wrapper

Мақолаҳо

АМИНИ ХИРАДУ НЕКПАЙВАНДӢ (Ба поси хотири устод Ш.Юсуфбеков)

   Ҳоким ҚАЛАНДАРИЁН, директори Институти илмҳои  гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ, доктори илмҳои филологӣ

 

          АМИНИ ХИРАДУ НЕКПАЙВАНДӢ     

(Ба поси хотири устод Ш.Юсуфбеков)

Бори нахуст бо устод Шодихон Парвонаевич Юсуфбеков баъд аз дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев вохӯрдем. Сентябри соли 1993 буд. Мо донишҷӯёни курси аввали факултаи таъриху филология, ки ба ҳукми таърих аз давом додани таҳсили баъди мактабӣ дар донишгоҳҳои маъруфи пойтахт ба сабабҳои маълум маҳрум будему “умедамон аз гулистон бархост”, дари Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба рӯямон кушода шуду умедамонро сарсабз гардонд. Устод Шодихон Парвонаевич декани факултет буданд. Сӣ сол андаке беш аз он рӯзҳо паси сар шуданд. Қомати аз миёна пасттар, аммо тануманд, чеҳраи гандумгун ва мӯйлабҳои сиёҳу пешонии фарох ва мӯйи сари аз пеш рехта ҳамроҳ бо қиёфаи ҷиддӣ ӯро хеле калонтар аз синне, ки доштанд, нишон медоданд. Ва ё ин ки зоҳир ҳамроҳ бо ваҷоҳату фиросату азимулфикрат азаматашонро афзуда буданд. Чаро ки он солҳо сиву як сол беш надоштанд, аммо дар назари мо донишманди таҷрибадидаи камандаролам метофтанд. Ва чунин ҳам буданд! Тезҳушу қавиҳофиза, салимтабъ, тасаллут ба илм, фасоҳати баён, нозукхаёлу амиқандеш, озодагиву ворастагӣ аз ҳар гуна таассуб, вафокешу вафокӯш, додхоҳу инсофҷӯ, шикастанафсу фурӯтан ва ҳар касе, ки бо ин сифот мусаллат буда бошад, бояд мисли устод Шодихон Парвонаевич марде бошад бузургвору бузургосор. Бесабаб нест, ки аз рӯзи нахусти ба олами илму дониш ворид шудан номашон дар ҳама ҷо ба некномиву некмаҳзарӣ печиду масобату манзалаташон рӯзафзун мегашт. Он симои бозашон, ки дар соли 1993 дида будам, то кунун дар оинаи хаёлам нозудуда ва то охирин дами зиндагиам бо ман хоҳад буд. Сурату сират ва ҷиддияти ӯ дар тамоми умр дигар тағйир наёфт, аммо ҳар бархӯрде, ки бо ӯ доштем, сифати ҷадиди ӯро кашф мекардем. Бесабаб нест, ки ҳар нафаре, новобаста аз мақому мартабату муддати умр, ки боре ҳам агар бо ӯ бархӯрд мекард, кофӣ буд, ки якумр ӯро дӯст дораду эҳтиромашонро ба ҷо орад.

Ёд дорем, ки ҳарчанд зиёд лутфу марҳаматашонро дида будем, чун он солҳо ниёзҳоямон андоза надоштанд, аммо беш аз ҳад аз ӯ метарсидем. Тарси як донишҷӯ дар баробари донишманд, тарси кӯчак дар баробари бузургсол, тарси як нодида дар баробари ҷаҳонгашта, тарси як ноумед дар баробари умедбахш ... Аммо тарс ҳамроҳ бо эҳтиром! Ҷаҳони дониши он рӯзҳо ба вуҷудашон равнақ дошт. Мақолоти нашршуда ва лексияҳои эшон буд, ки дарро ба рӯи илми филология кушуд. Ба ин кор касоне метавонистанд муваффақ шаванд, агар дар забонҳои аврупоӣ даст дошта бошанд ва аз равиши таҳқиқҳои муосир огоҳ бошанд. Устод Шодихон Парвонаевич забонҳои олмониву англисӣ ва русиву форсиро бисёр олӣ медонистанд. Таърихи забонро дар пеши маъруфтарин донишмандони рус аз худ карда буданд, бо забони авастоӣ хуб ошно буда, бо ҳамаи забонҳои шарқи эронӣ озод такаллум мекарданд. Дар навиштани корҳои илмӣ бисёр мӯшикофу чирадаст буданд. Мутолиаи пурдомана ва гуногунии мавзуот мояи ороиш ва арзиши корҳои ӯ гардиданд. Ва муҳим аз ҳама дар он рӯзҳо дарси устод Шодихон ҳанӯз замзамаи муҳаббат буд. Ба ҳамин ҷиҳатҳо номи устод Шодихон Юсуфбеков чун донишманди шуҳратманд мусаллам дар ҳамаи гӯшҳо, аз ҷавонони донишгоҳ гирифта то устодони таҷрибадида, печида гашта буд.

Ҳамин тариқ, солҳое, ки кишвар дар оташи фақру ноамнӣ месӯхт ва дар рӯзгоре, ки ҳатто муътабартарин донишгоҳҳои пойтахт торик хок бар сар пароканданд, ташкили донишгоҳ дар шаҳри Хоруғ чун ситораи тобоне аз миёни торикиҳо бар сари мо оғоз ба дурахшидан кард ва ғунчаҳои умеду орзуҳо ба дасти боғбонҳои маънавие чун устод Юсуфбеков Шодихон Парвонаевич шукуфтан гирифтанд. Таъсиси Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев нахустин шуълаи Истиқлол дар Боми Ҷаҳон буд. Замоне буд, ки ҳар фарди меҳандӯсту огоҳдил эҳсоси вазифа мекард, ки ҳамаи нерӯ ва истеъдоди худро ба кор андозад ва коре бикунад, ки миллатро аз парокандагиву давлатро аз нестиву нобудшавӣ маҳфузу эмин нигоҳ дорад. Ба илова, дар ҳар давраи интиқолӣ қишри ҷавони ҷомеа агар аз муроқабату назарот берун монад,  беихтиёру нохудогоҳ ба фарҳангҳову арзишҳои бегона гаройиш мекунад, ки ҳосилаш сардаргумиву буҳрони ҳувиятӣ мебошад. Қисме аз ҷавононе, ки солҳои 90-уми асри гузашта фарҳанги ҷомеаро дучори тағйиру буҳрон карданд, бояд иқрор шуд, ки то кунун таъсири манфии онҳо бар муҳит ба назар мерасад.

Бино бар ин, бояд муътақид буд, ки иллати аслӣ дар тағйири арзишҳо ин таҳсилот мебошад. Дар сарнавишти насли солҳои 90-ум Донишгоҳи давлатии Хоруғ нақши калидӣ гузошт. Ҳар нафаре, ки имрӯз аз мақомеву эҳтироме бархӯрдор аст, бешакку тардид, таҳсилкардаву баҳрабардошта аз устодони донишгоҳ мебошад. Банда ҳам аз ин гурӯҳ мустасно нест. Баъд аз ба остонаи донишгоҳ қадам задан, рушди маънавии минбаъдаам бо зиндагии устод Шодихон Парвонаевич пайванди ногустанӣ дошт.

Устод Шодихон Юсуфбеков – устоди донишгоҳ. Зиёд устодоне, ки он замон ба мо тадрис медоданд, унвони илмӣ надоштанд, махсусан дар риштаи филология. Аммо он қадар саҳму асаре дар зиндагии насли он замон гузоштанд, ки, аввалан, то имрӯз касе он чеҳраҳои илмӣ- донишгоҳии моро иваз карда натавонист, баъдан, нафаре ҳам аз толибилмони он давра ба бероҳа нарафту гумроҳ нашуд. Устод Шодихон Парвонаевич аз маъдуд муаллимоне буданд, ки унвони номзади илм доштанд. Як сол пеш аз донишҷӯ шудани мо дар шаҳри Москва рисолаи номзадиашонро дифоъ карда буданд. Муштоқи омӯхтану омӯзондан аз хеле барвақт ниҳоди ӯро фаро гирифта буд. Ҳанӯз бисту ду сол беш надоштанд, ки дар мактаб аз фанни забони немисӣ дарс медоданд. Аммо пайванди ӯ ба таҳқиқу пажӯҳиш ӯро ба роҳи илм шавқ дод. Дар байни устодони донишгоҳ аз чанд ҷиҳат бартарият доштанд. Аввалан, тарбияёфтаи мактаби илмии бузургтарин олимон-шарқшиносони рус буданд. Усулҳои омӯзишу таҳқиқе, ки дар он мактаб аз худ карда буданд, донишгоҳи навтаъсис ба он сахт ниёз дошт. Маҳз ҷорӣ намудани он усулу методҳо дар раванди тадрис ва истифода аз таҷрибаи олимони хориҷӣ ӯро аз дигарон фарқ мекунонданд. Дуюм, соҳиби унвони илмӣ буданд. Унвони номзади илмҳои филологӣ гирифтан дар Институти забоншиносии  Федератсияи Русия кори саҳлу осон набуд. Зиёд хислатҳои устодони бузурги мактаби илмии русро ба ирс бурда буданд. Устод Шодихон Парвонаевич шояд аз охирин чеҳраҳои он замон маҳсуб меёфтанд, ки аз назари илмӣ ба устодони худ сахт шабоҳат доштанд – ҷиддиву сахткӯш, дақиқназару хурдабин, нозукфаҳму нуктасанҷ, борикбину мӯшикоф. Муболиға намешавад, агар қазоват кунем, ки бо рафтанашон як давраи таърихӣ дар пажӯҳиши масъалаҳои забоншиносӣ, махсусан таҳқиқу пажӯҳиши забонҳои шарқи эронӣ ва ҳамчунин таълиму тааллуми ин соҳа хатм ёфт. Сеюм, ба илми забоншиносии ҷаҳон тасаллут дошта, илова бар донистани чанд забони хориҷӣ, аз таърихи забон, ба вижа забони авастоӣ низ огоҳии комил доштанд. Чаҳорум, дар баробари маъруфияте, ки дар забоншиносӣ доштанд, дар тамоми улуми инсонӣ, ба вижа, таърих, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, фалсафа, адабиётшиносӣ ва санъату фарҳангшиносӣ тасаллути комил доштанд. Ин ба ӯ имконият медод, ки доираи васеи муҳаққиқону мутахассисон аз фаҳмишу бинишашон васеъ истифода намоянд ва ба андешаву афкори ӯ такя ва эътимод варзанд. Панҷум, устод равоншиноси хуб буданд. Зеро устоди воқеӣ қабл аз ҳар чиз равоншиноси хубе бояд бошад, алорағми ин воқеият, ки дар тӯли даврони ҳирфаӣ теъдоди шогирдонаш афзоиш ёбаду ҳама бо шахсиятҳо ва мавқеиятҳои мухталиф зиндагии мутафовут доранд, аммо ӯро  намунаи тақлид қарор медиҳанд. Ҳамин тавр, устод Шодихон Парвонаевич на танҳо донишҳои мушаххасро дар мавзуоти хос ба мо мунтақил доданд, балки ба иллати равоншиноси ҳирфаӣ будан, ба як дӯсти хуби кумаккунанда ва воқеӣ табдил ёфта, тамоми умр гӯшаи хотираҳои моро тасхир карданд.

Устод Шодихон Юсуфбеков – олим. Вақте ки суҳбат аз илм меравад, нақши калидиро гуногунрангӣ мебозад. Дар айни замон олимони фарҳангу анъанаҳои гуногун барои расидан ба ҳадафҳои умумӣ ҳамкорӣ мекунанд. Аммо дар байни гуногунии вазифаҳояшон ҳамаи онҳо як чизи муштарак доранд. Ин ҳам он аст, ки онҳо худро ҳамчун олими ҳирфаӣ чӣ хел бояд нишон диҳанд. Устод Шодихон Юсуфбеков олими сатҳи ҷаҳонӣ буданд. Ӯ аз нишонаҳое, ки ҳар олими маъруф бояд медошт, бархӯдор буданд. Аввалан, шахсияти устодро на унвонҳои илмиашон зиннат бахшиданд, балки донишу маҳорати олиаш унвонҳои илмиро барои шогирдон азизу гиромӣ мегардонданд. Олими ҳирфаӣ ҳеҷ гоҳ аз омӯзишу пажӯҳиш даст намекашад. Маҳз бозёфтҳову комёбиҳо ва ба ин васила роҳкушоиҳову роҳнамоиҳо ӯро зиёии ҷомеа мегардонанд. Чун илм ҳамвора дар ҳоли тағйир аст, бо замон ҳамеша бояд тавъам бошад. Вақте дар мусоҳибае аз муҳаққиқи барҷаста Абдулҳусайни Зарринкӯб хостанд хотирае аз давраи устодии худ нақл кунанд, гуфтаанд, ки хотирае надорам, чунки аз ҳафтсолагӣ, ки падарам маро ба мадраса бурд, фишорам дод ва гуфт: бирав он ҷо. То имрӯз дигар аз мадраса берун наёмадам ва акнун ки ҳафтоду шаш солам аст, ҳанӯз дорам дар мадрасаҳо сайр мекунам. Дар зеҳни устод Шодихон Парвонаевич низ давраи устодиву давраи шогирдӣ боре ҳам ҷудо набуданд. Тамоми зиндагиашон як донишҷӯии мутлақ буд. Дувум, устод чун олими ҳирфаӣ на танҳо аз равишҳои илмии ҷаҳонӣ пайравӣ карданд, балки роҳҳои худро барои ҳарҷониба истифода бурдани таҳқиқотҳои илмӣ ва барномаҳои корӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Аз ин рӯ, устод Шодихон зиёд вазъиятро пешгӯӣ мекарданд ва бо азму иродаи қавӣ бисёр муассиру самарабахш буданд. Севум, ба ҳар чиз бо шубҳа менигаристанд. Маҳз шакку кунҷковӣ боис мешавад, ки олимон на танҳо дар мавриди он чи мушоҳида мекунанд, балки дар мавриди он чи ки қаблан медонанд, савол медиҳанд. Зеро як олими хуб омода аст, то ки ғояҳои худро рад кунад, агар онҳо возеҳ набошанд. Доштани зеҳни боз қоидаи нахуст барои донишмандон бояд буда бошад. Чаҳорум, таваккал кардан дар мавридҳои зарурӣ ва махсусан барои дарёфти роҳҳову равишҳо ва ҳавзаҳои таҳқиқи ҷадид аз сифотҳои олими ҳирфаӣ аст. Устод Шодихон ҳам ҳамеша омода буданд, то мафҳумҳову улгуҳои фикрии худро тағйир диҳанд ва дар расидан ба бозёфтҳои нави илмӣ масирҳои ҷадидро ҷустуҷӯ намоянд. Панҷум, олими ҳақиқӣ набояд аз бозӣ кардан тибқи қавоиду қавонин берун барояд. Барои олими бузург шудан, бояд ҳамчун олим амал намуд ва дар тамоми равишҳои тадқиқотҳои пешбинишуда иштирок дошт. Шашум, чун илм аз гуногунии дурнамоҳову заминаҳои пешниҳодкардаи муҳаққиқон иборат аст, бояд дар ҳамкорӣ бо дигарон кору фаъолият кард. Иртибот ва ҳамкорӣ ба далоили зиёде воқеан муҳим аст ва бино бар ин олимон набояд коргарони танҳо бошанд. Барои муваффақият дар як ҳирфаи илмӣ ҳамкорӣ ниҳоят муҳим аст. Профессор Юсуфбеков Ш. бо мактабҳои илмии бумиву хориҷӣ ҳамкориҳои зич доштанд ва махсусан, бо олимони маъруфи русу аврупо ҳамеша дар иртибот буданд. Ҳафтум, амалҳои ношоистаи академӣ ва рафторҳои ҳирфаӣ ба ҳам мувофиқ нестанд. Олими касбӣ бояд ҳамеша ба нафъи илм кор кунад, на ин ки фақат барои худаш ному нишон пайдо кунад. Атрофиёни устод Шодихон Парвонаевич эҳсос мекарданд, ки мавсуф лаҳзае ҳам барои худнамоӣ коре накарданд. Он қадар сермутолиа буданд ва аз улуми мухталифи муосир огоҳ, аммо андаке ҳам аз ғуруру дағдаға дар вуҷудашон дида намешуд. Бо он ҳама фазлу донише, ки доштанд, аз аҳли тазоҳуру худнамоӣ набуданд.

Устод дар давоми умри кӯтоҳашон ҳамчун мутахассиси таърихи забон ва муҳаққиқи забонҳои шарқи эронӣ асарҳои ниҳоят арзишмандро аз худ ба мерос мондааст. Муҳимтарин асарҳои устод, ки дар доираҳои илмии ҷаҳонӣ аз манзалати хосса бархӯрдоранд, инҳо мебошанд: “Дейктичность в языках шугнано-рушанской группы памирских языков” (Москва, 1998); “Сангличский язык в синхронном и историческом освещении” (Москва, 1999); “Очерк оид ба фонетикаи таърихии забони сангличӣ” (Душанбе, 2013); “Очерк доир ба морфологияи таърихии забони санглеҷӣ” (Душанбе, 2014); “Историческая грамматика шугнанского языка: Фонетика. Фонология” (Москва, 2017); “Сангличский язык // Основы иранского языкознания: Бесписьменные языки” (Москва, 2008). Мақолаҳои бешумори устод дар мавзуъҳои мухталифи илмҳои забоншиносиву адабиётшиносӣ, таъриху мардумшиносӣ ва фарҳангу сиёсат таълиф шудаанд ва мавриди истифодаи аҳли таҳқиқ қарор доранд.

Басанда аст, ки хонанда ба як мақолаи устод Шодихон Парвонаевич дар мавзӯи “Экологияи фарҳанг дар партави мушкилоти ҷаҳонишавӣ” назар афканад ва ба хулосае биёяд, ки чи қадар мавсуф ҷаҳонбинии васеъ ва андешаи фарох доштаанд. Ҳарчанд мавзуи мазкур аз доираи самти касбиашон берун бошад ҳам, ба ин навъи мавзуъҳо бисёр олимонаву огоҳона бархӯрд мекардан. Дар ин мақола устод махсусан дар бораи сабабҳои зуҳуроти буҳронӣ дар вазъияти маънавии муосири ҷамъияти мо изҳори назар намуда, аз муҳимтарин шартҳои экологияи фарҳангиро маҳфуз нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ, расму анъана ва арзишҳои маънавӣ пиндоштаанд. Дар он аз ҷумла омадааст: “Сабабҳои падидаҳои буҳронӣ дар шароити маънавии муосири ҷамъияти мо аз он иборат аст, ки дар марҳилаи пешин тамоми механизмҳои худистеҳсолии фарҳанг хароб карда шуда, технологияи истеҳсолии фарҳанг вайрон гардид ва заминаи қадимтарини он, ки аз дину оин, этнос, санъат, дигарандешӣ иборат буд, тағъир дода шуданд”. Назари устод Юсуфбеков Ш.П. доир ба мафҳуми экологияи фарҳангӣ ҷолиб аст: “Экологияи фарҳангӣ ҳамзистӣ, муколима, гуногунии фарҳангҳои миллии мухталиф, ақоиди динӣ ва эътиқод, баробарии забонҳои адабӣ, аз он ҷумла нофаҳмо, ғайриқиёсӣ, гуногунии консепсияҳо ва ақоидро дар назар дорад. Муттаҳид сохтани ҷузъиёти гуногун, ки худазнавбавуҷудоварӣ, худташаккулӣ, худистеҳсолии фарҳангро таъмин месозад, дар асоси арзишҳои умумибашарӣ амалӣ карда мешаванд ва ифодакунандаи гени фарҳангианд”. Дар ин мақола муаллиф масъалаи нобуд шудани рӯйнамосозони фарҳанг, яъне зиёиёнро боиси ба вуҷуд омадани холигии маънавӣ дар ҷомеа ҳисобида, оқибатҳои фалокатбори онро нишон додааст. Дар он аз ҷумла омадааст: “Нобуд сохтани зиёиён, ки инъикосгари фарҳанг ва пешбарандаву нигоҳдорандаи принсипҳои ахлоқӣ, тафаккури ахлоқӣ буданд, дар натиҷа ба вазъи фалокатбор оварда расонд, чунки барои намояндагони дорои  «тафаккури ҷиноӣ», ҷангҷӯёна, ки барои марҳилаи «тофарҳангӣ», нимибтидоӣ, «замоне, ки тафаккур бар савқи табиӣ бартарӣ надошт, замоне ки алоқаҳои ҷамъиятии авлодиву қабилавӣ хеле сода буданд ва арзиши ягонаву асосӣ барои фард фақат аз ҳисси физикии ҳаёт иборат буд заминаву шароит фароҳам овард”. Дуруст аст, ки эҳёи фарҳанг яке аз шартҳои муҳимми таҷаддуди ҷомеа мебошад. Дар акси ҳол, ба қавли устод “фарҳанг нест – ҳамзистии муқаррариву муътадили инсонӣ нест. Дар давоми даҳсолаҳо ҷамъияти мо ин ҷанбаи ҳаётро дуруст ба эътибор нагирифт ва ҳоло чунин «модел»-ҳои рафтор, ҳамчун «хориқаи хоруғӣ», «издиҳоми ҷиноӣ», «тӯдаи ваҳшӣ», ки дар кӯчаҳо бедодгарӣ мекунанд, чунин падидае ба истилоҳи русӣ «дедовщина», издиҳоми наврасон дар маҳаллаҳои нави шаҳр, баландравии сатҳи ҷинояткорӣ ва шаклҳои мухталифи он ба амал омад. Ҳамаи ин аз биологизатсияи одам ва аз байн рафтани маънавиёт шаҳодат медиҳад”.

Устод Шодихон Юсуфбеков – роҳбар. Профессор Юсуфбеков Шодихон ҳаждаҳ соли фаъолиятро ба ҳайси директори Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандаров сипарӣ намуданд. Чун мисли илму донишу адаб дар қаламрави ахлоқу мардумгарӣ низ хислатҳои арзанда доштанд, лутфу дилнавозии беҳад як тӯдаи инсонҳои шариферо дар Институт ба ҳам овардааст, ки ҳаққо, тарбияёфтаи мактаби устод ҳастанд. Имрӯз ҳама гувоҳанд, ки дар давоми директори ин муассисаи илмӣ-академикӣ буданашон инсофу адолатро болотар аз ҳар чизи муқаддас гузошта, бо жарфнигариву дурандешӣ ва маданияти баланди инсонӣ дар дили ҳар ҳамкор, новобаста аз синну солу мақому мартаба маскан гирифтанд ва ба ин васила оромию осудахотирии муҳитро таъмин намуданд ва мояи умедвории кормандонро саршор гардониданд. Шафқати устодонааш ҳамеша парда ба рӯйи роҳбари сахтгир мекашид. Чун гоҳе ҳам ба ҷоҳу ҷалолу манзалат тамоил надоштанду илму донишро аз барои худи илму дониш дӯст медоштанд, андӯхтаи илмии худро ба шогирдону ҳамкорон бахшиданд. Роҳбари асил буданд, роҳбари асили як муассисаи илмӣ-академикӣ. Саид Нафисӣ дар сӯгномаи Муҳаммад Қазвинӣ менависад: “...Марди амин буд. Дурустгуфтор буд. Дурусткирдор буд. Ҳирс ва тамаи инҷаҳонӣ дар ӯ набуд. Дар дӯстӣ пойдор ва мусир буд ва ҳатто аз ҳаққи худ мегузашт. Ман бештар бад-ин сифоти мардонаи ӯ такя кардам, зеро бисёр донишманд дар зиндагии хеш дидаам, ки чун ин хисоли мардумиву мардонагӣ дар эшон нест, пеши чашми ман ба ҳеч намеарзад. Худои ман гувоҳ аст, ки агар он ҳама донишу маҳфузоти Муҳаммад Қазвинӣ дар ин мард буд ва ин сифоти мардумиро надошт, ҳаргиз номи ӯро намебурдам...”. Устод Шодихон Парвонаевич низ дар баробари дониши воқеиву истеъдоди олӣ ба чунин сифот шуҳратманд буданд – дурустгуфтору дурусткирдор ва баҳраманд аз хисоли мардумиву мардонагӣ. Ин буд, ки ҳанӯз номашон дар байни ҳамкорону ҳамандешон ба некӣ вирди забонҳост ва имрӯз ҳам талош дорем, то ки шогирди сазовору муқаллиди сифоти ӯ бошем.

Устод Шодихон Юсуфбеков – инсони шариф. Ба қавли академик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ “замони мо замони фасоди ахлоқ, хории инсон ва пастравии инсоният, замони ваҳшонияти одамизод аст. Дар чунин замоне парвариши инсони бофарҳангу бамаънавият душвор аст. Замони бемаънавиятӣ ва ноодамӣ, каммеҳриву сангдилӣ, фасоди куллии ахлоқ дар ҷаҳон чунон аст, ки барои парвариши инсон доираи имконро танг кардааст”. Пас, муҳим аст, ки дар чунин замон шахсиятҳои алоҳида бо рафтору кирдору пиндори ҳамидаву сутудаи худ ҷомеаро аз қафои худ бубаранд. Бузургеро пурсидаанд, ки мақоми олим болотар аст ва ё ориф? Ҳеҷ нафаре олим наметавонад шуд, агар ориф набошад, - ҷавоб медиҳад. Мақоли содатареро низ дорем, ки аз таърих таҷриба кардаем ва он ин аст, ки “олим шудан осону одам шудан мушкил аст”. Устод Шодихон Парвонаевич яке аз хушсаводони маънавии замон буданд, ки ҳаматрофон ҳамеша аз ӯ нур мегирифтанду дарси одамият меомӯхтанд. Камоли адабу инсонияро дар мавриди ҳар кас, новобаста аз синну сол, мақому вазифа, дараҷаву тахассус риоят мекарданд. Ҳеҷ лаззате барояшон болотар аз он набуд, ки ниёзу эҳтиёҷи касеро бароварад. Гоҳе ҳам нашунида будем, ки илтимосеро “не” ва ё “наметавонам” гуфта бошанд ва ё “вақтам нестро” баҳона мекарданд. Шамъи вуҷудашонро дар роҳу кори ҳама месӯхтанду кам дар фикри худ мешуданд. Ҳар нияти неку амали хайри дигаронро меписандиданду мепазируфтанд ва дар талқину ташвиқ ва ба мақсад расидани онҳо саҳим ҳам буданд. Дар рафоқату ошнопарварӣ ҳампоя надоштанд. Ҳам сахидаст буданду ҳам суҳбаторо. Зарифонаву хуштабъона сухан мекарданд. Ба ҳадде нуктадону нуктасанҷу нуктагӯ буданд, ки шунавандаро мафтун месохтанд. Ҳимматбаландиву кушодадастии ӯ овоза шуда буд. Сафсатагӯиву хурофот ва бадгӯиву ғайбатро манфур медоштанд. Заррае аз ахлоқи пасти башарӣ, чун ҳасаду ҳавову ҳавасу кизбу нафъпарастӣ дар вуҷудашон дида намешуданд. Зиндагидӯст буданду “ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод” мегуфтанд. Хушдимоғ буданду хушдилии дигаронро орзӯ мекарданд. Афсӯс, ки бо ин ҳама сифоти арзанда, худ ҳеҷ огоҳ набуданд, ки чӣ қадар азимулқадру азимушшаън буданд. Кошкӣ пай мебурданд, ки то ба кадом андоза зиндагии маънавии мо бе ӯ арзишашро аз даст додааст. Ҳарчанд зери таъсири роҳнамоиҳои устод то ҷое расидаем, аммо ҳанӯз ҳам яке аз сад сифоташонро сазовор нашудаем...

Дареғо, ки “сахт мегардад ҷаҳон бар мардумони сахткӯш”. Ин устоди ҳақиқатҷӯву мунсиф ва равшанбину равшанзамир, ин дӯсти амину дурустгуфтору дурусткирдор чаҳорумин баҳорест, ки бо мо нестанд.  Аммо то нишон аз илму адабу амалу ихлос аст, профессор Шодихон Юсуфбеков аз ҷумлаи сутунҳои илмию фарҳангии қаламрави мо боқӣ хоҳанд монд. 

 

Муфассал ...

Миршакар ва фолклор

 Миршакар ва фолклор

Мажнунов Абдуламин

     

Фолклор гаҳвораи  адабиёти бачагона мебошад ва маҳз аз ин рӯ бештар асарҳои  халқӣ ба доираи хониши бачагон дохил шудаанд. Суруду  таронаҳо,  ҳазлу шӯхӣ, афсонаҳо,  нақлу ривоятҳо барин намунаҳои асарҳои фолклорӣ аввалин воситае  мебошанд, ки инсонро аз хурдӣ бо санъати баланди забону маданияти бойи халқ шинос мекунанд.Асарҳои фолклорӣ дорои аҳамияти чуқур тарбиявӣ ахлоқӣ,  маълумотдиҳӣ буда, хонандагони хурдсолро бо донишҳои зарурӣ дар бораи зиндагонӣ, кишвар, табиати  халқи меҳнаткаш мусаллаҳ менамоянд,  бо маданият, урфу одат,  санъатҳои халқҳои гуногун  шинос мекунанд. Шоири боистеъдод, Мирсаид Миршакар аз ибтидои фаъолияти эҷодии худ сар карда то охирҳои ҳаёташ ба яке аз соҳаҳои асосии адабиёти шифоҳӣ, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти бачагона аҳамияти  махсус дода, дар ин соҳа хизмати калонеро адо кардааст. Устод Мирсаид Миршакар адибест ҳамқадами халқ, ки тамоми умри бобаракаташ сарфи хизмати мардум шуда, аз байни халқ баромадаву дар ҳавои софи  обу  хоки диёри халқи худ такомул ёфта.Тавре ки аксари муҳаққиқон ва донандагони шеъри устод Мирсаид Миршакар  мӯътақиданд, шеъри ӯ аз чанд манбаъ нашъат гирифтааст:“Эҷодиёти халқ, шеъри классики тоҷик, шеъри муосири тоҷик ва шеъри муосири ҷаҳон (асосан форсизабонон ва русзабон). Аз ин шумор нақши бештарро эҷодиёти халқ ва шеъри классики тоҷик ташкил медиҳад”. Мирсаид Миршакар аз оғози эҷодиёти худ бо ҷиддияти тамом ба фолклор рӯ оварда буд, ӯ дар сафи шоироне мавқеъ гирифт, ки дар навҷӯӣ ва навовариҳои худ, дар ифодаи ғояҳои пешқадами ҳамон замон аз эҷодиёти даҳанакии халқ бомувафақият ва ҳунармандона истифода мебаранд.

Пайванди адабиёти классикӣ ва эҷодиёти халқ ба унвони ду манбаъи  аслӣ дар шеъри устод Мирсаид Миршакар ба назар  мерасад, ки дар муҳити адабии  мардумие, ки шоир аз овони тифлӣ  ба сар мебурд, ин матнҳо ва маъниҳо ва қолабҳо дар таркиби  фарҳанги мардумӣ ҳалшуда, ҳатто аз баъзе осори мазкур вариантҳои халқӣ ба вуҷуд омада буд.Шоир Мирсаид  Миршакар дар достони “Қишлоқи тиллоӣ”, бо вуҷуди он ки мазмуни афсонаи халқиро айнан ба назми даровардааст, ба  ҳалли мавзӯъ ва вазифаи худ, ки иборат аз нишон додани ҳаёти имрӯзаи халқ аст, муваффақ гардидааст.

Тақрибан  шоире нест, ки ба нақлу ривоят ва афсонаҳои халқӣ муроҷиат накарда бошад ва онҳоро мувофиқи  доираи назар ва матлаби хеш ба риштаи назм надароварда бошад. Фаъолияти эҷодии шоирони тоҷик далели равшан мебошад. Дар ин бобат фаъолияти Мирсаид Миршакар, Мирзо Турсунзода ва Абдусалом Деҳотӣ ҷолиби  диққат аст.Устод  Мирсаид  Миршакар афсонаи “Қишлоқи тиллоӣ”-ро ба назм овард, воқеияти советиро бо орзуи афсона муқобил гузошта ва сазовори мукофоти  давлатӣ шуд.

Санъаткор, ки  тақлидкор шуд, асараш шӯҳрати намеёбад. Аз ин рӯ, санъаткор набояд тақлид кунад, балки бояд худаш эҷод намояд.Агар устод Мирсаид Миршакар муқалиди хушку холии афсонаи халқӣ мешуд, асари вай шӯҳрат намепазируфт ва муаллиф сазовори мукофоти давлатӣ намегардид. Асарҳои устод Мирсаид Миршакар ба эҷодиёти даҳанакии халқ бевосита алоқаманд шуда, беҳтарин хусусиятҳои  онро инкишоф дода, беш аз пеш ғанитар ва дилчасптар мегарданд. Асарҳои фолклорӣ ба устод Мирсаид Миршакар барои ифодаи пешқадамтарин ғояҳои замони мо хизмат  мекунанд, ба эҷоди  ӯ рӯҳ ва зебоӣ мебахшанд.

Мирсаид Миршакар ва шахсияти шоирии ӯ дар шеъру достонҳояш мебошад. “Қишлоқи тиллоӣ”,“Ленин дар Помир”,“Панҷи ноором”ва дигар шеъру достонҳои шоир нақлу ривояте аз дидаву шунида ва изҳори назар ба инҳо, яъне баҳо додану арзишашонро аз назари иҷтимоӣ,сиёсӣ ва гоҳе ҳам мардумӣ таъйин кардан аст.

Бисёр муҳим аст, ки чи адабиёти классикӣ ва чи эҷодиёти мардумӣ  ба осори шоир таъсири судманде кардааст ва ҷанбаи халқӣ аз хусусиятҳои пурқуввати онҳо ба шумор меояд. Аз офаридаҳои  Мирсаид Миршакар махссусан дар  достонҳо “Ленин дар Помир”,“Қишлоқи  тиллоӣ”,“Панҷи ноором” ва “Одамон аз  Боми ҷаҳон” ҳам дар эҷодиёти нависанда ва ҳам дар адабиёти тоҷик достонҳои марҳилавист.Ин достонҳо ба таҳқиқи бадеии яке аз саҳифаҳои муҷаллои таърихи халқамон бахшида шуда, чи аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва чи аз ҷиҳати забону услуби нигориш басо диққатангез аст.Аз ин ҷост, ки тамоми ин достонҳо бо оҳанги гуфтугӯ ва поэтикаи халқӣ эҷод шудааст. Хоҳ дар характеристикаҳои шоир, ки симои қаҳрамонро равшан менамояд, хоҳ дар муоинаи тобишҳои рӯҳии ӯ ва хоҳ дар нутқи қаҳрамону андешаҳояш унсурҳои забони халқӣ чун воситаи равшан кардани характер, вазъияту ҳолат истифода шудааст.

 Хулоса:Чи навъе ки дар  боло аз назар гузаронида шуд, «Қишлоқи тиллоӣ» ва дар баъзе асарҳои дигари Мирсаид Миршакар мавқеи забони халқӣ гуфтугӯӣ ё фолклор хеле бузург аст. Ба ин муносибат аз рӯи мушоҳида ва мулоҳизаҳои зикришуда ба хулосаҳои зерин омадан  мумкин аст:

  1. Устод Мирсаид Миршакар дар асоси таълимоти ленинӣ оид ба вазифа ва хусусияти адабиёти сосиалистӣ ва принсипҳои реализми сосиалистӣ аз фолклор васеъ ва эҷодкорона истифода намуда, дар забони анъанавии асари адабӣ тағироти бузурге дароварда, адабиётро ба миллионҳо наздик ва фаҳмо гардонидааст ва ӯ ҳамчун яке аз саромадони адабиёти муосири тоҷик ба инкишофи минбаъдаи забони оммафаҳми асари адабӣ асос гузоштааст.
  2. Устод Мирсаид Миршакар  аз хазинаи бои забони халқ эҷодкорона истифода бурда, ба воситаи асарҳои худ дар шакли намунавӣ тасдиқ ва эътироф кунонидааст, ки дар сурати санъаткорона ва бо маҳорат кор фармудани фолклори тоҷики вай қобил ва қодир  аст забони пуробуранги асари адабӣ бошад ва бо ин ба ҳар гуна ақидаҳои ғалат ва зарарноки дар атрофи  забони адабии тоҷик пайдошуда зарба додааст.
  3. Устод Мирсаид Миршакар ба воситаи фаровон истифода кардани забони халқӣ гуфтугӯӣ хусусиятҳои халқият ва миллияти асарҳои адабии худро зоҳир кунонида, дар адабиётимуосири тоҷик ба сифати устоди каломи бадеӣ бо ин роҳ фазилати реализми сосиалистиро намоиш додааст ва дар ин фаъолияти адабии ӯ пеш аз ҳама А.М. Горкий ва эҷодиёти дигар нависандагони  советӣ таъсир расонидаанд.
  4. Аз забони халқӣ гуфтугӯӣ фаровон истифода бурдани шоир яке аз омилҳои асосии ташаккулёбии услуби адабии ӯ гардидааст, ки ин услуб ба муосирон ва шогирдони вай таъсир бахшида минбаъд инкишоф меёбад.
  5. Устод Мирсаид Миршакар дар “Қишлоқи тиллоӣ” ва дигар асарҳои худ хеле хуб нишон дода тавонистааст, ки калима, ибора таъбир ва зарбулмасалҳои халқӣ дар баробари он, ки ба мазмуну ғоя ва санъати бадеии асарҳои адабӣ қувваю иқтидоре оварда ба қавли В.И.Ленин “ бо санъати ҳайратовар моҳияти ҳодисаҳои  хеле мураккабро ифода менамоянд”

“Қишлоқи тиллоӣ” дар асоси як ривояти халқӣ эҷод гардидааст ва афсонавор шавқовар аст. Мардуми меҳнаткаши тоҷик дар шароити ҷамъияти синфӣ ба воситаи афсона, ривоят ва ҳатто эпоси қаҳрамонии худ дар сарзамини ободу зебое зиндагӣ карданро орзу кардааст, ки он ҷо зулму истисмор вуҷуд надошта ҳар фард озоду хушбахт умр ба сар мебарад. Воқеае, ки дар “Қишлоқи тиллоӣ” тасвир гардиааст, дар атрофи ҳамин орзуи деринаи халқ сурат мегирад. Ин орзу дар оғози достон аз забони марди куҳансоле баён шудааст:

Баногоҳ уфтодам дар гулистон

Баҳор он ҷо ҳамеша, бе зимистон.

Халоиқ ҷумла он ҷо бахтиёранд,

Ҳама шоду ҳама масти баҳоранд.

Намедонанд номи зулму золим,

Хирадманданду фирӯзанду олим... [6,6-7].

 

Устод Мирсаид Миршакар, бо вуҷуди  соддагии сухани шоирона, сабки ба худ хос эҷодӣ дорад. Услуби эҷодии устод Мирсаид Миршакар ба андозае фардист, ки ба шеър ҳеҷ як аз шоирони тоҷик шабоҳат надорад.Қиммати адабии эҷодиёти ӯ ҳам дар ҳамин фардияташ мебошад.Ҳодисаи  ба   ҷустуҷӯи  бахт сафар кардани камбағалон дар эҷодиёти даҳанакии халқ акс шуда, дар “Қишлоқи тиллоӣ” тасвири он қиём гирифтааст, ки ба ин эҷодиёти даҳанакии мардум бешубҳа таъсире дорад.

Тимсоли  робитаи эҷодиёти Мирсаид Миршакар бо эҷодиёти  даҳанакии халқ аз ҷиҳати  мавзӯъ  достони “Қишлоқи тиллоӣ” аст. Услуби аксари  таълифоти манзуми шоир ба тарзи нигоришоти эҷодиёти даҳанакии  халқ наздик аст. Шеърҳояш аз ҷиҳати забон хеле соддаву фасеҳ ва мисли сурудҳои халқӣ сабуку равон аст. Ӯ яке аз аввалин шоирони тоҷик аст, ки чи дар шаклҳои калон ва чи хурд шаклҳои хурди шеър усули муколима ва гуфтугӯро татбиқ ва ҷорӣ намуд, дар  тақвияи шакли мураббаъ дар достону манзумаҳо, ки бо таъсири назми рус боз ҳам ривоҷ гирифтааст, саҳми пурарзиш гузошт.  Шеърҳои лирикии шоир, ки дар онҳо сабки назми халқӣ ва классикӣ узван ба ҳам пайвастаанд, таровишҳои ба худ хосе доранд.

Либосаи кӯҳнаи мо кӯҳнатар шуд.

Шаби торики мо ториктар шуд.

Ба ҳар ҷое, ки рафтему расидем,

Даме ҳам рӯи  шодиро надидем.

Баҳори умри мо охир хазон шуд,

Ҷавони рафту пирӣ ҳамнион шуд.

Шеъру суруд, тарона ва достонҳои сершумори Мирсаид Миршакар     (“Мо аз Помир омадем”, “Неъмат”, “Федка”, “Бачагони Ҳиндустон” ва ғайра) аз дӯстдоштатарин асарҳои бачагони мо буда, дар ташаккули инкишофи адабиёти бачагони тоҷик таъсири зиёд расондаанд.

Хулоса,  нақшу мавқеи гӯишҳои мардумӣ дар эҷодиёти устод Мирсаид Миршакар яке аз масъалаҳои муҳими осори  шоир ба шумор меравад. Устод Мирсаид Миршакар тавонистааст барои нишонрасу шавқовар гаштани осори худ аз гӯишҳои мардумӣ истифода кунад, ки ин кор ба ӯ бе гуфтугӯ даст додааст.Осори устод Мирсаид Миршакар дар роҳи омӯзиши фарҳанги мардум аҳамияти бағоят муҳимро доро буда, ҳамчун сарчашмаи фолклорӣ бояд шинохта шавад.Чуноне ки маълум шуд, таъсиру наздикии фолклор  ба ашъори устод Мирсаид Миршакарро яке аз  аввалин шоироне ҳисобем, ки илҳоми бештареро аз адабиёти шифоҳии халқ барои худ касб кардааст. Фолклор яке аз муҳимтарин манбаи эҷодӣ ба устод Мирсаид Миршакар материали бой медиҳад. Бисёр асарҳои ба хурдсолон  навистаи ӯ дар асоси мазмунҳои фолклорӣ навишта шудаанд. Маҳз дар асоси эҷодиёти даҳонакии халқ шоир як қатор суруд, тарона, чистону афсона, масалу достон ва драмаҳо эҷод намудааст. Ҳатто Горькийи бузург қайд кардааст, ки дар синни хурдсолӣ ба инсон афсонаҳо таъсири бузурги тарбиявӣ мерасонанд.

Хулоса, нақшу мавқеи гӯишҳои мардумӣ дар ҷодиёти Мирсаид Миршакар яке аз масъалаҳои муҳими осори шоир ба шумор меравад . Мирсаид Миршакар тавонистааст барои нишонрасу шавқовар гаштани осори худ аз гӯишҳои мардумӣ истифода кунад, ки ин кор ба ӯ бе гуфтугӯ даст додааст. Осори Мирсаид Миршакар дар роҳи омӯзиши фарҳанги аҳамияти бағоят муҳимро доро буда, ҳамчун сарчашмаи фолклорӣ бояд шинохта шавад.

Муфассал ...

СИНДЕВ ВА МАНЗАЛАТИ ЗОДГОҲ БАРОИ ШОИР

СИНДЕВ ВА МАНЗАЛАТИ ЗОДГОҲ БАРОИ ШОИР

Абдулназаров А.А.[1]

Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандарови АМИТ

 

Синдев ва манзалати зодгоҳ барои шоир

Пешрафту комил гардидани инсон ба сатҳу фазои маърифатии маконе, ки ӯ дар он чашм ба олами ҳастӣ кушодааст ва замони ширинии кӯдакиро сипарӣ намудааст, сахт марбут аст. Дар мақолаи мазкур зиндагии тифлии шоири халқии Тоҷикистон, лауреати як қатор мукофотҳои давлатии Ҳукумати Шӯравӣ ва ходими намоён Мирсаид Миршакар дар зодгоҳаш - деҳаи Синдеви ноҳияи Роштқальа ба маърази андеша кашида шудааст. Муаллиф давраи вазнини кӯдакии шоир, заминаҳои гирифтани саводи нахуст, манбаъҳои маълумоту ташаккули тафаккури шоир дар ин деҳаи касногузару харобизори онрӯзаро тасвир намудааст.

Калимаҳои калидӣ: Мирсаид Миршакар, шоир, деҳаи Синдев, зодгоҳ, замони кӯдакӣ, айёми тифлӣ, маълумот, саводи нахуст, Бадахшон, муҳаққиқони ашъори шоир, фақириву бенавоӣ, дафтару қалам, шеъру шоирӣ.

 

Синдев и значимость места рождения для поэта

Развитие и совершенствование человека тесно связанно с уровнем развитости населения, в котором он родился и провел свои детские годы. Статья посвящена детству Народного поэта Таджикистана, лаурета ряда государственных наград Советского Союза, видного деятеля Мирсаиду Миршакару, которое прошло в его родном селе Синдев Рошткалъинского района. Автор описывает непростой период детства поэта, условия его начального образования, а также источники познания и развития мышления поэта в том горном и отдаленном кишлаке. 

 

Sindev and the importance of the birthplace for poet

A man progress and improvement is closely connected with the level of place elaboration where he\she was born and spent childhood. The article focuses on the way of life passage of Tajik National poet, owner of different State awards of the Soviet Union and the famous personality Mirsaid Mirshakar in his native land – Sindev of Roshtkala district. The author describes the difficult period of the poet’s childhood, bases of his first education, sources of comprehension and improvement of his thinking in that mountain and distant village.    

 

[1]Абдулназаров Абдулназар Абдулқодирович - доктори илми филология, мудири шубаи фолклор ва адабиёти Бадахшони Институти илмҳои гумантираӣ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ. Нишонӣ: ВМКБ, ш. Хоруғ, кӯчаи У. Холдоров 4. Тел: +992 93 4060804, email: This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it.

Мусаллам аст, ки зиндагии мардуми Бадахшон дар нимаи аввали қарни гузашта, ки замони кӯдакии шоири халқии Тоҷикистон, Мирсаид Миршакар ба он рост омад, хеле сахту вазнин буд. Мардум дар ин минтақаи кӯҳистон нимгуруснаву нимурён умр ба сар мебурданд. Донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар солҳои ҳафтодуми асри бистум Астахов В.Г. дар мақолаи худ “Дар бораи эҷодиёти Мирсаид Миршакар” дуруст қайд мекунад, ки “Шоир (Мирсаид Миршакар - А.А.) соли 2012 дар Помир, дар оилаи деҳқони камбағал таваллуд ёфта, айёми ҷавонии худро дар шароити сахти ин кишвар гузаронидааст, ки дар он ҷо мардум ба сабаби набудани роҳ бо мамлакатҳои дигар қариб тамоман алоқа надоштанд, порчаҳои майдаи заминро бо усулҳои кӯҳна ва асбобҳои қадимаи одӣ кишт мекарданд. Дар ивази заҳмат ва машаққати тоқатфарсои ғайри инсонии худ мардуми камбағал аз порчаҳои замини сангзори худ ҳосили ночиз мегирифтанд ва ҳамеша нимгурусна буданд” [2, 14].

Бе муболиға, дар давраи тифлии шоир Бадахшон ба иллати дар як бумбасти чуғрофӣ қарор доштан, ривоҷ наёфтани соҳаи тиҷорати он ва камҳосилии заминҳои кӯҳистон, ки сарчашмаи асосии онрӯзаи маводи хӯрока барои аҳолӣ буд, аз нигоҳи иқтисодӣ дар ҳолати хеле ногувор қарор дошт. Ба қавли Павел Лукнитский “ғалла ва дигар озуқавориҳо ҳамеша камӣ мекард, аҳолии камбағал ҳар сол як чанд моҳ гуруснагӣ кашида, бо алафҳои гуногун ва атолаи орду нахӯд рӯз мегузаронд. Тутмавизу талқон барои аксарияти аҳолӣ ҷои нонро мегирифт ” [4, 320].  

Дар яке аз мақолаи публитсистии худ Мирсаид Миршакар оиди зиндагии пурмашаққати аҳолии Помир маълумот баррасӣ намуда, ба навиштаҳои муаллифи китоби “Походҳои Помир дар солҳои 1892-1895”, офисери армияи рус Б.Л. Тагаев такя мекунад, ки навиштааст: “Ин сокинони.... кӯҳистони хунук.... ҳама вақт мӯҳтоҷ ва гурусна буда, қашшоқона умр ба сар мебаранд. Ин мардуми бенаво ҳатто рӯйи нонро намебинанд” [8, 414].

Деҳаҳои минтақа аз ҳамдигар дар масофаи ниҳоят дур қарор дошта, ба хотири безаминии кӯҳистон дар ҳар яке аз ин деҳаҳо дар маҷмӯъ аз панҷ то даҳ хонавода умр ба сар мебурданд. Дар деҳаи Синдеви водии Шоҳдара, ки Мирсаид Миршакар дар он чашм ба олами ҳастӣ кушода, давраи асосиву ширинии кӯдакии худро сипарӣ намудааст, ба қавли худи шоир “ҳамагӣ шаш хонавода буд” [8, 415].

“Дар паси қаторкӯҳҳои сар ба фалаккашидаву мағрури Боми Ҷаҳон-Помир дар баландии зиёда аз се ҳазор метр аз сатҳи баҳр деҳаи хурде ҷой гирифтааст, ки онро мардуми Шуғнонзамин Синдев номидаанд” [2, 57]. Маҳз ҳамин деҳа зодгоҳи Мирсаид Миршакар аст.  Деҳаи Синдев воқеан як деҳаи майдаи касногузар будааст. Гуфтаҳои мӯйсафедони деҳа низ гувоҳӣ медиҳанд, ки ба сабаби набудани купрук ба деҳа қариб дар шаш моҳи давоми сол рафту омад ба он ғайри имкон будааст. Ягона манбаи маълумоти аҷоибу ғароиб барои Миршакари хурдсол дар деҳаи Синдев модаркалони 120 солааш буд, ки пайваста ба ӯ ривояту афсонаҳоро нақл мекард. Ба гуфти шоир “Ман модаркалонамро дар ёд дорам. Вай ба 120 даромада буд. Дар байни набераву абераҳои сершумори вай ман яке аз бачаҳои қобили гапдаро будам. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки модаркалонам ба ман аз ҳама зиёдтар меҳр баста буд. Ман ҳикояҳову афсонаҳои ӯро бодиққат шунида ба хотир гирифтам” [8, 415]. “Тавассути нақлу ривоятҳои худ модаркалон дари хазинаи сеҳрангези таърихи диёр ва зиндагии мардумро ба рӯйи ӯ во намуд. Ҳар қадаре, ки Мирсаид сари зонуи модаркалон ва гӯш ба қимор нақлҳои ӯро дар бораи зодгоҳаш мешунид, ҳамон қадар ин кӯҳҳо дар назараш сеҳрнок ва ваҳмангез менамуданд, ҳамон қадар ин писараки лоғарандом диёри худро бузург ва аз назари қиёси ин кӯҳҳои азим ба осмон наздиктар тасаввур мекард. Нақлҳои модаркалон фикри Мирсаиди кӯчак, аммо кунҷковро ба ҳаракат оварданд”[3, 6].

Майнаи сари кӯдакро аслан ба коғази сафеде шабоҳат медиҳанд, ки он бо маълумотҳои нахуст ба ӯ расида пур карда мешавад. Азбаски қобилияти ҳифзи маълумот дар кӯдак аслан фавқулода аст ва ҳар як хабар барои ӯ наву ҷолиб мебошад, он дар хотироти тифл абадан сабт меёбад. Таъсири ҳикояву афсонаҳои модаркалон ва таъриху саргузашти гуфтаи ӯ низ барои Мирсаид бесобиқа буд, зеро он зани нохонда, аммо фарзона низ барои ташаккули тафакури Мирсаиди хурдсол тавассути ривояту таърихчаҳои шигифтангези худ кушиш ба харҷ медод. “Модаркалон... сарнавишти худро ба наберааш Мирсаид дар шакле маънидод менамуд, ки кӯдаки ҳассосро ба тақдир ва сарнавишти инсон беш аз пеш шавқманд созад. Қонеъ гардондани ҳисси кунҷковӣ ва ором намудани дили беқарори бачагӣ Мирсаидро тадриҷан аз ҷаҳони беғаши кӯдакӣ ба олами фикру андеша ва эҳсоси ҳақиқати зиндагӣ мебурд. Зинаи аввалини ташаккули маънавиёту ҷаҳонбинии Мирсаид, ҳамин тавр, ба таъсири нақлу ривоятҳои модаркалон дар бораи мавҷуд будани ким-кадом як қувваи бадӣ ва тантанаи некӣ қарор дорад. Ин ҳис дафъатан дар вуҷуди Мирсаиди наврас бо шиддат боло рафтааст ва амиқ шудааст” [3, 7].

Маҳз заминаи заифи иқтисодии минтақа боиси он гашт, ки аксари аҳолии он бесавод буданд. Барои оилае чун хонаводаи Мирсаид Миршакар, ки зиёд мехост, тифлашон шуғли таҳсил намояд, дарёфти мударрис ва китобу қалам хеле гарон афтод. Дар Бадахшон кам касон саводнок буданд. Бошандагони минтақа ба маълумоти беруна тақрибан дастрасӣ надоштанд. Дар “...байни аҳолии Помир, ки пеш бесавод ва дар банди ҷаҳолат буд” [6, 413], гирифтани савод амри маҳол буд.

Манбаи дигар барои гирфтани маълумоту хабари нав ин нақлу суҳбатҳои раҳгузарон буд. Ҳар мусофирро дар деҳа бошандагон бесаброна  интизор буданд, то ин ки аз суҳбати ӯ маълумотеро аз ҷаҳони берун аз Синдев пайдо намоянд.  Барои Мирсаиди хурдсол, ки танҳо дар назди мӯйсафеди деҳа (дар ягон адабиёт ва ишораҳои шоир ному насаби мӯйсафед дарҷ нашудааст) соҳиби саводи нахуст мегардад ва аз модаркалони худ ҳикоёти бофтаи мардуми Помирро мешунид, дигар барои ташаккули шахсияти ӯ ягон имконот вуҷуд надошт. “Дар иҳотаи бачагони побараҳнаи Синдев, мисли садҳо ҳамсолони худ, ки бо шиками нимсер ва тани урён ва “бехабар аз ғами ҷаҳон” буданд. Миршакар низ дар олами беолоиш ба воя расид” [3, 6].

Ба ҳар ҳол зеҳни бурро ва ақли расои Мирсаиди хурдсол ба ӯ имкон дод, ки нисбати ҳар сухану ҳар суҳбат бодиққат бошад, дар хотироти хеш ҷой диҳад ва ба қадри фаҳмиши худ таҳлил намояд. Ягона мавзеъҳои диданибоб ва диққатҷалбкунандаи деҳаи Синдев тӯпхона ва деворҳои чанд қалъаи вайрона, ки дар нақли модаркалонаш низ ҳамвора шунида мешуданд, ба ҳисоб мерафтанд. Мирсаид ҳама вақт дар бораи ин мавзеъҳо фикр мекард, аз калонсолон кунҷковона таърихи онҳоро мепурсид. Ба гуфти худи шоир “кунҷковии бачагона маро азоб медод. Дилам орому қарор намегирифт ва мегуфт: “натарс рафта асрори қалъаро кушо”. Баъди бо чашми худ дидани ин тӯпхона ва тамошои девори қалъаҳову даромадан ба ғорҳои торик, тарсу ҳарос дили кӯчаки Мирсаидро тадриҷан тарк намуданд.

Ҳамин тариқ, “кӯдакии Мирсаид бо тамоми сурури шодкомиҳояш ва талхиву нобаробариҳои рӯзҳои тирааш дар ҳамин хонадон, дар ҳамин деҳа ва дар паҳлӯи модаркалон ҷараён кардан дошт” [3, 7].

Соли 1924 баъди фавти бемаҳали падари чилсолааш зиндагии хонаводаи Мирсаид тиратар гардид, мушкилоти рӯзгор дучанд гашт ва ӯ танҳо дар тарбияи модараш монд. Рӯзгузаронии ин оила дар деҳаи Синдев дигар ғайриимкон гардид. Маҷбур буданд, ки ҷойи зиндагии худро дигар кунанд. Тарк намудани деҳаи Синдев барои Мирсаиди дувоздаҳсола  ва аҳли оилааш хеле вазнин буд. Ҷудо гардидан аз ҳамдеҳагонаш, ки тамоми бори гарони рӯзгорро то ин дам даст ба даст мекашиданд, танҳо “бо чашмони тар” метавонист анҷом дод. Ҳол он ки маълум набуд, ки зиндагӣ дар деҳаи дигари бегона ба Мирсаид ва аҳли хонаводааш чи ҳадяҳоеро омода кардааст. Барои тасдиқи фикр ба порчаи шеърии зерин тамаркуз мекунем:

 

            Ҳангоми саҳар

            Бо чашмони тар,

            Дар талоши бахт

            Қадам ниҳодам

            Яккаву танҳо...

            Зиндагӣ буд сахт,       

            Мушкил дар он дам

            Дар деҳаи мо...

            Рубоб дар дастам

            Мерафтам...

                 Аммо

            Намедонистам

            Куҷо рафтанро,

            Намедонистам

            Ояндаамро.

            Ғамгину дилгир

            Маро намуданд,

            Кӯҳҳои Помир.

            Атрофи моро

            Печонда буданд,

            Монанди занҷир... 

 

Дар ҳар сурат, хонаводаи Мирсаиди хурдсол макони зисти худро дигар кард ва ба деҳаи Поршнев ба хонаи тағоиаш  кучиданд. Албатта, зиндагӣ аз бисёр ҷиҳатҳо дар Поршенев беҳтар буд, зеро деҳа пуродамтар ва имкониятҳо барои буду бош ва таҳсил бештар дошт.

            Аз як тараф, агар мушкилоти деҳаи Синдев пеши роҳи рушди малака ва қобилияти Миршакар гашта бошад, аз ҷониби дигар ин зодгоҳи хурди шоир дар кунҷи хотирааш на танҳо абадан чун шӯълаи ҷовидонӣ фурӯзон гашт, балки он заминаву гаҳвораи эҳсоси баланди ватандориву худшиносии шоир гардида буд. Бо вуҷуди зиндагии сангин дар ин деҳаи харобизор, шоир дар таълифоти хеш номи зодгоҳашро борҳо қайд мекунад ва ба қавли адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Юсуф Акбаров “барои Мирсаид Миршакар низ Ватани паҳноварамон аз ҳамон деҳаи ӯ, аз зодгоҳи азизаш сар мешавад ва дӯст доштани он маънои дӯст доштани тамоми ватани сотсиалистиро дорад” [1, 48]. Ин фикри муҳаққиқ дар як порчаи шеърии худи шоир тасдиқи хешро пайдо менамояд:

 

   Деҳаи ман!

   Ваҳ чи ширин ин сухан!

   Он даме, ки хурд будам, фаҳми ман

   Буд аз он хурдтар.

   Деҳаи хурдам бароям kуд Ватан

   Кӯҳҳои ӯ сипар,-

   Иқтидорам хондамаш.

 

Шоир дар ҳар сафарҳои кории хеш ба Бадахшон  ҳатман ба деҳаи Синдев меомад бо наздикону пайвандонаш суҳбат меорост. Барои пайвандону наздикон аз  замони тифлии худ дар ин деҳа ҳикоят мекард. Бо ифтихор сухан мегуфт ва сарфи назар аз шароити сангини он комёбиҳои худро қабл аз ҳама аз файзи обу ҳаво ва хоки “пурбаракат”-и зодгоҳаш медонад. Ба маскунони деҳа эътиқоду эътимоди зиёд дошт ва онҳоро гоҳе аз қаҳрамонони таърихӣ низ бузургтар мешинохт:

 

            Деҳаи ман...

            Менамудам ман гумон,

            К-аз маҳу Хуршеду аз сайёрагон

            Деҳаям пурнуртар.

            Мардумаш ҳатто зи Рустам паҳлавон

            Зӯртар, машҳуртар,

            Ифтихорам хондамаш.

 

Дар китоби “Айёми ҷавонӣ” шоир возеҳтар ба ин масъала ишора менамояд, ки “росташро гӯям, ки барои ман ибтидои Ватани бузургам аз он деҳаи хурде сар мешавад, ки дар он ҷо нахустин чашм ба дунё кушода, гап задан, роҳ гаштан, ба кӯча баромада бо ҳамсоягонам бозӣ кардан, хубро аз бад фарқ кардан, бо ғаму шодии дӯстонам шарик будан, дӯст доштан ва бад диданро ёд гирифта будам. Агар Помир Боми Ҷаҳон бошад, деҳаи ман боми Боми Ҷаҳон аст” [5, 3].

Танҳо заҳмату меҳнати шабонарӯзӣ ва шавқу истеъдоди бузург имкон медиҳад, ки як зодаи деҳаи хурди валангору касногузари онрӯзаи Синдев ба мақомҳои баланди шоирӣ ва ходими ҷамъиятӣ бирасад. “Дар оғӯши табиати кӯҳистон, дар деҳае, ки ҳатто шабҳо “осмон бо ситораҳояш ба замин наздиктар гашта”, гӯё болои сари касе қарор мегирифт ва кӯҳҳо ҷомаи сиёҳ ба бар ба истиқбол мебаромаданд, фарзанди арзандаи халқ, вассофи маъруфи ин сарзамин ва одамони вай, Лауреати мукофотҳои давлатии СССР ва ҷумҳурӣ, ходими фаъоли ҷамъиятӣ ва сарояндаи ғояҳои пешқадами замон ва зиндагӣ Мирсаид Миршакар “нахустин бор чашм ба дунё кушода, гап задан, роҳ гаштан, ба кӯча баромадан, бо ҳамсолон бозӣ кардан, хубро аз бад фарқ кардан, бо ғаму шодии дӯстон шарик будан, дӯст доштан ва бад диданро ёд гирифта” буд.

Замоне, ки Павел Лукнитский оиди дастовардҳои солҳои нахусти давлати Шӯравӣ дар Шоҳдара андешаронӣ менамояд, дар баробари дигар комёбиҳои ин минтақа пешрафтҳои Мирсаид Миршакарро низ қайд мекунад, ки “Ҳеҷ кас дар кишлоқи Синдеви Шоҳдара он вақт намедонист, ки Мирсаиди шонздаҳсола, ки асбсавор ба Душанбе барои таҳсил рафта буд, Мирсаиди Миршакари шоире хоҳад шуд, ки дар саросари Шӯравӣ шинохта шуда, барандаи ҷоизаи Сталинӣ мегардад. Ҳамаи ин дар он соли сиюм набуд;  ҳатто дар  Шоҳдарае, ки он вақт дар муқоиса бо дигар минтақаҳои он замон камбизоат, сарватмандтарин водии Шуғнон ба ҳисоб мерафт” [5, 230-231].

Чунончи аз сатрҳои боло аён гардид, зиндагии Мирсаид Миршакар дар зодгоҳаш, деҳаи Синдев хеле сангин буд. Новобаста аз он, ин деҳаи хурд ва маскунони на он қадар зиёди он дар заминагузории маърифатии шоир саҳмгузории бесобиқа намудаанд.  Шоир дар навбати худ, сарфи назар аз он маҳдудиятҳои деҳа,  на танҳо онро тараннум менамояд, балки бо он ифтихор мекунад.

 

 

Китобнома:

  1. Акбаров, Ю. Талаби ҳаёт ва қисмати адабиёт. -Душанбе: Ирфон, 1977. – 126 с.
  2. Астахов, В. Дар бораи эҷодиёти М. Миршакар // Садои Шарқ. – 1982, № 5.
  3. Бобокалонова, Ҷ. Азбаландиҳои кӯҳи сарбаланд. Саъдуллоев, А. Агар сухан коргар шавад.... -Душанбе: Адиб, 1992. –271 с.
  4. Лукницский, П. Тоҷикистон. -Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1954. –345 с.
  5. Лукницский, П. Путишествия по Памиру. -Москва: Молодая гвардия, 1955. –498 с.
  6. Миршакар, М. Айёми ҷавонӣ. -Душанбе: Ирфон, 1974.
  7. Миршакар, М. Куллиёт, ҷидди дуйум, китоби 1. -Душанбе: Ирфон, 1971. –335 с.
  8. Миршакар, М. Куллиёт, ҷидди сеюм, китоби 1. -Душанбе: Ирфон, 1973. – 474 с.
Муфассал ...

Носири Хусрави Қубодиёнӣ – шоири озода ва хирадгаро

  Ба дасти ману туст некахтарӣ,

Агар бад наҷӯем, некахтарем.

  Абумуиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар соли 1004 дар Қубодиён дида ба дунё кушодааст. Ӯ дар олами шеър бо тахаллуси «Ҳуҷҷат» машҳур аст. Носири Хусрав таҳсили нахустини худро дар зодгоҳаш гирифта, пасон дар мадрасаи шаҳри Балх илм омӯхтааст. Аз айёми ҷавонӣ ба хидмати давлатӣ дар дарбори Ғазнавиҳо медарояд. Ӯ худ дар ин бора дар «Сафарнома» маълумот медиҳад: «Ман боргоҳи мулук ва салотини Аҷам дидаам, чун Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва писараш Масъуд».

Муфассал ...