Саҳми донишманди намоёни соҳаи помиршиносӣ, доктори илмҳои филология, профессор Додихудо Карамшоев дар бунёд ва рушди помиршиносӣ хеле калон буда, аз тарафи аҳли илму фарҳанг эътироф гардидааст. Фаъолияти илмии Ӯ ҳануз аз солҳои дар аспирантура таҳсил карданаш оғоз ёфта буд. Вай тамоми умрашро барои омӯзиш ва таҳқиқи илмии забонҳои помирӣ ва дигар арзишҳои мардуми Бадахшон сарф карда, дар ховаршиносии муосир чун яке аз муҳаққиқони маъруф ва асосгузори помиршиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинохта шудааст.
Асарҳои пурқиммати олими пуркор барои илми помиршиносӣ мавқеи муҳимро доро буда, аввалин кори илмӣ-тадқиқотии ӯ бо номи “Лаҳҷаи Баҷувии забони шуғнонӣ” нашр шуда буд. Ин асар дар тадқиқоти муаққиқ нахустин асари оид ба забонҳои помирӣ-забони шуғнонӣ аз муҳимтарин тадқиқот маҳсуб мешавад.
Монографияи дуҷилдаи профессор “Категорияи ҷинсият дар забонҳои помирӣ” дар илми забоншиносии тоҷик мавқеи калони илмӣ дорад. Муаллиф маводи зиёди забонҳои номбурдаро бо методи муқоисаи таърихӣ равшан нишон дода, бо далелу бурҳони қотеъ нишонаи грамматикиро ҳаматарафа тадқиқ ва таҳлил намудааст. Дар асар яке аз масъалаҳои муҳими нишонаҳои грамматикии ҷинсиятро дар забонҳои помирӣ нишон дода, бо маводи зиёди илмиаш дар эроншиносии муосир кашфиёти назаррасро рӯи кор овард, ки он асоси диссертатсияи доктории ӯ гардид.
Гурӯҳбандӣ намудани топонимҳо ва микротопонимҳои номгӯи шаҳр ноҳияҳо, қишлоқҳо, ҷойҳои нуқтаҳои аҳолинишин, айлоқҳоро аз рӯи маъно ва ҷиҳати морфологиашон тақсимбандӣ намуда, бо мисолҳои мушаххас дар забонҳои гуногуни помирӣ мавриди таҳлил қарор додааст. Бояд хотиррасон намоем, ки категорияи ҷинсият яке аз проблемаҳои муҳимми грамматикаи забонҳои помирист ва то ин давра омӯхта нашуда буд. Соли 1978 дар мавзуи мазкур таҳти унвони “ Воситаҳои морфологии ифодаи ҷинсият дар забонҳои помирӣ” монографияи Д. Карамшоев аз чоп баромад. Дар ин асари илмӣ ифодаи ҷинсият ба таври синхронӣ тадқиқ шуда, дар мавридҳои алоҳида масъалаҳо дар алоқамандии таърихӣ шарҳу эзоҳ ёфтаанд.
Дар асар дар баробари тадқиқи ҷинсияти грамматикӣ инчунин дар хусуси масъалаҳои дигари ҳалнашудаи забонҳои помирӣ, аз қабили муайян нашудани ҳудуди истилоҳи забон, шева ва лаҳҷа нисбат ба забонҳои помирӣ ақидаҳои ҷолиб ронда шуд, ки дорои аҳаммияти махсус аст.
Ковиш ва ҷустуҷӯйҳои донишманд минбаъд низ инкишоф ёфта, баъдан нашри дуюми китоби нашршуда (соли 1986) бо иловаҳои зиёд сурат гарифт. Муаллиф дар он барои таъин намудани хосияти маънавӣ ва ҷанбаъҳои грамматикии категорияи ҷинсият лексикаи номии гурӯҳҳои мухталиф, қабатҳои муродифӣ ва истилоҳотро тасниф намуда, дар мавриди зарурат кӯшидааст, то андозае мақоми категорияи ҷинсиятро дар забоншиносии ҳиндуэвропоӣ низ муайян созад. Ҳамчунин воситаҳои наҳвии ҷинсият - муайянкунандагӣ, хабарӣ ва ҳолӣ ба тариқи дақиқ ташреҳ ёфта, ба сифати замимаи китоб 20 адад ҷадвал барои ифодаи мансубияти ҷинси исмҳои предметие, ки намуди морфологӣ надоранд, оварда шудааст.
Солҳои 1960-1968 Д. Карамшоев ба гирдоварӣ, таҳия ва танзими луғати забони шуғнонӣ ва шохаҳои лаҳҷавии он машғул шуда, беш аз 30 ҳазор калимаро ҷамъоврӣ намуда, дар асоси ин маводи ҷамъшуда, луғати сеҷилдаи “Фарҳанги шуғнонӣ ба русї”-ро таълиф намуд, ки дар даҳсолаи охири қарни ХХ дар шаҳри Маскав ба нашр расид. Фарҳанги мазкур аз рӯи тартиби алифбо ҳамаи калимаҳои мустақилмаъно ва ёридиҳандаи забони шуғнонӣ, инчунин шохаҳои лаҳҷавии он – лаҳҷаи баҷувӣ, шохаи шоҳдарагӣ ва гӯиши барвозиро фаро гирифтааст. Ин асари гаронмояро на танҳо ба сифати сарчашмаи воҳидҳои луғавӣ, балки ба ҳайси муқаддимаи маводи нави забон бояд пазируфт. Ин фарҳанг аз лиҳози ҳаҷм ва тафсири маънии вожаҳо дар забонҳои бехату алифбо беназир аст. Тартиб додани луғат кори заҳматталаб буда, он барои мутахассисони помиршиносӣ чун сарчашмаи муҳими илми луғатшиносӣ ба ҳисоб меравад. Манбаи асосии ҷилди дуюми луғат маводҳои дар давраи қариб 10 сол гирдовардаи муаллиф мебошад. Дар он калимоту таркиботи шуғнонӣ ва шохаҳои лаҳҷавии баҷувӣ, шохдарагӣ ба таври мукаммал инъикос ёфта, аз нигоҳи луғатсозӣ шарҳу эзоҳ дода шудааст.
Профессор Д. Карамшоев дар тӯли фаъолияти зиёда аз 50-солааш оид ба забонҳои помирӣ беш аз 100 асар эҷод кардааст.
Яке аз хизматҳои муҳими профессор Д. Карамшоев дар соҳаи помиршиносӣ аз он иборат аст, ки заҳматҳои пайвастаи ӯ ба ҳамаи забонҳои помирӣ маводи зиёдеро ҳам забонӣ ва фолклориву этнографӣ ҷамъ оварда, дар фонди Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б. Искандаров маҳфуз нигоҳ дошта мешавад. Аз ин фонди ҷамъовардаи олими дақиқкор чандин мутахассисони гуногуни помиршиносӣ истифода намуда, корҳои илмӣ тадқиқотиашонро пеш мебаранд. Арзиши ин ганҷи забоншиносӣ чун манбаи пурарзиш барои тадқиқгарони Бадахшон маҳсуб мешавад.
Д. Карамшоев чун роҳбари илмии экспидитсияҳои ҳарсола фаъолияти худро ба ҷамъоварӣ ва омӯзиши мероси хаттӣ низ равона кардааст. Вобаста ба ин дар бораи эҷодиёти шоирони муосир мақола ва рисолаҳо таълиф намуда, ба таблиғи онҳо дар байни омма иштироки фаъол дошт. Бахшида ба эҷодиёти Тилло Пулодӣ, Давлатшоҳи Помирӣ, Нодир Шанбезода, Ато Мирхоҷа, Сардор Раҳдор, Адими шуғнонӣ ва дигарон чандин мақолаҳо ва китобҳоро навиштааст.
Соли 1992 маҷмуае бо номи “Адими ду соҳил” нашр намуд, ки он ашъори ба забонҳои дарӣ ва шуғнонӣ эҷодкардаи шоири Бадахшони Афғонистон - Сайид Замониддиншоҳро фаро гирифтааст.
Баъзе аз мақолаву корҳои илмии Карамшоев Д. ба забонҳои хориҷӣ тавассути нашрияҳои Фаронса, Олмон, Англия, Амрико, Эрон интишор ёфтаанд.
Профессор Д. Карамшоев дар пойдор гардонидани риштаи помиршиносӣ аз як тараф саҳми муносиб гузошта бошад, аз тарафи дигар дар тарбия ва ба воя расидани мутахассисони илмӣ низ хизмати шоёни таҳсин намуда буд. Вай аз давраи таъсис ёфтани шуъбаи забонҳои помирӣ (1967) дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ то соли 1992 мудирии онро ба уҳда дошт. Дар ин давра бо роҳбарии ӯ ҳамаи забонҳои гурӯҳи помирии Бадахшон ба таҳқиқи пурра гирифта шуданд. Бо роҳбарии устоди зиндаёд чандин нафар рисолаҳои номзадӣ ва рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соҳиби унвони илмӣ гардиданд. Аз ин ҷост, ки Д. Карамшоев сафи олимони забоншиносро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд намуда, доираи инкишофи илмиро дар Бадахшон такони бузург дод.
Карамшоев Д. дар мураттаб намудани лоиҳаи Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, дар татбиқи амалии он корҳои зиёдеро анҷом дода буд. Чун узви Комиссиёни Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон прфессор ҷиҳати покиза ва беолоиш истифода бурдани забони давлатӣ ва ҳам забони байналмиллалии русӣ, забонҳои помирии Бадахшон чандин мақолаву дастурҳои илмиро таълиф намуд.
Забоншиноси пуркор Додхудо Карамшоев пеш аз ҳама шахси поквиҷдон, ватандўст, бекина, дилсоф, ғамхори шогирдон мебошад. Бисёр шогирдонаш чунин хислатҳои беҳтарини ӯро тавсиф намудаанд. Вай тамоми донишу малакаашро барои мустаҳкам кардани муассисаҳои илмии кишвар бо мутахассисони кордону донишдўст бахшида буд. Дилсузии ӯ буд, ки аксари забоншиносони соҳаи помиршиносиро ба воя расонда, имрӯз барои пешрафти илми забоншиносии тоҷик саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Саҳми Д. Карамшоев дар рушду пешрафти Институти илмҳои гуманитарии ба номи Б. Искандаров хеле калон аст.
Дар охир аз Ҳаким Носири Хусрав ёдовар мешавем, ки барҳақ фармуда:
Дарахти ту гар бори дониш бигирад,
Ба зер оварӣ чархи нилуфариро.
Д.Фозилов- ходими калони илмии шуъбаи забонҳои помирии Институти илмҳои гуманитарии ба номи академик Б.Искандарови АМИТ