҳолати фарҳангӣ маҳсуб мешавад.

   Бояд ёдовар шуд, ки ҳар як ҷашни бостонӣ ва маросими миллӣ новобаста аз шароити ҷуғрофӣ дорои арзиши баланди умумибашарӣ низ мебошанд. Дар гузаштаи дур вобаста ба муҳити ҷуғрофӣ бархе аз аҳолӣ дар минтаќаҳои кӯҳӣ ва мавзеъҳои душворгузар мавҷуд будаанд. Ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, онҳо низ аз тамаддун дар канор набуданд, баробари дигар мавзеъҳои дар маркази тамаддун ќароргирифта, дорои беҳтарин арзишҳои милливу умумибашарӣ будаанд. Ин андешаҳо дар нишонаҳои ҷашни Сада хеле нишонрас мушоҳида мешаванд. Як махсусият, ки ҷойгоҳи ин ҷашни бостонро дар тамаддуни башарӣ барҷаста нишон медиҳад, таркиби фарҳанги табиии он ба ҳисоб меравад.

   Афрӯхтани оташ дар ҷашни Сада, ки барои аҳолии кишварҳои гуногуни Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои хос аст, дорои рамзу боварҳои худ мебошад. Афрӯхтани гулхан дар ҷашни Сада нишонаи пирузии рушноӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, сардӣ бар гармӣ буда, оғози ҳаќиќат ва адолатро баён мекард. Аз тарафи дигар он манбаи иттиҳоду ваҳдат аст, ки мардум дар атрофи он гирд омада, шодиву хурсандӣ мекарданд.

    Нишонаи дигари ин ҷашни бостонӣ эътидоли ҳаракати системаи офтоб аст, ки дар тасаввури мардумон, иродаи инсонӣ ва адлу додро баён мекунад. Дар фасли сармо офтоб дар ќутби ҷанубӣ ќарор дошт, аммо бо гузашти рӯзҳо, баргашта ба ќутби шимолӣ омад, ки ин натанҳо ҳаракати астрономӣ, балки нишонаи бозгашт ба ҳаётро низ нишон дод. Аз ин рӯ ин ҷашни бостон дар байни ҳамаи халќияти дунё ҳамчун падидаи беҳтарини ҳамзистии инсон бо табиат дар ҳама гуна шароит ва манбаи ҳикмати умумибашарӣ шинохта мешавад. Дар баробари ин Сада нафаќат ҳамчун як ҷашни бостонӣ дар таърих аст, балки ҳамчун маркази тамаддун, иттилоот ва барќароркунандаи муҳити иҷтимоӣ низ ба ҳисоб меравад, ки он барои ҳамаи инсонияти дунё арзиши беҳад дорад.

   Нуқтаи дигари ҷолиби таваҷҷӯҳ дар улгӯҳои вобаста ба ин ҷашн, талоши ҷамъии инсон дар муҳити табиӣ барои ба низом даровардани зиндагӣ ва ҳамоҳанг сохтани рӯзгор бо шароити фаслӣ мебошад. Сада на танҳо иди мавсимӣ, балки нишонаи ҳаётпазирӣ, ҳамдигардастгирӣ ва саҳмгузории аҳли ҷомеа дар беҳсозии шароити зист ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн инчунин намоди созандагии фарҳангист, ки дар натиҷаи он корҳои ободонӣ ва муҳайё сохтани муҳити муносиб барои зиндагӣ ташвиқ меёбад. Ба ғайр аз ин, Сада нишонаи хайру саховат буда, идомаи анъанаҳои деринаи мардуми ориётаборро бозтоб  медиҳад.

   Дар маҷмуъ ҳамаи расму одатҳои ҷашни Сада як маънии мушаххасро ифода мекунанд, он ҳам бошад, муҳтавои раҳоӣ ёфтан аз душвориро баён менамояд. Анъана, урфу одатҳои мардумии ҷашни Сада  низ ќариб дар байни тамоми халќияти дунё ба як мафҳум баён мешавад, ки он ниёзи башарро ифодагар мебошад. Ҳамзамон, Сада беҳтарин нишонаи арзишҳои инсонӣ буда, ҷойгоҳи хосе дар ҳаёти иҷтимоиву мадании башарият соҳиб шудааст.

    Маҳз ҳамин гуна вижагиҳои ин ҷашни бостонӣ будаанд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баргузории ҷаласаи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Касенеи Ҷумҳурии Ботсвана (аз 5.12.23 то 9.12.23) номинатсияи севуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон «Ҷашни Сада» расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО ворид гардид.

Муфассал ...