wrapper

Мақолаҳо

ОИД БА ЯКЕ АЗ ҚАРОРҲОИ НАХУСТИН АНҶУМАНИ ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН

                            Назрӣ  Офаридаев,  доктори илмхои  филология,     сарходими  илмии шуъбаи  забонхои  помирии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ, профессори  ДДХ ба номи М. Назаршоев

 

         Аз 23-ум  то 28-уми   августи  соли 1930   дар поитахти  Тоҷикистон  шаҳри    Сталинобод (Душанбе) нахустин анҷумани  илмии забоншиносӣ  баргузор гардид,  ки  дар ҳаёти  фарҳангии  ҷумҳурӣ  рӯйдоди арзишманд  ва  муҳим  буд.  Дар анҷуман чаҳор  масъалаи асосӣ  мавриди   ҳаллу фасл қарор  гирифта   буд: 1.Забони адабии тоҷик, 2.Алифбо, 3.Имло, 4.Масъалаи алифбои  шуғнонӣ. Мутаассифона мадорики  мукаммали  анҷуманро ба  сабаби пурра мавҷуд  набудани дӯхтаҳои рузномаҳои  он давра дар  бойгониҳо ба  сурати  пурра дарёфт кардан  имкон  надорад [8,27].    

         Дар  солҳои сиюми асри  гузашта сиёсати  давлат  марбути  забон дар  доираи   самтҳои  дигари  сиёсати  фарҳангии   давлати Шӯравӣ дар раванди таҳаққуқи навсозиҳои  «инқилоби  маданӣ»  тарҳрезӣ   гардида,  аз дидгоҳи  замони  имрӯз шебу фарозҳо ва  каму  костиҳои он  сиёсат  мавриди  баррасӣ  қарор  мегиранд. Нахустин  анҷумани илмии  забоншиносӣ  дар  самти рушди  забони  тоҷикӣ, барқарор  гардидани меъёрҳои  он, коркарди  хату  алифбои  нав, коркарди   усулҳои   расмулхати  нави  забони  тоҷикӣ  қарорҳои  бунёдӣ  қабул  намуд,  ки на ҳамаи  онҳо аз   диди   имрӯз  қобили қабул   мебошанд.

     Сиёсати бахши  забон  дар Тоҷикистон дар  асоси сиёсати забонии Давлати Шӯравӣ  коркард шуда, ҷанбаи сиёсӣ  дошта,  дар раванди  дигаргунсозии  фарҳангии  низоми ҷадид тарҳрезӣ  шуда буд. Тағйири  алифбои  арабӣ  ба лотинӣ (соли 1929 ба  алифбои  лотинӣ,  соли 1940  ба  алифбои  криллӣ), соҳиби хату  алифбо  намудани  забони  шуғнонӣ аз ҷумлаи  муҳимтарин  рӯйдодҳои    ин сиёсат  буданд.

   Солҳои  20-ум ва 30-уми асри гузашта  баробари  омӯзиши  забони  тоҷикӣ ва масоили  марбут  ба  гузариш  ба хати лотинӣ, масъалаи  забони адабӣ, коркарди қоидаҳои  имлои забон ва  меъёрҳои  он омӯзиши  забонҳои  помирӣ ва яғнобӣ низ вусъат  пайдо намуда буд. Вазъи забонию фарҳангии  Тоҷикистонро   ба  инобат  гирифта  вобаста  ба  навсозии  фарҳангию  иҷтимоӣ ҷомеаи  нав ва ба  вазифаҳои  инқилоби  фарҳангии  давлати   тозабунёди шӯроҳо масъалаи   алифбои  забонҳои  «хурди»  ҷумҳурӣ   низ  ба миён  омад.

     Он давра бисёре аз донишмандон дар ин ақида буданд, ки «забонҳои кӯҳистон» дар маҳдудаи густариши худ фаъол бошанд ва ба ин халқҳо «барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад». Яке аз эроншиносони маъруфи Аврупо Х.Шёлд, ки аз саромадони омӯзиши илмии забонҳои помирӣ ба шумор меравад, соли 1928 дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» (№6) навишта буд:

         «Ин забонҳои кӯҳистон барои забоншиносӣ бисёр аҳамият доранд. Бинобар ин агар бигуям, ки ин забонҳо аз тамоми забонҳои ҳиндӣ ва аврупоӣ пураҳамияттар ва омӯхтани онҳо барои фанни забоншиносӣ яке аз масъалаҳои муҳимме аст, муболиға накардам». Дар ҷои дигар ӯ қайд мекунад: «Тадқиқ намудани ин забонҳо танҳо аз ҷиҳати илми забоншиносӣ муҳим аст».

         Х.Шёлд таъкид мекунад, ки барои инкишофи «забонҳои кӯҳистонӣ» деворро байни «забони ҳукуматӣ  ва забонҳои майда» бояд бардошт. Ӯ менависад: «Миллатҳое, ки ба забонҳои кӯҳистонӣ  (забонҳои яғнобӣ ва помирӣ - ОН) гап мезананд, ҳақ доранд талаб намоянд, ки ба онҳо барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад. Чаро ки забони онон ҳам аз забони тоҷикӣ ва ҳам аз забони форсӣ фарқ доранд ва миёни ҳамдигар як тӯда фарқиятҳои забонӣ доро мебошад»[13,182-179].  Табиист,  ки  ин  ин масъала дар  доираҳои илмӣ  ва сиёсию ҷамъиятӣ мавриди истиқбол қарор гирифта  буд.

       Тибқи  маводи  нашршудаи  нахустин анҷумани  забоншиносӣ оид  ба масъалаи  чорум  рафиқ А. Дяков  маърӯза кардааст.    Моҳияти  масъалаи  мазкур, аҳамияти он тибқи  рӯйдодҳои  сиёсии  он давра  дар иттилоияи ҷамъбастии анҷуман  ба   тариқи зайл баён   ёфтааст:    «Масъалаи  охирин,  ки  алифбои  шуғнонӣ буд, ин масъалае  аст, ки алъон   касе  дар  бораи  он фикр  накарда, ҳатто агар  ин масъала  дар замони  амирӣ ё  подшоҳии  рус  касе  мебардошт,  боиси ханда  ва мазоҳ мешуд. Имрӯз диктатураи  пролетарӣ  замина ҳозир  кард, ки барои якчанд миллати  майда, ки ба забони алоҳида  гап  мезаданд, алифбои  махсус  тайёр  карда  шавад  ва   онҳо маданияти  худашонро  ба  забон  ва   алифбои  худ  баранд.  Ин масъалаи  тозаро  ҳамаи намояндагон бо чапакзанӣ  қабул карда   бо шавқу завқ  музокираҳо менамуданд ва  барои  шуғнониён алифбои  алоҳида  карданро  яке  аз роҳҳои  пешрафти  маданияти  анҷуман  дониста  ба  тӯғригӣ ҳал  шудани  масъалаи миллӣ  дар  замони  диктатураи  пролетарӣ офарин  ва таҳниятҳо  мекарданд. Ҳақиқатан ин   масъалае аст, ки танҳо  дар замони  диктатураи   пролетариат  ҳал мешавад ва шуд. Ва  барои дигар  миллатҳои  майдаи Тоҷикистон  будагӣ  монанди яғнобӣ ва вахонӣ ва дигарон  бо ин ки  шумораи  онҳо  бисёр  кам ва ба ҳазор  аст, низ ба кори   алифбои  нави  алоҳида  сар  карданро анҷуман  ишорат  карда  гузашт ва ва барои роҳ ва  чорабинӣ    тайёр   карданро  лозим дид [5,126-133]. 

           Қарори анҷуман низ дар  ин маврид бештар ҷанбаи  сиёсию идеологии замон   дошта, мавқеъ ва нақши забони  тоҷикиро дар таълиму  тарбияи «миллатҳои тоҷики кӯҳистон»    муайян  аниқ  накардааст. Дар қарори анҷуман   оид ба масъалаи  мазкур омадааст:

«Қарор дар бораи  забони  таълим ва  адабиёти оммаӣ  барои миллатҳои  тоҷики  Кӯҳистон

      1) Барои ба  тезӣ тараққӣ  додани маданияти  аҳолии пасмондаи кӯҳистон, ки  забони  махсусе  доранд  ва  кашидани  онҳо ба  маданияти пролетарӣ ва инчунин ҷалб кардани  онҳо ба  сохтмони  сотсиалистӣ анҷумани  илмии  забоншиносони  Тоҷикистон  лозим  медонад ва ба сиёсати миллии  пролетариат мувофиқ  мешуморад, ки  дар  мактабҳои  миллатҳо таълим  ва  тарбия дар забони  модарии худашон   бурда шавад ва  адабиёти  онҳо дар забони  модарии онҳо чоп  ва нашр шавад

     2) Барои ин ки барои ҳар як аз  ин миллатҳо қуввакоркунӣ даркор мебошад  ва барои ин ки рафъ кардани эҳтиёҷҳои  мадании  онҳо  зарур ва таъхирнопазир аст, бинобар ин, онҳоро бо миллатҳои майдаи  дигари  Тоҷикистон баробар кардан  лозим   мебошад.

     3) Бинобар  набудани қувваҳои маданӣ  дар байни вахонӣ, язгуломӣ,  ишкошимӣ, рушонӣ ва  дигарон Анҷуман зарур медонад,  ки дар ин соҳа кор сар карда шавад.  Монанди тайёр намудани қувваҳои маданӣ  ва  тафтиш кардани  забони  онҳо.  Аммо дар бораи  шуғнониҳо Анҷуман ба ин  фикр меояд: қувваҳое, kи дар миёни  онҳо мавҷуд аст, роҳ мекушояд, ки дар  мактабҳои онҳо  ба забони  модариашон  таълим  дода шавад  ва  дар  ояндаи наздик  барои  онҳо ба забони  модариашон китобҳо  дарсӣ адабӣ чоп карда шавад.

4) Анҷуман  лоиҳаи алифбои шуғнониро, ки  ба  анҷуман аз тарафи  раис Дяков  тақдим  шудааст, асосан  тасдиқ  карда, зарур  медонад, ки ба зӯдӣ ба асоси  лоиҳаи  мазкур  ба тайёр кардани  адабиёти  оммагӣ сар карда  шавад. Ба  ин шарт, ки дар оянда  баъд аз таҷрибаҳои  илмӣ  чуқуртар  такмил  карда  шавад. Овози тоҷик, 14 сентябри 1930» [3, 671-672].

    Бад-ин тартиб, анҷумани  забоншиносӣ тартиб додан  ва ҷорӣ  намудани   алифбои шуғнониро  маъқул дониста, иҷрои   ин кор дар сатҳи  давлатӣ  тарафдорӣ  ёфт ва барои чопи  китобу  дастурҳои  дарсӣ  ба  забони  шуғнонӣ  маблағҳои  муайян ҷудо гардиданд. Соҳибхат  намудани  забони шуғнонӣ  он  замон  дар  заминаи  татбиқи  сиёсати забонии давлати  Шӯравӣ  амалӣ  гардид. Маълум аст, ки  дар  даҳсолаҳои аввали Ҳокимияти  Шӯравӣ  беш аз 50  забони бехату  алифбои  халқҳои  Шӯравӣ  соҳибхат   гардиданд. Дар  баробари  ин масъалаи  мазкур  дар Тоҷикистон дар  робита  ба  табдили хати  арабиасоси  форсӣ  ба лотинӣ (1929) низ  ба  миён  омад. Тавре  аз  маводи ҷамъбастии  анҷуман  бар  меояд маҳз  ба хотири бартарият додан ба  низоми нави давлатдорӣ, ба маданияти пролетарии шӯравӣ  ҷалб намудани  халқиятҳои  камшумор, ҳал намудани  масъалаи миллӣ дар шароити низоми нави  иҷтимоӣ «дар  заминаи  диктатураи  пролетариат» масъалаи соҳибхат  намудани  забони  шуғнонӣ  низ   ба  миён  омад. Аммо  масъалаи  дигари вобаста  ба ин мавзӯъ ба эътибор  гирифта  нашуд. Оё  шуғнониҳо ва дигар  халқиятҳои  майдаи  Тоҷикистон  то ин  вақт забони  хаттӣ  надоштанд? Забони форсӣ - точики  ба сифати забони хаттӣ дар умури мазҳабӣ, коргузорӣ, адабӣ,   фарҳангӣ ва  илмӣ дар Шуғнон   мавриди  истифода қарор   гирифта буд. Дуруст  аст, ки забони модарӣ бозтобдиҳандаи  фарҳангу маънавиёти  халқ  маҳсуб  мешавад. Забони модарӣ  метавонад дар баробари дигар забони хаттӣ   мавриди истифодаи худро  дошта бошад, ки чунин вазъи  хоси  забонӣ  дар Кӯҳистони Бадахшон асрҳо  боз  шакл  гирифта буд. Аз ин рӯ  на ҳамаи эҷодкорон, зиёиёни  он замон ҷонибдори ҷорӣ  намудани  таълим, эҷоди  осори  адабию  илмӣ  ба  забони шуғнонӣ ва  дигар «забонҳои   хурди»   минтақа  буданд.   Дар  сатҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ   низ  он   замон дар ин  бора  ҳамфикрӣ  вуҷуд  надошт[4].

       Ҳанӯз соли 1904 котиби намояндагии сиёсии Русия дар аморати Бухоро А. Черкасов  дар ҳисобот  оид ба сафар ба бекигариҳои Помир вазъи  забонии  минтиқаро тасвир намуда, навишта буд:   

            «Масъалае ки ба забонҳо иртибот мегирад, метавонад дар оянда мавзӯи баҳси тадқиқоти алоҳида қарор гирад. Ҳоло метавон гуфт, ки дар бекигариҳои камнуфуси Помир  3 забони аз ҳамдигар  фарқкунанда вуҷуд доранд: забони шуғнонӣ дар Рушону Шуғнон, ишкошимӣ ва вахонӣ (забони язгуломи ном бурда нашудааст-ОН).

         Ба сифати забони умумӣ ( забони модарӣ барои аҳолии Ғорон) лаҳҷаи бадахшонии забони форсӣ хизмат мекунад, ки онро аз даҳ нӯҳ ҳиссаи аҳолии бекигарӣ ба шумули  навҷавонон ва занон медонанд. Ин забон инчунин барои мукотиба  хизмат мекунад; ба ин забон китобҳои муқаддаси тоҷикон таълиф шудаанд ва одамони босавод дар Шуғнон, Вахон ва Рӯшон бо адабиёти классикии форсӣ каму беш ошноӣ доранд» [9,672].

      Консепсияи татбиқи забонҳои мардуми кӯҳистон он замон дар бахши  маориф коркард нашуда  буд. Алифбо  тартиб дода шуд, китобҳои таълимии алифбо барои калонсолон,  барои  кӯдакон, китобҳои дарсии забони   модарӣ, ҳисоб, табиатшиносӣ  ва баъзе китобчаҳои  бачагона аз забони русӣ  тарҷума шуданд. Вале маълум  нашуда буд, ки забонҳои  маҳаллӣ  то кадом синф  тадрис мешаванд?  Масъалаи  таълими  забони асосии ҷумҳурӣ – забони тоҷикӣ  дар макотиби Шуғнон дар кадом  сатҳ бояд қарор гирад, муайян карда  нашуда  буд. Илова бар ин алифбо ва китобҳои таълимӣ  танҳо ба забони шуғнонӣ  таълиф гардиданд, алифбо ва таҳияи дастурҳо ба забонҳои  дигари Кӯҳистони  Бадахшон  дар анҷуман  таъкид  гардид,  вале аз  сабаби  набудани  мутахассисон ва  тафтиш нашудани  ин забонҳо дар солҳои сиюм  он амалӣ нагардид. Ба ибораи дигар танҳо дар Шуғнон метавонистанд таълимро ба роҳ монанд. Дар ҳоле ки дар ҳудуди густариши забонҳои дигар алифбо ва таълим ҳамоно  ба забони тоҷикӣ  идома  дошт.

      Аз  матни  қарор бар  меояд,  ки ҷорӣ намудани  «таълиму  тарбия дар забони модарӣ барои  ба  тезӣ тараққӣ  додани маданияти аҳолии пасмондаи  кӯҳистон,  кашидани онҳо ба маданияти  пролетарӣ ва  ҷалб кардани онҳо  ба  сохтмони  сотсиалистӣ» ва мувофиқ « ба сиёсати миллии пролетариат»  дар  амал  татбиқ   мегардид.

   Дар  қарори  Анҷуман      соҳибони ин  забонҳоро  «миллатҳои тоҷики  кӯҳистон» ёдоварӣ  намудаанд, вале  дар банди  дуюми  таъкид мешавад, ки «онҳоро  ба миллатҳои  майдаи  дигари Тоҷикистон баробар  кардан лозим мебошад» Табиист,  ки  ин боиси баҳси дигаре  гардид, мудоме ки инҳо «миллатҳои  тоҷики  кӯҳистон»   бошанд, пас забони  тоҷикӣ низ барояшон  бегона  набошад.  Бараъло дида мешавад, ки соҳибхат намудани  забони  шуғнонӣ  сирф  ҷанбаи  сиёсӣ  дошта, ҳамчун як  рӯйдоди нави бунёди  фарҳангӣ  дар робита ба   шароити сиёсию иҷтимоӣ  зоҳир гардид.  Ин масъала дар  робита бо «лотиниониданидани»  расмулхати  забони точикӣ ҳамзамон  ба миён омад. То ин замон дар солҳои  бистуми  асри гузашта баҳри  татбиқи  барномаҳои   инқилобӣ мактабҳои нахустин, ки дар Кӯҳистони Бадахшон  ташкил шуда  буданд, забони форсӣ- тоҷикӣ таълим дода  мешуд ва таълим  низ  ба  ин  забон  сурат  мегирифт. Забони  форсӣ-тоҷикӣ  дар ин  минтақа нуфузи зиёде дошта,  мисли манотиқи  дигари Тоҷикистон то солҳои сиюм  дар Шуғнон низ  даҳҳо суханвароне буданд,  ки ба забони форсӣ- тоҷикӣ  осори  илмию  адабӣ  офаридаанд. Масалан, дар бораи мактаби адабии  Саид Фарухшоҳу Шоҳзодамуҳаммаду Юсуфалишоҳ ва шоирону  фозилони  дигари Шуғнон  дар  осори  илмӣ маълумоти фаровоне оварда шудааст. Бинобар ин роҳандозии эҷоди  бадеӣ  ба  забони маҳаллӣ   барои ҳама  пазируфтанӣ  набуд. Ба ибораи дигар  алифбои шуғнонӣ  ҷонибдорон ва муқобилони  худро  дошт ва  таҳаққуқ напазируфтани  он ба  амри ҳизби  ҳукмрону ҳокимияти  замон он қадар  вобастагӣ  надошта, бо сабабҳо ва  омилҳои  айнӣ (обйективӣ) густариш пайдо накард. Он аз тарафи  мардум  қабул нашуд ва  аз тарафи мақомоти ҳукуматӣ  низ таҳмил нагардид. Мардум  ба  таври  худихтиёрӣ забони  таълимро  интихоб  намуд, ки он  барои  онҳо   бегона  набуд.

        Шахсияти маъруф, дорандаи  Ҷоизаи Давлатии  СССР, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар баъдтар  дар ин бора  навишта  буданд: « Халқ  забонро ифтихори миллии  худ  медонанд.  Дар солҳои сиюм булҳавасоне  алифбои  шуғнониро  ихтироъ карданд. Ихтироъгарон  мағрурона  мегуфтанд, ки дар  осмон ҳар қадар ситора зиёдтар бошад, вай  ҳамон қадар  зеботар  менамояд. Дар  давоми  панҷ – шаш сол ба ин забон  китобҳои  дарсӣ  мебароварданд, китобҳои сиёсию  бадеӣ  тарҷима  мекарданд ва ба нашр  мерасонданд.Барои  ин кор меҳнати  зиёди одамон ва  миллионҳо сум  сарф  шуд, вале маълум  гашт, ки  китобҳои ба забон шуғнонӣ  нашршуда  дар анборҳои  мактабу  маориф  хобидаанд. Талабагон  аз рӯи  китобҳои  тоҷикӣ  дарс  мехонданд. Кор ба ҷое  расид, ки одамон махфӣ   ба Душанбе  омада,   китобҳои  дарсӣ  харида  ба Шуғнон мебаранд. Вақте ки Раиси Президиуми Совети  Олии РСС Тоҷикистон М.Шоҳгадоев  ба Шуғнон рафта, сабабро фаҳмиданӣ шудааст,  аҳолӣ  бо як овоз  гуфтааст, ки  мо тоҷик будему  ҳастем ва барои мо забону миллати нав ихтироъ кардан лозим нест. Ба мунаҷҷимон  гӯед, ки дар шаб зебоии осмон  аз бисёрии ситораҳост, лекин барои  ин зебоӣ шуда. ситораи  калони  тоҷикро ба  ситорапораҳо табдил додан ҷиноят аст» [7,111].

      Аз  суханони устод Мирсаид Миршакар маълум  мешавад,ки  оид ба алифбо ва ҷорӣ намудани  таълиму тарбия  ба забони шуғнонӣ  дар Шуғнон  ҳамфикрӣ вуҷуд надоштааст. Ҳизбу ҳукумат низ  ҷорӣ намудани   таълимро ба  забонҳои  маҳаллӣ  иҷборан  амалӣ  накард ва манъ намудани он низ   шояд бо «дархости»  иддае  аз  зиёиён  сурат гирифт.

     Бесабаб нест, ки соли 1939 дар Пленуми  Кумитаи   вилоятии Ҳизби Коммунист  тасмим  гирифта  шуд, ки ба чопи китобҳои  таълимӣ   ва тадриси   забони шуғнонӣ  хотима  гузошта шавад,  зеро  ин кор барои  рушди  фарҳанги  тоҷикони Кӯҳистони  Бадахшон монеа  эҷод   мекунад.Аз ҷумла, дар қарори пленум такид мешавад: «тамоюли нашри китобҳои дарсӣ ва  таълим ба  забони шуғнонӣ зараровар аст ва   рушд ва шукуфоии  фарҳанги   тоҷикони Кӯҳистони Бадахшонро  боз медорад» [4].

       Тавре дида  мешавад, ки қарори  ин пленум    қарори  анҷумани илмии забоншиносонро   рад  намуда, хилофи  он  буд.  Дар анҷумани илмии забоншиносии  соли 1930 таъкид  шуда буд, ки   «барои ба  тезӣ тараққӣ  додани маданияти  аҳолии пасмондаи кӯҳистон, ки  забони  махсусе  доранд…, «алифбои  махсус  тайёр  карда  шавад  ва   онҳо маданияти  худашонро  ба  забон  ва   алифбои  худ  баранд»,  аммо  пленум (с.1939) алифбои шуғнонӣ   ва  ҷорӣ намудани таълим ба ин забонро   ҳамчун  монеае  дар  рушди  фарҳангии  тоҷикони  кӯҳистон  баҳогузорӣ  намуд. Ба хулосае  метавон  омад, ки алифбои шуғнонӣ  ҳам қурбони   тақиботи   охири  солҳои  сиюм шуд[2].

       Ҳамин  тариқ,  то охири солҳои сиюм тақдири алифбои шуғнонӣ ва таълими он  «ҳал  шуд».  Саволе ба миён меояд, ки оё ин рӯйдоди фарҳангӣ  дархӯри аҳамият маънавию  маърифати буд? Бале,  он рисолате ки ҷавонони 20-22 солаи шуғнонӣ  дар солҳои сиюм ба иҷро  расонидаанд, имрӯз метавон бо камоли  эҳтиром  қадрдонӣ  намуд.Нодир Шанбезода, Хусрав Мусрифшоев, Боғшо Бандишоев, Золшо Шонаврӯзов, Баҳодур  Искандаров,  Сафармаҳмад Амдинов  ва дигарон, ки  дар  таҳияи китобҳои дарсӣ ва тарҷумаи китобҳои таълимию  сиёсӣ бевосита  саҳмгузорӣ  намуданд, хизмати арзандаи  онҳоро бояд қадр кард. Аввалан, нахустин  маротиба  маводи ин забони  бехат  таввасути хат  сабт гардид  ва  то андозае  меъёри катбии он ба вуҷуд  омад. Таввасути ашъори  шоири чирадаст Н. Шанбезода  забони  шуғнонӣ  бо тамоми дурахшу фасоҳат   вориди   назм  гардид ва бунёди  забони шеъри  шуғнонӣ  гузошта  шуд [1].  Сониян, ин  китобҳо то ҳол чун сарчашмаи  забонӣ арзиши илмиашонро  аз даст  надодаанд. Дар баробари ин ба рушди  забони  шуғнонӣ як андоза   мусоидат  намуданд.

      Дар даврони  бозсозии горбачевӣ  вобаста  ба набзи ошкорбаёнӣ  ва равандҳои сиёсии  он замон чандучуни  ин рӯйдоди маърифатию   фарҳангӣ аз нав  ба майдони  баҳс  ворид  гардид ва аз дидгоҳҳои  гуногун мавриди баррасӣ  қарор гирифт. Забони шуғнонӣ ва дигар  забонҳо аз нав ба арсаи  назм  ворид гардиданд.Доираи   корбурди  забонҳои  маҳаллӣ ба андозае  васеъ  гардид. Шоироне  мисли Лидуш Ҳабиб, Сардор Раҳдор, Ато Мирхоҷа, Варқа  Охонниёз ва дигарон  ибтикори устод Н. Шанбезодаро дар эҷоди шеъри  шуғнонию рӯшонӣ  идома дода, китобҳою маҷмӯаҳои ашъорро  ба  табъ  расонданд ва аз тарафи муштоқони  каломи мавзун пазируфта  шуданд  ва ҷаҳони фарҳангии Тоҷикистонро боз ҳам  рангинтар  намуданд. Забони шуғнонӣ  ба саҳнаи  театр низ  роҳ ёфт.Такомули чунин рӯйдодҳои  фарҳангӣ  дастгирӣ меёбад[9]. Дар даврони Истиқлол масъалаи  забонҳо  ба эътибор гирифта шуда, мавзуи омӯзиш, хифз ва инкишофи забонхои помирӣ чандин  маротиба дар суханронихои Асосгузори  сулҳу ваҳдат-  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон матрах гардида, мустақилят ва ҳувияти забонхо дар Тоҷикистон ба сатҳи давлатӣ бардошта шуда, мақоми  ҳуқуқии забонҳо дар асоси қонун таъин гардид.

     Дар моддаи чоруми қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлат ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад

     Масъалаи дигаре, ки то ба имрӯз  қишри умдаи  ҷомеа  онро  қабул  намекунад,  корбурди  забонҳои  маҳаллӣ дар соҳаи  маориф мебошад. Дар соҳаи илм  мактаби  илмии забонҳои помирӣ  рушд намуда, имрӯз ба сифати як бахши эроншиносӣ  дар ҳоли  рушду нумуъ  аст. Дар замони Шӯравӣ ва ҳам даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон омӯзиши  илмии забонҳои  помирӣ  аз ҷониби давлат  дастгирӣ  меёбад, мутахассисони  соҳибунвоне  дар ин соҳаи  илми  забоншиносӣ ба  камол  расидаанд ва садҳо  китобу  рисолаҳо  ба  табъ  расидааанд. Сабти   маводи  фольклорӣ   ва ривоятии  забонҳои  помирӣ,  нашри китобҳои илмӣ, луғатномаҳо умри забонҳоро   дароз  хоҳад  кард. Ташкил  ва танзими   фонд, фаъолияти  муассисаи   махсуси  илмӣ  ба равандҳои инкишофи  забонҳо  мусоидат  мекунад.

      Дар баробари  ин  татбиқи забонҳо дар соҳаи  маориф то ҳол чун мушкили баҳснок  боқӣ мемонад. Вақте ки  солҳои бозсозӣ  дар фазои ошкорбаён  мушкилоти мазкур рӯи об  баромад., мақомоти ҳизбию ҳукуматии  он давра мавқеи худро  оид  ба масоили зикршуда тавассути  нашри Мактуби кушоди собиқадорони ВМБК [6] баён намуданд,  ки боиси баҳсҳои дигар  низ  гардид. Бозгашт ба қарори анҷумани забоншиносии солҳои сиюм дар  шароити  имрӯза  аз имкон дур  аст. Таълим  ба забони   тоҷикӣ     бартарияти  худро   дар рушди  фарҳангу  маданияти  мардуми  Кӯҳистони  Бадахшон   собит  намуд. Аз  байни мардуми Шуғнон ва навоҳии дигари Кӯҳистони  Бадахшон  даҳҳо чеҳраҳои намоёни илму   фарҳанги тоҷик  ба камол расиданд, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Иттиҳоди  Шӯравӣ  низ маъруфият пайдо карда  буданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  аз рӯйи  теъдоди  ашхоси маълумоти олидор ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ  дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  дар мақоми аввал буд.

      Баҳсҳо дар атрофи мафҳуми забони  модарӣ  гуногунанд. Бархе  аз донишмандон  мавҷудияти ду  забони модариро дар  шароити  дузабонӣ  ва   бисёрзабонӣ инкор намекунанд. Ба он забоне, ки шахс дониш  мегирад, ҷаҳонбинии ӯ шакл мегирад, он ҳам забони  модарист. [11;12].  Аз ин рӯ  тадриси забони этникии модариро ба сифати фанни  алоҳида дар баробари таълим ба забони тоҷикӣ  метавон ба роҳ монд. Дар бисере аз манотиқи дузабона чунин таҷриба  амалӣ  мешавад. Инчунин метавон  омӯзиши  забонҳои   маҳаллии  модариро ба  тариқи  факултатив  ба  роҳ монд. Интихоби забони таълим  барои фарзандон  аз ҷониби   волидайн  як амри худихтиёрист.  Метавон  гуфт, ки дар солҳои сиюм  аксари мардум  забони таълимро  забони  тоҷикӣ  интихоб  намуданд. Имрӯз вобаста  ба шароити мавҷуда шаҳрвандон  ҷиҳати   ҳосил намудани дониш ва ташаккули  ҷаҳонбинӣ забонеро    интихоб менамоянд, ки мақоми иҷтимоии  он  васеътар буда, мувофиқ ба тақозои  ҷомеаи   имрӯза бошад ва ба фаъолияту зиндагии ояндаи  насли  ҷавон таъсири мусбат расонида  тавонад.

    Ҳамин  тариқ, ба  вуҷуд  омадани хату  алафбои  шуғнонӣ иқдоми  ормонгароии ҷавонон  дар партави навсозиҳои  инқилоби    мадании солҳои  сиюми асри  гузашта буд, ки  амали  воқеӣ   пайдо  накард. Аз   сӯйи   дигар    мансух   гардидани  он  ба   таъқиботи  солҳои  сиюм  вобастагӣ  дошт. Бозгашт  ба хату алифбои   шуғнонӣ,  дар  шароити  имрӯза низ  як  орзӯи   ормонгароёнаест,  ки  аз  сӯйи  бархе аз  корбарони  шабакаҳои иҷтимоӣ  таблиғ   тарғиб  карда  мешавад. Ормонгароӣ  ва  воқеъгароӣ ду мафҳумеанд, ки аз ҳамдигар  тафовут доранд. Дар  татбиқи  хату  алифбои  забони  шуғнонӣ  аз  иқдомоти воқеъгароёнаи   имрӯза   бояд  кор  гирифт.

 

       Китобнома

  1. Абдулназаров А.Нодир Шанбезода ва эҳёи  шеъри  помиризабон\ \А. Абдулназаров. –Душанбе: Эр-граф, 2017. 190 с.
  2. Аламшоев Қ. Китобҳои таъқибшуда\ Қ. Аламшоев.\\ Чатри симин, №1, марти  соли 1999.
  3. Дар анҷумани нахустини илмии Тоҷикистон \\ Забони тоҷикӣ дар мабнои  мубоҳисаҳо. – Душанбе:Бухоро, 2007 – С.671-672.

 4.Қаландаров Т. Памирские языки:между прошлым и будущем (  на примере шугнанского  языка) \Т. Каландаров. \\ УЦА Высщая  школа  развития Отдел  культурного  наследия и гуманитарных  наук Научный  доклад, 2020,№6

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009, №9-10.

 

  1. Маводи анҷумани нахустини илмиӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ  ва масъалаҳои  ҳалталаби  он \\ Забоншиносӣ,  №1,  2010. –С.126-137.

7.Мактуби  кушоди  собиқадорон \\ Тоҷикистони Советӣ, 1988, 24  июн.

8.Миршакар М. Ёди ёри меҳрубон.\М.Миршакар. –Душанбе: Ирфон, 1979. -183 с.

9.Набавӣ А. Баҳсҳои илмӣ оид ба забони  тоҷикӣ   дар  солҳои 20-ум Тоҷикистон \А. Набавӣ. \\ Забони  тоҷикӣ дар мабнои  мубоҳисаҳо. – Душанбе:Бухоро, 2007 – С.9- 38. 

10.Отчёт секретаря Российского  политического агенства в Бухаре А. Черкасова о командровке в Припамирские  бекства  Бухарского  ханства в 1904 \\ Очерки по истории Советского Бадахшана.-Душанбе:Дониш, 1985.-С.427.

 

 

        11..Охонниёзов В. Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ  ба            забонҳои  помирӣ.\ В. Охонниёзов. –Душанбе:Эр-граф, 2017. – 328 с.

  1. Тишков В.А.Язык нации \В. А. Тишков. \\ Вестник Российской Академии Наук, 2016,  том 86, № 4. –С.291-303.

13.Тишков В.А. Родной язык \  В.А. Тишков.\\ Этнокультурный  облик России: перепись 2002 года. – М.: Наука,  2007. – С.50-63.

     14.Шилд Х. Дар бораи забонҳои кӯҳистони  Тоҷикистон\ Х. Шилд\\ Забони  тоҷикӣ бар  мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе,  2007. – С.189-172.

Муфассал ...

САҲМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ПОЙДОРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

САҲМИ  ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ПОЙДОРИИ ЗАБОНИ  ТОҶИКӢ

                    Назрӣ Офаридаев 

 

 «Дар  ин давра (солҳои 20-ми  асри XX),  ба  арсаи  мубориза  барои муайян намудани  сарнавишти  миллату давлати  тоҷикон як қатор фарзандони   баору номуси  Ватанамон, ба   монанди  Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов, Абдуқодир  Муҳидинов, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ворид  шуданд, ки дар  натиҷаи  кӯшишу талошҳои  онҳо  Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ таъсис ёфт».

                                                                                     Эмомалӣ Раҳмон

           Шириншоҳ  Шоҳтемур  баҳри ҳифзи   арзишҳои   миллӣ замоне кору  пайкор  менамуд, ки як   давраи   печида, давраи набардҳои  табақотӣ  ва миллӣ  маҳсуб   мешуд. Арзишҳои   анъанавии  зиндагонии  маишӣ тадриҷан  ба  дигпргуниҳо  дучор мегардиданд, воҳидҳои  нави маъмурию  миллӣ таъсис  меёфтанд, ҷараёнҳои  мухталифи  сиёсию миллӣ арзи вуҷуд  намуда, муборизаҳо торафт  пуршиддат  мегардиданд. Шириншоҳ Шоҳтемур  дар авзои   пурхилоф   ба  майдони   мубориза   ворид гардида, ба душманони  мардуми тоҷик, ки  фарҳанги  пурғановати  онро  инкор  менамуданд, илман посух мегуфт. Асноди  зиёди  бойгонӣ, маълумотномаҳо, мактубҳои  Шириншоҳ Шоҳтемур  аз он шаҳодат  медиҳанд, ки   ӯ дорои   тафаккур ва  ҷаҳонбинии васеи  сиёсӣ-миллӣ  ва андешаи  жарфи   истиқлолхоҳӣ  будааст. Солҳои 20-уми  асри гузашта дар баробари  дигар масоили  сиёсию фарҳангӣ, тақсимбандии марзӣ, таъсиси Ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии  Узбекистон, таъсиси Ҷумҳурии  мустақили сотсиалистии  Тоҷикистон  масъалаи  забон низ тезу тунд  гардид. Халқи тоҷик  ҷумҳурии худро  дар иҳотаи  халқҳои  туркзабон  ташкил кард. Қувваҳои  миллатгароӣ  туркӣ, ки  дар   таърих  ба номи пантуркистҳо маълуманд, мавҷудияти  халқи тоҷик  ва  забони  тоҷикиро  инкор мекарданд. Пантуркистҳо  дар ҳизб  низ  нуфузи  зиёде   доштанд ва  ба равнақи  фарҳангу  забони миллии халқи тоҷик  ҳар гунна   монеаҳои  сунъӣ эҷод  менамуданд.

         Шириншоҳ Шоҳтемур дар гузориши худ  ба  И.В. Сталин «Дар бораи   мавқеи  маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодиёти  тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон», аз 5- июни соли 1926, ки худ як  мақолаи  таҳлилӣ аст, масъалаҳои  шинохти  забони тоҷикӣ , ҷорӣ  намудани коргузорӣ ба забони  тоҷикӣ, таъсиси мактабҳои  тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон, ҳамчун забони   давлатӣ  ба  кор бурдани забони тоҷикӣ, мавқеи  байналмилалии  забони  тоҷикӣ, ба халқиятҳои  эронӣ   мансуб будани тоҷикон ва соири  масоилро  матраҳ намуда, диққати  ҳизби коммунистиро  ба ҳалли оҷили онҳо ҷалб менамояд. Дар ибтидои  солҳои  бистум  қувваҳои  муайяни  пантуркистӣ таҳти  мафҳуми  «тоҷикон» танҳо мардуми Кӯҳистони  Бадахшон (Помири Ғарбӣ)-ро дар  назар  доштанд, тоҷикони   манотиқи  дигар  ва ҳатто сокинони  шаҳрҳои  бонуфузи  тоҷикнишинро  бо  фарҳанги  қадимашон  туркнажод мегуфтанд. Шириншоҳ  Шоҳтемур чунин ақидаи нодуруст ва беасосро рад намуда, дар асоси  маълумоти  оморӣ  теъдоди  тоҷиконро  дар қаламрави Ӯзбекистон беш аз ҳашсад ҳазор  нишон дода, ҳатто  дар шинохти  туркманҳо  низ таъкид  мекунад, ки теъдоди туркманҳо ҳамагӣ  290 ҳазор буда, онҳо  имкони  пурра доранд, ки ба забони  модариашон  адабиёт  нашр  кунанд, мактаби худро  дошта  бошанд. Вале теъдоди  тоҷикон  нодида гирифта  шуда,  онҳо  беҳуқуқ дониста  шуданд. Андешаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур  дар мавриди   маҳрум мондани   тоҷикон аз  доштани   мактаб  ба забони  модариашон  на танҳо  моҳияти  сиёсии  масъаларо  боз мекунад, балки таввасути далелҳои  қотеъонаю росих масъалаи  синфӣ  будани   забонро  рад  намуда, чун забони  давлатӣ ҷорӣ намудани забони тоҷикиро дар тӯли беш аз ҳазор  сол таъкид  мекунад. «Забони онҳо (тоҷикон),-менависад. Ш. Шоҳтемур забони   дарбори амирӣ ҳисоб меёфт. Ҳарчанд худи амир ӯзбек буду дар аморати  Бухоро ва Осиёи Миёна забони тоҷикӣ забони  расмӣ буд ва коргузории аморат бо ин забон  мустаъамал буд. Ин забонро дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон ҳама бидуни  тарҷума  меҳфаҳмиданд. Ин чиз охир далели  бемаънӣ, пуч ва ҷоҳилона аст, мисли  таъқиби забони русӣ дар Россия баъди  инқилоб  бо баҳони он, ки ин забон забони давлатии Ҳукумати подшоҳӣ, Николай II буд».

         Забони тоҷикӣ, ки дар  сарчашмаҳои  таърихию адабӣ бо номҳои  порсӣ, дарӣ ва порсии-дарӣ ёд  мешавад, дар ҳақиқат, забони фарҳангӣ буда, адабиёти  оламгири  беша   аз ҳазор сола бо ин забон таълиф ёфтааст. Нотавонбинони  хақи  тоҷик  он давра шояд қасдан гӯшро ба карӣ зада, далели  мавҷударо сарфи  назар  мекарданд. Аз сӯи дигар  дар марказ  шояд  оид  ба масъалаи  мазкур маълумоти кофӣ  дар даст надоштанд. Доираҳои  манфиатҷӯи  сиёсӣ ҳақиқати ҳолро дуруст дарк   намекарданд, ё масъаларо   ба фоидави  гурӯҳҳои  дигари  манфиатхоҳ  ҳал кардан мехостанд. Шириншоҳ  Шоҳтемур ба ҳайси  як тан ватанпарасти  ҷасур ва чун фарди  миллатдӯст кӯшиш ба харҷ медод, то ҳақиқати  ҳолро  ба таваҷҷӯҳи  мақомоти  олии ҳизби  ҳукумрон расонад. Зеро дар он замон ҳалли чунин масъалаҳо кори осон набуд. Таъкиди  Шириншоҳ Шоҳтемур дар хусуси он, ки  «ӯзбекҳо дар матабҳои тоҷикӣ таълиму тадрисро  ба забони  ӯзбекӣ ба роҳ мондаанд, ҳарчанд забони тоҷикӣ  ба  андозаи кофӣ соҳибтамаддун буда, адабиёти  ғаниеро дорад», бори дигар  шаҳодати  он аст, ки ӯ ҳимоятгари  истиқлоли воқеии  забони тоҷикӣ  буд. Илова  ба ин, пофишории пайдарпаи  Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавриди  бебаҳра  мондани  тоҷикон аз имконияти бо забони  модарӣ таҳсил кардан рисолати  бузурги таърихие буд, ки ин мавриди  ватандӯст дар  айёми пурошӯбу  пурхилоф ба иҷро  расонд.

         Солҳои бистуми  асри  гузашта ҷумҳурии  навтаъсиси Тоҷикистон ба кадрҳои  маҳаллӣ эҳтиёҷӣ калон дошт. Таъсиси  мактабҳои  тоҷикӣ,  нашри маҷаллаю рӯзномаҳо ба забони  миллӣ дар инкишофи  забону  фарҳанг  нақши калон  мебозид. Бар  замми ин, масоили   ташаккули забони  адабӣ, содда намудани   он, ба   низом  даровардани меъёрҳои  савтӣ ва дастурии забон ба миён  меомад, ки баҳсҳои  тезу  тунд  ва пурмоҷароеро ба вуҷуд овард. Бархе аз зиёиёну донишмандон дар ин ақида буданд, ки мо бояд забони нави  адабиро  дар заминаи   ин ё он  лаҳҷаи  маҳаллӣ созем, гурӯҳи дигари  донишмандон ақидае доштанд, ки  сеюм  форсии эронро ба сифати  забони   адабӣ қабул намоем. Гурӯҳи дигар   байни забони тоҷикӣ ва  форсӣ сади   чинӣ гузошта, дар пайи  таъсис додани  забони  нав шуда, забони  адабии ҳазорсоларо забони амиру  дарбор  меномиданд.

         Шириншоҳ Шоҳтемур ваҳдат ва пайванди  тоҷикони  Осиёи Миёнаро  аз забони форсӣ  ҷудо намедонист. Ӯ забони  тоҷиконро  забони форсӣ  ном  мебурд, дар ин бора  навишта  буд: «Сокинони Осиёи Миёна тоҷикон (халқияти  аслаш эронӣ, ки ба форсӣ ҳарф  мезананд), ҳисоб меёбад».  Дар маълумотномае, ки  ба  гузориш замима гардидааст, ҳудуди  густариши  забони форсӣ муайян карда  шуда, гаҳвораи  ориёиҳо будани қаламрави забони форсӣ ва тааллуқ доштани  тоҷикон ба насли  ориёӣ  такид мешавад, ки  аз донишу ҷаҳонбинии филологӣ-таърихии  муаллиф  шаҳодат медиҳад.

         Дар гузориши  Шириншгоҳ Шоҳтемур мафҳуми  «Забони давлатӣ» чанд бор  такрор  мешавад. Вақте ӯ  оид  ба забони форсӣ сухан  меронад, пайваста  таъкид  мекунад, ки забони   форсӣ забони  давлатии  Афғнистон ва Эрон ба ҳисоб меравад. Ин нуқта  далели он аст, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ҷонибдори  ваҳдату   ҳамкории  форсизабонон буд. Вай хоҳони он буд, ки  забони  тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ  барқарор  гардад ва чун  шохаи  забони  фарҳангофари  форсӣ рушду нумӯъ ёбад. Ин орзуи  Шириншоҳ  Шоҳтемур  ва дигар  ватанпарастони  асил  ва нерӯҳои  миллӣ баъд аз гузашти  63- сол  амалӣ  гардид.

         Хизматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар баробари  дигар  фарзандони халқи тоҷик, ба монанди устод Айнӣ, Абдуқодир  Муҳидинов, Нусратуло  Махсум ва дигарон  дар истиқлоли   забони тоҷикӣ,  рушди ояндаи  он хеле  бузург аст. Ба сифати ходими барҷастаи  сиёсӣ ва  давлатӣ  аз сарнавишти забон, ки муҳимтарин феномени  фарҳанги  миллӣ ва  ҳастии  миллат  маҳсуб меёбад, дилсӯзона  ҳимоя мекард. Ӯ ҷасурона  бонги  изтироб  мезад: «Забони тоҷикӣ баъди тақсимбандии  Осиёи Миёна  ба таъқиби боз ҳам  берҳмонатар  дучор шуд». Шириншоҳ Шоҳтемурро он чиз ба ташвиш овард, ки аз рӯзи  кушодашавии  Донишгоҳи Омӯзгории тоҷикӣ дар шаҳри Тошиканд ду сол гузашта бошад ҳам, он танҳо  ду синфхонаи хурде  дар ихтиёр  дорад, ки ин  барои  ба таҳсил  фаро  гирифтани  толибилмон кофӣ нест. Ба  таври ғайрирасмӣ манъ шудани  паҳншавии рӯзномаи тоҷикии  «Овози тоҷик» дар Самарқанд нигаронкунанда аст.

         Масъалаи  забони тоҷикӣ он солҳо ва инкишофи  он дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даврони   Шуравӣ ҳалли пурраи  худро   наёфт. Мо имрӯз бояд ба Шириншоҳ Шоҳтемур  арҷгузорӣ намоем, зеро  ӯ дар қатори  дигар  равшанфикрони  тоҷик барои софдилона  иҷро кардани   талаботи  сиёсати  миллии  ҳизб дар соҳаи  баробарҳуқуқии  забонҳо пофишорӣ менамуд. Дар гузориши Шириншоҳ Шоҳтемур  масъалаҳое матраҳ  гардидаанд, ки моҳиятан аз лиҳози  иҷтимоӣ  ва фарҳангӣ: чӣ дар замони Шуравӣ ва чӣ имрӯз муҳим мебошанд. Бояд зикр  кард, ки дар ҳамроҳ  намудани  округҳои соф тоҷикии  Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент ва Уротеппа ба Тоҷикистон  Шириншоҳ Шоҳтемур хизмати   арзанда  намудааст. Ба таври мисол дар ин гузориш  аз тоҷикони  Конибодом ва ҳуқуқи  маънавии  онҳо  ҳимоя намуда  менависад: «Дар ҳамаи  мактабҳои ин ноҳия  (Конибодом ) тадрис ба забони  ӯзбекист, ҳарчанд  бачаҳо ин забонро билкул намедонанд»

         Вазъи  ҳақиқии забони  забони тоҷикӣ дар  навоҳии тоҷикнишини  Ӯзбекистон ташвишовар буд. Шириншоҳ Шоҳтемур  мушкилоти  аҳолиро  дар мавриди  таълим  ба забони модарӣ, тадрис ба забони  тоҷикӣ, наовардани  фишорҳои  маъмурӣ ба  аҳолӣ дар масъалаи  интихоби  забон, манъ намудани гуфтугӯ ба забони тоҷикӣ,  таъқиб  барои  ҳимояи забони тоҷикӣ, доир намудани чорабиниҳои  сиёсӣ ва фарҳангӣ  ба забони тоҷикӣ, ҷорӣ намудани   коргузорӣ  дар идораҳои  давлатӣ , баланд бардоштани   сатҳи шуури  миллии тоҷикон  ва дигар  масъалаҳоро баррасӣ  намуда, таваҷҷӯҳи КМ Ҳизби  Коммунисти умумииттифоқии  болшевикиро ба ҳалли  онҳо  ҷалб  намудааст. Чунин масъалагузориҳои Шириншоҳ  Шоҳтемур на танҳо  барои  он  давар  аҳамияти  калон  доштанд, балки барои сиёсати  ҳизбии замони  Шӯравӣ  низ   дархӯри аҳамияти  стратегӣ буданд.

         Сиёсатмадори дурандеш ва донишманду фарҳангпарвар Шириншоҳ Шоҳтемур  он солҳо  таъкид карда буд: «Чунин  таъқиботи забони тоҷикӣ аз тарафи  ташкилотҳои  ҳизбии  маҳаллӣ  дар шуури  тоҷикон нисбат ба ҳизби  комунисти  ва давлати   Шӯравӣ  дар масъалаи   миллӣ тасаввуроти нодурусте пайдо  мекунад!» Бо таассуф  метавон ёдовар шуд, ки масъалаи  забонҳо дар сиёсати  миллии ҳизб  солҳои минбаъда  ба эътибор  гирифта нашуд. Корбурди  забонҳои  миллӣ  дар коргузорӣ , таълим ва вазифаи  ҷамъиятии  ин забонҳо  маҳдуд гардида, охири солҳои  ҳаштодуми  асри гузашта  боз ҳам тезу тунд  гардид. Ҳувият ва мустақиляти  забонҳои  миллӣ ба сифати  яке аз шиорҳои  асосии  ҳаракати  истиқлолхоҳӣ дар собиқ   Иттиҳоди  Шуравӣ қарор ёфт, ки оқибат  ба  фурӯшпошии  давлати  абарқудрат оварда расонд.

         Тоҷикистон имрӯз ҳамчун  давлати   соҳибистиқлол  соҳиби   забони  давлатӣ  мебошад, ки мақоми   он дар  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикстон муайян  гардидааст.Босароҳати комил метавон гуфт, ки дар давраи оғози бунёди ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемуур ва дигар ходимони барҷастаи давлатӣ ва донишмандони бонангу номус,  ки ифтихори ватандорӣ ва миллатдучстӣ дар қалб доштанд, бо кору пайкори созандаашон дар ҳифз ва пойдории забону фарҳанги куҳанбунёди миллӣ саҳми босазое гузоштаанд. Аз ин рӯ дар таърихи  миллати  мо    номи эшон  бо ҳарфҳои  заррин  сабт ёфтааст ва  боиси  хушнудист, ки дар баробари  дигар  фарҳангиёни барҷастаи  миллӣ  Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров,  Мирзо  Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур низ  сазовори  унвони  олии Қаҳрамони  Тоҷикистон гардид.

 

Адабиёт

  1. Дарси хештаншиносӣ. Қисми 2.- Душанбе: Ирфон, 1989.-246 с.
Муфассал ...

АМИНИ ХИРАДУ НЕКПАЙВАНДӢ (Ба поси хотири устод Ш.Юсуфбеков)

   Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, директори Институти илмҳои  гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ

 

          АМИНИ ХИРАДУ НЕКПАЙВАНДӢ     

(Ба поси хотири устод Ш.Юсуфбеков)

Бори нахуст бо устод Шодихон Парвонаевич Юсуфбеков баъд аз дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев вохӯрдем. Сентябри соли 1993 буд. Мо донишҷӯёни курси аввали факултаи таъриху филология, ки ба ҳукми таърих аз давом додани таҳсили баъди мактабӣ дар донишгоҳҳои маъруфи пойтахт ба сабабҳои маълум маҳрум будему “умедамон аз гулистон бархост”, дари Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба рӯямон кушода шуду умедамонро сарсабз гардонд. Устод Шодихон Парвонаевич декани факултет буданд. Сӣ сол андаке беш аз он рӯзҳо паси сар шуданд. Қомати аз миёна пасттар, аммо тануманд, чеҳраи гандумгун ва мӯйлабҳои сиёҳу пешонии фарох ва мӯйи сари аз пеш рехта ҳамроҳ бо қиёфаи ҷиддӣ ӯро хеле калонтар аз синне, ки доштанд, нишон медоданд. Ва ё ин ки зоҳир ҳамроҳ бо ваҷоҳату фиросату азимулфикрат азаматашонро афзуда буданд. Чаро ки он солҳо сиву як сол беш надоштанд, аммо дар назари мо донишманди таҷрибадидаи камандаролам метофтанд. Ва чунин ҳам буданд! Тезҳушу қавиҳофиза, салимтабъ, тасаллут ба илм, фасоҳати баён, нозукхаёлу амиқандеш, озодагиву ворастагӣ аз ҳар гуна таассуб, вафокешу вафокӯш, додхоҳу инсофҷӯ, шикастанафсу фурӯтан ва ҳар касе, ки бо ин сифот мусаллат буда бошад, бояд мисли устод Шодихон Парвонаевич марде бошад бузургвору бузургосор. Бесабаб нест, ки аз рӯзи нахусти ба олами илму дониш ворид шудан номашон дар ҳама ҷо ба некномиву некмаҳзарӣ печиду масобату манзалаташон рӯзафзун мегашт. Он симои бозашон, ки дар соли 1993 дида будам, то кунун дар оинаи хаёлам нозудуда ва то охирин дами зиндагиам бо ман хоҳад буд. Сурату сират ва ҷиддияти ӯ дар тамоми умр дигар тағйир наёфт, аммо ҳар бархӯрде, ки бо ӯ доштем, сифати ҷадиди ӯро кашф мекардем. Бесабаб нест, ки ҳар нафаре, новобаста аз мақому мартабату муддати умр, ки боре ҳам агар бо ӯ бархӯрд мекард, кофӣ буд, ки якумр ӯро дӯст дораду эҳтиромашонро ба ҷо орад.

Ёд дорем, ки ҳарчанд зиёд лутфу марҳаматашонро дида будем, чун он солҳо ниёзҳоямон андоза надоштанд, аммо беш аз ҳад аз ӯ метарсидем. Тарси як донишҷӯ дар баробари донишманд, тарси кӯчак дар баробари бузургсол, тарси як нодида дар баробари ҷаҳонгашта, тарси як ноумед дар баробари умедбахш ... Аммо тарс ҳамроҳ бо эҳтиром! Ҷаҳони дониши он рӯзҳо ба вуҷудашон равнақ дошт. Мақолоти нашршуда ва лексияҳои эшон буд, ки дарро ба рӯи илми филология кушуд. Ба ин кор касоне метавонистанд муваффақ шаванд, агар дар забонҳои аврупоӣ даст дошта бошанд ва аз равиши таҳқиқҳои муосир огоҳ бошанд. Устод Шодихон Парвонаевич забонҳои олмониву англисӣ ва русиву форсиро бисёр олӣ медонистанд. Таърихи забонро дар пеши маъруфтарин донишмандони рус аз худ карда буданд, бо забони авастоӣ хуб ошно буда, бо ҳамаи забонҳои шарқи эронӣ озод такаллум мекарданд. Дар навиштани корҳои илмӣ бисёр мӯшикофу чирадаст буданд. Мутолиаи пурдомана ва гуногунии мавзуот мояи ороиш ва арзиши корҳои ӯ гардиданд. Ва муҳим аз ҳама дар он рӯзҳо дарси устод Шодихон ҳанӯз замзамаи муҳаббат буд. Ба ҳамин ҷиҳатҳо номи устод Шодихон Юсуфбеков чун донишманди шуҳратманд мусаллам дар ҳамаи гӯшҳо, аз ҷавонони донишгоҳ гирифта то устодони таҷрибадида, печида гашта буд.

Ҳамин тариқ, солҳое, ки кишвар дар оташи фақру ноамнӣ месӯхт ва дар рӯзгоре, ки ҳатто муътабартарин донишгоҳҳои пойтахт торик хок бар сар пароканданд, ташкили донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ чун ситораи тобоне аз миёни торикиҳо бар сари мо оғоз ба дурахшидан кард ва ғунчаҳои умеду орзуҳо ба дасти боғбонҳои маънавие чун устод Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич шукуфтан гирифтанд. Таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев нахустин шуълаи Истиқлол дар Боми Ҷаҳон буд. Замоне буд, ки ҳар фарди меҳандӯсту огоҳдил эҳсоси вазифа мекард, ки ҳамаи нерӯ ва истеъдоди худро ба кор андозад ва коре бикунад, ки миллатро аз парокандагиву давлатро аз нестиву нобудшавӣ маҳфузу эмин нигоҳ дорад. Ба илова, дар ҳар давраи интиқолӣ қишри ҷавони ҷомеа агар аз муроқабату назарот берун монад,  беихтиёру нохудогоҳ ба фарҳангҳову арзишҳои бегона гаройиш мекунад, ки ҳосилаш сардаргумиву буҳрони ҳувиятӣ мебошад. Қисме аз ҷавононе, ки солҳои 90-уми асри гузашта фарҳанги ҷомеаро дучори тағйиру буҳрон карданд, бояд иқрор шуд, ки то кунун таъсири манфии онҳо бар муҳит ба назар мерасад.

Бино бар ин, бояд муътақид буд, ки иллати аслӣ дар тағйири арзишҳо ин таҳсилот мебошад. Дар сарнавишти насли солҳои 90-ум Донишгоҳи давлатии Хоруғ нақши калидӣ гузошт. Ҳар нафаре, ки имрӯз аз мақомеву эҳтироме бархӯрдор аст, бешакку тардид, таҳсилкардаву баҳрабардошта аз устодони донишгоҳ мебошад. Банда ҳам аз ин гурӯҳ мустасно нест. Баъд аз ба остонаи донишгоҳ қадам задан, рушди маънавии минбаъдаам бо зиндагии устод Шодихон Парвонаевич пайванди ногустанӣ дошт.

Устод Шодихон Юсуфбеков – устоди донишгоҳ. Зиёд устодоне, ки он замон ба мо тадрис медоданд, унвони илмӣ надоштанд, махсусан дар риштаи филология. Аммо он қадар саҳму асаре дар зиндагии насли он замон гузоштанд, ки, аввалан, то имрӯз касе он чеҳраҳои илмӣ- донишгоҳии моро иваз карда натавонист, баъдан, нафаре ҳам аз толибилмони он давра ба бероҳа нарафту гумроҳ нашуд. Устод Шодихон Парвонаевич аз маъдуд муаллимоне буданд, ки унвони номзади илм доштанд. Як сол пеш аз донишҷӯ шудани мо дар шаҳри Москва рисолаи номзадиашонро дифоъ карда буданд. Муштоқи омӯхтану омӯзондан аз хеле барвақт ниҳоди ӯро фаро гирифта буд. Ҳанӯз бисту ду сол беш надоштанд, ки дар мактаб аз фанни забони немисӣ дарс медоданд. Аммо пайванди ӯ ба таҳқиқу пажӯҳиш ӯро ба роҳи илм шавқ дод. Дар байни устодони донишгоҳ аз чанд ҷиҳат бартарият доштанд. Аввалан, тарбияёфтаи мактаби илмии бузургтарин олимон-шарқшиносони рус буданд. Усулҳои омӯзишу таҳқиқе, ки дар он мактаб аз худ карда буданд, донишгоҳи навтаъсис ба он сахт ниёз дошт. Маҳз ҷорӣ намудани он усулу методҳо дар раванди тадрис ва истифода аз таҷрибаи олимони хориҷӣ ӯро аз дигарон фарқ мекунонданд. Дуюм, соҳиби унвони илмӣ буданд. Унвони номзади илмҳои филологӣ гирифтан дар Институти забоншиносии  Федератсияи Русия кори саҳлу осон набуд. Зиёд хислатҳои устодони бузурги мактаби илмии русро ба ирс бурда буданд. Устод Шодихон Парвонаевич шояд аз охирин чеҳраҳои он замон маҳсуб меёфтанд, ки аз назари илмӣ ба устодони худ сахт шабоҳат доштанд – ҷиддиву сахткӯш, дақиқназару хурдабин, нозукфаҳму нуктасанҷ, борикбину мӯшикоф. Муболиға намешавад, агар қазоват кунем, ки бо рафтанашон як давраи таърихӣ дар пажӯҳиши масъалаҳои забоншиносӣ, махсусан таҳқиқу пажӯҳиши забонҳои шарқи эронӣ ва ҳамчунин таълиму тааллуми ин соҳа хатм ёфт. Сеюм, ба илми забоншиносии ҷаҳон тасаллут дошта, илова бар донистани чанд забони хориҷӣ, аз таърихи забон, ба вижа забони авастоӣ низ огоҳии комил доштанд. Чаҳорум, дар баробари маъруфияте, ки дар забоншиносӣ доштанд, дар тамоми улуми инсонӣ, ба вижа, таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фалсафа, адабиётшиносӣ ва санъату фарҳангшиносӣ тасаллути комил доштанд. Ин ба ӯ имконият медод, ки доираи васеи муҳаққиқону мутахассисон аз фаҳмишу бинишашон васеъ истифода намоянд ва ба андешаву афкори ӯ такя ва эътимод варзанд. Панҷум, устод равоншиноси хуб буданд. Зеро устоди воқеӣ қабл аз ҳар чиз равоншиноси хубе бояд бошад, алорағми ин воқеият, ки дар тӯли даврони ҳирфаӣ теъдоди шогирдонаш афзоиш ёбаду ҳама бо шахсиятҳо ва мавқеиятҳои мухталиф зиндагии мутафовут доранд, аммо ӯро  намунаи тақлид қарор медиҳанд. Ҳамин тавр, устод Шодихон Парвонаевич на танҳо донишҳои мушаххасро дар мавзуоти хос ба мо мунтақил доданд, балки ба иллати равоншиноси ҳирфаӣ будан, ба як дӯсти хуби кумаккунанда ва воқеӣ табдил ёфта, тамоми умр гӯшаи хотираҳои моро тасхир карданд.

Устод Шодихон Юсуфбеков – олим. Вақте ки суҳбат аз илм меравад, нақши калидиро гуногунрангӣ мебозад. Дар айни замон олимони фарҳангу анъанаҳои гуногун барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ҳамкорӣ мекунанд. Аммо дар байни гуногунии вазифаҳояшон ҳамаи онҳо як чизи муштарак доранд. Ин ҳам он аст, ки онҳо худро ҳамчун олими ҳирфаӣ чӣ хел бояд нишон диҳанд. Устод Шодихон Юсуфбеков олими сатҳи ҷаҳонӣ буданд. Ӯ аз нишонаҳое, ки ҳар олими маъруф бояд медошт, бархӯдор буданд. Аввалан, шахсияти устодро на унвонҳои илмиашон зиннат бахшиданд, балки донишу маҳорати олиаш унвонҳои илмиро барои шогирдон азизу гиромӣ мегардонданд. Олими ҳирфаӣ ҳеҷ гоҳ аз омӯзишу пажӯҳиш даст намекашад. Маҳз бозёфтҳову комёбиҳо ва ба ин васила роҳкушоиҳову роҳнамоиҳо ӯро зиёии ҷомеа мегардонанд. Чун илм ҳамвора дар ҳоли тағйир аст, бо замон ҳамеша бояд тавъам бошад. Вақте дар мусоҳибае аз муҳаққиқи барҷаста Абдулҳусайни Зарринкӯб хостанд хотирае аз давраи устодии худ нақл кунанд, гуфтаанд, ки хотирае надорам, чунки аз ҳафтсолагӣ, ки падарам маро ба мадраса бурд, фишорам дод ва гуфт: бирав он ҷо. То имрӯз дигар аз мадраса берун наёмадам ва акнун ки ҳафтоду шаш солам аст, ҳанӯз дорам дар мадрасаҳо сайр мекунам. Дар зеҳни устод Шодихон Парвонаевич низ давраи устодиву давраи шогирдӣ боре ҳам ҷудо набуданд. Тамоми зиндагиашон як донишҷӯии мутлақ буд. Дувум, устод чун олими ҳирфаӣ на танҳо аз равишҳои илмии ҷаҳонӣ пайравӣ карданд, балки роҳҳои худро барои ҳарҷониба истифода бурдани таҳқиқотҳои илмӣ ва барномаҳои корӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Аз ин рӯ, устод Шодихон зиёд вазъиятро пешгӯӣ мекарданд ва бо азму иродаи қавӣ бисёр муассиру самарабахш буданд. Севум, ба ҳар чиз бо шубҳа менигаристанд. Маҳз шакку кунҷковӣ боис мешавад, ки олимон на танҳо дар мавриди он чи мушоҳида мекунанд, балки дар мавриди он чи ки қаблан медонанд, савол медиҳанд. Зеро як олими хуб омода аст, то ки ғояҳои худро рад кунад, агар онҳо возеҳ набошанд. Доштани зеҳни боз қоидаи нахуст барои донишмандон бояд буда бошад. Чаҳорум, таваккал кардан дар мавридҳои зарурӣ ва махсусан барои дарёфти роҳҳову равишҳо ва ҳавзаҳои таҳқиқи ҷадид аз сифотҳои олими ҳирфаӣ аст. Устод Шодихон ҳам ҳамеша омода буданд, то мафҳумҳову улгуҳои фикрии худро тағйир диҳанд ва дар расидан ба бозёфтҳои нави илмӣ масирҳои ҷадидро ҷустуҷӯ намоянд. Панҷум, олими ҳақиқӣ набояд аз бозӣ кардан тибқи қавоиду қавонин берун барояд. Барои олими бузург шудан, бояд ҳамчун олим амал намуд ва дар тамоми равишҳои тадқиқотҳои пешбинишуда иштирок дошт. Шашум, чун илм аз гуногунии дурнамоҳову заминаҳои пешниҳодкардаи муҳаққиқон иборат аст, бояд дар ҳамкорӣ бо дигарон кору фаъолият кард. Иртибот ва ҳамкорӣ ба далоили зиёде воқеан муҳим аст ва бино бар ин олимон набояд коргарони танҳо бошанд. Барои муваффақият дар як ҳирфаи илмӣ ҳамкорӣ ниҳоят муҳим аст. Профессор Юсуфбеков Ш. бо мактабҳои илмии бумиву хориҷӣ ҳамкориҳои зич доштанд ва махсусан, бо олимони маъруфи русу аврупо ҳамеша дар иртибот буданд. Ҳафтум, амалҳои ношоистаи академӣ ва рафторҳои ҳирфаӣ ба ҳам мувофиқ нестанд. Олими касбӣ бояд ҳамеша ба нафъи илм кор кунад, на ин ки фақат барои худаш ному нишон пайдо кунад. Атрофиёни устод Шодихон Парвонаевич эҳсос мекарданд, ки мавсуф лаҳзае ҳам барои худнамоӣ коре накарданд. Он қадар сермутолиа буданд ва аз улуми мухталифи муосир огоҳ, аммо андаке ҳам аз ғуруру дағдаға дар вуҷудашон дида намешуд. Бо он ҳама фазлу донише, ки доштанд, аз аҳли тазоҳуру худнамоӣ набуданд.

Устод дар давоми умри кӯтоҳашон ҳамчун мутахассиси таърихи забон ва муҳаққиқи забонҳои шарқи эронӣ асарҳои ниҳоят арзишмандро аз худ ба мерос мондааст. Муҳимтарин асарҳои устод, ки дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ аз манзалати хосса бархӯрдоранд, инҳо мебошанд: “Дейктичность в языках шугнано-рушанской группы памирских языков” (Москва, 1998); “Сангличский язык в синхронном и историческом освещении” (Москва, 1999); “Очерк оид ба фонетикаи таърихии забони сангличӣ” (Душанбе, 2013); “Очерк доир ба морфологияи таърихии забони санглеҷӣ” (Душанбе, 2014); “Историческая грамматика шугнанского языка: Фонетика. Фонология” (Москва, 2017); “Сангличский язык // Основы иранского языкознания: Бесписьменные языки” (Москва, 2008). Мақолаҳои бешумори устод дар мавзуъҳои мухталифи илмҳои забоншиносиву адабиётшиносӣ, таъриху мардумшиносӣ ва фарҳангу сиёсат таълиф шудаанд ва мавриди истифодаи аҳли таҳқиқ қарор доранд.

Басанда аст, ки хонанда ба як мақолаи устод Шодихон Парвонаевич дар мавзӯи “Экологияи фарҳанг дар партави мушкилоти ҷаҳонишавӣ” назар афканад ва ба хулосае биёяд, ки чи қадар мавсуф ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи фарох доштаанд. Ҳарчанд мавзуи мазкур аз доираи самти касбиашон берун бошад ҳам, ба ин навъи мавзуъҳо бисёр олимонаву огоҳона бархӯрд мекардан. Дар ин мақола устод махсусан дар бораи сабабҳои зуҳуроти буҳронӣ дар вазъияти маънавии муосири ҷамъияти мо изҳори назар намуда, аз муҳимтарин шартҳои экологияи фарҳангиро маҳфуз нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, расму анъана ва арзишҳои маънавӣ пиндоштаанд. Дар он аз ҷумла омадааст: “Сабабҳои падидаҳои буҳронӣ дар шароити маънавии муосири ҷамъияти мо аз он иборат аст, ки дар марҳилаи пешин тамоми механизмҳои худистеҳсолии фарҳанг хароб карда шуда, технологияи истеҳсолии фарҳанг вайрон гардид ва заминаи қадимтарини он, ки аз дину оин, этнос, санъат, дигарандешӣ иборат буд, тағъир дода шуданд”. Назари устод Юсуфбеков Ш.П. доир ба мафҳуми экологияи фарҳангӣ ҷолиб аст: “Экологияи фарҳангӣ ҳамзистӣ, муколима, гуногунии фарҳангҳои миллии мухталиф, ақоиди динӣ ва эътиқод, баробарии забонҳои адабӣ, аз он ҷумла нофаҳмо, ғайриқиёсӣ, гуногунии консепсияҳо ва ақоидро дар назар дорад. Муттаҳид сохтани ҷузъиёти гуногун, ки худазнавбавуҷудоварӣ, худташаккулӣ, худистеҳсолии фарҳангро таъмин месозад, дар асоси арзишҳои умумибашарӣ амалӣ карда мешаванд ва ифодакунандаи гени фарҳангианд”. Дар ин мақола муаллиф масъалаи нобуд шудани рӯйнамосозони фарҳанг, яъне зиёиёнро боиси ба вуҷуд омадани холигии маънавӣ дар ҷомеа ҳисобида, оқибатҳои фалокатбори онро нишон додааст. Дар он аз ҷумла омадааст: “Нобуд сохтани зиёиён, ки инъикосгари фарҳанг ва пешбарандаву нигоҳдорандаи принсипҳои ахлоқӣ, тафаккури ахлоқӣ буданд, дар натиҷа ба вазъи фалокатбор оварда расонд, чунки барои намояндагони дорои  «тафаккури ҷиноӣ», ҷангҷӯёна, ки барои марҳилаи «тофарҳангӣ», нимибтидоӣ, «замоне, ки тафаккур бар савқи табиӣ бартарӣ надошт, замоне ки алоқаҳои ҷамъиятии авлодиву қабилавӣ хеле сода буданд ва арзиши ягонаву асосӣ барои фард фақат аз ҳисси физикии ҳаёт иборат буд заминаву шароит фароҳам овард”. Дуруст аст, ки эҳёи фарҳанг яке аз шартҳои муҳимми таҷаддуди ҷомеа мебошад. Дар акси ҳол, ба қавли устод “фарҳанг нест – ҳамзистии муқаррариву муътадили инсонӣ нест. Дар давоми даҳсолаҳо ҷамъияти мо ин ҷанбаи ҳаётро дуруст ба эътибор нагирифт ва ҳоло чунин «модел»-ҳои рафтор, ҳамчун «хориқаи хоруғӣ», «издиҳоми ҷиноӣ», «тӯдаи ваҳшӣ», ки дар кӯчаҳо бедодгарӣ мекунанд, чунин падидае ба истилоҳи русӣ «дедовщина», издиҳоми наврасон дар маҳаллаҳои нави шаҳр, баландравии сатҳи ҷинояткорӣ ва шаклҳои мухталифи он ба амал омад. Ҳамаи ин аз биологизатсияи одам ва аз байн рафтани маънавиёт шаҳодат медиҳад”.

Устод Шодихон Юсуфбеков – роҳбар. Профессор Юсуфбеков Шодихон ҳаждаҳ соли фаъолиятро ба ҳайси директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров сипарӣ намуданд. Чун мисли илму донишу адаб дар қаламрави ахлоқу мардумгарӣ низ хислатҳои арзанда доштанд, лутфу дилнавозии беҳад як тӯдаи инсонҳои шариферо дар Институт ба ҳам овардааст, ки ҳаққо, тарбияёфтаи мактаби устод ҳастанд. Имрӯз ҳама гувоҳанд, ки дар давоми директори ин муассисаи илмӣ-академикӣ буданашон инсофу адолатро болотар аз ҳар чизи муқаддас гузошта, бо жарфнигариву дурандешӣ ва маданияти баланди инсонӣ дар дили ҳар ҳамкор, новобаста аз синну солу мақому мартаба маскан гирифтанд ва ба ин васила оромию осудахотирии муҳитро таъмин намуданд ва мояи умедвории кормандонро саршор гардониданд. Шафқати устодонааш ҳамеша парда ба рӯйи роҳбари сахтгир мекашид. Чун гоҳе ҳам ба ҷоҳу ҷалолу манзалат тамоил надоштанду илму донишро аз барои худи илму дониш дӯст медоштанд, андӯхтаи илмии худро ба шогирдону ҳамкорон бахшиданд. Роҳбари асил буданд, роҳбари асили як муассисаи илмӣ-академикӣ. Саид Нафисӣ дар сӯгномаи Муҳаммад Қазвинӣ менависад: “...Марди амин буд. Дурустгуфтор буд. Дурусткирдор буд. Ҳирс ва тамаи инҷаҳонӣ дар ӯ набуд. Дар дӯстӣ пойдор ва мусир буд ва ҳатто аз ҳаққи худ мегузашт. Ман бештар бад-ин сифоти мардонаи ӯ такя кардам, зеро бисёр донишманд дар зиндагии хеш дидаам, ки чун ин хисоли мардумиву мардонагӣ дар эшон нест, пеши чашми ман ба ҳеч намеарзад. Худои ман гувоҳ аст, ки агар он ҳама донишу маҳфузоти Муҳаммад Қазвинӣ дар ин мард буд ва ин сифоти мардумиро надошт, ҳаргиз номи ӯро намебурдам...”. Устод Шодихон Парвонаевич низ дар баробари дониши воқеиву истеъдоди олӣ ба чунин сифот шуҳратманд буданд – дурустгуфтору дурусткирдор ва баҳраманд аз хисоли мардумиву мардонагӣ. Ин буд, ки ҳанӯз номашон дар байни ҳамкорону ҳамандешон ба некӣ вирди забонҳост ва имрӯз ҳам талош дорем, то ки шогирди сазовору муқаллиди сифоти ӯ бошем.

Устод Шодихон Юсуфбеков – инсони шариф. Ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ “замони мо замони фасоди ахлоқ, хории инсон ва пастравии инсоният, замони ваҳшонияти одамизод аст. Дар чунин замоне парвариши инсони бофарҳангу бамаънавият душвор аст. Замони бемаънавиятӣ ва ноодамӣ, каммеҳриву сангдилӣ, фасоди куллии ахлоқ дар ҷаҳон чунон аст, ки барои парвариши инсон доираи имконро танг кардааст”. Пас, муҳим аст, ки дар чунин замон шахсиятҳои алоҳида бо рафтору кирдору пиндори ҳамидаву сутудаи худ ҷомеаро аз қафои худ бубаранд. Бузургеро пурсидаанд, ки мақоми олим болотар аст ва ё ориф? Ҳеҷ нафаре олим наметавонад шуд, агар ориф набошад, - ҷавоб медиҳад. Мақоли содатареро низ дорем, ки аз таърих таҷриба кардаем ва он ин аст, ки “олим шудан осону одам шудан мушкил аст”. Устод Шодихон Парвонаевич яке аз хушсаводони маънавии замон буданд, ки ҳаматрофон ҳамеша аз ӯ нур мегирифтанду дарси одамият меомӯхтанд. Камоли адабу инсонияро дар мавриди ҳар кас, новобаста аз синну сол, мақому вазифа, дараҷаву тахассус риоят мекарданд. Ҳеҷ лаззате барояшон болотар аз он набуд, ки ниёзу эҳтиёҷи касеро бароварад. Гоҳе ҳам нашунида будем, ки илтимосеро “не” ва ё “наметавонам” гуфта бошанд ва ё “вақтам нестро” баҳона мекарданд. Шамъи вуҷудашонро дар роҳу кори ҳама месӯхтанду кам дар фикри худ мешуданд. Ҳар нияти неку амали хайри дигаронро меписандиданду мепазируфтанд ва дар талқину ташвиқ ва ба мақсад расидани онҳо саҳим ҳам буданд. Дар рафоқату ошнопарварӣ ҳампоя надоштанд. Ҳам сахидаст буданду ҳам суҳбаторо. Зарифонаву хуштабъона сухан мекарданд. Ба ҳадде нуктадону нуктасанҷу нуктагӯ буданд, ки шунавандаро мафтун месохтанд. Ҳимматбаландиву кушодадастии ӯ овоза шуда буд. Сафсатагӯиву хурофот ва бадгӯиву ғайбатро манфур медоштанд. Заррае аз ахлоқи пасти башарӣ, чун ҳасаду ҳавову ҳавасу кизбу нафъпарастӣ дар вуҷудашон дида намешуданд. Зиндагидӯст буданду “ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод” мегуфтанд. Хушдимоғ буданду хушдилии дигаронро орзӯ мекарданд. Афсӯс, ки бо ин ҳама сифоти арзанда, худ ҳеҷ огоҳ набуданд, ки чӣ қадар азимулқадру азимушшаън буданд. Кошкӣ пай мебурданд, ки то ба кадом андоза зиндагии маънавии мо бе ӯ арзишашро аз даст додааст. Ҳарчанд зери таъсири роҳнамоиҳои устод то ҷое расидаем, аммо ҳанӯз ҳам яке аз сад сифоташонро сазовор нашудаем...

Дареғо, ки “сахт мегардад ҷаҳон бар мардумони сахткӯш”. Ин устоди ҳақиқатҷӯву мунсиф ва равшанбину равшанзамир, ин дӯсти амину дурустгуфтору дурусткирдор чаҳорумин баҳорест, ки бо мо нестанд.  Аммо то нишон аз илму адабу амалу ихлос аст, профессор Шодихон Юсуфбеков аз ҷумлаи сутунҳои илмию фарҳангии қаламрави мо боқӣ хоҳанд монд. 

 

Муфассал ...

Миршакар ва фолклор

 Миршакар ва фолклор

Мажнунов Абдуламин

     

Фолклор гаҳвораи  адабиёти бачагона мебошад ва маҳз аз ин рӯ бештар асарҳои  халқӣ ба доираи хониши бачагон дохил шудаанд. Суруду  таронаҳо,  ҳазлу шӯхӣ, афсонаҳо,  нақлу ривоятҳо барин намунаҳои асарҳои фолклорӣ аввалин воситае  мебошанд, ки инсонро аз хурдӣ бо санъати баланди забону маданияти бойи халқ шинос мекунанд.Асарҳои фолклорӣ дорои аҳамияти чуқур тарбиявӣ ахлоқӣ,  маълумотдиҳӣ буда, хонандагони хурдсолро бо донишҳои зарурӣ дар бораи зиндагонӣ, кишвар, табиати  халқи меҳнаткаш мусаллаҳ менамоянд,  бо маданият, урфу одат,  санъатҳои халқҳои гуногун  шинос мекунанд. Шоири боистеъдод, Мирсаид Миршакар аз ибтидои фаъолияти эҷодии худ сар карда то охирҳои ҳаёташ ба яке аз соҳаҳои асосии адабиёти шифоҳӣ, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти бачагона аҳамияти  махсус дода, дар ин соҳа хизмати калонеро адо кардааст. Устод Мирсаид Миршакар адибест ҳамқадами халқ, ки тамоми умри бобаракаташ сарфи хизмати мардум шуда, аз байни халқ баромадаву дар ҳавои софи  обу  хоки диёри халқи худ такомул ёфта.Тавре ки аксари муҳаққиқон ва донандагони шеъри устод Мирсаид Миршакар  мӯътақиданд, шеъри ӯ аз чанд манбаъ нашъат гирифтааст:“Эҷодиёти халқ, шеъри классики тоҷик, шеъри муосири тоҷик ва шеъри муосири ҷаҳон (асосан форсизабонон ва русзабон). Аз ин шумор нақши бештарро эҷодиёти халқ ва шеъри классики тоҷик ташкил медиҳад”. Мирсаид Миршакар аз оғози эҷодиёти худ бо ҷиддияти тамом ба фолклор рӯ оварда буд, ӯ дар сафи шоироне мавқеъ гирифт, ки дар навҷӯӣ ва навовариҳои худ, дар ифодаи ғояҳои пешқадами ҳамон замон аз эҷодиёти даҳанакии халқ бомувафақият ва ҳунармандона истифода мебаранд.

Пайванди адабиёти классикӣ ва эҷодиёти халқ ба унвони ду манбаъи  аслӣ дар шеъри устод Мирсаид Миршакар ба назар  мерасад, ки дар муҳити адабии  мардумие, ки шоир аз овони тифлӣ  ба сар мебурд, ин матнҳо ва маъниҳо ва қолабҳо дар таркиби  фарҳанги мардумӣ ҳалшуда, ҳатто аз баъзе осори мазкур вариантҳои халқӣ ба вуҷуд омада буд.Шоир Мирсаид  Миршакар дар достони “Қишлоқи тиллоӣ”, бо вуҷуди он ки мазмуни афсонаи халқиро айнан ба назми даровардааст, ба  ҳалли мавзӯъ ва вазифаи худ, ки иборат аз нишон додани ҳаёти имрӯзаи халқ аст, муваффақ гардидааст.

Тақрибан  шоире нест, ки ба нақлу ривоят ва афсонаҳои халқӣ муроҷиат накарда бошад ва онҳоро мувофиқи  доираи назар ва матлаби хеш ба риштаи назм надароварда бошад. Фаъолияти эҷодии шоирони тоҷик далели равшан мебошад. Дар ин бобат фаъолияти Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ ҷолиби  диққат аст.Устод  Мирсаид  Миршакар афсонаи “Қишлоқи тиллоӣ”-ро ба назм овард, воқеияти советиро бо орзуи афсона муқобил гузошта ва сазовори мукофоти  давлатӣ шуд.

Санъаткор, ки  тақлидкор шуд, асараш шӯҳрати намеёбад. Аз ин рӯ, санъаткор набояд тақлид кунад, балки бояд худаш эҷод намояд.Агар устод Мирсаид Миршакар муқалиди хушку холии афсонаи халқӣ мешуд, асари вай шӯҳрат намепазируфт ва муаллиф сазовори мукофоти давлатӣ намегардид. Асарҳои устод Мирсаид Миршакар ба эҷодиёти даҳанакии халқ бевосита алоқаманд шуда, беҳтарин хусусиятҳои  онро инкишоф дода, беш аз пеш ғанитар ва дилчасптар мегарданд. Асарҳои фолклорӣ ба устод Мирсаид Миршакар барои ифодаи пешқадамтарин ғояҳои замони мо хизмат  мекунанд, ба эҷоди  ӯ рӯҳ ва зебоӣ мебахшанд.

Мирсаид Миршакар ва шахсияти шоирии ӯ дар шеъру достонҳояш мебошад. “Қишлоқи тиллоӣ”,“Ленин дар Помир”,“Панҷи ноором”ва дигар шеъру достонҳои шоир нақлу ривояте аз дидаву шунида ва изҳори назар ба инҳо, яъне баҳо додану арзишашонро аз назари иҷтимоӣ,сиёсӣ ва гоҳе ҳам мардумӣ таъйин кардан аст.

Бисёр муҳим аст, ки чи адабиёти классикӣ ва чи эҷодиёти мардумӣ  ба осори шоир таъсири судманде кардааст ва ҷанбаи халқӣ аз хусусиятҳои пурқуввати онҳо ба шумор меояд. Аз офаридаҳои  Мирсаид Миршакар махссусан дар  достонҳо “Ленин дар Помир”,“Қишлоқи  тиллоӣ”,“Панҷи ноором” ва “Одамон аз  Боми ҷаҳон” ҳам дар эҷодиёти нависанда ва ҳам дар адабиёти тоҷик достонҳои марҳилавист.Ин достонҳо ба таҳқиқи бадеии яке аз саҳифаҳои муҷаллои таърихи халқамон бахшида шуда, чи аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва чи аз ҷиҳати забону услуби нигориш басо диққатангез аст.Аз ин ҷост, ки тамоми ин достонҳо бо оҳанги гуфтугӯ ва поэтикаи халқӣ эҷод шудааст. Хоҳ дар характеристикаҳои шоир, ки симои қаҳрамонро равшан менамояд, хоҳ дар муоинаи тобишҳои рӯҳии ӯ ва хоҳ дар нутқи қаҳрамону андешаҳояш унсурҳои забони халқӣ чун воситаи равшан кардани характер, вазъияту ҳолат истифода шудааст.

 Хулоса:Чи навъе ки дар  боло аз назар гузаронида шуд, «Қишлоқи тиллоӣ» ва дар баъзе асарҳои дигари Мирсаид Миршакар мавқеи забони халқӣ гуфтугӯӣ ё фолклор хеле бузург аст. Ба ин муносибат аз рӯи мушоҳида ва мулоҳизаҳои зикришуда ба хулосаҳои зерин омадан  мумкин аст:

  1. Устод Мирсаид Миршакар дар асоси таълимоти ленинӣ оид ба вазифа ва хусусияти адабиёти сосиалистӣ ва принсипҳои реализми сосиалистӣ аз фолклор васеъ ва эҷодкорона истифода намуда, дар забони анъанавии асари адабӣ тағироти бузурге дароварда, адабиётро ба миллионҳо наздик ва фаҳмо гардонидааст ва ӯ ҳамчун яке аз саромадони адабиёти муосири тоҷик ба инкишофи минбаъдаи забони оммафаҳми асари адабӣ асос гузоштааст.
  2. Устод Мирсаид Миршакар  аз хазинаи бои забони халқ эҷодкорона истифода бурда, ба воситаи асарҳои худ дар шакли намунавӣ тасдиқ ва эътироф кунонидааст, ки дар сурати санъаткорона ва бо маҳорат кор фармудани фолклори тоҷики вай қобил ва қодир  аст забони пуробуранги асари адабӣ бошад ва бо ин ба ҳар гуна ақидаҳои ғалат ва зарарноки дар атрофи  забони адабии тоҷик пайдошуда зарба додааст.
  3. Устод Мирсаид Миршакар ба воситаи фаровон истифода кардани забони халқӣ гуфтугӯӣ хусусиятҳои халқият ва миллияти асарҳои адабии худро зоҳир кунонида, дар адабиётимуосири тоҷик ба сифати устоди каломи бадеӣ бо ин роҳ фазилати реализми сосиалистиро намоиш додааст ва дар ин фаъолияти адабии ӯ пеш аз ҳама А.М. Горкий ва эҷодиёти дигар нависандагони  советӣ таъсир расонидаанд.
  4. Аз забони халқӣ гуфтугӯӣ фаровон истифода бурдани шоир яке аз омилҳои асосии ташаккулёбии услуби адабии ӯ гардидааст, ки ин услуб ба муосирон ва шогирдони вай таъсир бахшида минбаъд инкишоф меёбад.
  5. Устод Мирсаид Миршакар дар “Қишлоқи тиллоӣ” ва дигар асарҳои худ хеле хуб нишон дода тавонистааст, ки калима, ибора таъбир ва зарбулмасалҳои халқӣ дар баробари он, ки ба мазмуну ғоя ва санъати бадеии асарҳои адабӣ қувваю иқтидоре оварда ба қавли В.И.Ленин “ бо санъати ҳайратовар моҳияти ҳодисаҳои  хеле мураккабро ифода менамоянд”

“Қишлоқи тиллоӣ” дар асоси як ривояти халқӣ эҷод гардидааст ва афсонавор шавқовар аст. Мардуми меҳнаткаши тоҷик дар шароити ҷамъияти синфӣ ба воситаи афсона, ривоят ва ҳатто эпоси қаҳрамонии худ дар сарзамини ободу зебое зиндагӣ карданро орзу кардааст, ки он ҷо зулму истисмор вуҷуд надошта ҳар фард озоду хушбахт умр ба сар мебарад. Воқеае, ки дар “Қишлоқи тиллоӣ” тасвир гардиааст, дар атрофи ҳамин орзуи деринаи халқ сурат мегирад. Ин орзу дар оғози достон аз забони марди куҳансоле баён шудааст:

Баногоҳ уфтодам дар гулистон

Баҳор он ҷо ҳамеша, бе зимистон.

Халоиқ ҷумла он ҷо бахтиёранд,

Ҳама шоду ҳама масти баҳоранд.

Намедонанд номи зулму золим,

Хирадманданду фирӯзанду олим... [6,6-7].

 

Устод Мирсаид Миршакар, бо вуҷуди  соддагии сухани шоирона, сабки ба худ хос эҷодӣ дорад. Услуби эҷодии устод Мирсаид Миршакар ба андозае фардист, ки ба шеър ҳеҷ як аз шоирони тоҷик шабоҳат надорад.Қиммати адабии эҷодиёти ӯ ҳам дар ҳамин фардияташ мебошад.Ҳодисаи  ба   ҷустуҷӯи  бахт сафар кардани камбағалон дар эҷодиёти даҳанакии халқ акс шуда, дар “Қишлоқи тиллоӣ” тасвири он қиём гирифтааст, ки ба ин эҷодиёти даҳанакии мардум бешубҳа таъсире дорад.

Тимсоли  робитаи эҷодиёти Мирсаид Миршакар бо эҷодиёти  даҳанакии халқ аз ҷиҳати  мавзӯъ  достони “Қишлоқи тиллоӣ” аст. Услуби аксари  таълифоти манзуми шоир ба тарзи нигоришоти эҷодиёти даҳанакии  халқ наздик аст. Шеърҳояш аз ҷиҳати забон хеле соддаву фасеҳ ва мисли сурудҳои халқӣ сабуку равон аст. Ӯ яке аз аввалин шоирони тоҷик аст, ки чи дар шаклҳои калон ва чи хурд шаклҳои хурди шеър усули муколима ва гуфтугӯро татбиқ ва ҷорӣ намуд, дар  тақвияи шакли мураббаъ дар достону манзумаҳо, ки бо таъсири назми рус боз ҳам ривоҷ гирифтааст, саҳми пурарзиш гузошт.  Шеърҳои лирикии шоир, ки дар онҳо сабки назми халқӣ ва классикӣ узван ба ҳам пайвастаанд, таровишҳои ба худ хосе доранд.

Либосаи кӯҳнаи мо кӯҳнатар шуд.

Шаби торики мо ториктар шуд.

Ба ҳар ҷое, ки рафтему расидем,

Даме ҳам рӯи  шодиро надидем.

Баҳори умри мо охир хазон шуд,

Ҷавони рафту пирӣ ҳамнион шуд.

Шеъру суруд, тарона ва достонҳои сершумори Мирсаид Миршакар     (“Мо аз Помир омадем”, “Неъмат”, “Федка”, “Бачагони Ҳиндустон” ва ғайра) аз дӯстдоштатарин асарҳои бачагони мо буда, дар ташаккули инкишофи адабиёти бачагони тоҷик таъсири зиёд расондаанд.

Хулоса,  нақшу мавқеи гӯишҳои мардумӣ дар эҷодиёти устод Мирсаид Миршакар яке аз масъалаҳои муҳими осори  шоир ба шумор меравад. Устод Мирсаид Миршакар тавонистааст барои нишонрасу шавқовар гаштани осори худ аз гӯишҳои мардумӣ истифода кунад, ки ин кор ба ӯ бе гуфтугӯ даст додааст.Осори устод Мирсаид Миршакар дар роҳи омӯзиши фарҳанги мардум аҳамияти бағоят муҳимро доро буда, ҳамчун сарчашмаи фолклорӣ бояд шинохта шавад.Чуноне ки маълум шуд, таъсиру наздикии фолклор  ба ашъори устод Мирсаид Миршакарро яке аз  аввалин шоироне ҳисобем, ки илҳоми бештареро аз адабиёти шифоҳии халқ барои худ касб кардааст. Фолклор яке аз муҳимтарин манбаи эҷодӣ ба устод Мирсаид Миршакар материали бой медиҳад. Бисёр асарҳои ба хурдсолон  навистаи ӯ дар асоси мазмунҳои фолклорӣ навишта шудаанд. Маҳз дар асоси эҷодиёти даҳонакии халқ шоир як қатор суруд, тарона, чистону афсона, масалу достон ва драмаҳо эҷод намудааст. Ҳатто Горькийи бузург қайд кардааст, ки дар синни хурдсолӣ ба инсон афсонаҳо таъсири бузурги тарбиявӣ мерасонанд.

Хулоса, нақшу мавқеи гӯишҳои мардумӣ дар ҷодиёти Мирсаид Миршакар яке аз масъалаҳои муҳими осори шоир ба шумор меравад . Мирсаид Миршакар тавонистааст барои нишонрасу шавқовар гаштани осори худ аз гӯишҳои мардумӣ истифода кунад, ки ин кор ба ӯ бе гуфтугӯ даст додааст. Осори Мирсаид Миршакар дар роҳи омӯзиши фарҳанги аҳамияти бағоят муҳимро доро буда, ҳамчун сарчашмаи фолклорӣ бояд шинохта шавад.

Муфассал ...