wrapper

 Осорхонаҳо  кошонаҳои муқаддасанд!  (бахшида ба рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо).

Қаблан тамоми кормандони собиқ ва кунунии осорхонаҳои Тоҷикистонро бо рӯзи байналмиллалии осорхонаҳо табрику таҳният мегӯям ва барои ҳар яки онҳо тансиҳатӣ,  рӯзгори хушу обод, хонаободӣ, фазои сулҳу салоҳ ва хушбахтии ҳамарӯзаро таманно дорам.

Баъдан мехоҳам, ки ба таври хеле кӯтоҳ ёдрас аз он кунам, ки осорхонаҳо ҳамчун кошонаҳои муқаддас, посдоранда ва муаррифкунандаи  фарҳанги моддию маънавии  ҳар як халқу миллат ҳастанд. Бинобар ин дар бойу ғанӣ гардондани осорхонаҳо, рушду нумӯъи онҳо, тарғибу ташвиқи фарҳанги бойи ниёгон муваффақ шудан ба комёбиҳою дастовардҳои нав ба нав, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Хушбахтона, дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби олӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, раиси ш. Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, раисони вилоятҳою шаҳрҳо ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони муассисаҳои алоҳида чандин осорхонаҳои нави замонавӣ бунёд ёфта, ба истифода дода шуданд. Ҳар яки ин осорхонаҳо вобаста ба сохтор, вазифаю шакл дар ҳифзу эҳё, тарғибу ташвиқи фарҳанги бойу рангини халқи тоҷик саҳми худро гузошта истодаанд.

Тоҷикистон бо табиати зебою нотакрораш, бо сокинони муқимии қадимии гуногунзабону гуногунфарҳангаш, осорхонаи зиндаи таърих аст. Ҳар як ноҳияю водӣ ва ҳатто ҳар як дараю деҳаи он бо хусусиятҳои хосаш хеле ҷоллибанд. Аз ин хотир мо ҳамагон бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки вобаста ба хусусиятҳои хоси ҷуғрофӣ, таърихию фарҳангӣ, дастовардҳои сиёсию, иқтисодӣ ва умуман дар тамоми самтҳо дар шаклҳои гуногун осорхонаҳо ташкил кунем. Осорхона таъриху фарҳангӣ гузашта, дастовардҳои ҳар як халқу миллат, вилояту ноҳия ва ҳатто ҳар як муассисаю идора ва ё як соҳаро муаррифӣ мекунад. Бинобар ин ба фикрам агар дар Тоҷикистон ҳар қадар ба осорхонашиносӣ ва рушди осорхонаҳо диққати ҷиддӣ диҳем, ҳамон қадар барои ҷаҳониён бештару хубтар ва ҷоллибтар ҳамчун як халқи бофарҳангу тамаддунофар рӯйнамо хоҳем гашт.

Шоинбеков А. А. Мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ.