wrapper

         Ба миқдори зиёди расму одатҳои мардумӣ нигоҳ накарда, дар зиндагии ҳар як инсон, ҳар як халқияту нажод расму одатҳои моҳиятан муҳим арзи вуҷуд доранд ва онҳоро ба се марҳилаи гузариш ҷудо кардан бамаврид аст: инҳо ҳомиладорӣ ва таваллуд, никоҳ ва туй, марг ва дафн ё ба хок супоридан. Бинобар ин ҳам боиси тааҷҷуб нест, ки гузариш аз як ҳолат ба ҳолати дигар амали бисёр муҳим ба шумор меравад, ки ба ҷо овардани онҳо ба эҳтиёткорӣ эҳтиёҷ дорад. Аввалин русуме, ки ҳар як инсон дар марҳилаи ҳаёташ аз он гузаштааст, ин таваллуд аст. Дар мақолаи мазкур мо тасмим гирифтем дар бобати таваллуд ва расму анъанаҳо вобаста ба онро бо воҳидҳои лексикии гуногун, ки бештари онҳо дар урфу одати тоҷикони Помир, аз ҷумла мардуми Шуғнон дар шакли табу арзи вуҷуд доранд, таҳлилу баррасӣ намоем. Худи истилоҳи табу аз яке аз забонҳои полинезӣ баромадааст, ки маънояш пурра ҷудокардашуда, ё махсус нишон додашуда, буда мафҳуми этнографӣ аст ва ба забон ҳам алоқамандӣ дорад. Пас он амал

 

  • он сухане, ки истифодааш мамнуъ ҳаст, табу ҳисобида мешавад. Табу аз лиҳози этнографӣ агар мамнуъ будани баъзе амалҳоро дар расму анъанаи мардум таҷассум кунад, аз ҷиҳати забонӣ мамнуъ будани воҳидҳои лексикии махсус вобаста ба омилҳои сиёсӣ - иҷтимоӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, эҳсосотӣ - мардумӣ мебошад.

 

     Дар забони шуғнонӣ мамнуъ будан бо калимаи keẋ ифода карда мешавад. Масалан, tar zečā xez ẋabind-i dedow-keẋ ‘ба назди зани нав таваллудкарда баъди шом даромадан мамнуъ аст’ [4, 115]. Ин калима дар луғати шуғнонӣ - русии Д. Карамшоев ба ду маъно омадааст: 1. Урфу одат, русум, нишона; 2. Мамнуъ. Аз ин ҷо ибораи xu keẋ anjīvdov, ки риоя кардани анъана ва расму одатҳо ва ба маънои дигараш манъ будани амалҳои берун аз расму анъана дар ин луғат шарҳ дода шудааст. Калимаи keẋ шояд аз форсии keš- 1. Дин, мазҳаб, оин. 2. Расму одат, атвор [8, 609] ба забони шуғнонӣ ворид шудааст ва ба талаффузи забони шуғнонӣ мутобиқ гардидааст, яъне овози ш ва мубаддал гардидааст. Дар забони шуғнонӣ бо калимаи parez “парҳез” дар шакли муродиф истифода шудани он ҳам хеле маъмул аст. Xu keẋ-at parez-at di anjūvd xub-ta saw-i “агар парҳезатро гирӣ, сиҳат мешавӣ”.

 

       Аз се марҳилаи гузариши ҳаёти инсон мо дар мақолаамон расму анъанаҳои маросими вобаста ба давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд дар мардуми Шуғнон, ҳамчунин амалҳое, ки анҷом додани онҳо дар ҳамин марҳила ҳамчун табу дониста мешаванд, мавриди таҳлил қарор мегирем.

 

        Дар мардуми Шуғнон ба монанди дигар тоҷикони Помир ва умуман мардуми куҳистон аз давраи ҳомиладорӣ оғоз шуда, то таваллуд кардан ва чил рўзи аввали баъди таваллуд, русумҳои зиёди манъшуда роиҷ ҳастанд. Муқаррароти асосии маҷмӯи русумҳои вобаста ба таваллуд ин мусоидат кардан ба таваллуди бомуваффақият, таъмин кардани саломатии хуб ва беҳбудӣ бахшидан ба зани нав таваллудкарда ва кӯдакаш мебошад. Яке аз донишмандони маъруфи бритониёӣ Ҷ. Фрэзер дар китобаш «Шохаи тиллоӣ» (“Золотая ветвь”) дар бораи табу навиштааст: «табу дар зеҳни мардум аз ибтидои пайдоиши инсоният шакл гирифтааст. Бо риоя кардани табу, инсон кўшиш мекард, худро аз бадбахтӣ раҳо кунад ва ҷаҳд мекард, то аз қаҳру ғазаби руҳҳо худро дар канор гирад» [8, 188]. Худи табу ҳам аввалин бор аз бархўрди тасодуфии инсон бо нобарорӣ ба амал омадааст ва то ҳол ин тарсу эхтиёткорӣ дар зеҳни инсоният ҷой гирифтааст. Ба ақидаи Ҷ. Фрэзер дар зеҳни одами ибтидоӣ тарс аз ҷазои руҳҳо чунон бузург буд, ки баъзан бо шикастани табу аз даҳшат ҷон месупориданд ва ҳамин гуна воқеаҳои фоҷианок то ҳадде қувваи (ё иқтидор) табуро нисбат ба инсонҳо мустаҳкам кард [ҳамон ҷо]. Пас чун оғози амалҳо вобаста ба расму анъанаҳои мардум аз ибтидои инсоният бошанд, то кунун ин эҳтиёткорӣ дар тасаввури мардум дар шакли хурофотӣ, ки ҳам хусусияти манъ кардан ва ҳам ҳидоят карданро дар бар мегирад, боқӣ мондааст. Тамоми амалҳои манъшуда вобаста ба русуми таваллуди кӯдак дар мардуми куҳистон асосан хусусияти табобатӣ ва динӣ-сеҳргароиро дар худ таҷассум мекарданд ва бо ҳамдигар алоқаи зич доштанд.

 

Вобаста ба мазмуну иҷроиши амалҳои табу, ки дар забони шуғнонӣ бо ифодаҳои забонӣ баён мешаванд, дар мақолаи мазкур чунин гуруҳбандӣ гардиданд:

 

  • ифодаҳое, ки амалҳои гуногуни манъшударо нисбат ба зани ҳомиладор мефаҳмонанд ва анҷом додани онҳо боиси зарар овардани қувваҳои бадӣ ба тифли дар батнбуда ё ба саломатии худи зани ҳомиладор оварда мерасонанд. Ифодаҳои δujůnῨinik toqā mā-lākčīdow “зани ҳомиладорро танҳо нагузоштан”, ůmindi tar wêδgāl mā-sitow “дар шомгоҳон ба лаби об нарафтан’’, kāl-bisxůδ mā-naẋtīdow “сари луч набаромадан”, tarῨām na-sitow “ба азохона нарафтани зани ҳомиладор” ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки соҳибони забон боварӣ бар он доранд, ки амалҳои дар онҳо инъикосшуда дар сурати риоя нашудан боиси ба зани ҳомиладор офат расидан ва дар бисёр мавридҳо ба фавтидани кўдакаш оварда мерасонад. Дар сурати шикастани табу тибқи боварии мардум агар тифл дар батни модар зинда монад ва инкишоф ёбад, бо ягон нуқси ҷисмонӣ ё руҳӣ таваллуд мешавад. Ифодаи δujůn Ῠinik yo zečā toqā mā-lākčīdow “зани ҳомиладор ё навзоидаро танҳо нагузоштан” бештар бо яке аз қувваҳои бадӣ алмастӣ, ки душмани доимии зани ҳомиладор ё навзоида аст, вобаста мебошад.

 

      Муҳаққиқони маъруф аз қабилиА.Н. Троицкая, Е.М. Пещерева, М.С.Андреев ва дигарон ҳам ба ин ишора кардаанд, ки алмастӣ мудомулвақт аз пайи сайди зани ҳомиладор ё навзоида аст. Дар бобати хусумати almastи нисбат ба zečā “зани нав таваллудкарда” муҳаққиқ М.С. Андреев чунин навиштааст, ки «тибқи ривояти мардумӣ, дар замонҳои қадим яке аз занон баъди шустани косаву табақ мағзобаро берун аз остонаи дар партофтаст. Ин ба он вақт рост омадааст, ки almastи кӯдак таваллуд карда, ӯро дар остонаи дар гузоштааст ва мағзобаи гарми партофта кӯдаки алмасти–ро сӯзондааст. Аз ҳамин сабаб алмастӣ доим дар қасдгирии инсон, бахусус занони нав таваллудкарда мебошад» [1.C.53]. Баръакси ин ифодаҳои růӡ-ti ẋīn šūδ ribīdow “дар равзани хона хор гузоштан”, piδīn-ti mêx juktow “дар остонаи дар мех кӯбидан”, buč-kaγīj-ard vorj lajům weδdow “дар чӯби байни ду сутуни хонаи Помирӣ лаҷоми аспро овехтан” маънои муҳофизатиро нисбат ба ҳар гуна руҳҳои бадхоҳ ифода мекунанд. Муҳаққиқи маъруф И.И.Зарубин қайд кардааст, ки лаҷоми аспро дар хона то 7 рӯз нигоҳ медоштанд, чунки ин рӯзҳо махсусан барои зану кӯдакаш хавфнок ба шумор мерафтанд. Дар мардуми Рӯшон се рӯзи аввали баъди таваллуд дар бари зани нав таваллудкарда камарбанди шикорӣ ва китоби дуоҳоро гузоштаанд [3. С. 363]. Stiraxm weδdow “дуд кардани алафи хушбӯй” ҳар шом ва yoc na-wizidow “хомӯш накардани алови хона” дар муддати ҳафт рӯзи баъди таваллуд амалҳои муҳофизатӣ ба шумор рафта, маънои аз офат нигоҳ доштани нав таваллудкарда ва тифлашро ифода мекунанд. 

Ифодаҳое, ки амалҳои гуногуни вобаста ба саломатии зану кӯдак дар давраи ҳомиладорӣ ва баъди таваллудро мефаҳмонанд ва дар мардуми Шуғнон мамнуъ ҳисоб мешаванд: ифодаҳои δujůn γinik-ta na-woft “зани ҳомиладор бояд набофад”, na-ancīvd “надӯзад”, čīd garginůā na-nêγdow “гирдогирди хона нагаштан” амалҳоеро инъикос мекунанд, ки ҳам дар давраи ҳомиладорӣ ва ҳам баъди таваллуд кардан барои саломатии зану кӯдак зарар мерасонанд, бинобар ҳамин барои зани ҳомиладор ва нав таваллудкарда табу мебошанд. Nof zarwin sitow “печидани нофи кӯдак дар гарданаш”-ро тоҷикони Помир ва халқиятҳои дигари дунё низ аз ҳамин амалҳо вобаста медонанд ва дар дигар халқиятҳо низ ин амалҳо барои зани ҳомиладор табу ҳисоб мешаванд. Инро дар мисоли халқиятҳои қирғизу тотор ва халқиятҳои Аврупо нишон додан бамаврид аст [5, 327; 6, 73]. Дар мавриди аввал, яъне дар давраи ҳомиладорӣ аз он парҳез мекунанд, ки нофи кўдак дар гарданаш печида таваллуд кардан душвор мегардад ва ҳатто метавонад кӯдакро ҳангоми таваллуд ба ҳалокат расонад. Ду ифодаи аввал, яъне бо риштаву сȳзан сарукор доштан, то баромадани зани нав таваллудкарда аз чилрӯзагӣ барои саломатии ӯ зарар дорад. Маънои ифодаи γinik-idi xu zeč-gindi wīft-at ancūvd-i, yā-ta yi umr-i arqa-dārδ-in sůd “зане, ки дар давраи аввали баъди таваллуд кардан ба бофтану дӯхтан машғул шавад, вай як умр миёндард мешавад” манъ будани ин амалҳоро мефаҳмонад. Ифодаҳои δujůn γinik-ard wazmin mā-sentow “чизи вазминро набардоштани зани ҳомиладор”, wazmin kor mā-čīdow “кори вазнинро накардан” маънои афтидани кӯдакро медиҳанд, ки дар забони шуғнонӣ он бо ибораи az důmān čīdow “аз доман кардан” ё kůdak wêẋtow“афтидани кӯдак” баён карда мешавад;

 

ифодаҳое, ки амалҳои манъшударо вобаста ба синамаконии зани нав таваллудкарда мефаҳмонанд: ифодаҳои мазкур аз қабили tar zečā xez xoli na-dedow “ба назди зани навзоида бо дасти холӣ надаромадан”, zečā tar δār mā-čīẋtow “нигоҳ накардани зани нав таваллудкарда ба дурӣ” дар мардуми Шуғнон ҳамчун як намуди табу, ки шикастани он аз як тараф агар ба саломатии зани нав таваллудкарда оварда мерасонад, яъне зани нав таваллудкарда ба дарди сина ‘biš-dārδ ё ба истилоҳи тиб «мастит» дучор мегардад, аз тарафи дигар боиси кам гардидан ё гум шудани шири нав таваллудкарда мегардад. Барои пешгирӣ аз ин ҳолатҳо ба зани нав таваллудкарда ҳатман ягон хӯрданӣ дароз мекарданд ва зан аз он тановул мекард. Ҳатто дар забони шуғнонӣ ифодаи zečā xu ziv-ti i-čīz δīd wām biš-and mā-δed “навзоида ҳатман ягон хȳрдани (-и овардагиро)-ро бояд чашад, то ки синаҳояш дардманд нашаванд”, роиҷ ҳаст ва онро ҳар як зани нав таваллудкарда риоя мекунад; ифодаҳои вобаста ба ғизои зани ҳомиладор ва навзоида мамнуъбуда. Дар забони шуғнонӣ як қатор ифодаҳо роиҷанд, ки мамнуъ будани баъзе ғизоҳо барои зани ҳомиладор ва давраи чил рӯзи аввали баъди таваллудро мефаҳмонанд. Масалан, δujůn γinik-ard ar čīz-aϑ xīdow mumkin nist “барои зани ҳомиладор ҳар чиз (хȳрок)-ро хӯрдан мумкин нест” дар умум нишон дадани ғизоҳои манъшударо барои зани ҳомиладор ва навзоида мефаҳмонад. Муҳаққиқон ба он ишора кардаанд, ки дар вақти ҳомиладорӣ аз кадом намуди ғизоҳо тановул кардан барои зани ҳомиладор ва нав таваллудкарда манъ шудааст. Барои зани ҳомиладор аз гӯшт ё равғани як қатор ҳайвоноту паррандагон истифода кардан манъ мебошад. Ин табуҳоро муҳаққиқ З. Юсуфбекова чунин шарҳ додааст: «Барои зани ҳомиладор истеъмол кардани гӯшти нахчир, паррандаҳои соҳибчангол, уштур ва моҳӣ мумкин нест. Сабаб дар он аст, ки тифл ба монанди нахчир ва паррандаҳои соҳибчангол ҷангара, ба монанди моҳӣ даҳонкалон ба дунё меояд. Аз истеъмоли гӯшти уштур бошад, ҳомиладории зан тӯлонӣ мешавад ва аз 9 моҳ то ба 12 моҳ тӯл мекашад» [10, 70]. Сабаби дигари аз гӯшт ё равғани буз (naxčīr-and, vizneč-and) ба ақидаи мардуми куҳистони Помир дар хусусияти ҷодуӣ доштани он аст. Чунин мепиндоштанд, ки қувваҳои бадӣ худро одатан дар шакли буз нишон медиҳанд аз ҳамин ҷиҳат нисбат ба истифодаи ғизо аз гӯшти ин ҳайвон боэҳтиёт мебошанд [10, 67]. Яке аз ҳамсуҳбатамон Мамадпаноева Назархотун (с.т. 1940, истиқоматкунандаи ш. Хоруғ) иброз дошт, ки дар хонае, ки зани ҳомиладор ё нав таваллудкарда буд, ҳатто даровардани гӯшти бузи куҳӣ (naxčīr)-ро мамнуъ мешумориданд, чунки деву ҷин метавонистанд бо ин гӯшт ба хона ворид шуда, зиёни худро расонанд zalūlmand γinik di xůnan-di vad, naxčīr-and-en taram ačaϑ na-weδd;

 ифодаҳои вобаста ба амалҳои гуногуни нисбат ба кӯдак мамнуъро мефаҳмонанд ва дар мардуми Шуғнон хеле зиёданд. Дар тамоми мардуми дунё кӯдакро ба фаришта шабоҳат медиҳанд, чунки вай ба монанди фаришта поку бегуноҳ аст. Қувваҳои бадӣ, аз қабили деву парӣ доим мехоҳанд ба кӯдаки навзод осеб расонанд. Вобаста ба ин бисёр амалҳое роиҷ ҳастанд, ки иҷро кардани онҳо хусусан дар давраи чилрӯзагӣ, ё чил рӯзи баъди таваллуд мумкин нест. Бояд гуфт, ки анҷом додани амалҳои гуногун на танҳо баҳри аз қувваҳои бадӣ эмин нигоҳ доштани кӯдак мамнуъ ҳисоб мешаванд, балки барои аз одамони руҳан нопоку аз чашми бади онҳо ҳифз кардани тифлони навзод низ роиҷ буданд. Ифодаи kūdak toqā na-lākčīdow “тифли навзодро танҳо нагузоштан” дар забони шуғнонӣ чунин боварии мардумиро инъикос мекунад, ки деву ҷин дар ин ҳангом метавонанд онро бо кӯдаки худашон иваз кунанд. Дар забони шуғнонӣ чунин кӯдаки ивазшуда бо калимаи wiẋtak-bidāl маъмул аст. Муҳаққиқ Броимшоева М. дар бобати тифли ивазшуда “wiẋtak-bidāl’” навиштааст, ки ин қабил кӯдакон ноқисулақл ба воя мерасанд ва онҳо қиёфаи ба ҳам монанд доранд [2, 69]. Барои ҳамин дар таги сари тифл ягон ашёи оҳанӣ, аз ҷумла корд, пораи нон ё растании бадбӯй, ки дар забони шуғнонӣ бо номи rov маъмул аст, мегузоранд, ки ҳамчун муҳофиз ё ба истилоҳи забони шуғнонӣ ẋoj-bůn дониста мешаванд. Дар бобати баъзе олоти муҳофизӣ муҳаққиқон шарҳу тавзеҳи гуногун доранд. Фрезер Ҷ. шаклҳои гуногуни табуро таҳлил карда навиштааст, ки бадбинии руҳҳои бадӣ нисбат ба оҳан ва олотҳои оҳанӣ чунон зиёд аст, ки онҳо ҳатто ҷуръат намекунанд ба ашёи оҳанӣ наздик шаванд [9,69]. Пас чунин ашёҳоро барои рондани ҳар гуна қувваҳои бадӣ ва ҳамчун муҳофизи кӯдаки навзод истифода кардан хеле муфид аст. Муҳаққиқи дигар Г.П. Снесарев роҷеъ ба баъзе ашёҳои муҳофизатӣ аз қабили пиёз, сирпиёз ва қаламфур дар бораи тасаввуроти дутарафаи муҳофизӣ доштани онҳо навиштааст: «дар қатори муътақид будани он, ки қувваҳои бадӣ аз ин ашёҳо тарс доранд, чунин таъбир ҳам вуҷуд дорад, ки худи ин ашёҳо (бахусус бӯйи онҳо) ба доираи руҳҳои бадхоҳ тааллуқ доранд. Ва дар ҳолате ки ин руҳҳо бӯйи ин ашёҳоро ҳис мекунанд, ба он ҷо наздик намешаванд. Чунки фикр мекунанд, ки дар ин ҷо ба ғайр аз ҳамҷинсонашон дигар махлуқе нест» [7, 40].

 

      Аз рӯи таҳлили воҳидҳои забонӣ ба чунин хулоса омадем, ки ибораҳои ифодакунандаи ҳар як амали анҷом дода ё мамнуъ барои иҷрои амале, ки марбут ба русуми ин се марҳила, яъне аз давраи дар батни модар пайдо шудани тифл (qād-and δêdow), марҳилаи ҳомиладорӣ, дар ҷараёни таваллуд (ziryot vīd) ва баъди таваллуд (zeč-gi) ибораҳои инъикоскунандаи табуҳомебошанд. Ин русумҳои гуногун ҳам дар шакли табу ва ҳам дар шакли ҳидоят амал мекарданд. Дар мақолаамон танҳо дар бораи чанде аз ин амалҳои муҳими манъшударо бо ифодаҳои забонӣ таҳлилу баррасӣ кардем ва онҳоро ба гуруҳҳои алоҳида тақсимбандӣ намудем. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар як амалу одат, ки дар мардуми Помир, аз ҷумла мардуми Шуғнону Рӯшон табу ба ҳисоб меравад, қисме агар баҳри аз қувваҳои бадӣ нигоҳ доштани зану кӯдак равона шуда бошанд, дигарашон барои ҳифзи саломатии онҳо роиҷ гардидаанд. Шояд аз сабаби дастрасӣ надоштан ба соҳаи тиб гузаштагони мо бо роҳи боварию ҳидоятҳои динию сеҳрона зани нав таваллудкарда ва кȳдакашро аз хатарҳо ва офат эмин нигоҳ медоштанд.

 

 

Китобнома:

 

  1. Андреев, М. С. Таджики долины Хуф (Верховья Аму-Дарьи) Вып 1 / М.С.Андреев. - Сталинабад: Из-во Академии наук Таджикской ССР, 1953. –522 с. 
  1. Броимшоева, М. Қ. Боварҳо ва таъбирҳо дар забонҳои шуғнонӣ-рӯшонӣ: таҳлили этнолингвистӣ / М.Қ. Броимшоева. - Душанбе: Дониш, 2012. – 191 с. 
  1. Зарубин, И. И. Рождение шугнанского ребёнка и его первые шаги / И.И. Зарубин. – Ташкент, 1927. - 556 с. 
  1. Карамшоев, Д. Шугнанско – русский словарь. Т. 3. / Д. Карамшоев. – М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 1999. - 567 c. 
  1. Рождение ребенка в обычаях и обрядах. Страны Европы / под редакции Н.Н. Грацианской, А.Н. Кожановского. - М.: Наука, 1999. – 518 с. 
  1. Сапалова, Д.У. Традиционная родильная обрядность якутов и киргизов / Д. Сапалов // Ойкумена. 2010. - № 2. – С. 72-77.
  1. Снесарев, Г.П. Реликты до мусульманских верований и обрядов узбеков Хорезма / Г.П. Снесарев. – М.: Наука, 1969. – 336 с. 
  1. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Ҷ.1. / Фарҳанги забони тоҷикӣ. – Душанбе, 2008. – 950 с. 
  1. Фрезер,. Дж. Золотая ветвь. Выпуск 2. / Дж. Фрэзер. - М.: Политиздат, 1980. – 285 с. 
  1. Юсуфбекова, З. Семья и семейный быт шугнанцев конец ХIX – начало XX века / З.Юсуфбекова. – М.: Институт этнологии и антропологии РАН, 2015. – 220 c.

 

Назаршоева Чилла - мудири шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандарови АМИТ

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

https://babylux.by/stati/kogda-rebenok-nachinaet-sidet.html