
Институт

- Сешанбе, 13 Феврал 2024
70-УМИН СОЛГАРД МУБОРАК БОД!
70-УМИН СОЛГАРД МУБОРАК БОД!
Институти илмҳои гуманитарӣ ба номи Б. Искандаров дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи давлатии ВМКБ бахшида ба 70-умин солгарди доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масъалаҳои актуалии номшиносии тоҷик” баргузор намуданд.
Конференсияро директори Институт доктори илмҳои филологӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар конференсия муовини Раси ВМКБ доктори илмҳои филологӣ Абдулназарзода Абдулназар соҳибҷашнро аз номи Мақомоти ВМКБ табрик намуд. Чанд нафар баромадкунанда: Матробиён Саодатшо Қосимзода – Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳматуллозода Сахидод - муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифзода Фарангис – директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакии АМИТ ба тариқи онлайн соҳибҷашнро табрик гуфта, бо маърўзаҳояшон баромад карданд.
Офаридаев Назрӣ яке аз симоҳои маъруфи илмии на танҳо ВМКБ, балки олими шинохта ва соҳибэҳтироми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, давомдиҳандаи кору фаъолияти муҳаққиқони забонҳои помирӣ ва фарҳанги таҳҷоӣ ба монанди Р.Х. Додихудоев, Д. Карамшоев, М. Файзов, Т.Бахтибеков, Н. Карамхудоев мебошад. Устоди муҳтарам дар риштаи топонимия ва ойконимияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, ки яке аз самтҳои асосии илми забоншиносӣ маҳсуб меёбад, таҳқиҳотҳои назаррасеро анҷом додаасту ҳоло ҳам фаъолияти ӯ дар ин ҷода беназир мебошад.
Профессор Назрӣ Офаридаев яке аз сермаҳсултарин олимони Тоҷикистон ба шумор меравад, ки ба қалами ӯ беш аз 100 асару мақолаҳои илмӣ оид ба масоили топонимикаи Тоҷикистон, лексикологияи забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ, усулҳои таълими забон, таҳлили синхронӣ, диахронӣ ва муқоисавӣ-типологӣ тааллуқ доранд. Ба сифати муҳарризи расмии даҳҳо рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ баромад кардаанд. Рисолаву маҳолаҳои зиёди ин донишманд аз қабили “Микротопонимияи Ванҷу Дарвоз”, “Ойконимияи таърихии Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон”, “Ойконимияи Вилояти мухтори Кўҳистони Бадахшон”, “Очеркҳо оид ба топонимия ва микротопонимияи Кўҳистони Бадахшон” дар илми забоншиносӣ мақоми хоса доранд.
Саҳми Офаридаев Н. дар пажӯҳиши забонҳои шарқ ва ғарби эронӣ басо арзанда буда, кӯшиши ӯ дар пойдории сулҳу субот ва оромиши кишвар, тарғиб ва тарафдории сиёсат ва стратегияи пешгирифтаи имрӯзаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба мақоми забони давлатӣ шуҳрати ин олимро дар байни аҳолии Ватанамон афзудаанд. Теъдоди мақолоти публитсистии устоди муҳтарам дар самти ташвиқу тарғиби донишҳои илмӣ, сиёсати хирадмандонаи кишварамон, қонунгузорӣ дар самти забон, илму таҳсилот тавассути Воситаҳои ахбори омавӣ ва шабакаҳои интернетӣ бениҳоят зиёд буда, аз ин ҷиҳат ӯро метавон энсеклопедисти соҳаи сиёсат ва қонунгузории давлатамон низ эътироф намуд.
Офаридаев Назрӣ дар поягузорӣ ва инкишофи риштаи филологияи тоҷик, дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, хизмати арзандае ба ҷо овардааст. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ба номи М. Назаршоев ба ҳайси омӯзгор, сипас мудири кафедраи забони тоҷикӣ, декани факултаи филологияи тоҷик кор ва фаъолият намуда, баъдан солҳои тӯлонӣ вазифаи Проректор оид ба илми Донишгоҳро ба уҳда дошт. Кафедрае, ки сарварии онро устоди муҳтарам ба уҳда дошт, ба як маркази илмиву забоншиносии ҳақиқӣ ва махзани кадрҳои забоншинос табдил ёфт.
Дар тарбияи кадрҳои илмии соҳаи филология, яъне муҳаҳҳиҳон, мутахассисони ҷавони забоншинос (ҳамчун роҳбар ва мушовири илмӣ) саҳми баѓоят калон доранд. Дар давоми фаъолияти илмиву омўзгориашон то имрўз устод Назрӣ Офаридаев тавонистаанд чандин шогирдони худро дар роҳи илм раҳнамоиву тарбия намоянд. Шогирдони ин олими барҷаста ҳоло дар рушди илми забоншиносӣ ва пешрафту инкишофи илму фарҳанг дар вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми беандоза гузошта истодаанд.
Ҷашни муборакро барои устоди меҳрубонамон фархундаву ҳумоюн гуфта, ба эшон саломатӣ, офияти рўзгор ва комёбиҳои илмии навро таманно менамоем.
Муфассал ...- Душанбе, 12 Феврал 2024
ИНКИШОФИ ИЛМ ВА МАОРИФ-КАЛИДИ ПЕШРАФТИ ҲАМАИ СОҲАҲО
Давлат Ниёзбеков номзади илмҳои фалсафа, ходими пешбари илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ
ИНКИШОФИ ИЛМ ВА МАОРИФ-КАЛИДИ ПЕШРАФТИ ҲАМАИ СОҲАҲО
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 28.12.2023, ш. Душанбе)
Дар раванди ҷаҳонишавӣ аксари миллату давлатҳо барои ҳифзи арзишҳои маънавиву фарҳангӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пурзўр кардани мавқеи худ азму талош намуда, ба таҳдидҳо ва тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ, ки ба нерўи зеҳнии халқияту миллатҳо таъсир мерасонад, ба василаи илму маориф мубориза мебаранд. Илму маориф ҳамчун аризиши дар даврони ҷаҳонишавӣ таъиноти фаромилӣ дорад. Чунки аксарияти арзишҳо, махсусан, арзишҳои фарҳангӣ тавассути илм, маориф дар раванди таърих аз насл ба насл ба мерос гузаштааст. Барои ин, ҳар як миллату давлатро лозим аст, ки барои комилу мукаммал ба мерос гузоштани илму тамаддун ва ҳифзи арзишҳои гузаштагони хеш ҳарчи бештар илми ватании худро рушд диҳад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъала, мутобиқ намудани маорифи кишвар ба рӯҳияи давру замон нисбати ин соҳа бештар ғамхорӣ намуда, мекӯшад, то системаи маорифи мо пешрафта бошад. Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ дар ин масъала чунин таъкид намуданд, ки “ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта - сармоягозорӣ ба хотири рушди нерӯи инсонӣ мебошад ва бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”.
Дар раванди ҷаҳонишавӣ аксари миллату давлатҳо барои ҳифзи арзишҳои маънавию фарҳангӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ пурзўр кардани мавқеи худ азму талош мекунанд. Зеро тамоюли ҷаҳонишавӣ фарҳанги ҳама халқияту миллатҳоро дар заифию устуворӣ имтиҳон мекунад. Роҳи ягона ва асосии ҳифзи ин арзишҳо дар чунин шароит тавассути илму маориф сурат мегирад. Мусаллам аст, ки барои дуруст рушдёбии ин падидаи ҷомеа ниёз ба мутахассисони ҳирфавӣ ва баландихтисоси касбӣ дорад, ки ин тавассути низоми маориф дар давлат ба роҳ монда мешавад.
Вобаста ба ин, ба масъалаи илм ва маориф таваҷҷуҳ зоҳир намудан ҳамасола дар Паёмҳои Президенти кишвар зикр мегардад. Пешвои миллат нисбати ин соҳаи иҷтимоии давлат диққати махсус медиҳанд.
Дар Паёми солонаи худ 28.12.2023 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Фаъолияти устувор ва рушди соҳаи илму маориф дар ҳама сатҳҳои иҷтимоӣ мутобиқшавӣ ё навсозии динамикии шахсият ва ҷомеаро таъмин месозад. Дараҷаи баланди маориф, ки одатан бо рушди баланди илму истеҳсолот ҳамроҳ мешавад, дар ҳама марҳилаҳои тамаддуни башарӣ омили муҳимтарини пешравии иҷтимоию техникӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб мерафт.
Маориф дар ҷаҳони муосир омил ва шарти асосии ҳамгироии рушди системаи илм ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта омилҳои он ба василаи раванди ҷаҳонишавӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ муайян карда мешавад, ки хусусиятҳои мусбат ва манфии зуҳури худро дар равандҳои муосири ҳамгироии маориф ва илм доранд, нишон медиҳад.
Дар замони муосир дониш ва иттилоот ҳамчун низоми муттаҳидкунандаи маориф ва илм буда, онро ҳамчун заминаи асосии зеҳнии технологияҳои инноватсионӣ дар ҷомеаи муосири иттилоотӣ арзёбӣ метавон кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ 28.12.2023 ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд, ки “Авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад”.
Маориф дар давоми ду асри охир як қатор дигаргуниҳои ҳақиқатан инқилобиро аз cap гузарондааст. Дар аксари кишварҳои дунё мардону занон имрӯзҳо ҳуқуқи гирифтани таҳсилро доранд, давлат кафолат медиҳад, ки шаҳрвандонаш дараҷаи муайяни таҳсилот дошта бошанд, таълим мунтазам суръат мегирад. Ҷаҳони муосир бо ҳама пуртаззодӣ, мухолифат ва дигар вижагиҳояш ба илму дониш ва мутахасисони болаёқат эҳтиёҷ дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносиву худогоҳӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро дар ҷавонону насли наврас ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқу тарғиб намоем.
Муфассал ...

- Душанбе, 12 Феврал 2024
МУҲАҚҚИҚИ «ЗАБОНИ ЗАМИН» (маҷмуаи мақолаҳо). - Душанбе: «Сифат-Офсет».- 2024. – 232 с.
МУҲАҚҚИҚИ «ЗАБОНИ ЗАМИН» (маҷмуаи мақолаҳо). - Душанбе: «Сифат-Офсет».- 2024. – 232 с.
Бо Қарори Шурои олимони Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ (протоколи № 9 аз 8.12.2023) ба чоп тавсия гардид.
Зери назари доктори илмҳои филологӣ
Қаландариён Ҳоким Сафар
Мураттиб ва мусаҳҳеҳ: номзади илмҳои филологӣ
Назаршоева Чилла Раҳимбековна
Маҷмуаи мақолаҳо ба ифтихори 70-умин зодрўзи доктори илмҳои филологӣ, профессор Офаридаев Назрӣ бахшида мешавад. Дар он мақолаҳои ҳамкорон, дўстону шогирдонаш дар бораи нақши ў дар рушди илми забоншиносии тоҷик, саҳми устод дар тарбияи мутахассисони илмию омўзгорӣ ва меҳрномаҳои ҳамкорону шогирдонаш гирдоварӣ шуданд. Инчунин мақолаҳои дар солҳои гуногун нашрнамудаи Офаридаев Н. низ ба маҷмуа дохил гардидаанд, ки масоили гуногуни ономастикаи тоҷикро дар бар мегиранд.
Сборник статей посвящается 70-летию доктора филологических наук, профессора Назри Офаридаева. В нем собраны статьи его коллег, друзей и учеников о его роли в развитии таджикской лингвистики, о вкладе Офаридаева Н. в подготовку научно-педагогических кадров, в заметках учеников и друзей отражены его моральные и человеческие качества. В сборнике также включены ряд статей профессора Н. Офаридаева, посвященные различным вопросам таджикской ономастики.
Муфассал ...