Мақолаҳо

- Ҷумъа, 14 Октябр 2022
ҶАШНИ МЕҲРГОН АЗ НИГОҲИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ.
Ҷашни Меҳргонро ҷашни зироаткорон мешуморанд. Замоне ки зироаткорон ҳосили худро пурра ҷамъовари менамуданд ин ҷашнро барпо мекарданд. Вале агар ба таърихи пайдоиши он дақиқтар назар андозем, ин ҷашн қадимтар аз падид омадани шуғли зироаткорӣ аст ва таърихи хеле қадим дорад. Аз замони басо куҳан сарчашма гирифтани ин ҷашнро мо дар мисоли маълумотҳои ниҳоят ҷолиби олими маъруфи асрҳои X-XI Абурайҳони Берунӣ дида мебароем. Ин донишманди закӣ дар асари безаволи худ «Осор – ул - боқия» таърихи пайдоиш ва сабаби аз номи «Меҳр» (Офтоб) гирифтани номи ин идро чунин ба қалам додааст: «Ва гӯянд, ки «Меҳр» номи Офтоб аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд ин аст, ки ин рӯзро «Мергон» гӯянд (А. Берунӣ,1990. – с. 242). Яъне тибқи тасаввурот дар он рӯзе, ки офтоб барои аҳли олам пайдо шудааст аз ҳамон рӯз таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон аст.
Мувофиқи ақидаи дигар мардум ин моҳро аз он сабаб «меҳр» номидаанд, ки одамон дар ин моҳ ба ҳамдигар меҳрубонӣ мекарданд. Ва тафсири ин ид дӯстии мардум аст. Дар ин ид мардум ба ҳамдигар меваю ғалла инъом менамуданд. Ин ид барои тамоми омма хос буд.
А. Берунӣ таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргонро бевосита бо офтоб алоқаманд карда ва чунин далел меорад. «Далел бар ин гуфтор он аст, ки тибқи оини Сосониён дар ин рӯз тоҷеро ба сар мегузоштанд, ки дар он сурати офтоб буд, ки офтоб бо дучархаи худ дар дар осмон ҳаракат карда истодааст (А. Берунӣ,1990.– с.242). Мувофиқи тасаввуроти ориёиҳои қадим Офтоб, ки барои онҳо нахустин Худо буд, ҳар рӯз субҳдам аз манзили худ баромада ба дучархаи тиллои худ савор шуда ҳаракат мекунад ва аз нури худ ба олам гармию равшанӣ медиҳад. Ба хотири нур, гармию равшании офтоб нахустин ориёиҳо офтобро мавриди парастиш қарор доданд. Аз ин рӯ ҷашни Меҳргонро шояд замони пеш дар шакли дигар, аввал меҳрпарастон қайд мекарданд. Вале ба таври расмӣ замоне, ки дар миёни қавмҳои эронинажод тақвими шамсӣ қабул ва ҷорӣ шуд аз ҳамон давра ин ҷашнро қайд кардан гирифтанд. Тибқи тақвими шамсии ирониёни қадим моҳи ҳафтуми онҳо Меҳр (Офтоб) ном дошт ва рӯзи 16- уми ин моҳ «Меҳрҷон» ном дошт. Чуноне, ки А. Берунӣ нигоштааст. «Ва рӯзи шонздаҳум рӯзи меҳр аст, ки иди бузурге аст ва ба Меҳргон маъруф аст» (А. Берунӣ,1990. – с. 242).
Пас аз инҷо бармеояд, вақте ки дар рӯзи 16-ум рӯзу моҳ бо як ном «Меҳргону Меҳрҷон» якҷоҳ мешуданд, халқҳои эронитабор ҷашни Меҳргонро барпо мекарданд. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин идро меҳрпарастон дар замони худ дар як рӯз қайд кардаанд, ки баъдтар ирониёни қадим он рӯзро дар тақвими худ дар рӯзи16-ум ҷой додаанд.
Дар тақвими шамсии ирониёни қадим боз як рӯзи дигар «Рӯзи бисту якуми Меҳрмоҳ Ромрӯз аст, ки онро «Меҳргони бузург» меноманд. Ин рӯзро барои он Ромрӯз мегуфтанд, ки дар ин рӯз Кова бар Заҳҳок ғолиб омад, Фаридунро ҳоким эълон кард ва Заҳҳокро дар кӯҳи Дамованд бадарға намуд. Аз ин хотир халқҳои эронитабор то давраи зуҳури Зардушт ҷашни Меҳргонро дар рӯзи 16-ум ва рӯзи 21-ум алоҳидақайд мекарданд.
Ва замоне, ки пайғомбари Зардуштиён Зардушт зоҳир гашт, эрониёнро амр кард, ки бояд Меҳргону Ромрӯзро ба як андоза бузург бидонанд ва ҳар дуи ин идҳоро якҷо гузаронанд. Бинобар ин шоҳи Сосониён Ҳурмуз писари Шопур ҳар дуи ин идро бо ҳам бипайваст ва минбаъд ирониёни қадим ҷашни Меҳргонро рӯзи 16-ум оғоз мекарданду рӯзи 21-ум ба анҷом мерасонданд (А. Берунӣ,1990. – с. 244). Яъне ин ҷашнро панҷ рӯз таҷлил мекарданд
Баъдтар дар давраи Сосониён як моҳи пурраи Меҳрмоҳро ба ҷашни Меҳргон табдил додаанд. Чуноне, ки дар «Осор-ул-боқия» омадааст. «Ва сипас мулуки Эрон ва эрониён аз оғози Меҳргон то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум қарор доданд. Ва барои ҳар табақае панҷ рӯз ид донистанд (А. Берунӣ, 1990. – с. 244). Аз инҷо маълум мешавад, ки дар давраи Сосониён 6 табақа будааст ва ҳар як табақа панҷ рӯзи ид гузарондааст.
Аз нигоштаҳои А. Берунӣ бармеояд, ки ҷашни Меҳргон ба мисли Наврӯз бо Офтоб робита дорад ва таърихи пайдоиши онҳо аз падид омадани зироаткорӣ ҳам қадимтар аст. Наврӯз ва Меҳргон ду ҷашни бузурганд, ки баръакси ҳамдигаранд. Наврӯз ҷашни оғози кишту кор асту, Меҳргон ҷашни анҷоми кишту кор аст. Наврӯз оғози фасли баҳор асту, Меҳргон марбут ба тираҳмоҳ аст. Наврӯз оғози сабзиш асту Меҳргон анҷоми сабзиш аст. Чуноне, ки А. Берунӣ навиштааст. «Меҳргонро далел бар қиёмат ва охири олам медонанд ба ин далел, ки ҳар чизе, ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад (А. Берунӣ,1990. – с. 243).
Замони пеш аҷдодони мо солро фақат ба ду қисм ба ду фасл тақсим кардаанд. Тобистон ва зимистон. Барои ҳамин Наврӯз оғози тобистон буду, Меҳргон оғози зимистон будааст. Дар «Осор-ул-боқия» дар ин хусус омадааст. «Ва ин рӯз дар айёми гузашта бо аввали зимистон мувофиқ буд. Ва чун кабисаро эҳмол карданд, пеш афтод. Ва дар мулуки Хуросон ин тавр расм гаштааст, ки дар рӯзи Меҳргон ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тираҳмоҳию зимистонӣ медиҳанд (А. Берунӣ,1990. – с. 243).
А. Берунӣ бидуни маълумотҳои пурарзиши таърихӣ, оид ба тарзи таҷлили ҷашн, расму оинҳои хоси он низ қайд кардааст. Чунончи : «Дар ин рӯз фариштагон барои ёрии Фаридун омаданд. Ва дар хонаҳои подшоҳон ин тавр дар ин моҳ расм шуда, ки дар саҳни хона марди диловаре ҳангоми тулӯи Офтоб меистад ва бо овози баланд мегӯяд: «Эй фариштагон, ба дунё поин оед ва шаётину шаррҳоро банду баст кунед ва аз дунё ононро дафъ намоед». (А. Берунӣ,1990. – с. 242). Пас дар ин рӯз дар хонаҳои худ даргирондани страхм, спанд ва ғайра мақбул бошад, зеро ки тибқи тасаввуроти мардум буйи хуши ин гиёҳҳо ба машоми фариштаҳо мерасад ва онҳо поин мефуроянд. Мувофиқи дини ислом дар ин рӯз бояд ҳар як шахс нафсҳои шайтонӣ, шарру шайтониро аз худ дур созад Ш.А.)
Ҷашни Меҳргон бо парастиши арвоҳ (“культ предков”) робитаи зич дорад. Парастиши арвоҳ яке аз шаклҳои қадимтарини дин ба шумор меравад (муфассал ниг: С. А. Токарев “Ранние формы религии”. М.: 1990.). Ин ҳам далолат бар он медиҳад, ки таърихи пайдоиши ҷашни Меҳргон қадимтар аз шуғли зироаткорӣ аст. А. Берунӣ дар асари худ оид ба парастиши арвоҳ дар ин ҷашн чунин қайд намудааст: «Ва мегӯянд, ки дар ин рӯз худованд заминро густаронид ва колбудҳоро барои он ки маҳалли арвоҳ бошад офарид. Ва дар соате аз ин рӯз фалаковар оҳиста нафас мекашад, ки то ҷасадҳоро парвариш диҳад… Кисравӣ мегӯяд, ки «ман аз мӯбади Мутаваккилӣ шунидам, ки мегуфт: «Дар рӯзи Меҳргон Офтоб миёни нуру зулмат тулӯ мекунад ва арвоҳро дар ҷасадҳо мемиронад. Ва бад ин ҷихат эрониён ин рӯзро «Мурон» гуфтаанд » (А. Берунӣ,1990. – с. 242). Пас рӯзи Меҳргон, рӯзи мувофиқест барои ёди арвоҳ ва ба хотири арвоҳ назр кардану кори некеро анҷом додан аст.
Ҳар як ҷашн соати неку савоби рӯз ва шаб дорад. Масалан, шаби Лайлат-ул- қадри моҳи шарифи Рамазон беҳтарин шаб барои тоату ибодат ба шумор меравад. Ҳамчунин шаби Меҳргон вақту соати накӯ дорад. «Ва мегӯянд, дар ин рӯз буд, ки Худованд Моҳро, ки қурае сиёҳ ва бефуруғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст. Ва фархундатарин соатҳои он, соати Моҳ аст» (А. Берунӣ,1990. – с. 242).
А. Берунӣ ҳамчунин баъзе таъбирҳои мардумӣ оид ба Меҳргон ёдоварӣ намудааст: «Саид ибни Фазл мегӯяд: «Уламои Эрон гуфтаанд, ки қуллаи кӯҳи Шоҳин дар хона айёми тобистон ҳамвора сиёҳ дида мешавад ва дар бомдоди Меҳргон сапеда дида мегардад. Ва чунин ба назар меояд, ки бар он барфе аст. Ва ин матлаб, чи ҳаво соф бошад ва чи абр, ҳар ду яксон ва дар ҳар замон як тарз аст». Ё ин ки «ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд» (А. Берунӣ,1990. – с. 243).
Савоб ва фазлу ҳикмати дигари ҷашни Меҳргонро А. Берунӣ чунин қаламдод кардааст: «Салмони Форс мегӯяд: «Мо дар аҳди Зардуштӣ будан мегуфтем, худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст ва ҷавоҳири дигар» (А. Берунӣ,1990. –с. 242-243).
Хуллас, ҷашни Меҳргон аз нигоҳи А. Берунӣ ҷашнест, ки бо парастиши офтоб, маҳтоб, парастиши арвоҳ робитаи қаввӣ дошта дар худ фазлу савоб ва баракати зиёд дорад.
Шоинбеков А. н.и.т. Мудири шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ИИГ ба номи академик Б. Искандарови АМИТ
Муфассал ...

- Чоршанбе, 12 Октябр 2022
УНСУРҲОИ БОҚИМОНДАИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ПОМИР
Азорабекова Ш
Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Исканадарови АМИТ
Мақолаи мазкур дар асоси адабиёти илмӣ ва маълумотҳои шифоҳии сокинони бумии Помир бо методи тасвири этнографӣ баррасӣ шудааст. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки дар асоси маълумотҳои дастрасшуда марбут ба ҷашни Меҳргон, ки унсурҳои боқимондаи он то кунун миёни сокинон ҳарзи ҳастӣ доранд, маълумот арза намояд.
Меҳргон яке аз идҳои мардуми ориёиасл, бахусус кишоварзон буда, решааш аз умқи таърих маншаъ гирифтааст. Муҳаққиқон ва муаррихон дар давраҳои мухталифи таърихи башарият ин ҷашни миллии пешгузаштагонамонро мавриди таҳқиқ ва таҳлил қарор дода, роҷеъ ба он маълумотҳои ҷолиб ва арзишманди илмиро матраҳ намудаанд.
Агар ҷашни Наврӯз ба бедоршавии табиат, айёми киштукори Бобои Деҳқон ва кӯшиши он барои гирифтани ҳосили фаровон рост омада бошад, Меҳргон давраи ҷамъоварии ҳосил, дастранҷи марди деҳқон ва оғози ба хоби зимистона рафтани замин мебошад. Пас иди Наврӯз ва Меҳргон таҷассумгари зиндагии рӯзмарраи инсон дар сайёраи замин аз тавлид то марг мебошанд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ ва адабиёти илмӣ маълум мегардад, ки решаи ҳар дуи ин ҷашн аз замони асотирӣ маншаъ гирифта, тибқи ривоятҳо пайдоиши Наврӯзро ба Ҷамшед ва Меҳргонро ба Фаридун нисбат медиҳанд.
Файласуфи шинохтаи тоҷик Муҳаммадқул Ҳазратқулов ба Абурайҳони Берунӣ ва Разӣ Ҳошим истинод намуда, ривояти пирӯзии Фаридун бар Заҳҳокро ба тариқи зайл овардааст: « Вақте ки Заҳҳок зимоми ҳукуматро ба даст гирифт, ба вазираш Армаил амр кард, то ҳар рӯз ду ҷавонро кушта, мағзи сари онҳоро ба морҳои шонаҳояш бидиҳанд. Вале вазири некдилу нексиришти ӯ барои пешгирӣ аз куштани ҷавонон ҳар рӯз яке аз ин ду танро пинҳонӣ ба паногоҳе дар кӯҳи Дамованд мефиристод. Касе аз ин амали ӯ огоҳ набуд. Вақте Фаридун бар Заҳҳоки мордӯш ғолиб омад, вазирро мавриди сарзаниш қарор дод. Вазир дар посух ба ӯ гуфт: «Тавоноии ман бар он буд, ки аз он ду якеро бираҳонам ва ҳамаи онҳо, ки раҳоӣ ёфтанд, дар паси кӯҳи Дамованданд».
Фаридун ба гуфтаи Армаил бовар накард ва саворонеро ба он ҷо фиристод, то ростии гуфтаҳои ӯро гувоҳӣ диҳанд. Чун шаб шуд фармуд, ки раҳоёфтагон биёянд ва дар боми хонаи хеш оташ афрӯзанд. Чунин карданд ва шуълаҳои оташ дар бомҳо фурӯзон шуданд» [4, 318]. Аз ин ривоят метавон хулоса кард, ки морҳо нишони бадӣ, торикӣ ва ҷаҳолат ҳастанд, ки ба маргу нобуд сохтани инсон равона шудаанд. Фаридун рамзи пирӯзии инсон ба муқобили ҳама гуна бадиҳо, нишони покӣ ва озодагӣ мебошад, ки ӯ тавонист ба воситаи гармӣ ва равшании оташ қувваҳои аҳреманиро нобуд созад. Ҷашни Меҳргон ҷашни тавлиди Меҳр, ҷашне ки дар он инсон амалҳои некро анҷом дода, аз бадиҳо дурӣ меҷӯяд ва ба муқобили ҷаҳолату зулмот мубориза мебарад.
Оинҳои ҷашни Меҳргон дар масири таърих бо таҳаввулот миёни мардум, бахусус кишоварзон то кунун маҳфуз мондаанд. Дар ҷашнҳои миллӣ ва маросимҳои хоси мардуми ноҳияҳои мухталифи кишвар баъзан тибқи одат амалҳои ноогоҳонае анҷом дода мешаванд, ки далеле аз иртибот доштанашон ба ин ҷашни бузург мебошанд.
Тоҷикони кӯҳистони Помир дар баробари сокинони дигар минтақаҳои кишварамон аз давраҳои қадим маросимҳои мухталиф ва идҳоро анҷом медоданд, ки дорои хусусиятҳои хоси сокинони ин минтақаи кӯҳсор мебошанд. М.С. Андреев қайд кардааст: «Соли нав ду маротиба ҷашн гирифта мешавад- Сари сол- иди баҳор ва пас аз панҷ моҳ Наврузи тирамоҳ, ки дар айни замон мардум якдигарро бо фарорасии ин ду ид «мубораки буор» ва «мубораки тирамо» гӯён табрик мекунанд» [2,167]. Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки «Наврӯзи тирамоҳ» ҳамон ҷашни бостонии Меҳргон мебошад, ки ҳангоми ҷамъоварии ҳосили кишоварзон ҷашн гирифта мешуд. Гарчанде ки баъзе оин ва анъанаҳои марбут ба кишоварзӣ коста шуда бошанд ҳам, то кунун дар деҳаҳои дурдасти водии Бартанг, Вахон ва болооби ноҳияи Роштқалъа маҳфуз мондаанд. Сокинони кӯҳистон аз даври қадим то кунун маросимеро бо номи «сêр-вӣст», таҳтул-лафз «чоштбандон», ки дорои оин, анъана ва хусусиятҳои хоси маросими мазкур ҳастанд, анҷом медиҳанд, ки аз густариши ҷашни бостонии Меҳргон миёни сокинони бумӣ дарак медиҳанд. Лозим ба ёдоварист, ки оиди оинҳои маросими мазкур шарқшиносони рус М. С. Андреев ва А. А. Половтсев (1911), М.С. Андреев (2020) ва мардумшиноси тоҷик И. Муҳиддинов (1989) маълумот додаанд, ки арзиши баланди илмӣ доранд. Мо аз такрори гуфтаҳои ин олимони бузург худдорӣ намуда, фақат баъзе маълумотҳои наве, ки ҳангоми ҷамъоварии маводи шифоҳӣ дастрас намудем, илова карда, тасмим гирифтем фикру андешаи хешро перомуни онҳо баён намоем.
Тибқи маълумоти сокини деҳаи Сежди ноҳияи Роштқалъа Мавлододов Хуршед соли таваллуд 1947, ки дар таърихи 12. 08. 2016 ба қайд гирифта шуд, «сêр», яъне чошт дар фарҳанги маънавии сокинони минтақаи Помир мақоми хос дошта, онро пок ва муқаддас медонистаанд. Пеш аз оғози маросими мазкур мӯйсафеди рӯзгордида, ки пойи қадами нек дорад, таҳорат ба ҷо меовард, яъне ҷисман ва рӯҳан пок мегардад, сипас миёнашро бо рӯмоли сурх баста озими «ширум»- хирманҷоҳ, яъне майдони баргузории маросим мегардад. Қайд кардан ба маврид аст, ки «ширум» шакли доира дошта, тимсоли замин ва офтоб мебошад. Аввал се маротиба гирди чошт давр зада, ба ду зону мешинад ва рӯи хешро сӯи Қибла гардонда, дар ҳаққи Бобои Деҳқон, ки ҳомӣ ва пуштибони марди кишоварз аст, дуо мехондад. Сипас шукронаи ҳосили ба дастоварда мекунад, инчунин ба аҳли деҳа рӯзгори осуда, фаровонӣ ва сериву пуриро таманно мекунад. Пас аз хондани дуои «сари-сêр» мӯйсафед бо дуд кардани гиёҳи муқаддаси «ситирахм», ки тибқи бовариҳо радкунандаи кулли офатҳои заминӣ ва осмонӣ дониста мешавад, маросимро оғоз мекунанд. Чошт шакли конусӣ ё дарозрӯяро дошта, таҷассумгари ҷисми Бобои Деҳқон дониста мешавад. Мӯйсафед ҳамроҳи се нафар деҳқони асил чор тарафи чоштро бо дастаи «сêр-фай», яъне бели махсуси чӯбӣ, бо се адад хати рост ва ба миқдори чор доира оро медиҳанд, ки ин амал дар гӯиши сокинони ин мавзеъ «(ҳ)алол чӣдов», таҳтуллафз ҳалол намудан ном дорад. Шояд чор адад доира рамзи офтоб буда, гардиши сол ва фаслҳои онро ифода мекунанд ва чор тарафи чошт ифодагари чаҳор аносир (об, хок, бод, оташ) ва инчунин чор фасли сол мебошанд. Се адад хат аз чор тараф ифодагари чор фасли сол, ки ҳар кадомашон аз се моҳ иборат аст дониста мешавад. Дар болои чошт бошад, хати печдор (спиралшакл)-рамзи заҳмат ва талоши марди деҳқон барои ба даст даровардани ҳосили фаровон, инчунин пирӯзии ӯро ифода мекунад, кашида шуда, саргини барзаговро, ки ба тариқи рамзӣ ифодагари тоқии Бобои Деҳқон мебошад, гузошта мешавад. Саргини барзаговро маъмулан дар маросими ҷуфтбаророн махсус омода мекунанд, ки дар дохили он донаҳои гандум ё ҷавро ба хотири фаровонии ҳосил мегузоранд. Аз тарафи рост бошад дар пеши чошт корд, бели чӯбӣ ва ҷорӯби аз навдаҳои буттаи ҷангалӣ тайёркардаро мегузоранд, ки гӯё кулли офатҳоро пешгирӣ мекардаанд.
Пас аз анҷом додани оини «чоштбандон» то маросими «чоштгирӣ», яъне интиқол додани ғалла ба анбор, ки одатан ду-се рӯзро дар бар мегирифт, табу (дар лаҳҷаи сокинони маҳаллӣ «кеẋ») гирифта мешуд, ки ниҳоят муҳим ҳисоб меёфт. Риоя накардани табу, гӯё сабаби ҳар хел офатҳо мегард. Дар ин маврид бо овози баланд гап задан, дашном додан, таҳқир намудан, дуздӣ кардан, шукрона ба ҷо наовардан, мамнӯъ аст. Ба пеши чошт омадани занону кӯдакон, шахсони бегона ва ҳайвонот қатъиян мумкин нест. Дар ин бора ҳамсӯҳбатамон Мирзоазизов Алихон соли таваллуд 1935, сокини мавзеи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа, ки донандаи хуби оин ва анъанаҳои мардумӣ мебошад, қиссаеро ҳикоят карданд: «Дар ин мавзе ҷое бо номи «сêр-буқ»- айнан маънои кулулаи чошт мебошад аз замони қадим маъмул аст. Замоне дар ин водӣ мардуми зиёд дар хиргоҳҳо зиндагӣ карда, ба зироаткорӣ машғул будаанд. Ҳангоми маросими «чоштбандон» марде қоидаҳои табуро риоя намекунад. Вай бо овози баланд ва ғазаболуд мегуфт: «Ҳосили гирифтагиам ночиз аст». Гӯё ҳамин замон чошт ба санги калон табдил меёбад ва тамоми хиргоҳҳо низ ба санг мубаддал мегарданд». Гарчанде қисса асоси илмӣ надошта бошад ҳам, дар он хислатҳои бад, ки сабабгори ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш мегарданд, нишон дода шуда, инсонро ба пок намудани вуҷуди хеш аз бадиҳо, қаноатмандӣ ва шукргузориро пеша кардан талқин шудааст.
Пас аз хотима ёфтани табу ҳосили гандум ба анбор кашонда мешавад, ки миёни сокинон бо номи маросими «сêр-зêẋт» маъмул аст. Дар маросими мазкур оин ва анъанаи хосе, ки ба он вобаста ҳастанд, ба ҷо оварда мешаванд. Дар оғоз мувофиқи русум соатбин рӯзу соати саъдро муайян мекунад. Сипас мӯйсафеди рӯзгордида барои баракатӣ ва фаровонии донаи гандум дуо мехонад. Пас аз хатми дуо соҳиби чошт ба ду зону мешинад ва рӯйашро ба тарафи офтоббаро гардонда, муддате хомӯш мемонад. Баъдан табақи чӯбинро дар болои дуди гиёҳи «ситирахм» дақиқае нигоҳ дошта, табақро аз донаҳои гандуми поёни чошт пур карда ба боло мепартояд. Ин амал се бор такрор меёбад, ки рамзӣ буда, оғози киштукор ва анҷоми онро ифода мекунад. Дар ин ҳангом, агар шахси бегона аз пеши хирманҷо мегузашт «баракато» гуфта салом медод ва дар ҷавоби салом «баракат аз худо» мегуфтанд. Баъди ба ҷо овардани расму русум як табақ гандумро гирифта дар хирманҷо мемонанд, ки он «Хӯҷаи Хизри ақ», яъне ҳаққи Бобои Деҳқон ҳисоб меёбад.
Расму русуме, ки дар ин ду маросим иҷро мегарданд саропо рамз буда, робитаи қавии инсон ва табиатро таҷассум намудаанд, инчунин меҳру муҳаббат, некӣ кардан, дӯстӣ ва садоқат, талоши кишоварз барои баракат ва фаровонии ҳосилро нишон медиҳанд.
Адабиёти илмӣ ва маълумотҳои шифоҳии дастрасшуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки расму русумҳои иҷрошаванда марбут ба маросимҳои «чоштбандон», «чоштгирон» ва дигар маросимҳои кишоварзӣ таърихи хеле қадима доранд ва унсурҳои боқимондаи ҷашни миллии Меҳргон буда, дар саросари кишвар бо баъзе тафовутҳо дар ҳар як минтақа ва маҳал ба ҷо оварда мешудаанд.
Китобнома:
- Андреев, М.С. Материалы по этнографии иранских племён / М.С. Андреев, А.А. Половцев. - Санкт-Петербург: тип. Акад. наук, 1911. – 41 с.
- Андреев, М.С. Таджики долины Хуф. Под ред. Э. Кочумкуловой. Вып. 1-2. Переизд. / М.С. Андреев. - Б.: ОсОО «Джем Кей Джи»,-2020. – 794 с.
- Мухиддинов, И. Реликты доисламских обычаев и обрядов у земледельцев Западного Памира / И. Мухиддинов. – Душанбе: Дониш, 1989. – 100 с.
- Ҳазратқулов М. Наврӯзи оламафрӯз ва дигар идҳои суннатии сол / М. Ҳазратқулов.- Душанбе: ЭР-граф, 2012.- 483 с.
Руйихати ҳамсӯҳбатон:
- Мавлододов Хуршед соли таваллуд 1947, сокини деҳаи Сежди ноҳияи Роштқалъа // сабт кард Азорабекова Ш. санаи 12. 08. 2016.
- Мирзоазизов Алихон соли таваллуд 1935, сокини деҳаи Риҷези ноҳияи Роштқалъа // сабт кард Азорабекова Ш. санаи 9. 08. 2016.
Муфассал ...

- Панҷшанбе, 29 Сентябр 2022
ОИД БА ЯКЕ АЗ ҚАРОРҲОИ НАХУСТИН АНҶУМАНИ ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИКИСТОН
Назрӣ Офаридаев, доктори илмхои филология, сарходими илмии шуъбаи забонхои помирии ИИГ ба номи Б. Искандарови АМИТ, профессори ДДХ ба номи М. Назаршоев
Аз 23-ум то 28-уми августи соли 1930 дар поитахти Тоҷикистон шаҳри Сталинобод (Душанбе) нахустин анҷумани илмии забоншиносӣ баргузор гардид, ки дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ рӯйдоди арзишманд ва муҳим буд. Дар анҷуман чаҳор масъалаи асосӣ мавриди ҳаллу фасл қарор гирифта буд: 1.Забони адабии тоҷик, 2.Алифбо, 3.Имло, 4.Масъалаи алифбои шуғнонӣ. Мутаассифона мадорики мукаммали анҷуманро ба сабаби пурра мавҷуд набудани дӯхтаҳои рузномаҳои он давра дар бойгониҳо ба сурати пурра дарёфт кардан имкон надорад [8,27].
Дар солҳои сиюми асри гузашта сиёсати давлат марбути забон дар доираи самтҳои дигари сиёсати фарҳангии давлати Шӯравӣ дар раванди таҳаққуқи навсозиҳои «инқилоби маданӣ» тарҳрезӣ гардида, аз дидгоҳи замони имрӯз шебу фарозҳо ва каму костиҳои он сиёсат мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Нахустин анҷумани илмии забоншиносӣ дар самти рушди забони тоҷикӣ, барқарор гардидани меъёрҳои он, коркарди хату алифбои нав, коркарди усулҳои расмулхати нави забони тоҷикӣ қарорҳои бунёдӣ қабул намуд, ки на ҳамаи онҳо аз диди имрӯз қобили қабул мебошанд.
Сиёсати бахши забон дар Тоҷикистон дар асоси сиёсати забонии Давлати Шӯравӣ коркард шуда, ҷанбаи сиёсӣ дошта, дар раванди дигаргунсозии фарҳангии низоми ҷадид тарҳрезӣ шуда буд. Тағйири алифбои арабӣ ба лотинӣ (соли 1929 ба алифбои лотинӣ, соли 1940 ба алифбои криллӣ), соҳиби хату алифбо намудани забони шуғнонӣ аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои ин сиёсат буданд.
Солҳои 20-ум ва 30-уми асри гузашта баробари омӯзиши забони тоҷикӣ ва масоили марбут ба гузариш ба хати лотинӣ, масъалаи забони адабӣ, коркарди қоидаҳои имлои забон ва меъёрҳои он омӯзиши забонҳои помирӣ ва яғнобӣ низ вусъат пайдо намуда буд. Вазъи забонию фарҳангии Тоҷикистонро ба инобат гирифта вобаста ба навсозии фарҳангию иҷтимоӣ ҷомеаи нав ва ба вазифаҳои инқилоби фарҳангии давлати тозабунёди шӯроҳо масъалаи алифбои забонҳои «хурди» ҷумҳурӣ низ ба миён омад.
Он давра бисёре аз донишмандон дар ин ақида буданд, ки «забонҳои кӯҳистон» дар маҳдудаи густариши худ фаъол бошанд ва ба ин халқҳо «барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад». Яке аз эроншиносони маъруфи Аврупо Х.Шёлд, ки аз саромадони омӯзиши илмии забонҳои помирӣ ба шумор меравад, соли 1928 дар маҷаллаи «Роҳбари дониш» (№6) навишта буд:
«Ин забонҳои кӯҳистон барои забоншиносӣ бисёр аҳамият доранд. Бинобар ин агар бигуям, ки ин забонҳо аз тамоми забонҳои ҳиндӣ ва аврупоӣ пураҳамияттар ва омӯхтани онҳо барои фанни забоншиносӣ яке аз масъалаҳои муҳимме аст, муболиға накардам». Дар ҷои дигар ӯ қайд мекунад: «Тадқиқ намудани ин забонҳо танҳо аз ҷиҳати илми забоншиносӣ муҳим аст».
Х.Шёлд таъкид мекунад, ки барои инкишофи «забонҳои кӯҳистонӣ» деворро байни «забони ҳукуматӣ ва забонҳои майда» бояд бардошт. Ӯ менависад: «Миллатҳое, ки ба забонҳои кӯҳистонӣ (забонҳои яғнобӣ ва помирӣ - ОН) гап мезананд, ҳақ доранд талаб намоянд, ки ба онҳо барои дар забони худашон пеш бурдани маданияти худашон имкон дода шавад. Чаро ки забони онон ҳам аз забони тоҷикӣ ва ҳам аз забони форсӣ фарқ доранд ва миёни ҳамдигар як тӯда фарқиятҳои забонӣ доро мебошад»[13,182-179]. Табиист, ки ин ин масъала дар доираҳои илмӣ ва сиёсию ҷамъиятӣ мавриди истиқбол қарор гирифта буд.
Тибқи маводи нашршудаи нахустин анҷумани забоншиносӣ оид ба масъалаи чорум рафиқ А. Дяков маърӯза кардааст. Моҳияти масъалаи мазкур, аҳамияти он тибқи рӯйдодҳои сиёсии он давра дар иттилоияи ҷамъбастии анҷуман ба тариқи зайл баён ёфтааст: «Масъалаи охирин, ки алифбои шуғнонӣ буд, ин масъалае аст, ки алъон касе дар бораи он фикр накарда, ҳатто агар ин масъала дар замони амирӣ ё подшоҳии рус касе мебардошт, боиси ханда ва мазоҳ мешуд. Имрӯз диктатураи пролетарӣ замина ҳозир кард, ки барои якчанд миллати майда, ки ба забони алоҳида гап мезаданд, алифбои махсус тайёр карда шавад ва онҳо маданияти худашонро ба забон ва алифбои худ баранд. Ин масъалаи тозаро ҳамаи намояндагон бо чапакзанӣ қабул карда бо шавқу завқ музокираҳо менамуданд ва барои шуғнониён алифбои алоҳида карданро яке аз роҳҳои пешрафти маданияти анҷуман дониста ба тӯғригӣ ҳал шудани масъалаи миллӣ дар замони диктатураи пролетарӣ офарин ва таҳниятҳо мекарданд. Ҳақиқатан ин масъалае аст, ки танҳо дар замони диктатураи пролетариат ҳал мешавад ва шуд. Ва барои дигар миллатҳои майдаи Тоҷикистон будагӣ монанди яғнобӣ ва вахонӣ ва дигарон бо ин ки шумораи онҳо бисёр кам ва ба ҳазор аст, низ ба кори алифбои нави алоҳида сар карданро анҷуман ишорат карда гузашт ва ва барои роҳ ва чорабинӣ тайёр карданро лозим дид [5,126-133].
Қарори анҷуман низ дар ин маврид бештар ҷанбаи сиёсию идеологии замон дошта, мавқеъ ва нақши забони тоҷикиро дар таълиму тарбияи «миллатҳои тоҷики кӯҳистон» муайян аниқ накардааст. Дар қарори анҷуман оид ба масъалаи мазкур омадааст:
«Қарор дар бораи забони таълим ва адабиёти оммаӣ барои миллатҳои тоҷики Кӯҳистон
1) Барои ба тезӣ тараққӣ додани маданияти аҳолии пасмондаи кӯҳистон, ки забони махсусе доранд ва кашидани онҳо ба маданияти пролетарӣ ва инчунин ҷалб кардани онҳо ба сохтмони сотсиалистӣ анҷумани илмии забоншиносони Тоҷикистон лозим медонад ва ба сиёсати миллии пролетариат мувофиқ мешуморад, ки дар мактабҳои миллатҳо таълим ва тарбия дар забони модарии худашон бурда шавад ва адабиёти онҳо дар забони модарии онҳо чоп ва нашр шавад
2) Барои ин ки барои ҳар як аз ин миллатҳо қуввакоркунӣ даркор мебошад ва барои ин ки рафъ кардани эҳтиёҷҳои мадании онҳо зарур ва таъхирнопазир аст, бинобар ин, онҳоро бо миллатҳои майдаи дигари Тоҷикистон баробар кардан лозим мебошад.
3) Бинобар набудани қувваҳои маданӣ дар байни вахонӣ, язгуломӣ, ишкошимӣ, рушонӣ ва дигарон Анҷуман зарур медонад, ки дар ин соҳа кор сар карда шавад. Монанди тайёр намудани қувваҳои маданӣ ва тафтиш кардани забони онҳо. Аммо дар бораи шуғнониҳо Анҷуман ба ин фикр меояд: қувваҳое, kи дар миёни онҳо мавҷуд аст, роҳ мекушояд, ки дар мактабҳои онҳо ба забони модариашон таълим дода шавад ва дар ояндаи наздик барои онҳо ба забони модариашон китобҳо дарсӣ адабӣ чоп карда шавад.
4) Анҷуман лоиҳаи алифбои шуғнониро, ки ба анҷуман аз тарафи раис Дяков тақдим шудааст, асосан тасдиқ карда, зарур медонад, ки ба зӯдӣ ба асоси лоиҳаи мазкур ба тайёр кардани адабиёти оммагӣ сар карда шавад. Ба ин шарт, ки дар оянда баъд аз таҷрибаҳои илмӣ чуқуртар такмил карда шавад. Овози тоҷик, 14 сентябри 1930» [3, 671-672].
Бад-ин тартиб, анҷумани забоншиносӣ тартиб додан ва ҷорӣ намудани алифбои шуғнониро маъқул дониста, иҷрои ин кор дар сатҳи давлатӣ тарафдорӣ ёфт ва барои чопи китобу дастурҳои дарсӣ ба забони шуғнонӣ маблағҳои муайян ҷудо гардиданд. Соҳибхат намудани забони шуғнонӣ он замон дар заминаи татбиқи сиёсати забонии давлати Шӯравӣ амалӣ гардид. Маълум аст, ки дар даҳсолаҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ беш аз 50 забони бехату алифбои халқҳои Шӯравӣ соҳибхат гардиданд. Дар баробари ин масъалаи мазкур дар Тоҷикистон дар робита ба табдили хати арабиасоси форсӣ ба лотинӣ (1929) низ ба миён омад. Тавре аз маводи ҷамъбастии анҷуман бар меояд маҳз ба хотири бартарият додан ба низоми нави давлатдорӣ, ба маданияти пролетарии шӯравӣ ҷалб намудани халқиятҳои камшумор, ҳал намудани масъалаи миллӣ дар шароити низоми нави иҷтимоӣ «дар заминаи диктатураи пролетариат» масъалаи соҳибхат намудани забони шуғнонӣ низ ба миён омад. Аммо масъалаи дигари вобаста ба ин мавзӯъ ба эътибор гирифта нашуд. Оё шуғнониҳо ва дигар халқиятҳои майдаи Тоҷикистон то ин вақт забони хаттӣ надоштанд? Забони форсӣ - точики ба сифати забони хаттӣ дар умури мазҳабӣ, коргузорӣ, адабӣ, фарҳангӣ ва илмӣ дар Шуғнон мавриди истифода қарор гирифта буд. Дуруст аст, ки забони модарӣ бозтобдиҳандаи фарҳангу маънавиёти халқ маҳсуб мешавад. Забони модарӣ метавонад дар баробари дигар забони хаттӣ мавриди истифодаи худро дошта бошад, ки чунин вазъи хоси забонӣ дар Кӯҳистони Бадахшон асрҳо боз шакл гирифта буд. Аз ин рӯ на ҳамаи эҷодкорон, зиёиёни он замон ҷонибдори ҷорӣ намудани таълим, эҷоди осори адабию илмӣ ба забони шуғнонӣ ва дигар «забонҳои хурди» минтақа буданд. Дар сатҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ низ он замон дар ин бора ҳамфикрӣ вуҷуд надошт[4].
Ҳанӯз соли 1904 котиби намояндагии сиёсии Русия дар аморати Бухоро А. Черкасов дар ҳисобот оид ба сафар ба бекигариҳои Помир вазъи забонии минтиқаро тасвир намуда, навишта буд:
«Масъалае ки ба забонҳо иртибот мегирад, метавонад дар оянда мавзӯи баҳси тадқиқоти алоҳида қарор гирад. Ҳоло метавон гуфт, ки дар бекигариҳои камнуфуси Помир 3 забони аз ҳамдигар фарқкунанда вуҷуд доранд: забони шуғнонӣ дар Рушону Шуғнон, ишкошимӣ ва вахонӣ (забони язгуломи ном бурда нашудааст-ОН).
Ба сифати забони умумӣ ( забони модарӣ барои аҳолии Ғорон) лаҳҷаи бадахшонии забони форсӣ хизмат мекунад, ки онро аз даҳ нӯҳ ҳиссаи аҳолии бекигарӣ ба шумули навҷавонон ва занон медонанд. Ин забон инчунин барои мукотиба хизмат мекунад; ба ин забон китобҳои муқаддаси тоҷикон таълиф шудаанд ва одамони босавод дар Шуғнон, Вахон ва Рӯшон бо адабиёти классикии форсӣ каму беш ошноӣ доранд» [9,672].
Консепсияи татбиқи забонҳои мардуми кӯҳистон он замон дар бахши маориф коркард нашуда буд. Алифбо тартиб дода шуд, китобҳои таълимии алифбо барои калонсолон, барои кӯдакон, китобҳои дарсии забони модарӣ, ҳисоб, табиатшиносӣ ва баъзе китобчаҳои бачагона аз забони русӣ тарҷума шуданд. Вале маълум нашуда буд, ки забонҳои маҳаллӣ то кадом синф тадрис мешаванд? Масъалаи таълими забони асосии ҷумҳурӣ – забони тоҷикӣ дар макотиби Шуғнон дар кадом сатҳ бояд қарор гирад, муайян карда нашуда буд. Илова бар ин алифбо ва китобҳои таълимӣ танҳо ба забони шуғнонӣ таълиф гардиданд, алифбо ва таҳияи дастурҳо ба забонҳои дигари Кӯҳистони Бадахшон дар анҷуман таъкид гардид, вале аз сабаби набудани мутахассисон ва тафтиш нашудани ин забонҳо дар солҳои сиюм он амалӣ нагардид. Ба ибораи дигар танҳо дар Шуғнон метавонистанд таълимро ба роҳ монанд. Дар ҳоле ки дар ҳудуди густариши забонҳои дигар алифбо ва таълим ҳамоно ба забони тоҷикӣ идома дошт.
Аз матни қарор бар меояд, ки ҷорӣ намудани «таълиму тарбия дар забони модарӣ барои ба тезӣ тараққӣ додани маданияти аҳолии пасмондаи кӯҳистон, кашидани онҳо ба маданияти пролетарӣ ва ҷалб кардани онҳо ба сохтмони сотсиалистӣ» ва мувофиқ « ба сиёсати миллии пролетариат» дар амал татбиқ мегардид.
Дар қарори Анҷуман соҳибони ин забонҳоро «миллатҳои тоҷики кӯҳистон» ёдоварӣ намудаанд, вале дар банди дуюми таъкид мешавад, ки «онҳоро ба миллатҳои майдаи дигари Тоҷикистон баробар кардан лозим мебошад» Табиист, ки ин боиси баҳси дигаре гардид, мудоме ки инҳо «миллатҳои тоҷики кӯҳистон» бошанд, пас забони тоҷикӣ низ барояшон бегона набошад. Бараъло дида мешавад, ки соҳибхат намудани забони шуғнонӣ сирф ҷанбаи сиёсӣ дошта, ҳамчун як рӯйдоди нави бунёди фарҳангӣ дар робита ба шароити сиёсию иҷтимоӣ зоҳир гардид. Ин масъала дар робита бо «лотиниониданидани» расмулхати забони точикӣ ҳамзамон ба миён омад. То ин замон дар солҳои бистуми асри гузашта баҳри татбиқи барномаҳои инқилобӣ мактабҳои нахустин, ки дар Кӯҳистони Бадахшон ташкил шуда буданд, забони форсӣ- тоҷикӣ таълим дода мешуд ва таълим низ ба ин забон сурат мегирифт. Забони форсӣ-тоҷикӣ дар ин минтақа нуфузи зиёде дошта, мисли манотиқи дигари Тоҷикистон то солҳои сиюм дар Шуғнон низ даҳҳо суханвароне буданд, ки ба забони форсӣ- тоҷикӣ осори илмию адабӣ офаридаанд. Масалан, дар бораи мактаби адабии Саид Фарухшоҳу Шоҳзодамуҳаммаду Юсуфалишоҳ ва шоирону фозилони дигари Шуғнон дар осори илмӣ маълумоти фаровоне оварда шудааст. Бинобар ин роҳандозии эҷоди бадеӣ ба забони маҳаллӣ барои ҳама пазируфтанӣ набуд. Ба ибораи дигар алифбои шуғнонӣ ҷонибдорон ва муқобилони худро дошт ва таҳаққуқ напазируфтани он ба амри ҳизби ҳукмрону ҳокимияти замон он қадар вобастагӣ надошта, бо сабабҳо ва омилҳои айнӣ (обйективӣ) густариш пайдо накард. Он аз тарафи мардум қабул нашуд ва аз тарафи мақомоти ҳукуматӣ низ таҳмил нагардид. Мардум ба таври худихтиёрӣ забони таълимро интихоб намуд, ки он барои онҳо бегона набуд.
Шахсияти маъруф, дорандаи Ҷоизаи Давлатии СССР, Шоири Халқии Тоҷикистон устод Мирсаид Миршакар баъдтар дар ин бора навишта буданд: « Халқ забонро ифтихори миллии худ медонанд. Дар солҳои сиюм булҳавасоне алифбои шуғнониро ихтироъ карданд. Ихтироъгарон мағрурона мегуфтанд, ки дар осмон ҳар қадар ситора зиёдтар бошад, вай ҳамон қадар зеботар менамояд. Дар давоми панҷ – шаш сол ба ин забон китобҳои дарсӣ мебароварданд, китобҳои сиёсию бадеӣ тарҷима мекарданд ва ба нашр мерасонданд.Барои ин кор меҳнати зиёди одамон ва миллионҳо сум сарф шуд, вале маълум гашт, ки китобҳои ба забон шуғнонӣ нашршуда дар анборҳои мактабу маориф хобидаанд. Талабагон аз рӯи китобҳои тоҷикӣ дарс мехонданд. Кор ба ҷое расид, ки одамон махфӣ ба Душанбе омада, китобҳои дарсӣ харида ба Шуғнон мебаранд. Вақте ки Раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон М.Шоҳгадоев ба Шуғнон рафта, сабабро фаҳмиданӣ шудааст, аҳолӣ бо як овоз гуфтааст, ки мо тоҷик будему ҳастем ва барои мо забону миллати нав ихтироъ кардан лозим нест. Ба мунаҷҷимон гӯед, ки дар шаб зебоии осмон аз бисёрии ситораҳост, лекин барои ин зебоӣ шуда. ситораи калони тоҷикро ба ситорапораҳо табдил додан ҷиноят аст» [7,111].
Аз суханони устод Мирсаид Миршакар маълум мешавад,ки оид ба алифбо ва ҷорӣ намудани таълиму тарбия ба забони шуғнонӣ дар Шуғнон ҳамфикрӣ вуҷуд надоштааст. Ҳизбу ҳукумат низ ҷорӣ намудани таълимро ба забонҳои маҳаллӣ иҷборан амалӣ накард ва манъ намудани он низ шояд бо «дархости» иддае аз зиёиён сурат гирифт.
Бесабаб нест, ки соли 1939 дар Пленуми Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунист тасмим гирифта шуд, ки ба чопи китобҳои таълимӣ ва тадриси забони шуғнонӣ хотима гузошта шавад, зеро ин кор барои рушди фарҳанги тоҷикони Кӯҳистони Бадахшон монеа эҷод мекунад.Аз ҷумла, дар қарори пленум такид мешавад: «тамоюли нашри китобҳои дарсӣ ва таълим ба забони шуғнонӣ зараровар аст ва рушд ва шукуфоии фарҳанги тоҷикони Кӯҳистони Бадахшонро боз медорад» [4].
Тавре дида мешавад, ки қарори ин пленум қарори анҷумани илмии забоншиносонро рад намуда, хилофи он буд. Дар анҷумани илмии забоншиносии соли 1930 таъкид шуда буд, ки «барои ба тезӣ тараққӣ додани маданияти аҳолии пасмондаи кӯҳистон, ки забони махсусе доранд…, «алифбои махсус тайёр карда шавад ва онҳо маданияти худашонро ба забон ва алифбои худ баранд», аммо пленум (с.1939) алифбои шуғнонӣ ва ҷорӣ намудани таълим ба ин забонро ҳамчун монеае дар рушди фарҳангии тоҷикони кӯҳистон баҳогузорӣ намуд. Ба хулосае метавон омад, ки алифбои шуғнонӣ ҳам қурбони тақиботи охири солҳои сиюм шуд[2].
Ҳамин тариқ, то охири солҳои сиюм тақдири алифбои шуғнонӣ ва таълими он «ҳал шуд». Саволе ба миён меояд, ки оё ин рӯйдоди фарҳангӣ дархӯри аҳамият маънавию маърифати буд? Бале, он рисолате ки ҷавонони 20-22 солаи шуғнонӣ дар солҳои сиюм ба иҷро расонидаанд, имрӯз метавон бо камоли эҳтиром қадрдонӣ намуд.Нодир Шанбезода, Хусрав Мусрифшоев, Боғшо Бандишоев, Золшо Шонаврӯзов, Баҳодур Искандаров, Сафармаҳмад Амдинов ва дигарон, ки дар таҳияи китобҳои дарсӣ ва тарҷумаи китобҳои таълимию сиёсӣ бевосита саҳмгузорӣ намуданд, хизмати арзандаи онҳоро бояд қадр кард. Аввалан, нахустин маротиба маводи ин забони бехат таввасути хат сабт гардид ва то андозае меъёри катбии он ба вуҷуд омад. Таввасути ашъори шоири чирадаст Н. Шанбезода забони шуғнонӣ бо тамоми дурахшу фасоҳат вориди назм гардид ва бунёди забони шеъри шуғнонӣ гузошта шуд [1]. Сониян, ин китобҳо то ҳол чун сарчашмаи забонӣ арзиши илмиашонро аз даст надодаанд. Дар баробари ин ба рушди забони шуғнонӣ як андоза мусоидат намуданд.
Дар даврони бозсозии горбачевӣ вобаста ба набзи ошкорбаёнӣ ва равандҳои сиёсии он замон чандучуни ин рӯйдоди маърифатию фарҳангӣ аз нав ба майдони баҳс ворид гардид ва аз дидгоҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Забони шуғнонӣ ва дигар забонҳо аз нав ба арсаи назм ворид гардиданд.Доираи корбурди забонҳои маҳаллӣ ба андозае васеъ гардид. Шоироне мисли Лидуш Ҳабиб, Сардор Раҳдор, Ато Мирхоҷа, Варқа Охонниёз ва дигарон ибтикори устод Н. Шанбезодаро дар эҷоди шеъри шуғнонию рӯшонӣ идома дода, китобҳою маҷмӯаҳои ашъорро ба табъ расонданд ва аз тарафи муштоқони каломи мавзун пазируфта шуданд ва ҷаҳони фарҳангии Тоҷикистонро боз ҳам рангинтар намуданд. Забони шуғнонӣ ба саҳнаи театр низ роҳ ёфт.Такомули чунин рӯйдодҳои фарҳангӣ дастгирӣ меёбад[9]. Дар даврони Истиқлол масъалаи забонҳо ба эътибор гирифта шуда, мавзуи омӯзиш, хифз ва инкишофи забонхои помирӣ чандин маротиба дар суханронихои Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Рахмон матрах гардида, мустақилят ва ҳувияти забонхо дар Тоҷикистон ба сатҳи давлатӣ бардошта шуда, мақоми ҳуқуқии забонҳо дар асоси қонун таъин гардид.
Дар моддаи чоруми қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» давлат ӯҳдадор шудааст, ки барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад
Масъалаи дигаре, ки то ба имрӯз қишри умдаи ҷомеа онро қабул намекунад, корбурди забонҳои маҳаллӣ дар соҳаи маориф мебошад. Дар соҳаи илм мактаби илмии забонҳои помирӣ рушд намуда, имрӯз ба сифати як бахши эроншиносӣ дар ҳоли рушду нумуъ аст. Дар замони Шӯравӣ ва ҳам даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон омӯзиши илмии забонҳои помирӣ аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбад, мутахассисони соҳибунвоне дар ин соҳаи илми забоншиносӣ ба камол расидаанд ва садҳо китобу рисолаҳо ба табъ расидааанд. Сабти маводи фольклорӣ ва ривоятии забонҳои помирӣ, нашри китобҳои илмӣ, луғатномаҳо умри забонҳоро дароз хоҳад кард. Ташкил ва танзими фонд, фаъолияти муассисаи махсуси илмӣ ба равандҳои инкишофи забонҳо мусоидат мекунад.
Дар баробари ин татбиқи забонҳо дар соҳаи маориф то ҳол чун мушкили баҳснок боқӣ мемонад. Вақте ки солҳои бозсозӣ дар фазои ошкорбаён мушкилоти мазкур рӯи об баромад., мақомоти ҳизбию ҳукуматии он давра мавқеи худро оид ба масоили зикршуда тавассути нашри Мактуби кушоди собиқадорони ВМБК [6] баён намуданд, ки боиси баҳсҳои дигар низ гардид. Бозгашт ба қарори анҷумани забоншиносии солҳои сиюм дар шароити имрӯза аз имкон дур аст. Таълим ба забони тоҷикӣ бартарияти худро дар рушди фарҳангу маданияти мардуми Кӯҳистони Бадахшон собит намуд. Аз байни мардуми Шуғнон ва навоҳии дигари Кӯҳистони Бадахшон даҳҳо чеҳраҳои намоёни илму фарҳанги тоҷик ба камол расиданд, ки на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ низ маъруфият пайдо карда буданд. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз рӯйи теъдоди ашхоси маълумоти олидор ба ҳар ҳазор нафар аҳолӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақоми аввал буд.
Баҳсҳо дар атрофи мафҳуми забони модарӣ гуногунанд. Бархе аз донишмандон мавҷудияти ду забони модариро дар шароити дузабонӣ ва бисёрзабонӣ инкор намекунанд. Ба он забоне, ки шахс дониш мегирад, ҷаҳонбинии ӯ шакл мегирад, он ҳам забони модарист. [11;12]. Аз ин рӯ тадриси забони этникии модариро ба сифати фанни алоҳида дар баробари таълим ба забони тоҷикӣ метавон ба роҳ монд. Дар бисере аз манотиқи дузабона чунин таҷриба амалӣ мешавад. Инчунин метавон омӯзиши забонҳои маҳаллии модариро ба тариқи факултатив ба роҳ монд. Интихоби забони таълим барои фарзандон аз ҷониби волидайн як амри худихтиёрист. Метавон гуфт, ки дар солҳои сиюм аксари мардум забони таълимро забони тоҷикӣ интихоб намуданд. Имрӯз вобаста ба шароити мавҷуда шаҳрвандон ҷиҳати ҳосил намудани дониш ва ташаккули ҷаҳонбинӣ забонеро интихоб менамоянд, ки мақоми иҷтимоии он васеътар буда, мувофиқ ба тақозои ҷомеаи имрӯза бошад ва ба фаъолияту зиндагии ояндаи насли ҷавон таъсири мусбат расонида тавонад.
Ҳамин тариқ, ба вуҷуд омадани хату алафбои шуғнонӣ иқдоми ормонгароии ҷавонон дар партави навсозиҳои инқилоби мадании солҳои сиюми асри гузашта буд, ки амали воқеӣ пайдо накард. Аз сӯйи дигар мансух гардидани он ба таъқиботи солҳои сиюм вобастагӣ дошт. Бозгашт ба хату алифбои шуғнонӣ, дар шароити имрӯза низ як орзӯи ормонгароёнаест, ки аз сӯйи бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ тарғиб карда мешавад. Ормонгароӣ ва воқеъгароӣ ду мафҳумеанд, ки аз ҳамдигар тафовут доранд. Дар татбиқи хату алифбои забони шуғнонӣ аз иқдомоти воқеъгароёнаи имрӯза бояд кор гирифт.
Китобнома
- Абдулназаров А.Нодир Шанбезода ва эҳёи шеъри помиризабон\ \А. Абдулназаров. –Душанбе: Эр-граф, 2017. 190 с.
- Аламшоев Қ. Китобҳои таъқибшуда\ Қ. Аламшоев.\\ Чатри симин, №1, марти соли 1999.
- Дар анҷумани нахустини илмии Тоҷикистон \\ Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе:Бухоро, 2007 – С.671-672.
4.Қаландаров Т. Памирские языки:между прошлым и будущем ( на примере шугнанского языка) \Т. Каландаров. \\ УЦА Высщая школа развития Отдел культурного наследия и гуманитарных наук Научный доклад, 2020,№6
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009, №9-10.
- Маводи анҷумани нахустини илмиӣ-забоншиносии тоҷик оид ба забони тоҷикӣ ва масъалаҳои ҳалталаби он \\ Забоншиносӣ, №1, 2010. –С.126-137.
7.Мактуби кушоди собиқадорон \\ Тоҷикистони Советӣ, 1988, 24 июн.
8.Миршакар М. Ёди ёри меҳрубон.\М.Миршакар. –Душанбе: Ирфон, 1979. -183 с.
9.Набавӣ А. Баҳсҳои илмӣ оид ба забони тоҷикӣ дар солҳои 20-ум Тоҷикистон \А. Набавӣ. \\ Забони тоҷикӣ дар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе:Бухоро, 2007 – С.9- 38.
10.Отчёт секретаря Российского политического агенства в Бухаре А. Черкасова о командровке в Припамирские бекства Бухарского ханства в 1904 \\ Очерки по истории Советского Бадахшана.-Душанбе:Дониш, 1985.-С.427.
11..Охонниёзов В. Пайдоиш ва ташаккули шеъри муаллифӣ ба забонҳои помирӣ.\ В. Охонниёзов. –Душанбе:Эр-граф, 2017. – 328 с.
- Тишков В.А.Язык нации \В. А. Тишков. \\ Вестник Российской Академии Наук, 2016, том 86, № 4. –С.291-303.
13.Тишков В.А. Родной язык \ В.А. Тишков.\\ Этнокультурный облик России: перепись 2002 года. – М.: Наука, 2007. – С.50-63.
14.Шилд Х. Дар бораи забонҳои кӯҳистони Тоҷикистон\ Х. Шилд\\ Забони тоҷикӣ бар мабнои мубоҳисаҳо. – Душанбе, 2007. – С.189-172.
Муфассал ...
- Панҷшанбе, 15 Сентябр 2022
САҲМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ПОЙДОРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
САҲМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ДАР ПОЙДОРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Назрӣ Офаридаев
«Дар ин давра (солҳои 20-ми асри XX), ба арсаи мубориза барои муайян намудани сарнавишти миллату давлати тоҷикон як қатор фарзандони баору номуси Ватанамон, ба монанди Садриддин Айнӣ, Чинор Имомов, Абдуқодир Муҳидинов, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ворид шуданд, ки дар натиҷаи кӯшишу талошҳои онҳо Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ таъсис ёфт».
Эмомалӣ Раҳмон
Шириншоҳ Шоҳтемур баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ замоне кору пайкор менамуд, ки як давраи печида, давраи набардҳои табақотӣ ва миллӣ маҳсуб мешуд. Арзишҳои анъанавии зиндагонии маишӣ тадриҷан ба дигпргуниҳо дучор мегардиданд, воҳидҳои нави маъмурию миллӣ таъсис меёфтанд, ҷараёнҳои мухталифи сиёсию миллӣ арзи вуҷуд намуда, муборизаҳо торафт пуршиддат мегардиданд. Шириншоҳ Шоҳтемур дар авзои пурхилоф ба майдони мубориза ворид гардида, ба душманони мардуми тоҷик, ки фарҳанги пурғановати онро инкор менамуданд, илман посух мегуфт. Асноди зиёди бойгонӣ, маълумотномаҳо, мактубҳои Шириншоҳ Шоҳтемур аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ дорои тафаккур ва ҷаҳонбинии васеи сиёсӣ-миллӣ ва андешаи жарфи истиқлолхоҳӣ будааст. Солҳои 20-уми асри гузашта дар баробари дигар масоили сиёсию фарҳангӣ, тақсимбандии марзӣ, таъсиси Ҷумҳурии мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Узбекистон, таъсиси Ҷумҳурии мустақили сотсиалистии Тоҷикистон масъалаи забон низ тезу тунд гардид. Халқи тоҷик ҷумҳурии худро дар иҳотаи халқҳои туркзабон ташкил кард. Қувваҳои миллатгароӣ туркӣ, ки дар таърих ба номи пантуркистҳо маълуманд, мавҷудияти халқи тоҷик ва забони тоҷикиро инкор мекарданд. Пантуркистҳо дар ҳизб низ нуфузи зиёде доштанд ва ба равнақи фарҳангу забони миллии халқи тоҷик ҳар гунна монеаҳои сунъӣ эҷод менамуданд.
Шириншоҳ Шоҳтемур дар гузориши худ ба И.В. Сталин «Дар бораи мавқеи маданӣ-иҷтимоӣ ва иқтисодиёти тоҷикон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон», аз 5- июни соли 1926, ки худ як мақолаи таҳлилӣ аст, масъалаҳои шинохти забони тоҷикӣ , ҷорӣ намудани коргузорӣ ба забони тоҷикӣ, таъсиси мактабҳои тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон, ҳамчун забони давлатӣ ба кор бурдани забони тоҷикӣ, мавқеи байналмилалии забони тоҷикӣ, ба халқиятҳои эронӣ мансуб будани тоҷикон ва соири масоилро матраҳ намуда, диққати ҳизби коммунистиро ба ҳалли оҷили онҳо ҷалб менамояд. Дар ибтидои солҳои бистум қувваҳои муайяни пантуркистӣ таҳти мафҳуми «тоҷикон» танҳо мардуми Кӯҳистони Бадахшон (Помири Ғарбӣ)-ро дар назар доштанд, тоҷикони манотиқи дигар ва ҳатто сокинони шаҳрҳои бонуфузи тоҷикнишинро бо фарҳанги қадимашон туркнажод мегуфтанд. Шириншоҳ Шоҳтемур чунин ақидаи нодуруст ва беасосро рад намуда, дар асоси маълумоти оморӣ теъдоди тоҷиконро дар қаламрави Ӯзбекистон беш аз ҳашсад ҳазор нишон дода, ҳатто дар шинохти туркманҳо низ таъкид мекунад, ки теъдоди туркманҳо ҳамагӣ 290 ҳазор буда, онҳо имкони пурра доранд, ки ба забони модариашон адабиёт нашр кунанд, мактаби худро дошта бошанд. Вале теъдоди тоҷикон нодида гирифта шуда, онҳо беҳуқуқ дониста шуданд. Андешаҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавриди маҳрум мондани тоҷикон аз доштани мактаб ба забони модариашон на танҳо моҳияти сиёсии масъаларо боз мекунад, балки таввасути далелҳои қотеъонаю росих масъалаи синфӣ будани забонро рад намуда, чун забони давлатӣ ҷорӣ намудани забони тоҷикиро дар тӯли беш аз ҳазор сол таъкид мекунад. «Забони онҳо (тоҷикон),-менависад. Ш. Шоҳтемур забони дарбори амирӣ ҳисоб меёфт. Ҳарчанд худи амир ӯзбек буду дар аморати Бухоро ва Осиёи Миёна забони тоҷикӣ забони расмӣ буд ва коргузории аморат бо ин забон мустаъамал буд. Ин забонро дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон ҳама бидуни тарҷума меҳфаҳмиданд. Ин чиз охир далели бемаънӣ, пуч ва ҷоҳилона аст, мисли таъқиби забони русӣ дар Россия баъди инқилоб бо баҳони он, ки ин забон забони давлатии Ҳукумати подшоҳӣ, Николай II буд».
Забони тоҷикӣ, ки дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ бо номҳои порсӣ, дарӣ ва порсии-дарӣ ёд мешавад, дар ҳақиқат, забони фарҳангӣ буда, адабиёти оламгири беша аз ҳазор сола бо ин забон таълиф ёфтааст. Нотавонбинони хақи тоҷик он давра шояд қасдан гӯшро ба карӣ зада, далели мавҷударо сарфи назар мекарданд. Аз сӯи дигар дар марказ шояд оид ба масъалаи мазкур маълумоти кофӣ дар даст надоштанд. Доираҳои манфиатҷӯи сиёсӣ ҳақиқати ҳолро дуруст дарк намекарданд, ё масъаларо ба фоидави гурӯҳҳои дигари манфиатхоҳ ҳал кардан мехостанд. Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҳайси як тан ватанпарасти ҷасур ва чун фарди миллатдӯст кӯшиш ба харҷ медод, то ҳақиқати ҳолро ба таваҷҷӯҳи мақомоти олии ҳизби ҳукумрон расонад. Зеро дар он замон ҳалли чунин масъалаҳо кори осон набуд. Таъкиди Шириншоҳ Шоҳтемур дар хусуси он, ки «ӯзбекҳо дар матабҳои тоҷикӣ таълиму тадрисро ба забони ӯзбекӣ ба роҳ мондаанд, ҳарчанд забони тоҷикӣ ба андозаи кофӣ соҳибтамаддун буда, адабиёти ғаниеро дорад», бори дигар шаҳодати он аст, ки ӯ ҳимоятгари истиқлоли воқеии забони тоҷикӣ буд. Илова ба ин, пофишории пайдарпаи Шириншоҳ Шоҳтемур дар мавриди бебаҳра мондани тоҷикон аз имконияти бо забони модарӣ таҳсил кардан рисолати бузурги таърихие буд, ки ин мавриди ватандӯст дар айёми пурошӯбу пурхилоф ба иҷро расонд.
Солҳои бистуми асри гузашта ҷумҳурии навтаъсиси Тоҷикистон ба кадрҳои маҳаллӣ эҳтиёҷӣ калон дошт. Таъсиси мактабҳои тоҷикӣ, нашри маҷаллаю рӯзномаҳо ба забони миллӣ дар инкишофи забону фарҳанг нақши калон мебозид. Бар замми ин, масоили ташаккули забони адабӣ, содда намудани он, ба низом даровардани меъёрҳои савтӣ ва дастурии забон ба миён меомад, ки баҳсҳои тезу тунд ва пурмоҷароеро ба вуҷуд овард. Бархе аз зиёиёну донишмандон дар ин ақида буданд, ки мо бояд забони нави адабиро дар заминаи ин ё он лаҳҷаи маҳаллӣ созем, гурӯҳи дигари донишмандон ақидае доштанд, ки сеюм форсии эронро ба сифати забони адабӣ қабул намоем. Гурӯҳи дигар байни забони тоҷикӣ ва форсӣ сади чинӣ гузошта, дар пайи таъсис додани забони нав шуда, забони адабии ҳазорсоларо забони амиру дарбор меномиданд.
Шириншоҳ Шоҳтемур ваҳдат ва пайванди тоҷикони Осиёи Миёнаро аз забони форсӣ ҷудо намедонист. Ӯ забони тоҷиконро забони форсӣ ном мебурд, дар ин бора навишта буд: «Сокинони Осиёи Миёна тоҷикон (халқияти аслаш эронӣ, ки ба форсӣ ҳарф мезананд), ҳисоб меёбад». Дар маълумотномае, ки ба гузориш замима гардидааст, ҳудуди густариши забони форсӣ муайян карда шуда, гаҳвораи ориёиҳо будани қаламрави забони форсӣ ва тааллуқ доштани тоҷикон ба насли ориёӣ такид мешавад, ки аз донишу ҷаҳонбинии филологӣ-таърихии муаллиф шаҳодат медиҳад.
Дар гузориши Шириншгоҳ Шоҳтемур мафҳуми «Забони давлатӣ» чанд бор такрор мешавад. Вақте ӯ оид ба забони форсӣ сухан меронад, пайваста таъкид мекунад, ки забони форсӣ забони давлатии Афғнистон ва Эрон ба ҳисоб меравад. Ин нуқта далели он аст, ки Шириншоҳ Шоҳтемур ҷонибдори ваҳдату ҳамкории форсизабонон буд. Вай хоҳони он буд, ки забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ба сифати забони давлатӣ барқарор гардад ва чун шохаи забони фарҳангофари форсӣ рушду нумӯъ ёбад. Ин орзуи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар ватанпарастони асил ва нерӯҳои миллӣ баъд аз гузашти 63- сол амалӣ гардид.
Хизматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур дар баробари дигар фарзандони халқи тоҷик, ба монанди устод Айнӣ, Абдуқодир Муҳидинов, Нусратуло Махсум ва дигарон дар истиқлоли забони тоҷикӣ, рушди ояндаи он хеле бузург аст. Ба сифати ходими барҷастаи сиёсӣ ва давлатӣ аз сарнавишти забон, ки муҳимтарин феномени фарҳанги миллӣ ва ҳастии миллат маҳсуб меёбад, дилсӯзона ҳимоя мекард. Ӯ ҷасурона бонги изтироб мезад: «Забони тоҷикӣ баъди тақсимбандии Осиёи Миёна ба таъқиби боз ҳам берҳмонатар дучор шуд». Шириншоҳ Шоҳтемурро он чиз ба ташвиш овард, ки аз рӯзи кушодашавии Донишгоҳи Омӯзгории тоҷикӣ дар шаҳри Тошиканд ду сол гузашта бошад ҳам, он танҳо ду синфхонаи хурде дар ихтиёр дорад, ки ин барои ба таҳсил фаро гирифтани толибилмон кофӣ нест. Ба таври ғайрирасмӣ манъ шудани паҳншавии рӯзномаи тоҷикии «Овози тоҷик» дар Самарқанд нигаронкунанда аст.
Масъалаи забони тоҷикӣ он солҳо ва инкишофи он дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар даврони Шуравӣ ҳалли пурраи худро наёфт. Мо имрӯз бояд ба Шириншоҳ Шоҳтемур арҷгузорӣ намоем, зеро ӯ дар қатори дигар равшанфикрони тоҷик барои софдилона иҷро кардани талаботи сиёсати миллии ҳизб дар соҳаи баробарҳуқуқии забонҳо пофишорӣ менамуд. Дар гузориши Шириншоҳ Шоҳтемур масъалаҳое матраҳ гардидаанд, ки моҳиятан аз лиҳози иҷтимоӣ ва фарҳангӣ: чӣ дар замони Шуравӣ ва чӣ имрӯз муҳим мебошанд. Бояд зикр кард, ки дар ҳамроҳ намудани округҳои соф тоҷикии Хуҷанд, Конибодом, Панҷакент ва Уротеппа ба Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур хизмати арзанда намудааст. Ба таври мисол дар ин гузориш аз тоҷикони Конибодом ва ҳуқуқи маънавии онҳо ҳимоя намуда менависад: «Дар ҳамаи мактабҳои ин ноҳия (Конибодом ) тадрис ба забони ӯзбекист, ҳарчанд бачаҳо ин забонро билкул намедонанд»
Вазъи ҳақиқии забони забони тоҷикӣ дар навоҳии тоҷикнишини Ӯзбекистон ташвишовар буд. Шириншоҳ Шоҳтемур мушкилоти аҳолиро дар мавриди таълим ба забони модарӣ, тадрис ба забони тоҷикӣ, наовардани фишорҳои маъмурӣ ба аҳолӣ дар масъалаи интихоби забон, манъ намудани гуфтугӯ ба забони тоҷикӣ, таъқиб барои ҳимояи забони тоҷикӣ, доир намудани чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ ба забони тоҷикӣ, ҷорӣ намудани коргузорӣ дар идораҳои давлатӣ , баланд бардоштани сатҳи шуури миллии тоҷикон ва дигар масъалаҳоро баррасӣ намуда, таваҷҷӯҳи КМ Ҳизби Коммунисти умумииттифоқии болшевикиро ба ҳалли онҳо ҷалб намудааст. Чунин масъалагузориҳои Шириншоҳ Шоҳтемур на танҳо барои он давар аҳамияти калон доштанд, балки барои сиёсати ҳизбии замони Шӯравӣ низ дархӯри аҳамияти стратегӣ буданд.
Сиёсатмадори дурандеш ва донишманду фарҳангпарвар Шириншоҳ Шоҳтемур он солҳо таъкид карда буд: «Чунин таъқиботи забони тоҷикӣ аз тарафи ташкилотҳои ҳизбии маҳаллӣ дар шуури тоҷикон нисбат ба ҳизби комунисти ва давлати Шӯравӣ дар масъалаи миллӣ тасаввуроти нодурусте пайдо мекунад!» Бо таассуф метавон ёдовар шуд, ки масъалаи забонҳо дар сиёсати миллии ҳизб солҳои минбаъда ба эътибор гирифта нашуд. Корбурди забонҳои миллӣ дар коргузорӣ , таълим ва вазифаи ҷамъиятии ин забонҳо маҳдуд гардида, охири солҳои ҳаштодуми асри гузашта боз ҳам тезу тунд гардид. Ҳувият ва мустақиляти забонҳои миллӣ ба сифати яке аз шиорҳои асосии ҳаракати истиқлолхоҳӣ дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ қарор ёфт, ки оқибат ба фурӯшпошии давлати абарқудрат оварда расонд.
Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол соҳиби забони давлатӣ мебошад, ки мақоми он дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон муайян гардидааст.Босароҳати комил метавон гуфт, ки дар давраи оғози бунёди ҷумҳурии Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемуур ва дигар ходимони барҷастаи давлатӣ ва донишмандони бонангу номус, ки ифтихори ватандорӣ ва миллатдучстӣ дар қалб доштанд, бо кору пайкори созандаашон дар ҳифз ва пойдории забону фарҳанги куҳанбунёди миллӣ саҳми босазое гузоштаанд. Аз ин рӯ дар таърихи миллати мо номи эшон бо ҳарфҳои заррин сабт ёфтааст ва боиси хушнудист, ки дар баробари дигар фарҳангиёни барҷастаи миллӣ Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Эмомалӣ Раҳмон, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур низ сазовори унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон гардид.
Адабиёт
- Дарси хештаншиносӣ. Қисми 2.- Душанбе: Ирфон, 1989.-246 с.